Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

    АЗ  ШАРҚ  РӮШНОӢ  БАРХОСТ

 ВА  АЗ  ҒАРБ  ҚОНУН

 

  

        Аҳмад ибни Абдуллоҳ ал-Марвазӣ (бо тахаллуси Ҳабаш ё Ҳабиб)  (770, Марв – 870, Бағдод) дар илмҳои ҳисоб, нуҷум ва  ҷуғрофия чунин асарҳо эҷод кардааст: «Китоби мухтасари ал-ҷабр в-ал-муқобала», «Китоб дар мавриди ҳисоби ҳиндӣ», «Ҷадвали нуҷум», «Китоби тасвири замин», «Китоби сохтусози устурлобӣ», «Китоби иқдомоти  устурлобӣ», «Китоби соатҳои офтобӣ», «Рисола дар таърифи идҳову анъанаҳои яҳудиён», «Китоби борон». 

    Муҳаммад ибни Мусо ал-Хоразмӣ (783, Хива - 850, Бағдод), риёзидон, ситорашинос, ҷуғрофидон, таърихшинос. Ададҳои ҳандаса дар ҳалли муодилаҳои ададӣ дар риёзиётро анҷом дода,  муаллифи аввалин китоб оид ба  алгебра аст. «Сурат-ул-арз»-и номбурда дар замонаш ва баъдҳо дастоварди бузурге дар илми ҷуғрофия ҳисоб мешуд. Асари ӯ «Китобу-л ҷамъ в-ат-тафриқ би ҳисоби-л-ҳинд» дар асри XII аз арабӣ ба лотинӣ тарҷума шудааст. Бори нахуст  ба тарзи ҳисоби ҳиндӣ-арабӣ Аврупо тавассути Хоразмӣ шинос гардид. Яке аз   корҳои анҷомдодааш дар олам бо номи «Системаи ҳисоби даҳӣ» маълуму машҳур аст. Маҳз тавассути ӯ рақамҳои арабӣ ба Аврупо ворид гардиданд. 
    Асари ӯ «Ал-ҷабр ва-л- муқобала», ки соли 830 навишта шудааст, асосан ҳалли муодилаҳои хаттии дараҷаи як ва дараҷаи дуро дар бар мегирад. Ба бунёди яке  аз шохаҳои муҳимтарини математика - алгебра асос гузоштааст. Калимаҳои ба ҳама маълуми алгоритм ва алгебра аз номҳои Ал-Хоразмӣ ва ал-ҷабр пайдо гардидаанд.
    Аҳмад ибни Мусо дар китоби «Системаҳои аҷоиб» нақшаи қариб 1000 асбоби системаи идоракунии автоматидоштаро ҷой додааст. 
    Аҳмади Фарғонӣ (797-865), ситорашинос, математик, ҷуғрофидон.  Ҳисоб  кардани бузургии меридианаи Замин, гирди сайёраи Замин, тартиб додани ҷадвали ситораҳо, муайян кардани доғҳои рӯйи Офтоб  аз корҳои анҷомдодаи ӯянд. Асарҳояш 700 сол дар Аврупо чун воситаи таълимӣ истифода бурда мешуданд. 
    Абӯнаср Муҳаммад ибни Муҳаммади Форобӣ (870, Фороб - 950-951, Димишқ), файласуф, риёзидон, мусиқишинос, забоншинос. Бо номи «Муаллими сонӣ» дар таърих машҳур аст. Корҳои зиёд дар илмҳои кимиё, ҳайъати илми низомӣ, табииёт, илоҳиёт, маданият, фиқҳ, мантиқ, табиати физикии садо анҷом додааст. 
    Абӯмаҳмуд Ҳомид  ибни  Хизри Хуҷандӣ (940, Хуҷанд - 1000, Бағдод), математик ва ситорашинос, назарияи синусҳоро дар фазои секунҷа кор карда, муаллифи 2 рисолаи риёзӣ ва 6 рисолаи нуҷумӣ мебошад. 
    Абулатиф ибни Юсуфи Бағдодӣ (1162 - 1231) шумораи устухонҳои сар, се устухончаи хурди гӯш ва панҷ узви ҳиссиётро муайян кардааст. Китоби «Ал-тиб мин-ал-китоб в-ал-суннат» маҳсули қалами ӯст.
    Ҷобир  ибни Ҳайён (721 - 805) дар Аврупо чун «падари кимиё» шинохта шудааст. 1260 сол пеш бисёр кислотаҳоро кашф карда, идеяи ҳосил кардани энергияи атом, дараҷаи хурдтарини модда будани атом ва сохти бомбаи атомиро пешбинӣ кардааст. Ҷ.Бруно ӯро нобиғаи илми ҷаҳонӣ ҳисобидааст. 
    Закариёи Қазвинӣ (1203-1283) ақидаи олимони замони Арасту оид ба майна ва дилро хато бароварда, фарзияи худро пешниҳод кард.

    Ибни  Ҳиротӣ (вафоташ соли 1100) аввалин дастгоҳи харротиро сохтааст. 
    Аббос ибни Фирнос (810-887) соли 880 аввалин асбоби парвозкунандаро амсоли аэроплан ба вуҷуд овард. 
    Донишманди тоҷик Башир хеле пештар аз аврупоиҳо фосфорро кашф кардааст. 
    Исмоили Ҷавҳарӣ (950-1010) аввалин маротиба дастгоҳи парвозкуниро сохта, дар ҳаво парвоз анҷом додааст. Мутаассифона, ҳангоми санҷиш аз баландӣ афтида, ҳалок гардид. 
    Абулъиз ибни Исмоил ибни Раззози Ҷазарӣ (1136-1206) дар асари  «Китоб-фи маърифати-л-ҳияли-л ҳандасия» асосҳои кибертикаро маълум кардааст.  
    Табиби машҳур Алӣ ибни Исо оид ба бемории чашм ва табобати он китоби «Тазкира»-ро навиштааст. 
    Абдураҳмони Хозинӣ (1077 - 1155) дар асари худ «Мизон-ул-ҳикмат» идеяи вазни хоси моддаро пешниҳод намуда, вазни молекулавии чандин моддаро ёфтааст. Ӯ пеш аз олими итолиёӣ Э.Поричелли (1608 - 1647) зичии ҳаво ва вобастагии онро ба суръати шамол кашф кардааст. 
    Авлиёи Чолобӣ (1611-1662), Ибни Батута (1304-1369) тамоми қитъаҳо ва материкҳоро давр зада, дар ин бора маълумоти бебаҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ додаанд. 
      Ал-Шамсиддин (1389-1459) 400 сол пеш аз Луи Пастер микробро кашф кардааст.
    Собит ибни Ғурро (асри X) доир ба илми тригонометрия асарҳои зиёде дорад. 
    Абулвафо (940-998) ибораҳои тангенс, котангенс, секанс, косекансро ба илми тригонометрия ворид  кардааст. 
    Ал-Марғибӣ (1220-1283) 600 сол пеш аз Паскал баробариро ҳал намудааст. 
    Алии Қушчӣ (1403, Самарқанд - 1474, Истанбул) аввалин харитаи Моҳро кашидааст, ки имрӯз қисми он номи ӯро дорад. Ҷадвали бисёррақамаи функсияҳои тригометриро сохтааст.
    Ибни Ҳайсам (965 - 1039) муаллифи “Китоб-ул-манозир” асосгузори оптика ва телескоп аст. Олимони аврупоӣ Р.Бэкон, И.Кеплер, Г.Галилей ва Леонардо де Винчи танҳо баъди шиносоӣ бо осори илмии ӯ ба кашфиётҳои илмии беназир ноил гаштаанд. 
    Алӣ ибни Аббос  (930 - 994) аввалин бор ҷарроҳии варами бемории саратон (рак)-ро анҷом дода,  доир ба илми тиб донишномае эҷод кардааст.
    Сафиуддини Балхӣ (вафоташ тақрибан солҳои 1293-1294) яке аз шаклҳои нотанависӣ - табулатураро пешниҳод кардааст.      
    Пири  Рейс (1465 - 1554) дар “Китоби баҳрия” оид ба мавҷудияти қитъаи Амрико маълумот додааст. 
    Муҳаммад Идрисӣ (1100 - 1165) 850 сол пеш харитаи ҷуғрофии ҷаҳонро  кашидааст.    
    Ибни Маҷид (асри XV) дар киштии баҳрнаварди португалӣ Васко да Гама (1469-1524) роҳбалад буд. 
    Закариёи Розӣ (28.08.865, Рай -25.10.925),  файласуф, табиб, омӯзгор, риёзидон, кимиёгар, табиатшинос. Аз худ 238 китобу рисола боқӣ мондааст. Дар илми тиб 60 ва дар илми кимиё 22 асар таълиф кардааст. Аввалин бор бемории табларзаро кашф намуд. Асари Розӣ бо номи “Китоб-ут-тиб-ил-Мансурӣ” дар олами тиб маълуму машҳур аст. 
    Умари Хайём (1048-1131) математик, табиатшинос, табиб, нуҷумшинос, таърихдон, файласуф, мусиқор, географ. Аввалин теоремаҳои ғайриевклидиро бунёд гузошта, пешниҳод кард, ки муодилаҳои дараҷаи сеюм радикалҳои квадратӣ (ба воситаи паргор ва ҷадвал) мебошанд. Дар соҳаи математика  14 навъи муодилаҳои дараҷаи сеюмро кашф намуд. Ин корро дар Аврупо пас аз 800 сол П.Л.Вентсел анҷом дод. 15.03.1079 тақвими навъи дақиқеро кор карда баромад, ки бо номи “Тақвими Ҷалолӣ” машҳур аст. Асарҳои “Рисола дар исботи масоили ҷабру муқобала”, “Рисола дар таҳлили як масъала бо муодилаи дараҷаи сеюм”, “Рисола дар бораи санъати муайян кардани миқдори тилло ва нуқра дар моеъҳо” ва ғайраро навиштааст. Ҳамчунин  доир ба механика, гидростатика, ҳавошиносӣ ва мусиқӣ рисолаҳо эҷод кардааст. Инчунин қалб аз Лобачевский (1792-1856) ва  Б.Римак (1826-1866) бо кашфи  таснифи муодилаҳои кубӣ онҳоро бо роҳи буришҳои конусӣ ҳаллу фасл намуд. Ба алгебра формулаи Биномро ворид сохт, ки баъдтар бо номи Бином-Нютон ё бо номи Нютон машҳур аст. Хайём пешгӯӣ кард, ки муодилаи кубӣ се решаи мусбат дорад, ки бо формулаи Ҷ.Кардано (1501-1576) баъдтар исбот гардид. Таносубҳои Евклидро  (соли 325-265-и то милод) бо назарияи ададӣ иваз намуд. Бори аввал дар илм тавсияи мафҳуми тоаслии мусбатро асоснок намуд. 
Тарзи баркашидани ҷисмҳо ва муайян кардани вазни хоси онҳоро 500 сол пеш аз Г.Галилей муайян сохт. 
     Ибни Сино (16.08.980, Бухоро - 18.06.1037, Ҳамадон) ситорашинос, мантиқдон, палеонтолог, риёзидон, физик, равоншинос, файласуф, табиб, ботаник, кӯҳшинос, забоншинос. Ӯ 29 илми замонашро азхуд карда буд. Соҳиби 950 рисола аст, ки то замони мо 240-тоаш боқӣ мондааст. Аз ҷумла доир ба илми фалсафа 150 рисола ва оид ба илми тиб 40 асар эҷод кардааст. Машҳуртарини онҳо “Китоб-уш-шифо”, «Наҷот»  ва “Китоб-ал-қонун-фи-т-тиб” мебошанд, ки дар асри XII ба забони лотинӣ тарҷума шуда,  то имрӯз дастури рӯйимизии донишмандон ва олимони соҳаи тибби ҷаҳонӣ мебошанд. Аввалин бор оид ба муолиҷаи бемориҳои дил, сохти амиқи чашм, менингит, диабети қанд маълумот дода, бори нахуст дар ҷаҳон ҷарроҳии саратонро анҷом додааст. Дар бораи илми нуршиносӣ (оптика), аз ҷумла, дар бораи густариш, инъикос ва шикасти нур, густариши садо, шикасти зарфҳо бо таъсири моеъи ба даруни онҳо рехташуда баҳс кардааст. 
    Абӯрайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ (4.09.973, Хоразм - 9.12.1048, Ғазна)  таърихшинос, ҷуғрофидон, филолог, астроном, математик, минералог, фармонолог, геолог, механик, геодезист. Берунӣ зиёда аз 130 асар эҷод кардааст. Доир ба ситорашиносӣ 45 асар навишта, ки машҳуртаринаш “Қонуни Масъудӣ” мебошад. Дар ин асари худ низоми тақвимҳои дар ҳамон вақт вуҷуддоштаро гирд оварда, ҷадвали тамоми давраҳои гузаштаро таҳия намудааст. 60 сол  пеш аз Г.Галилей давр  задани Замин, 700 сол пеш аз Н.Коперник ва Г.Галилей кашиш ва диаметри Заминро кашф карда, бо ёрии ҳисобу китоби риёзӣ мавҷудияти қитъаи Амрикоро пешгӯӣ намуд. Берунӣ часпакии об ва хеле дақиқи вазни хоси 18 моддаро нишон дода, тарзи содаи ёфтани ҳаҷми ҷисмҳои нодурустшаклро кашф кардааст. Ӯ  низоми чаҳорчӯбаи ҳисоби даҳӣ, санҷиши арзу тӯли беш аз 600 мавзеъ, санҷиши вазни хоси минералҳо, нишондоди мавқеи конҳои гуногун (аз конҳои нафти Фарғона то кони лаъли Бадахшон), санҷиши андозаи Замин ва ғайраро анҷом додааст. 
    Қитъаи Амрикоро тоҷики дар Чин истиқоматдоштае  кашф кардааст. Ба шарафи ӯ дар Чин ҳайкал гузоштаанд. 
    Канали Суэтсро на аврупоиён (соли 1859-1869), балки бо фармони фотеҳи Миср, шоҳи Форс Дорои I (наздики соли 500-и пеш аз милод) канда, ба истифода додаанд.
    Аввалин маротиба борут (парох) ва тӯп (пушка), чарх (чархи ароба ва осиё), шишаро тоҷикон сохтаанд.  
    Инчунин Ибни Қутайба (828-889)  дар илмҳои таъриху адабиёт, Абӯмаъшар Ҷаъфар ибни Муҳаммад Балхӣ (787-886) дар нуҷум, Абӯбакри Наршахӣ (899-959) дар таърихнигорӣ, Абӯҳомиди Ғаззолӣ (1058-1111) дар  илми калом ва сиёсатшиносӣ маълуму машҳур будаанд.  
    Ба шарафи олимони машҳури тоҷик Ибни Сино, Умари Хайём, Абӯрайҳони Берунӣ ва Закариёи Розӣ дар саҳни бинои Созмони Милали Муттаҳид ҳайкалҳои ёдгорӣ гузошта шудааст.

 

                                                                                                                             Таҳияи Абдусаломи САМЕЪЗОД,омӯзгори муассисаи                                                                                                таҳсилоти миёнаи умумии№100, шаҳри Душанбе,                                                                                                         Ҳасани АЛИМПУР,омӯзгори муассисаи  таҳсилоти                            миёнаи №10, ноҳияи Айнӣ

                                                                                                 Тасҳеҳи Муҳаммадҷони ШОДӢ                                                                                                                                                                                              

 

 

  • Дида шуд: 147

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj