Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

   Ватан, бо шунидани исмат вуҷудамро ҳиссиёти гуворое фаро мегирад, ки гӯё аз нав зинда мешавам. Ва боиси таппиши қалбам танҳо туӣ. Дар роҳи садоқатат кӯшиш менамоям, то нохалафе қадам ба хоки покат нагузорад. Ҳамеша аз зебоиву сарсабзиҳоят сухан мегӯям, то ки ҳамвора зебо бошӣ.  Имрӯз, ки дар фазои сулҳу субот, ваҳдату истиқлол зиндагӣ месозем, вазифаи мост, ки туро чун гавҳараки чашм муҳофизат намоем.
           Ватан бар ман азизӣ ҳамчуноне бар танам ҷонам,
          Ба ҷуз нафъи ватан чизи дигарро ман намедонам.
          Ба номат, эй диёри бахт, ин аст аҳду паймонам,
          Тамоми ҳастиам пайваста бо ту, эй ватан – ҷонам
.
    Замоне буд нохалафон туро озор доданд. Мардуми Тоҷикистон марҳалаи вазнини солҳои аввали истиқлолро паси сар намуда, баҳри бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона пайваста талош меварзанд. Асоси мустаҳками амалӣ намудани тадбирҳои созандаву бунёдкориҳо ҳукмфармо будани сулҳу салоҳ дар ҷомеа, якдигарфаҳмӣ ва якдилии мардум, ҳамзистии ҳамаи сокинон ба шумор меравад. Дар музаффариятҳои  бадастомада  ҳиссаи Қувваҳои Мусаллаҳ басо назаррас аст, зеро Артиши миллӣ кафили боэътимоди соҳибистиқлолӣ, бехатарии кишвар ва ягонагии марзу бум маҳсуб меёбад.
    Албатта, давлати соҳибистиқлол, пеш аз ҳама, бояд соҳиби Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳ бошад. Артиши миллӣ дар роҳи ҳифзи истиқлол, таъмини якпорчагии мамлакат, ҳимояи осоиштагӣ ва меҳнати бунёдкоронаи мардум, тарбияи ватанпарастии ҷавонон нақши муҳим мебозад.
    Фарзандони қаҳрамонатро ҳалок сохтанд. Аз миёни қаҳрамононат фарзандони фарзонаат дар талош буданд, то туро обод созанд ва ҳамеша ободат бубинанд. Шояд баъзеашон ваҳдату ягонагиатро надиданд, аммо туро соибистиқлол сохтанд. Вақте ки сухан дар бораи ҳифзи ватан меравад, беихтиёр қиссаҳо оид ба корномаи Шераку Спитамен, Абӯмуслиму Муқаннаъ, Темурмалику Восеъ ва дигар қаҳрамонон ба ёд мерасанд. Темурмалик ватанро чӣ гуна дӯст медошт, меҳри ӯ нисбат ба меҳан чӣ гуна буд? Ӯ чӣ қадар барои ҳимояи ватан ранҷу заҳмат кашид, барои аз хоки ватан несту нобуд кардани душман бо ҳамсафонаш ҷонбозиҳо кард, барои сарпаст намудани душман хуни гарми хештанро дареғ надошт. Дар муҳорибаҳо ба душман рӯ ба рӯ истода, муқовимат нишон дод, охирин қатраи хунашро барои озодии ватан нисор кард. Эҳсоси ин корнамоиҳо, донистани роҳи пуршарафи аҷдоди қаҳрамонамон, ҷасорату садоқати онҳо нисбат ба ватан боис мегарданд, ки дар қалби ҳар як ҷавонмарди тоҷик муҳаббат нисбат ба меҳан, ҳимояи марзу буми кишвар ба маротиб боло равад.  Ватан моро дар оғӯши гармат ба камол расондӣ. Ба мо илм омӯхтӣ. Тамоми бурду бохтамон дар канори ту буд. Билохира маро омӯзгор намудӣ, то ба фарзандони азизат илму адаб омӯзам. Дар ҷодаи ватандориву ватандӯстӣ, сулҳу субот, оромиву осоиштагӣ ҳимоятгарашон бошам. 
Ва махсусан, аввалин вазифае, ки ба дӯши омӯзгорон гузоштӣ, ин буд, ки ба фарзандонат омӯзонем, ки «Ватан» чӣ маъно дорад?» На ҳар шаҳрванде, ки дар қаламрават зиндагӣ менамояд, маънои туро дарк месозад. Ватан  ишқу муҳаббат аст, ишқе, ки болотар аз ҳама чиз ва муҳаббате, ки бепоён аст. Сазовортар аз он ҳастӣ, ки мешуморамат.
        Зикри дили ман ҳамеша номи ватан аст,
        Авроди забони ман каломи ватан аст.
        Ман восифи ишқи ватани маҳбубам,
        Феҳристи китоби ман мароми ватан аст.

    Васфи ту чандон бузург аст, ки бо чандин ҳарф ба итмом намерасад, бо иброз сохтани ҳиссиёте поёнпазир намегардад.
    Ман омӯзгорам ва бояд шогирдонамро дар рӯҳияи парастиши ишқи ту тарбия созам. Бо ватан буданро барояшон омӯзонам, фаҳмонам, ки онҳо сутуни мамлакатанд. Онҳо танҳо фарзанди ин ватан нестанд, балки пояи ин кишваранд. Агар яке аз онҳо ба шикасте дучор шавад, боқимонда низ оҳиста-оҳиста аз байн меравад.
    Мо-омӯзгорон бояд ҷавононро, ки қишри фаъоли ҷомеа ҳастанд, дар рӯҳияи ватандорӣ тарбия намоем ва сафи ошиқони ватанро зиёда гардонем. Оромиву шукӯҳ ва шукуфоии ватан ба масъулияти ҳар як сокини он вобаста acт. Aгар ватан орому осуда бошад, нозу неъмат фаровон гашта, муҳаббати мардум меафзояд. Myҳaббат ба ватан асосан дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра хоку ҳар қaтpa оби вaтан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садои  ватан, саъю кӯшиши баҳри ба нафъи вай xизмат кардан мебошад.
        Ватанро бинозам, маро дар канор,
        Чу модар гирифту намуд бахтиёр…

    Аз ин рӯ, пешрафту тараққӣ, рушду нумӯи ватан дар дасти ҳар яки мост. Истиқлолу ваҳдат, ки неъмати хеле бузург мебошанд ва ягона муҳофизонаш фарзандони тарбиянамудаи мо ҳастанд. Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро дӯст медорад ва ин ишқ фанонопазир аст. Оромиву шукӯҳ ва шукуфоии ватан масъулияти ҳар яки мост. Вазифаи мо танҳо аз ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, ба корнамоиву ҷонфидоии нав ва кашфи падидаҳои нодир вобаста аст.
        Бошад садои хуштарин бар гӯши дил сози ватан,
        Субҳонаи худ мекунам ашки саҳарнози ватан.
        Гоҳе ба савдо мебрад ганҷи ватанро зумрае,
        Бо нархи ҷонам мехарам, ҳар санги пардози ватан.

    Дар шароити имрӯза мо метавонем, ки маҳз бо иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илму фарҳанг, техника  ва иқтисодиёти Тоҷикистонро рушд бахшем. Ва бояд ба ватан, ки баҳрамон тинҷиву осудагиро фароҳам овардааст, ҳаргиз хиёнат нанамоем. Ҳамеша шукри истиқлоли ватани маҳбубамонро намоем. Ҳифзи дастовардҳои истиқлол, тамомияти арзӣ ва амнияту ягонагии Тоҷикистон бояд мақсаду мароми зиндагӣ ва ормони волотарини мо бошад. Боз ҳам аз он сарфароз бошем, ки зодаи Тоҷикистон - давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона ҳастем. Таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлатем. 
Ба меҳнат, манзил, таҳсил, истироҳат, кафолати таъмини иҷтимоӣ ва ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорем. Ҷавобан ба ин ҳифзи ватан, ҳифзи табиат ва дастовардҳои замони истиқлол вазифаи муқаддаси ҳар яки мост. Ҳоло, ки Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ чун кишвари озоду демократӣ эътироф кардааст, мо бояд мисли ангуштони як даст, шохоби як рӯд, гулҳои як боғ, фарзандони  як модар амал намуда, дар шукуфоии давлати воқеан дунявӣ саҳм бигузорем ва танҳо ба номи миллат ифтихор кунем, Бо эътимод гуфта метавонем, ки мо бо неруи ақлонӣ ва ҷисмонӣ истиқлоли давлатии худро ҳифз намуда, ватанамонро ободу зебо мегардонем. Ақли солим, неруи хирадмандона ва фарҳанги волои мардуми тоҷик буд, ки мо ба ваҳдату ягонагӣ ва сулҳу оромӣ расидем. Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлол, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Ватан ва модар ҳаммаъно ва ҳамрадифанд. Ватан ширинтарин ва пурмеҳртарин калима хаст, ки инсоният ҳангоми ба забон овардани он модарро ёд мекунад. Ватан –модар. Чи хуш аст ҳангоме ки ин калимаҳо аз забони кӯдак садо медиҳанд. Зеро нақши ин ду калима дар ҳаёти инсоният дар айёми кӯдакӣ хеле бузург мебошад. Агар модари асил моро ба дунё оварда бошад, ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст. Маҳз ҳамин бузургӣ одамро водор месозад, ки охирин қувваву тавони худро сарфи ободии меҳанаш намояд.  Ин меҳанро чун ҷон дӯст дораду посдори он бошад, зеро ватан модар ҳаст, ки мо дар канори ҳар кадоми инҳо ба воя мерасем. Вақте  инсоният дур аз модар ва ватан мешавад, баъд ба қадри ин ду ганҷи ноёб мерасад. 
    Халқи тоҷик аз шумори он миллатҳоест, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои ҳастии он ҷоннисорӣ мекунад. Қаҳрамонҳои мо ба монанди Темурмалик, Шерак, Деваштичу Восеъ далели гуфтаҳои боло мебошанд. Дар олам чанд муқаддасоти  ягона ва такрорнашавандае мавҷуд аст, ки ватан - модар низ ба он шомил мегарданд. Шоири шинохтаи тоҷик Лоиқ Шералӣ ибтидои ватанро аз гаҳвора  ва шири поки модар донистааст:
        Ватан сар мешавад аз гаҳвора,
        Зи шири поку аз пистони модар.
        Ватан сар мешавад аз он тавора,
        Ки онро сохта дастони модар.

    Мо - омӯзгорон дар бедории афкори ҷомеа, бахусус насли наврас, бояд ҳама вақт таъсиргузор бошем, то ин қишри ҷомеа дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву меҳанпарастӣ тарбия ёбад ва ба камол расад. Шукрона аз он мекунем, ки таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад. Маҳз бо шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат аст, ки имрӯзҳо барои насли наврас дар тамоми гӯшаву канори кишвар муассисаҳои мактабию томактабӣ бунёд мешаванд. Мо ҷавобан ба ин ғамхориҳо кӯшиш менамоем, ки насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандорӣ тарбия ёбад.  
    Шоире нест, ки дар  васфи ватан шеъре нагуфта бошад ва ё асаре наофарида бошад. Ин анъанаро шоирони муосир низ идома дода, талош доранд, ки дар рӯҳияи хонанда меҳри ватанро побарҷой намояд. Шоира Шаҳрия мефармояд:
        Шаҳҷоизаи ягонаи ман ватан аст.
        Шаҳномаи пурфасонаи ман ватан аст.
        Мазмуни суруду шеъри ман меҳру вафост,
        Шеъри тару шоиронаи ман ватан аст.

    Омӯзгорӣ аз пуршарафтарин пешаҳо ба шумор меравад ва омӯзгор бо таҳаммули машаққати зиёд насли наврас - ояндаи давлату миллатро дар роҳи дуруст тарбия намуда, ба камол мерасонад. Бахусус, дар замони муосир нақшу мақоми омӯзгор боз ҳам дучанд гардидааст. Мушоҳидаву таҷрибаи солҳои охир нишон медиҳад, ки имрӯз ҳар кас касби омӯзгориро интихоб намуда, ба тарбияи насли наврас машғул аст, бояд ҳувийяти миллӣ ва зиракии сиёсии баланд дошта бошад ва манфиати миллату давлатро аз манфиати фардиаш ҳамеша авло донад. Дар ин ҳол хушбахт онест, ки ба номи бузурги устодӣ ё омӯзгорӣ сазовор аст. Яъне, омӯзгор намунаи ибрат аст, ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш шоистаи пайравист, ӯ роҳнамою ҳидоятгар ба роҳи дурусти ҳаёт, мӯнису ғамхор, дӯсти беғарази ҳар инсон аст. Аз ин ҷост, ки устодро баробари волидон медонанд. 
    Ин ҳама ҳарфе, ки дар васфат гуфтам, камтарин суханҳое ҳастанд, ки ба риштаи тасвир кашидам. Ватан зеботарин макон, бузургтарин сухан ва поктарин ишқӣ. Ҳамеша орзуи ободиатро дорам.

 

  • Дида шуд: 175

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj