Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

     Мо дар давраи гузариш ба марҳилаи саноатикунонӣ қарор дорем. Воқеияти моро иҳотакарда беш аз беш симои ҷомеаро инъикос мекунад. Арзиши асосии ҷомеаро дар шароити муосир иттилоот (дониш ва таҳсилот), технологияҳои инноватсионӣ ва кадрҳои баландихтисос ташкил медиҳад. Воқеияти иҷтимоие, ки моро иҳота кардааст, барои ба вуҷуд омадани соҳа ва роҳҳои нави паҳн кардани ахбор мусоидат мекунад.       
    Маълум аст, ки меъмории биноҳои ҷамъиятӣ бевосита ба хусусияти фаъолияти инсон алоқаманд аст. Гуногунии равандҳои иҷтимоӣ ба ташаккули фазо ҷиҳати ҷараёнгирии онҳо мусоидат мекунад ва рӯз аз рӯз хизматрасониҳои нави иҷтимоӣ рӯи кор меоянд, ки қарорҳои нави ба фаъолият вобастабудаи фазоиро тақозо мекунанд.Муассисаи таълимӣ низ аз ин дар канор нест. Дар баробари ҳаёт таҳсилот низ рушд намуда, чандир ва гуногун мегардад. Вобаста ба ин бинои муассисаи талимӣ низ бояд тағйирпазир бошад, зеро он, беш аз ҳама, ба ташаккули зебопарастии хонандагон мусоидат карда метавонад.        
    Аз рӯи вазифаҳои худ бинои таълимӣ гуногуншакл мегардад. Барои нигаҳдории самаранокии он мебояд ҳанӯз дар лаҳзаи лоиҳакашӣ на танҳо манфиати феълии он, балки инчунин зарурияти тағйирпазирияшро ҷиҳати таъмини талаботи нав ва вазифаҳои нави фазои таълимӣ дар оянда ба инобат гирифт. Дар шароити мазкур, ҳангоме ки бинои таълимӣ ба пайдоиши технологияҳои нави такмилёфтаи таълимӣ ва иҷтимоӣ мутобиқ гардонида мешавад, сохтори чандир ва тағйирпазири он мувофиқи мақсад хоҳад буд. Он бинои мактаб, ки сохтори мазкурро соҳиб аст, метавонад тӯли тамоми муддати истифодааш маҳсулнок боқӣ монад ва ин ба ташкили динамикаи функсионалӣ-фазоии он марбут хоҳад буд.       
    Тайи даҳсолаи охир нисбат ба тарҳи муассисаи таълимӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои аз лиҳози меъморӣ мувофиқ ба талаботи иҷтимоӣ ва таҳсилот таваҷҷуҳи бештар зоҳир карда мешавад. Ба мавзӯи мазкур як қатор чорабиниҳои махсус, аз қабили намоишгоҳҳо ва симпозиумҳо бахшида шудаанд. Қайд намудан ҷоиз аст, ки дар баробари меъморон ва тарроҳон педагогҳо ва волидон низ дар ин самт нақши муҳим доранд. Ин хеле муҳим аст, зеро маҳз волидон ба ҳайси пешниҳодкунандаи фармоиши иҷтимоӣ ба таълим дар шароити мувофиқи фазоӣ-визуалӣ баромад мекунанд.   
    Аз нуқтаи назари коркардкунандагони ҷабҳаи ашёӣ-материалии фазои таълимӣ дар зинаи синфе, ки барои таълим пешбинӣ шудааст,  ҳамаи фазоҳо ба се минтақа тақсим мешаванд: иттилоотӣ, таълимӣ ва истироҳатӣ. Ба минтақаи аввал мизҳои сабуки мутаҳаррик, ки имкон медиҳанд корро дар гурӯҳҳо ташкил намоем, таҷҳизоти хусусӣ, равшании самташ ивазшаванда шомил мешаванд. Ба минтақаи дуюм проектори ҳамаҷониба, ки имкон медиҳад тасвир якбора дар тамоми деворҳои синф инъикос гардад, системаи минтақаҳои хусусӣ барои нигоҳдории планшетҳо ва ашёи шахсӣ дохил мешаванд. Ба минтақаи сеюм бошад, рахтҳо ва роҳаткурсиҳо. Дар дарсҳо ҳаракат кардан, дарсро гоҳ истода ва гоҳ дар рахт ва роҳаткурсиҳо дароз кашида гӯш кардан мумкин аст. Ин боиси рӯҳбаландӣ ва бартараф гардидани шиддати рӯҳӣ мегардад.  
    Дар лоиҳаҳои аврупоӣ ба тағйирпазирии толорҳои бинои таълимӣ диққати махсус медиҳанд. Масалан, толор барои чорабиниҳо метавонад ба лектория, толори хореография ва минтақаи фароғат табдил дода шавад. Қисмати берунии бино шишагин буда, бо панорамаҳои гуногун оро дода шудааст. Ҳавлии васеъи дохилӣ бо сабзазор ва дарахтон ва гӯшаи табиати зинда мавҷуд мебошад. Дар деворҳо тасвирҳои гуногун, ки на танҳо ба мӯқалами рассомони ҳирфаӣ, балки инчунин ба наврасон мансубанд, ҷойгир шудаанд. Дар роҳравҳо нишастгоҳҳои ҳарранга, ки ҳамзамон воситаҳои гармидиҳӣ (радиаторҳо)-ро мепӯшонанд, ҷой дода шудаанд. Дар лоиҳаҳои мазкур инчунин муассисаи илмӣ-маърифатӣ, толори варзишӣ ва ҳатто боғ барои дучархаҳо низ пешбинӣ шудааст.
    Фазои марказии муассиса  «зинда» ва гуногунвазифа буда, дар он хонандагони синфҳои гуногун метавонанд муошират намоянд, ҳамкорӣ кунанд, ошно гарданд.Синфҳо барои шаклҳои гуногуни таълим пешбинӣ шудаанд (деворҳои «кушодашаванда» дар роҳравҳо, минтақаҳо барои корҳои фардӣ ва гурӯҳӣ). 
    Мутаассифона, дар шароити Тоҷикистон таҷрибаи аврупоиро ба таври комил пиёда намудан имкон надорад. Сабаб на танҳо дар кофӣ набудани маблағгузорӣ, балки инчунин дар заминаи меъёрии мавҷуда аст. Меъёрҳои беҳдоштӣ, зиддисӯхторӣ, сохтмонӣ, ки аксаран решаи сохтори шӯравиро доранд, дилхоҳ меъморро маҳдуд мекунанд. Дар шароити мазкур офаридани фазои инноватсионии меъморӣ ниҳоят душвор аст. Аммо аз масъалаи мазкур дур шудан лозим нест, чунки замони имрӯза сохтмони чунин муассисаҳои таълимиро тақозо мекунад. Масалан, дар амалияи аврупоии сохтмони муассисаҳои таълимӣ ба чӯб ҳамчун масолеҳи асосии сохмонӣ ва ороишӣ диққати зиёд дода мешавад. Вале мувофиқи меъёрҳои мо истифодаи чӯб дар сохтмони муассисаҳои таълимӣ номумкин аст. Сабаби он меъёрҳо ва қоидаҳои кӯҳнагаштаи сохтмони биноҳои таълимӣ арзёбӣ карда мешавад. Дар баробари меъёрҳо инчунин мансабдорони сатҳҳои гуногун низ монеъи ворид намудани усулҳои инноватсионии меъморӣ мегарданд.Барои меъморӣ ташаккули муҳити шаҳрӣ, ки дар худ робитаи гузашта, имрӯза ва ояндаро таҷассум мекунад, мазмуни хос касб менамояд.  
    Ба андешаи мо, меъморӣ (архитектура) барои ташкили фаъолияти ҳаётӣ на танҳо бо сохторҳои моддияш, ки шароити заруриро ҷиҳати амалигардии равандҳо таъмин месозад, хизмат мекунад, балки инчунин бо он иттилооте, ки бо худ мебарад, марбут аст. Офаридаҳои он ҳам манфиати моддӣ-амалӣ доранд, ҳам арзиши иттилоотӣ-эстетикӣ.
    Мувофиқи назарияҳои нави сотсиологияи меъморӣ объектҳои моддӣ на танҳо ба сифати ороиши пассив ҷиҳати татбиқи ин ё он амал хизмат мекунанд: аксаран ба шаклҳои тасвиршаванда қобилияти таъсиррасониро ба рафтор ва ҷаҳонбинии инсон марбут медонанд. Инсонҳо бо муҳити сунъӣ ё моддии иҳотакардаи худ чунон муносибат мекунанд, ки ин амалро бо дигар одамони атроф доранд. Онҳо ҳамеша нақши объектҳои моддии гуногунро муайян месозанд. Дар натиҷа инсон ба шаклҳои офаридаи худ имконияти ширкат дар ташаккули рафторашро медиҳад.         
    Лоиҳакашон ва олимони муосир ба он диққат медиҳанд, ки маънидодкунии иҷтимоӣ бевосита ба натиҷаҳои амалии лоиҳакашии объектҳои гуногун таъсир мерасонад.      
    Самти муҳимми сиёсати соҳаи маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзи мероси ҳазорсолаи таърихии халқи тоҷик, нигоҳдорӣ ва таҳкими худшиносии миллӣ ва давлатии тоҷикон маҳсуб меёбад. Кӯдаке, ки ба мактаб қадам мегузорад, набояд ба муҳити номавҳуми глобализатсияшуда афтад. Фазои мактаб бояд ба ташаккули худшиносии миллии хонанда таъсир дошта бошад. Дар баробари ин, таҷрибаи бисёрасраи меъморон ва сохтмончиёни қадим усулҳои амалии ҳалли проблемаҳои умдаи имрӯзро дар самти сохтмони муассисаҳои таълимӣ аз қабили устувории сейсмикӣ, калавишҳои ҳароратӣ, калавиши намнокӣ, радиатсияи фаъоли офтобӣ ва амсоли ин,  таҳким мебахшанд.
    Дар робита ба ин гуфтаҳо, ҷиҳати амиқтар кушодани фазои визуалии бинои таълимӣ ва синфҳои таълимӣ рӯ овардан ба хусусиятҳои меъмории мадрасаҳо ҳамчун бинои анъанавии таълимии тоҷикӣ мувофиқи мақсад аст. Баъди паҳн гардидани ислом ҳамчун низоми динӣ ва иҷтимоӣ-маданӣ дар Осиёи Миёна аз асри IX оғоз намуда,  дигаргуниҳои ҷиддӣ дар санъати меъмории маҳаллӣ ба вуҷуд омаданд. Масҷидҳо, мадрасаҳо, кохҳо ва дигар иншооти марбут ба дини нав сохта шуданд. Ба зудӣ дар ин ҳудуд муассисаҳои таълимӣ меъморӣ гардиданд, ки хусусиятҳои хоси худро доштанд. Муаррихон қайд мекунанд, ки дар баробари умумиятҳо дар меъмории Бухоро, Самарқанд ва Хева фарқиятҳо низ ҷой доранд. Ин ба меъмории мадрасаҳо – муассисаҳои таълимии асримиёнагии Осиёи Миёна низ дахл дорад.   
    Бинои мадраса одатан аз даҳлези воридотӣ, ҳуҷраҳо, ки атрофи ҳавлии росткунҷа ҷойгир гаштаанд, толорҳои таълимии зимистона ва тобистона, маҷидҳо ва дигар толорҳо иборат аст.  
    Аз рӯйи гунҷоиш мадрасаҳои осиёимиёнагӣ ба се гурӯҳ ҷудо мешаванд: калонҳаҷм, ки аз биноҳои шаклан гуногун ташкил ёфтаанд, мадрасаҳои миёна ва хурдҳаҷм, мадрасаҳои дар шакли озод меъморишуда. Агар ба ҳайати мадрасаҳои калонҳаҷм, чун қоида, ду синфхонаи зимистона ва чаҳор синфхонаҳои тобистона дохил мешуданд, пас ба ҳайати мадрасаҳои миёна ва хурдҳаҷм як синфхонаи зимистона ва ду долон, ки ба сифати дарсхонаҳои тобистона хизмат менамуданд, мансуб буданд. Дар мадрасаҳои калонҳаҷм ҳуҷраҳо одатан дуошёна буданд (мадрасаи Муҳаммад Султон ва Улуғбек дар шаҳри Самарқанд, ва мадрасаҳои сершумор дар шаҳри Бухоро), мадрасаҳои хурд бошанд, ба монанди мадрасаи Мирзо Улуғбек дар Ғиждувон якошёна сохта шудаанд. Масалан, мадрасаи Нодир Девонбегӣ, ки дар асри XVII аз ҷониби вазири Бухоро Нодир Девонбегӣ сохта шуда, дар ҳудуди ноҳияи Самарқанд воқеъ аст, якошёнагӣ буд. Ба нақшаи мадраса дарсхонаҳои зимистонаву тобистона, ҳуҷраҳо ва ҳисори атрофи мадраса шомиланд. Дар охири ҳавлии мадраса хонақоҳ ҷойгир аст, ки аз ҷониби темуриён дар асри XV сохта шудааст. 
    Одатан дар мадрасаҳои Бухоро дар ошёнаи дуюм китобхона ҷойгир аст, ки дар мадрасаҳои минтақаҳои дигар чунин махсусият ба назар намерасад. Таҳлили меъмории мадрасаҳои Бухоро, дар мисоли мадрасаи Мири Араб, як қатор умумиятҳоро бо иншооти ба ин монанд дар Самарқанд ошкор месозад. Онҳоро идеяи ҷойгир намудани ҳуҷраҳо аз ду тарафи ҳавлии росткунҷа, дарсхонаҳои тобистона дар мобайн ва дарсхонаҳои зимистонаю масҷидҳо дар кунҷҳо муттаҳид месозад.      
    Мадрасаи ба номи Нодир Девонбегии Бухоро мисоли табдил сохтани корвонсарой ба мадраса аст. Он аз мадрасаи ҳамномаш дар Самарқанд хурдтар аст. Мувофиқи навиштаи таърихнигорон, амири Бухоро Имомқулихон  вазири худро барои сохтани боз як мадраса дар Бухоро таҳсин мегӯяд. Аз табрикоти амир рӯҳбаланд гашта, вазир корвонсаройро ба мадраса табдил медиҳад. Шаҳри Хева, ки дар он иншооти гуногуни меъморӣ то ба имрӯз боқӣ мондааст, аз  мадрасаҳо низ бой аст. Агар бо объектҳои Ичан-кола (ҳисори дохилӣ) бодиққат назар кунем, афзалияти мадрасаро дар сохтори он мушоҳида намудан мумкин аст. Дар ҳудуди Дишан-кола (ҳисори берунӣ) низ якчанд мадраса ҷойгиранд. Дар онҳо дар баробари усулҳои анъанавии меъмории осиёимиёнагӣ усулҳои хоси шароити маҳал низ ба назар мерасанд. Масалан, дар назари аввал мадрасаҳои Шерғозихон, Кутлукмурод Инак, Муҳаммад Аминхон, Муҳаммад Раҳимхон, Матниёз Девонбегӣ ба мадрасаҳои Бухоро монанд менамоянд, вале ҳангоми мушоҳидаи дақиқтар ин андеша аз миён меравад. Фарқият дар он зоҳир мегардад, ки дар мадрасаҳои бухороӣ ва самарқандӣ дарсхонаҳои тобистона мавҷуданд, дар Хива бошад, дигаргунии муайян ба назар мерасад. Эҳтимол сабаби аслии он боду ҳаво – шамолҳои гарму ғуборолудаи хевагӣ  бошад. Аз сабаби чунин шамолҳо дарсхонаҳои тобистона  пешбинӣ намешуданд.  
    Ҳамин тариқ, хулоса намудан мумкин аст, ки меъморони асримиёнагӣ дар сохтмони мадрасаҳо ба дастовардҳои баланди касбӣ ноил гашта буданд. Хусусиятҳои хоси мактабҳои меъморӣ барои ҳар як шаҳру маҳал коркард шуда буд.   
    Ҳангоми бодиққат омӯхтани мероси таърихӣ, ба андешаи мо, як қисмати усулҳои меъмории асримиёнагиро дар лоиҳаҳои муосири мактабҳои Тоҷикистон истифода намудан мумкин аст. Дар ин робита дар иншооти муосир истифодаи гунбазҳо, мавҷудияти айвонҳо, ҷудо намудани ҳуҷраҳои таълимӣ ба тобистона ва зимистона, китобхона ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири муассисаи таълимӣ мувофиқи мақсад аст.  Албатта, ин аз як ҷиҳат имкон намедиҳад, ки мо санъати меъмории ниёгонамонро фаромӯш созем, аз ҷониби дигар, ин амал хонандагонро ба худшиносию худогоҳӣ низ раҳнамун месозад.
    Намои фазои муассисаи таълимӣ бе дарназардошти унсурҳои рангиву равшанидиҳанда ғайриимкон аст. Аз назари маданиятшиносӣ ҳар як рангро метавон ҳамчун калима хонд ва ё ҳамчун сигнал, аломат ё рамз шарҳ дод.   
    Масъалаи рамзияти ранг дар мавриди омӯзиши алоқамандии миёни ранг ва хусусиятҳои психологӣ аз масъалаҳои марказӣ маҳсуб меёбад. Пайдоиши рамзияти рангӣ, мазмуни он, муносибати он ба ин ё он зуҳурот ё ҳодисаи ҳаёти одамон, фарқиятҳои маданӣ дар идроки рамзҳои рангӣ – танҳо бархе аз масоили  мазкур маҳсуб меёбанд.  Дар соҳаи сиёсат он ҳамчун ранги рамзҳои давлатӣ мақоми хосса касб намудааст. Инчунин рамзҳои гендерӣ низ мавҷуданд, ки зимни писанд будани рангҳои мухталиф ба намояндагони ҷинсҳои гуногун пешниҳод гардидаанд.  
    Рамзгузорӣ дараҷаи муайяни маърифати олами атрофро аз ҷониби инсон инъикос менамояд. Он маҳсули муоширати одамон буда, дар давраҳои ибтидои ташаккули ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд омадааст. Файласуф ва таърихнигори фарҳанги рус  В.С.Библер ибтидои асри навро ҳамчун «ҷойивазгардии маркази тамоми мавҷудияти инсон ба ҷониби фарҳанг» номид. Дар асри XX кӯшиши ҳамгироишавӣ ва томияти фарҳанг боиси омӯзиши амиқи рамз ҳамчун воситаи комили муносибати байниҳамдигарии субъектҳо ва объектҳои фазои фарҳангӣ гашт. Рамз унсури мураккабтарини аломатҳо аст.    
    Баррасии рангро ҳамчун рамз ва хориқаи иҷтимоӣ-маданӣ хулоса намуда истода, қайд намудан зарур аст, ки шарҳи ранг-рамз дар системаи маданият таҳлили онро дар ҷанбаҳои гуногун: ҷаҳонбинӣ, ахлоқӣ, зебоипарастӣ тақозо мекунад. Ранг ба сифати барандаи итттилоот баромад мекунад. Ба вуҷуд омадани рангҳо-рамзҳо аз тағйирот дар соҳаи маърифатии инсон, аз табаддулот дар худи маданият, аз гузариши идроки ҳиссӣ ба абстрактӣ-рамзӣ гувоҳӣ медиҳад.     
    Хулоса, таъсири намои бинои таълимӣ ба ташаккули ҳисси зебопарастии хонандагон таъсиргузор буда, ҳамзамон майлу рағбати онҳоро ба донишандӯзӣ афзун менамояд.

  • Дида шуд: 148

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj