Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

        

 

 

 

 

 

 

 

             Яке аз хусусиятҳои фарқкунандаи синни ҷавонӣ ба нақша гирифтани ҳаёти минбаъда ва интихоби касб мебошад. Проблемаи  ба нақша гирифтани ҳаёти минбаъда, худмуайянкунии касбӣ ва интихоби бошууронаи касбу ҳунар солҳои охир  таваҷҷуҳи педагогҳову равоншиносонро ба худ ҷалб карда меояд. Зеро маҳз дар зинаи сеюми таҳсилот аксарияти хонандагон қарори  қатъӣ  қабул карда, касби  ояндаи худро интихоб мекунанд, ки он аз ду ҷузъиёти асосӣ иборат аст: муайян намудани дараҷаи таснифи фаъолияти меҳнатӣ, ки дар оянда даркор мешавад ва ба ҳаҷму давомнокии фаъолияти меҳнатӣ худро тайёр  намудани ҷавонон. Дар ин давра ҷавонписарон ва ҷавондухтарон аввал соҳаи фаъолиятро (табиб шудан мехоҳам) муайян мекунанд ва баъд дараҷаи онро бо гурӯҳҳо ҷудо мекунанд (табиби   соҳаи чашм мешавам), ё баръакс аввал дараҷаи фаъолиятро муайян  намуда, баъд касбро нишон медиҳанд. (Ба Донишгоҳи тиббӣ меравам, баъд ягон касби махсусро интихоб  мекунам.) 
    Аз рӯйи таҳқиқҳо маълум мешавад, ки ҷавонон пеш аз ҳама барои интихоб намудани касб ба мактабҳои олӣ ё касбӣ рафта, баъд касбро интихоб карданӣ мешаванд. Масалан, ба донишгоҳи омӯзгорӣ дохил шуданиам, вале ба кадом факулта то ҳол муайян накардаам ва баъд аниқ мекунам.                          
    Хонандагон дар охири синфи 9 бояд аниқ муайян намоянд, ки таълимро дар синфи 10 идома медиҳанд ва ё ба мактабҳои махсуси касбӣ мераванд ва ё ба истеҳсолот рафта, хонданро дар мактабҳои коргарҷавонон, мактабҳои ғоибона давом медиҳанд. 
    Барои дуруст интихоб намудани касб, ки он ба шавқу ҳавас вобаста аст, ҷиҳатҳои иқтисодии оила, дараҷаи тайёрии таълимӣ, ҳолати саломатӣ ва ғайра нақши муҳим мебозад. Он хонандае, ки таълимро дар мактабҳои махсуси касбӣ давом доданӣ аст ё ба кор ба истеҳсолот рафтанӣ  аст, бояд пешакӣ муайян намояд, ки ба кадом мактаби касбӣ ё ба кадом кор машғул  мешавад.
    Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти таъмини кафолатҳои иҷтимоии давлатии шаҳрвандон дар интихоби озоди касб, шакли машғулият ва роҳҳои худамалисозии шахсият, мувозинати байни шавқу ҳавас ва касби интихобкардаи шахсият, хусусиятҳои психо-физиологии он ва имкониятҳои бозори меҳнат, қаноатмандии шахсият аз меҳнат ва ноилшавӣ ба мақоми шахсии иҷтимоӣ, амалисозии неруи фардӣ, ташаккули тарзи ҳаёти солим ва умуман, касбинтихобкунии наврасону ҷавонон «Барномаи рушди раҳнамои касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ба тасвиб расид, ки ҳадафҳои асосии он минбаъд баланд бардоштани тайёрии меҳнатӣ ва ба касбу ҳунар шавқмандгардонии хонандагон  буд. 
    Инчунин барои рушду такомули истеъдод ва маҳорату малакаҳои касбии хонандагон дар соҳаҳои гуногун дар барномаи мазкур  аҳамияти калон дода шудааст. Мувофиқи он хонандагон метавонанд аз таълим ҷудо нашуда донишу маҳорат ва малакаи касбии худро дар рафти таълими фанҳо дар мактаб баланд бардоранд. Аз тарафи дигар, хонандагон метавонанд берун аз соатҳои дарсӣ, яъне дар вақтҳои холӣ барои рушду камоли қобилияти касбии худ дар мактабҳои махсус ва ё   марказҳои эҷодӣ ва маркази кӯдакон ва наврасон дар бахшҳои  гуногун  таҳсил намоянд (хаттотӣ, кандакорӣ, наққошӣ, шашмақомхонӣ, фалаксароӣ, заргарӣ, бофандагӣ, дӯзандагӣ, зардӯзӣ ва ғайра). Албатта, дар сурати ба пуррагӣ амалӣ  шудани нуктаҳои асосии барномаи зикршуда  барои эҳёи ҳунарҳои халқӣ ва аз бар кардани онҳо имконоти васеъ фароҳам оварда мешавад. Ин дар навбати худ ба тарбияи меҳнатӣ ва интихоби касбу ҳунари хонандагон мусоидат мекунад.
    Интихоби касб ба наврасон ва ҷавонон имконият медиҳад, ки онҳо дар бораи олами касбҳо, нисбат ба ин касбҳо чӣ гуна талабот ҳаст, касби интихобкардаи онҳо ба халқ ва худи онҳо чӣ гуна фоида меорад, маълумот гиранд. Инчунин  дар бораи худ, ҳавас ва қобилиятҳои худ аниқтар фикр кунанд, ки оё аз уҳдаи иҷрои он баромада метавонанд ё не.
    Қобили қайд аст, ки хонандагони синфҳои болоӣ ба интихоби касбу ҳунар ба таври интихобӣ муносибат доранд. Шумораи зиёди хонандагони синфҳои болоӣ қимати иҷтимоии ҳар як ихтисосро ба ҳисоб гирифта, ин ё он касбу ҳунарро интихоб мекунанд. Қисми хонандагон бошанд, ба қимати иҷтимоии ин ё он ихтисос ҷиддан таваҷҷуҳ накарда, касбу ҳунарро интихоб мекунанд. Зимни таҳлилҳо муайян гардид, ки дар интихоби касб хонандагон  ба чунин хатоҳо роҳ  медиҳанд: интихоби касб бо таъсири падару модар, интихоби касб бо таъсири рафиқон, аз ҷиҳати зоҳирӣ интихоб кардани касб ва бемақсад интихоб кардани касб. Натиҷаи пурсишнома, ки дар байни хонандагони зинаи дуюм ва сеюми таҳсилот гузаронида шуд, баёнгари он аст, ки  67,0%  бо таъсири бевоситаи падару модар, хешу табор ва ё омилҳои дигар ва танҳо 33% бо иродаи шахсии хеш касби ояндаашонро интихоб намудаанд. 
    Инчунин бояд қайд кард, ки таҳлилҳои дар литсей гузаронидашуда нишон медиҳанд, ки хонандагон ба ихтисосҳои соҳаи бонкӣ, иқтисодӣ, ҳавопаймоӣ, тиббӣ, кормандони соҳаи амнияту милитсия, ҳуқуқ ва соҳибкорӣ баҳои баланд дода, онҳоро пурарзиш мешуморанд. Вале ба ихтисосҳои соҳаи хизмати маишӣ, хӯроки умумӣ, муассисаҳои коммуналӣ,  дӯзандагӣ,  фарҳангу маориф ва ғайра аҳамияти камтар медиҳанд.
    Хонандагон  дар хусуси қимати иҷтимоии ихтисосҳо маълумоти хеле ночиз доранд ва ихтисосҳои челонгар, васлкунанда, барқчию устои чӯбу тахтаро дар ҷойи аз ҳама охир мегузоранд.
    Бояд қайд кард, ки на ҳамаи хонандагон -  хатмкунандагон ин ё он ихтисосро дуруст ва бошуурона интихоб мекунанд. Маҳз ин аст, ки  қисме аз ҷавонон ғайриихтисос фаъолият мекунанд ва ё бо доштани таҳсилоти олӣ аз рӯйи ихтисоси худ фаъолият накарда,  ба муҳоҷират рӯ меоранд. 
    Аз рӯйи таҳлилҳое, ки дар литсейи мо гузаронида шуд, маълум гашт, ки дар нимаи соли таҳсил аз 65 то 85 фоизи хонандагон дар интихоби ихтисоси ояндаашон ноустуворӣ зоҳир карда, ақидаашонро дигар мекунанд. 
    Масалан, тасаввуроти хонандагон дар бораи касбу ҳунар бисёр хира аст: «Ман намедонам кадом ихтисос хуб аст, зеро дар хусуси ягонтои ихтисосҳо тасаввуроти қазоӣ надорам», «Минбаъд хонданро идома медиҳам, вале дар куҷо бояд хонам, ин чиз то ҳол  ба ман  равшан нест», «Чӣ гуна ихтисосро интихоб кунам, то ҳол   барои худ муайян накардаам», “Падару модарам чизе гӯянд, ба ҳамон  касбу ихтисос ҳуҷҷат месупорам”. 
    Натиҷаи таҳқиқҳои сотсиологӣ нишон медиҳад, ки ҷавонон сол ба сол ба касбҳое, ки меҳнати ақлӣ (фикрӣ)-ро талаб мекунанд, бештар мароқ зоҳир намуда, ба касбҳое, ки меҳнати ҷисмониро талаб мекунанд, кам аҳамият медиҳанд. Зиёда аз 80 фоизи ҷавонон, хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ хоҳиши дар муассисаи таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ давом додани таҳсилро доранд.
    Интихоби касб ва дараҷаи амалӣ гаштани нақшаҳои ҳаётии  хонандагони синфҳои болоӣ аз шароити  иҷтимоӣ  ва дараҷаи маълумотнокии падару модарон вобастагии калон дорад. Ҳар қадаре ки волидон бомаърифат бошанд, ҳамон қадар дар фарзандон имконияти таълимро дар мактабҳои олӣ ё миёнаи махсус давом доданро метезонанд ва нақшаҳои ҳаётии ҷавонон бештар амалӣ мегардад.
    Интихоби касб на танҳо масъалаи иҷтимоӣ, инчунин масъалаи психологӣ низ мебошад. Аввалан интихоби касб ба хусусиятҳои фардӣ-психологии шахс вобаста буда, баъдан аз қобилиятҳои шахс, ки кадом сифатҳо дар ӯ бештар ташаккул ёфтааст ва дар ҳолати сеюм ба ягонагии шуур ва фаъолияти шахс вобаста мебошад.
    Интихоби касб раванди мураккаб ва дуру дароз буда, на танҳо аз рӯйи давомнокӣ, балки мутобиқи якчанд давра муайян карда мешавад. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар оилаҳои зиёиён волидон мехоҳанд, ки фарзандонашон барвақттар ягон касбро интихоб карда,  истеъдоди худро дар ҳамин соҳа такмил диҳанд. Чунин муносибати падару модарон ба он оварда мерасонад, ки дар хонандагон ҳаваси худмуайянкунии тахассусӣ суст мешавад. Ин хонандагон аз ҳама гуна шуғлҳо даст мекашанд, ба ташвиш меоянд ва бо ихтиёри худ касби дилхоҳро интихоб карда наметавонанд.
    Бояд қайд кунем, ки аз як тараф интихоби барвақти касб таъсири мусбӣ расонад ва аз тарафи дигар, агар наврасон барвақт ба ягон касб майл пайдо кунанд, аз дигар фаъолиятҳо дур шуда, фаъолияти таълимиашон суст мешавад ва онҳо танҳо ба он фанҳо аҳамият медиҳанд, ки ба касби ояндаашон зарур аст. 
    Барои дуруст ва бошуурона интихоб намудани касб нақши иттилоърасонӣ ба хонандагони синфҳои болоӣ аҳамияти калон дорад. Зеро ҷавонон дар бораи доираи касбҳо   ва дар хусуси он, ки то чӣ андоза интихоби бошууронаи касбу ҳунар ба ҷамъият ва худи онҳо фоиданок аст, ба дараҷаи зарурӣ  маълумот надоранд. 
    Инчунин хонандагон бештар дар интихоби муассисаи таълимӣ (литсей, гимназия) ва ё равияҳои таълимӣ дар зинаи сеюми таҳсилот иштибоҳ мекунанд. Ба касе пӯшида нест, ки литсей бо тамоюли омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ, табиӣ - риёзӣ ва гимназияҳо бо тамоюли фанҳои ҷамъиятӣ – гуманитарӣ ва омӯзиши амиқи забонҳо фаъолият мекунанд.  Хонанда орзуи ҳуқуқшинос ва ё тарҷумон шуданро дорад, вале дар литсейе, ки  бо тамоюли омӯзиши фанҳои табиӣ - риёзӣ аст, таҳсил намуда, ба омӯзиши амиқи фанҳои ҷамъиятӣ берун аз литсей ба дарсҳои иловагӣ сарфарбар гардидааст. Ё баръакс дар гимназия таҳсил менамояд ва хоҳиши табиб шуданро дошта, иловатан ба омӯзиши фанҳои химия, биология, физика машғул аст. Яъне то имрӯз падару модарон ва хонандагон ба пуррагӣ моҳияти фаъолияти муассисаҳои таълимии типи нав (литсей ва гимназия)-ро дарк накардаанд. 
    Ба касбу ҳунар шавқмандкунонии хонандагон ва ба ҳаёти мустақилона омода намудани онҳо яке аз масъалаҳои муҳими педагогию психологӣ буда,  саҳми муассисаи таълимӣ, роҳбари синф, муовини директор оид ба тарбия  дар ин самт хеле назаррас аст. Зеро маҳз онҳо  бо хонандагон доир ба бошуурона интихоб намудани касб корҳои фаҳмондадиҳӣ  мебаранд, шабҳои саволу ҷавоб, шабнишиниҳо, вохӯриҳо бо мутахассисони соҳаҳои гуногун ва ё саёҳат ба корхонаву ташкилотҳои мухталифро  ташкил мекунанд.
    Зимнан қайд кардан ҷоиз аст, ки чорабиниҳо бояд фарогири масъалаҳо роҷеъ ба арзишҳои миллию башарӣ, эҳёи дарки худшиносии таърихӣ, ҳувийят ва анъанаҳои миллӣ, дастовардҳои илмиву техникӣ, рушди бемайлони муносибатҳои иқтисоди бозаргонӣ, ислоҳоти низоми роҳнамоии касбӣ ва кафолати давлатии ҳуқуқи шаҳрвандон ба интихоби касб бошанд. Дар ин чорабиниҳо  доир ба касби саҳвану таваккалӣ интихобкарда, фаъолият накардан аз рӯйи ихтисос,  ба кор дилгармӣ надоштан, фарқияти касбу ҳунар, тарзу усулҳои нави корбарии ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат маълумоти муфассал дода шавад, то дар интихоби дуруст  ва  мақсадноки касб мусоидат намоянд.

  • Дида шуд: 163

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj