Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

  Меҳнатро беҳтарин мураббӣ ва устод меҳисобанд. Ҳар шахсе, ки дар меҳнат тарбият ёфта, ба камол мерасад, ба қадри меҳнати дигарон ҳам мерасад. Мирзо Абдулқодири Бедил ба ин маънӣ мефармояд: 
            Бе риёзат роҳ ба чашми халқ натвон ёфтан, 
            Дона баъд аз орд гаштан, қобили парвезан аст.

       Инсон ба сабаби риёзат кашидан ба мардум хизмати холисона намудан ба дилу дидаи халқ роҳ меёбад. Яъне агар инсон ба мардум хизмат кунад, дар ҷавоб мардум ӯро эҳтиром намуда, ба суханаш гӯш мекунанд. 
Ҳамчунон ки донаи гандум баъд аз орд шудан қобили ғилбол кардан мешавад. Устод Нарзулло Қобилов аз ҳамин қабил инсонҳои тӯдакаш мебошад ва дар ҷомеа маҳз туфайли меҳнати ҳалоли худ мавқеи ҷамъиятӣ пайдо карда, соҳибэҳтиром гардидааст.  
    Мутахассиси варзида ва навовари  соҳаи химия Нарзулло Қобилов ҳанӯз аз овони донишҷӯӣ ба таҳқиқи асрори моддаҳои химиявӣ майлу рағбати зиёд зиёд дошт ва устодон низ аз истеъдоди фавқулодати ӯ дар ҷодаи илм огоҳӣ ёфта буданд. Ӯ яке аз шогирдони дӯстдоштаи устоди кафедраи химияи ғайриорганикӣ, доктори илми химия, профессор Саодат Баситова буд. Таҳти роҳбарии олимони шинохта ва устодони варзида Саодат Баситова ва Фатҳиддин Шодиев (равонашон шод бод!) рисолаи дипломии худро роҷеъ ба мавзӯи “Пайвастагиҳои комплексии филизи рений бо аминокислотаҳо” таҳия намуда, онро бо баҳои аъло ҳимоя кард. 
    Шавқу рағбати зиёд ба илм Нарзулло Қобиловро водор намуд, ки баъди хатми донишгоҳ  маҳз ҳамин  соҳаро интихоб намояд ва  соли 1974 баъд аз адои хизмати ҳарбӣ қисмат ӯро ба даргоҳи Донишкадаи технологии ба номи Ленсовети шаҳри Ленинград (Санкт-Петербурги имрӯза) бурд. Таҳти  роҳбарии устодони ғамхору меҳрубонаш профессор Ю.Н.Кукушкин ва дотсент К.В.Котегов ҷиддан ба кори илмӣ пардохт ва пас аз чаҳор сол (дар сисолагӣ) сазовори унвони номзади илми химия гардид. 
    Нарзулло Қобилов  соли 1978 ба Тоҷикистон баргашта, ба фаъолияти илмию педагогӣ дар факултаи химияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) оғоз намуд ва   солиёни зиёд дар ин боргоҳи бузурги илмиву педагогӣ  фаъолият дошт. Бояд қайд намоям, ки соли 1980 бо супориши Вазорати маориф мудири кафедраи методикаи таълими химияи донишгоҳ Насрулло Азизов ба шаҳри Хуҷанд барои ташкили филиали Донишкадаи политехникӣ фиристода шуд ва ба ҷойи худ шогирдаш Нарзулло Қобиловро тавсия  намуд. Нарзулло Қобилов нақшаҳои устоди худро бо сарбаландӣ идома дод ва кафедраи мазкур дар факултаи химия яке аз кафедраҳои беҳтарин ба ҳисоб мерафт. Ӯ ҳангоми кор дар ин вазифа худро ҳамчун омӯзгори боистеъдод, тарбиятгари ғамхор, ташкилотчии бомаҳорат, роҳбари кордону масъулиятшинос ва инсони комил  нишон дода тавонист. Дар ин давра пояи моддию таълимии кафедраи методикаи таълими химия мустаҳкам гардид. Дастурамалҳои зиёде аз ҷониби ходимони кафедра нашр шуданд. Бо ташаббус ва таҳти роҳбарии Нарзулло Қобилов мутахассисони босалоҳият аз ҳисоби олимони эҷодкору навовар дар як муҳити мусоиди корӣ ҷамъ омада,  дар тайёр намудани омӯзгорони фанни химия саҳми арзандаи худро гузоштанд. Ҳамон солҳо (1970-1990) дар мактабҳои миёнаи умумии ҷумҳурӣ мутахассисони фанни химия намерасид ва ин проблемаи ҷиддӣ бо мурури замон бартараф гардид. Бо  боварии комил гуфта метавонем, ки аксарияти омӯзгорони болаёқати химия аз мактаби таҷрибаи пешқадами олими варзида ва омӯзгори шинохта Нарзулло Қобилов бархурдор гардидаанд.      Нарзулло Қобилов баъди ба минтақаи Суғд кӯчидан аввал дар ДДХ ба номи Бобоҷон Ғафуров ба донишҷӯён дарс мегуфт ва ҳамакнун   чанд соли охир дар ДИС ДДТТ дар шаҳри Хуҷанд фаъолият менамояд. Тайи ин солҳо садҳо шогирдонро таълиму тарбият намуда, ки дар соҳаҳои мухталиф бо муваффақият кор мекунанд. Доктори  илми химия, муовини директори Институти химияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Раҳмон Раҳмонов, номзади илми химия Намоз Қурбонов, корманди шуъбаи экспертизаи Вазорати корҳои дохилӣ, подполковник Фатҳулло Саидзода ва дигарон ҷодаи илмро интихоб намуда,  комёб гардидаанд. Бисёр шогирдонаш имрӯз худ омӯзгорони варзидаи химияи  муассисаҳои таълимии кишвар  мебошанд ва ҳамеша номи устодро бо ифтихор ба забон меоранд.
    Устод Нарзулло Қобилов чандин сол масъулияти раисии ҳакамони озмунҳои сатҳи вилоятӣ ва ҷумҳуриявиро аз фанни химия ба уҳда дошт ва ин бешак,  аз савияи  баланди илмӣ, касбӣ ва масъулиятшиносиаш  дарак медиҳад. Ҳамчунин ӯ борҳо  аъзои ҳакамони озмунҳои умумииттифоқӣ  аз фанни химия дар шаҳрҳои Перм, Иваново, Черноголовка ва ғайра буд. 
    Нарзулло Қобилов шахси адолатпеша, ҳақгӯй, ростқавлу поквиҷдон ва дар кору вазифа босалоҳият мебошад. Иҷрои ҳар вазифаеро, ки ба зимма мегирад, дар беҳтарин сурат онро анҷом медиҳад. Ӯ турфа шогирде буда, ки устодонашро бо донишу заковат ва ихтироъҳояш дар ҳайрат гузошта буд. Ва алҳол мавсуф устоди касби хеш, олими пуркору сермаҳсул, мураббии ғамхору меҳрубон мебошад ва байни ҳамкорону ҳамкасбон ва шогирдон соҳибэҳтиром гардидааст. Албатта, ин натиҷаи меҳнати босубот, иродаи қавӣ, ахлоқи ҳамида, нияти холис ва дуои хайри волидону устодон мебошад. 
    Мо борҳо ба ҳайси ҳакам дар озмунҳои фаннӣ аз фанни химия дар вилояти Суғд ҳамкорӣ доштем. Боре бо устод Н.Қобилов узви ҳайати комиссияи вилоятӣ оид ба гувоҳномаҳои аъло будем. Вақте  ки корҳои санҷишии хонандагони шаҳру ноҳияҳои вилоятро роҷеъ ба гувоҳномаҳои аъло дида баромадем, дар баъзеи онҳо  саҳву хатоҳо ба назар расид ва онҳоро  қабул накардем. Ҳамон вақт ба мушоҳида гирифтем,  ки устод Нарзулло Қобилов ҳар як масъаларо дақиқназарона месанҷад. Бо далелҳои илмӣ ва саҳеҳу равшан фикрашро тасдиқ мекард ва ин гуна муносибат аз масъулиятшиносӣ, донишмандӣ ва адолатпешагии ин донишманд ва омӯзгори ҳақиқӣ дарак медод. Мо хулосаи ҳайати комиссияро бо имзои худ тасдиқ карда,  пешниҳоди раёсати маорифи вилоят намудем. Ҳамон вақт устод Н.Қобилов ба ҷониби  мо -  аъзои комиссия нигариста, гуфт: -Бародарон! Мо вазифаи ба зимма гузоштаамонро аз рӯйи виҷдон бо масъулияти баланд иҷро намудем, ки он рисолати инсонии мо буд. Мабодо агар ягон шикоят, норозигӣ ё дахолат ба хулосаи комиссия ворид шавад, мо имзои худро дигар намекунем. 
    Ин сухани ҳамкасбамон аз қавииродагӣ, устувор будан дар ақидаи хеш ва боварии комили эшон ба сатҳи дониши касбӣ шаҳодат медод. 
    Нарзулло Қобилов пажӯҳишгари муваффақ, омӯзгори варзидаю боистеъдод, ҷӯянда ва дӯстдорандаи илм буда, саҳми босазои худро дар соҳаи илмҳои химия, зистшиносӣ (экология), омӯзгорӣ ва тиб гузоштааст. Агар корҳои илмию таҳқиқӣ, китобу дастурамалҳо ва мақолаҳои чопшуда ва иштироки ӯро дар конфронсҳои бонуфузи байналмилалию ҷумҳуриявӣ ба ҳисоб гирем, маълум мешавад, ки нақши мавсуф дар ҷодаи   илму маърифати кишвар  арзандаи ситоиш мебошад.  Ӯ муаллифи 150 таълифоти илмию методӣ буда,  дар конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷумҳуриявӣ 55 маърӯза намудааст, дорои 2 шаҳодатномаи муаллифӣ (кашфиёт) ва як патент (гувоҳномаи ихтироот) мебошад. Асарҳояш аз қабили “Методикаи таълими химия”, “Ҳифзи меҳнат дар саноати сабук”, “Усулҳои ҳалли масъалаҳо аз химия”, “Саволҳои санҷиши тестӣ аз химияи ғайриорганикӣ”, “Пешомадҳои саноати химия” аз ҷониби мутахассисони соҳа бо хушнудӣ пазируфта шуда, номгӯи зиёди мақолаҳояш дар маҷаллаҳои бонуфузи илмии хориҷӣ ва Тоҷикистон чоп гардидаанд. Қобили зикр аст, ки мақолаи пурмӯҳтаво ва саривақтии устод Нарзулло Қобилов  «Коронавирус ва роҳҳои пешгирии он», ки соли 2020 чоп шуда буд, аз ҷониби коршиносон ба сифати яке аз беҳтарин таълифот баҳри пешгирии ин бемории мудҳиши замони мо дониста шуд. Нарзулло Қобилов аз зумраи он олимоне мебошад, ки бо таҷрибаҳои амалии худ дар бахши гиёҳдармонӣ ва табобати баъзе намуди бемориҳо муваффақ гардидааст. Ӯ бе далели илмӣ сухан намегӯяд ва ҳамаи навиштаҳояш ҷанбаи илмӣ доранд. Шояд бисёр нафарон мақолаи фавқуззикри устодро мутолиа намуда, бо истифода аз тавсияҳои муаллиф аз бемории сироятии коронавирус эмин монда бошанд. Зеро ин мақоларо на рӯзноманигори касбӣ,  балки донишманде таълиф намудааст, ки хосиятҳои химиявии моддаҳоро хуб медонад ва бо таҷрибаҳои амалӣ, санҷидаву дақиқ муайян намудааст, ки кадом моддаҳо чӣ гуна ба узви инсон таъсир мерасонанд. Барҳақ, асли илм таҷриба аст. Бесабаб нагуфтаанд, ки 
         Илмат ба амал чу ёр гардад, 
        Қадри ту яке ҳазор гардад.

    Устод Нарзулло Қобилов дар таҳия ва таълифи барномаҳои таълимӣ ва китобҳои дарсӣ ширкати фаъол дошта,  яке аз поягузорони мактаби таҷрибаи пешқадам ва такягоҳии химия дар ҷумҳурӣ маҳсуб мешавад. Ташаббускорӣ, ҷорӣ намудани таълими тафриқавӣ ва усулҳои фаъоли таълими химия дар мактабҳо ҳанӯз  дар солҳои ҳаштодуму навадуми асри гузашта оғоз ёфта буд. Дар он солҳо омӯзгорони варзидаи химия амсоли  Абдуҳафиз Азизов аз Исфара (рӯҳаш шод бод!) дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон  аз худ дарак доданд ва фаъолияти пурмаҳсул намуданд. Дар шаҳри Душанбе Матлуба Муслиҳиддинова, Мавҷуда Мухторова, дар вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон Охонниёз Имомёров, дар Хатлон Исроил Қурбонов, дар шаҳри Ваҳдат Худойдод Каримов ва боз даҳҳо нафари дигар  дар таълими босамари фанни химия дар муассисаҳои таълимӣ  ангуштнамо гардиданд, ки аз мактаби бузурги илмиву амалии устод Нарзулло Қобилов баҳраҳо бурдаанд.  
    Химия  дар байни илмҳои дигар мақоми хосса дорад ва  як навъ илми мӯъҷизаофарин аст. Ба василаи ин илм донишмандон дар тӯли таърихи инсоният ҳазорон маводи мавриди мавриди ниёзи инсонро ихтироъ намудаанд. Нависандаи рус Максим Горкий роҷеъ ба нақши химия чунин гуфтааст: «Химия соҳаи аҷоиб аст, дар он бахту саодати инсон ниҳон аст. Бузургтарин кашфиётҳои олам, маҳз дар ҳамин соҳа ба вуҷуд меоянд.» Устод Нарзулло Қобилов на танҳо олими шинохтаи  химия, педагоги асил ва табиби ҳозиқ, балки донандаи хуби таъриху адабиёт ва фарҳанги ниёгон низ мебошад ва аз ашъори шоирони мумтози форсу тоҷик ва муосир шеърҳои зиёдеро ҳифз намудааст. 
    Ба дӯст ва ҳампешаи азиз Нарзулло Қобилов, ки ба қарибӣ 75-сола мешавад, пеш аз ҳама умри бобаракат, илми судманд, рӯзии фарох, сиҳатмандии комил ва осоишу оромиши айёми бузургсолиро орзумандем.

                                                                                      P.S. Ҳайати эҷодии маҷаллаи «Маърифати омӯзгор» низ                                                                                        ба  ин меҳрнома шарик шуда, ба муаллифи фаъоли                                                                                              нашрия устод Нарзулло Қобилов тамоми хушиҳои зиндагиро    таманно мекунанд.

  • Дида шуд: 177

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj