Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

   

Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ тарбия, таълим, таҳсилот ва маълумотгирии насли наврас ба пешрафт, дигаргуниҳои ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва  фарҳангии ҷомеа зич алоқаманд аст. Инсон дар кадом давру замон ва шароити ҷамъиятие, ки набошад, бе тарбия арзи ҳастӣ карда наметавонад. Чунки тарбия пояи давлату давлатдорӣ ва инсону инсонгароӣ мебошад. Тарбия ба ҳаёти моддӣ, сиёсӣ ва маънавӣ алоқаи зич дорад. 
    Таҳсилот ва маълумотгирии аъзоёни ҷамъият қувваи бузург ва такондиҳандаи рушди ҷомеа  ба ҳисоб меравад. Аз ин нигоҳ, дар шароити имрӯзаи давлати ҳуқуқбунёди демократӣ ва дунявии Тоҷикистон тарбия бояд дар асоси анъанаҳои миллӣ, афкори педагогии ниёгон, ҳисси дӯстиву рафоқат, бародариву баробарӣ, ҳамфикрию якдигарфаҳмӣ, яъне бахшидани хатои якдигар, масъулиятшиносиву вазифашиносӣ хушахлоқиву меҳнатдӯстӣ, поквиҷдониву бошарофатӣ асос ёбад. 
    Ҷумҳурии Тоҷикистон чун  кишвари  соҳибистиқлол баробари ба фазои таҳсилоти ҷаҳонӣ ворид гардидан низоми ба худ хоси маорифро дорад, ки фаъолияти он барои амалӣ гардондани сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар равона карда шудааст. 
    Тавре дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи маориф” омадааст, “муассисаҳои таълимию тарбиявӣ бояд дар бачагон  нисбат ба волидайн, ҳамсолон, насли калонсол, арзишҳои фарҳангию миллӣ ва таърихии  кишваре, ки сукунат доранд, ҳисси эҳтиром парваранд, ба сохти давлатию иҷтимоӣ ва расму оини онҳо, ба муҳити зист, муносибати эҳтиромона тарбия намоянд.” 
    Дар моддаи 23-юми «Конвенсия дар бораи ҳуқуқи кӯдак» таъкид гардидааст: «Кӯдаки аз ҷиҳати ақлӣ ва ҷисмонӣ нуқсондор бояд зиндагии комил ва шоистаро дар шароите дошта бошад, ки он шаъну  эътибори ӯро таъмин намуда, бовариашро нисбат ба ҳаёт зиёд мекунад ва иштироки фаъоли ӯро дар ҳаёти ҷамъиятӣ осон мегардонад.” 
    Дар кишвари мо ҳуқуқҳои  кӯдакони нуқсони ақлию ҷисмонидошта барои тарбия, таҳсил ва офиятбахшӣ (реабилитатсия)-и тиббию иҷтимоӣ дар боби 2, моддаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  маориф» роҳандозӣ гардидааст. Бояд қайд кард, ки бо мақсади фарогириии кӯдакон ба таҳсилоти томактабӣ ва омода намудани онҳо ба мактаб минбаъд ташкил намудани Маркази рушди кӯдакон  (дар ҷамоатҳо), гурӯҳҳо ва синфҳои омодагии пешазмактабӣ дар назди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ (аз ҳисоби кӯдакони ба кӯдакистонҳо фаро гирифтанашуда) пешбинӣ карда шудааст. 
    Баъди соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати такмилу таҳрири барномаҳои таълимӣ бо истифодаи арзишҳои моддию маънавии халқи тоҷик, беҳдошти вазифаҳои тарбияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ ба миён омад. Соли 2004 аз тарафи муҳаққиқ М.Нарзуллоева барномаи таълимӣ-тарбиявии «Машғулиятҳо оид ба тарбияи маданияти сенсории кӯдакони 3 - 4-сола” нашр ва дастраси кормандони кӯдакистонҳо гардид, ки дар он тарбияи хештаншиносӣ дар давраҳои калони томактабӣ ва омодагӣ ба мактаб чун қисмати алоҳида ворид гардидааст. Дар он инчунин шинос намудан ба таърихи кишвар, фарзандони фарзонаи миллат, истифода бурдан аз одату анъанаҳои миллӣ, меъёрҳои одобу муоширати ниёгон ва ғайра мавқеи хоссаро ишғол менамояд. (1, 17-18) 
    Маҳз фаъолияти якҷояи кӯдакону калонсолон раванди кори тарбиявиро самарабахш ва ҷаззоб намуда, барои ноил гардидан ба мақсаду вазифаҳои тарбиявӣ мусоидат менамояд.
    Восита, роҳу усулҳои таъсиррасонии тарбиявӣ раванди муштараки фаъолияти кӯдак ва тарбиядиҳандагон – калонсолони атроф аст, ки барои  иҷрои мақсаду вазифаҳои тарбиявӣ равона карда мешаванд. Маҳз интихоби дурусти воситаҳо, роҳу усулҳои  таъсиррасонӣ ба шахсияти кӯдакон имконият медиҳад, ки фаъолиятҳо (бозӣ, меҳнат, таълимгирӣ)-и ҳаррӯзаи онҳо дуруст  ташкил ва роҳбарӣ карда шавад. 
    Дар ҷараёни фаъолиятҳо муошират, худшиносӣ, мустақилнокӣ ва дигар сифатҳои шахсии кӯдак ташаккул меёбанд.
    Пажӯҳишҳои Д.Б.Элконин ва таҷрибаи амалӣ нишон  медиҳад, ки  дар бозиҳои гуногун фаъолнокии иҷтимоӣ, фаъолияти маърифатии кӯдакон инкишоф ёфта, тасаввуроти онҳо оид ба ашё, ҳодисаҳои иҷтимоӣ бой мегардад. (2, 56) 
    Фаъолияти таълимии кӯдакон дар  раванди машғулиятҳои махсус ташкилкардашуда  имконият медиҳад, ки ба онҳо доир ба ашё, ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоӣ, табиати иҳотакарда маълумот дода шавад, маҳорату малакаҳои иҷро намудани амалҳои фикрронӣ (таҳлил, таркиб, хулосабарорӣ, муқоисакунӣ) инкишоф ёбад. Иҷрои амалҳои фикрӣ барои омодагии кӯдакон  ба мактаб, таҳсилу тадрис хеле муҳим аст. Ҷавононро бо асосҳои дониш мусаллаҳ намуда, инкишофи фикр, тафаккур, қобилият ва истеъдоди онҳоро таъмин намояд. Дар рафти тарбияи фикрӣ ақлу заковат, хирад ва шавқу ҳаваси ҷавонон инкишоф дода мешавад. 
    Дониш, маҳорату малакаҳо ва қобилияти фикрронии кӯдакон дар раванди меҳнат, бозиҳои гуногун ва зиндагии ҳаррӯза мустаҳкам ва васеъ гардонида мешаванд. Баъди ба мактаб рафтан на танҳо мавқеи  иҷтимоии кӯдак тағйир меёбад ва ба шахсияти ӯ талаботи нав  пешниҳод карда мешавад, балки мазмун ва хислати фаъолиятҳо низ дигаргун мегардад.
    Таълимгирӣ дар  дарсу машғулиятҳо, муоширату муносибат дар  доираи ҳамсолон-шарикдарсон, талабаи мактабхон будан, иҷрои супоришҳои хонагӣ аз ӯ сифатҳои мустақилкунӣ, масъулиятшиносӣ, таҳаммулгароӣ, фаъолнокӣ, рафтори маданӣ, интизомнокиро талаб менамояд. Аз ин рӯ, дар оила, муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бояд машғулиятҳо пурмазмун, шавқовар ва таъсирбахш ташкил ва гузаронида шаванд.
    Асоси кори тарбияи ҷавононро бояд принсипи умумибашарии тарбия - рафтори нек, кирдори нек,  гуфтори нек ташкил намояд. Ва дар асоси ҳамин ҷавонон бояд нақши олами ботинию тарзи амал, рафтору кирдори шахсии худро дар ҷомеа бунёд созанд. Бо ҳамин аз як тараф симои миллии тарбияро эҳё намоянд, онро ба пояи миллӣ, расму одат ва анъанаҳои неки мардумӣ гузоранд. Аз тарафи дигар, дар ҳамин замина самараи таъсири кори тарбиявиро баланд бардоранд.
    Тарбияи ахлоқӣ инкишофи ахлоқии кӯдакро таъмин менамояд. Он раванди азхуд намудани меъёрҳои ахлоқӣ, ташаккули шуур ва рафторҳои ахлоқӣ аст. Бояд қайд кард, ки дараҷаи инкишофи ахлоқии кӯдакон ба синнусол, таъсири методҳои тарбиявӣ, муҳити иҳотакарда вобаста буда, он тамоми умр давом мекунад. Тарбия ва ташаккулёбии сифатҳои ахлоқии шахсият -инсондӯстӣ, хоксорӣ, меҳнатдӯстӣ, ростгӯӣ, поквиҷдонӣ, ҳаётдӯстӣ, интизомнокӣ, рафтори маданӣ, худшиносӣ, ватандӯстӣ, инсонгароӣ, таҳаммулпазирӣ ва ғайра аз давраи томактабӣ оғоз гардида, минбаъд онҳо такмил дода мешаванд.
    Мазмуни тарбияи ахлоқиро тарбия намудани одат ва рафторҳои ахлоқӣ, парвариш намудани ҳиссиёти ахлоқӣ ва ташаккулдиҳии тасаввуроти ахлоқӣ ташкил менамояд. Муайян намудани ҳаҷм ва мазмуни донишҳои кӯдакон яке аз масъалаҳои баҳсноки педагогикаи томактабӣ буда, ба ҳал кардани ин мушкилот бори аввал Ян Амос Коменский дар асараш «Мактаби модарӣ» кӯшиш ба харҷ додааст. Ӯ пешниҳод намуда буд, ки донишҳои кӯдакон  бояд ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти гирду атрофро дар бар гирифта бошанд, чунки кӯдак олами атроф, табиат, одамон ва меҳнату фаъолияти онҳо, ҷисм, осмон, тарзи зиндагӣ ва ғайраро  бутун ва дар яклухтӣ дарк  менамояд.
    Я.А.Коменский ба донишҳои кӯдакон чунин талабот гузошта буд, ки “бояд онҳо иҷрои вазифаи  тарбиявиро таъмин намоянд. 
Ҳангоми таҳия намудани барномаи таълиму тарбиявии муассисаҳои томактабӣ принсипи гуногунҷабҳа, характери тарбиявӣ доштани донишҳои кӯдакон ба ҳисоб гирифта  шудаанд.” (3, 121) 
    Асоси методологии тарбияи ахлоқиро таълимоти фалсафӣ оид ба ягонагӣ ва бо ҳам алоқамандии инсон ва ҷомеа ташкил  менамояд. Мувофиқи он инсон, аз он ҷумла кӯдак низ, ҳамчун шахси арзишманд эътироф  мегардад.
    Тарбия, таълим ва инкишофи  кӯдакон дар ҳафт соли аввали ҳаёт хусусиятҳои ба худ хос дорад. Мақсад, вазифа, мазмун ва методу воситаҳои таъсиррасонии калонсол ба шахсияти кӯдакон дар асоси баҳисобгирии хусусиятҳои синнусолӣ ва фардии онҳо муайян карда мешаванд. Давраи томактабӣ дар ташаккулёбии шахсияти инсон нақши муҳим дорад. Саъдии бузургвор гуфтааст: 
            Хишти аввал гар ниҳод меъмор каҷ,   
            То ба охир меравад девор каҷ.

    Маҳз дар ҳамин давра кӯдак ба доираи муносибатҳои иҷтимоӣ дохил гардида, доир ба олами ашё, ҳодисаю воқеаҳои иҷтимоӣ, табиати иҳотакарда маълумот ҳосил менамояд. Дар натиҷаи таъсиррасонии мақсадноки калонсолон ва шавқу рағбат, майлу хоҳиши донистагирии худ кӯдак таҷрибаи иҷтимоиро азхуд намуда, ба доираи муносибатҳои байниҳамдигарӣ чун фард, инсон, шахс ворид мегардад. 
    Заминаи тарбияи сифатҳои ҷисмонӣ, ақлию зеҳнӣ, иҷтимоӣ-ахлоқӣ маҳз дар давраи томактабӣ гузошта мешавад. Аз ин рӯ, таълим, тарбия ва инкишофи кӯдак маҳз аз давраи тифлӣ оғоз гардида, он минбаъд идома дода мешавад. Маълум аст, ки ин вазифа дар муассисаҳои томактабӣ ба воситаи дарсҳои тарбияи ҷисмонӣ, инчунин мувофиқи майлу хоҳиши кӯдакон иштирок намудан дар намудҳои гуногуни сексияҳои варзишӣ таъмин карда мешавад.
    Ғамхорӣ дар ҳаққи солимии ҷавонон бояд дар мадди аввал истад, зеро инсондӯстӣ дар доираи солимгардонии муҳити маънавӣ маҳдуд шуда наметавонад, солимӣ ва беҳдоштӣ ҷавононро низ дар назар дорад. Ташкили дуруст ва самарабахши кори таълиму тарбия дар давраи томактабӣ дар оила ба дӯши волидон ва дар  муассисаи томактабӣ  ба уҳдаи мураббиён аст. Асосҳои илмӣ-табиӣ ва илмӣ-амалии фаъолияти онҳо маҳз омӯхтани илми педагогикаи томактабиро талаб менамояд.
    Ҳангоми интихоб намудан ва ҷобаҷогузории маводи омӯзишӣ қонуниятҳои тарбия ва инкишофи кӯдак, хусусиятҳои синнусолӣ ва асабу равонӣ, имкониятҳои таъсиррасони волидону мураббиён ба ҳисоб гирифта шудаанд.
    Барои иҷро намудани вазифаҳои тарбиявӣ ва таълимӣ дар раванди  педагогӣ аз методҳои махсус истифода бурда  мешавад. 
Метод  роҳ, усул ва тарзи иҷрои амал барои ноил гардондан ба мақсади дарпешгузошта мебошад.
    Методи тарбия таъсири мутақобилаи махсус ташкилкардашудаи байни тарбиядиҳанда ва кӯдак аст, ки он барои иҷрои вазифаҳои муайяни таъсиррасонӣ ба шуур, ҳиссиёт ва амалу рафтори тарбиягиранда истифода  бурда мешавад.

Адабиёт: 
1.     Нарзуллоева М. Машғулиятҳо оид ба тарбияи маданияти сенсории кӯдакони 3-4 сола. Дастури методӣ барои мураббиёни кӯдакистон. -Душанбе, 2004. -72 с. 
2.     Элконин Д. Б. Детская психология. -М: Учпедгиз, 1960, 275 с. 
3. Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. Китоби  дарсӣ барои донишҷӯёни муассисаҳои олии педагогӣ. -Душанбе, 2007, с.120-123.

  • Дида шуд: 101

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj