Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

 

   

  Гузоришҳои китобҳои таърихӣ ва адабӣ ба мо меомӯзанд, ки миллати тоҷик дар тамоми давраҳои мавҷудияти хеш ба илму фарҳанг, ки гавҳари камоли инсонӣ ба шумор мераванд, таваҷҷуҳи хос доштааст. Чунин фазилати зотӣ дарунмояи пиндору гуфтору кирдори беҳтарин намояндагони илму фарҳанг, сиёсату диёнати ин миллати хирадбунёдро ташкил медиҳад. Ин аст, ки нахуст устоди шоирони тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷамъоварӣ, ҳифзу нигаҳбонии илму донишро вазифаи муқаддаси ҳамаи инсонҳо медонад:

            То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,
            Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.
             Мардумони бихрад андар ҳар замон
            Рози донишро ба ҳар гуна забон
            Гирд карданду гиромӣ доштанд,
            То ба санг андар ҳаме бингоштанд.
            Дониш андар дил чароғи равшан аст,
            В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

    Илова бар ин, бояд гуфт, ки шоири бедордил Абулқосим Фирдавсӣ бар ситоиши хирад пардохта, онро нахустин унсур ё моддаи офариниш медонад:

            Хирад раҳнамову хирад дилкушой,
            Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.
            Нахуст офариниш хирадро шинос,
            Нигаҳбони ҷон асту ҳам он се пос.
            Се поси ту чашм асту гӯшу забон,
            К-аз ин се расад неку бад бегумон.

    Хирадситоӣ ҳамчун сифати фитрии миллати тоҷик на танҳо дар забони шеъру дар афкору андешаҳои донишмандони он мушоҳида мегардид, балки дар рафтору кирдори сиёсатмадорони шӯҳратманди даврони қадим ва асрҳои миёна - ҳахоманишӣ, ашконӣ, сосонӣ ва сомонӣ - ошкоро ҳувайдо буд. Ҳатто баъд аз шикасти пойгоҳи сиёсии халқи тоҷик ҷаҳони илму фарҳанги ин миллати тамаддунофар барои ҳар гуна фарҳанги муҳоҷим дастнорасу фатҳнопазир боқӣ монд. Ҳамчунин ин фарҳанг бар асари муқовимати шадид аз ҳар лиҳоз бартарии худро нишон дода, арсаи адабу ҳунари миллату халқиятҳои дигарро таҳти таъсир ва султаи хеш қарор дод. Чунин равиши таъсиргузорӣ дар ҳавзаи адабиёт ва анвои дигари ҳунарӣ, аз ҷумла мусиқӣ, наққошӣ, меъморӣ,… тадриҷан то Инқилоби Октябр (1917) идома ёфта, адабу ҳунари миллату халқиятҳои ҳамҷавор аз ҷиҳати сохтору муҳтавиёт дар пайравӣ ба анвои адабӣ ва ҳунарии миллати тоҷик пайрезӣ шудаанд. 
    Бояд гуфт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар замони Шӯравӣ як миқдор истиқлолияти нисбӣ пайдо карда, дар арсаҳои гуногуни илму фарҳанг комёбиҳои назаррасе ба даст оварда буд ва ин дастовардҳо дар мавқеи худ муҳимму арзишманд ба шумор мераванд. Аммо истиқлоли комили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар санаи 9-уми сентябри соли 1991 бо даъвати дувоздаҳумин иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии он замон ва қабули «Изҳорот дар бораи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба даст омад. Ҳамин ҳуҷҷати таърихӣ қонунан истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ҷаҳониён эълон кард. 
    Таърихи истиқлоли кишвари мо, мутаассифона, бо нобарорӣ оғоз гардид. Аммо ин нобасомониҳо ба зудӣ поён ёфтанд. Вакилони миллат бо такя ба хиради фитрӣ бар сари хони маслиҳат ва машварат ҷамъ омада, беҳтарин намояндаи худро ба сифати роҳбару раҳнамо интихоб намуда, зимоми кори давлату ҳукуматро ба дасти ӯ доданд. Бар асари кӯшишу талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаҳои дурахшони таърихи истиқлоли тоҷикон ба арсаи корномаҳо ва шоҳкориҳои нави таърихӣ табдил ёфт. Натиҷаи дастовардҳои таърихии даврони истиқлол дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (21.12.2021) ба таври мухтасар зикр гардид.
            Агар дар ҷаҳон набвад омӯзгор, 
            Шавад тира аз бехирад рӯзгор.

    Пешвои миллат, ки беҳтарин сифатҳои неки инсонӣ аз қабили хирадмандӣ, хайрхоҳӣ, адолатпарварӣ, инсондӯстӣ ва ғайраро аз ниёгони тамаддунофари худ ба мерос  гирифтаанд, дар Паёми мазкур ба пешрафти соҳаи маориф таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Аз нигоҳи Пешвои миллат, маорифи миллӣ танҳо дар сурати доштани беҳтарин барномаҳои таълимӣ ва омӯзгорони лаёқатманду варзида метавонад ҳамқадами замон бошад. Бинобар ин, дар заминаи беҳтарин дастовардҳои илмӣ-техникӣ бунёд намудани маорифи миллӣ яке аз ҳадафҳои стратегии сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад: «Бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумат маҳсуб мешавад.» 
    Мактаб ҷойгоҳи муқаддасест, ки дари ҷаҳони илму адабро ба рӯи инсон боз мекунад ва ӯро бо худу муҳити зисти хеш ошно менамояд. Инсон ба воситаи дарси муаллим тадриҷан ба сӯи камолоти маънавӣ роҳ мебарад ва соҳиби донишу ахлоқи ҳамида гардида, дар ҷамъият мавқеи шоистаи худро пайдо мекунад. Пас, пойдевори ҳамаи бунёдҳо дар мактаб ва дар дарси муаллим пайрезӣ мешавад. Бо дарназардошти нақши бунёдини  мактаб ва омӯзгор дар ҷомеа ва аҳамияти кори таълиму тарбия дар ташаккули шахсияти насли нав Пешвои миллат бар ин маънӣ ишора намудаанд: «Бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.» 
    Албатта, комёбиҳое, ки дар самти бунёду пешрафти маорифи миллӣ ва роҳ ёфтани он ба фазои таълимоти байналмилалӣ дар даврони истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омадаанд, барои мо-омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ мояи умеду ифтихоранд. Аз ин рӯ, лозим аст, ки асос ва моҳияти чунин дастовардҳоро бишиносем ва онҳоро ҳамчун самараи комёбиҳои замони истиқлол дар ҷараёни таълим ба     донишҷӯён биомӯзонем: 
    1. Дар Паёми Пешвои миллат, пеш аз ҳама, ба бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ишора шудааст. Муассисаҳои таълимии бо фановариҳои пешрафта муҷаҳҳаз талаби замон буда, кори таълиму тарбияро беҳтар менамоянд ва барои баланд бардоштани сатҳи дониши   толибилмон мусоидат мекунанд.  Аз Паём бармеояд, ки «дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Шумораи умумии хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии кишвар ба 2 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.
    Дар замони соҳибистиқлолӣ дар кишвар 173 муассисаи таълимии типи нав – литсей, гимназия, мактаби президентӣ, мактаби байналмилалӣ ва муассисаҳои таълимӣ барои хонандагони болаёқат, инчунин, 196 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва умумии хусусӣ бунёд гардид. Дар ин муассисаҳо 150 ҳазор нафар хонандагон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
    Дар зинаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 39 муассисаи таълимии нав ва дар зинаи таҳсилоти олии касбӣ 28 муассиса бунёд гардид ва шумораи онҳо мутаносибан ба 144 ва 41 расонида шуд.
    Соли хониши ҷорӣ (2021-2022) шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ зиёда аз 120 ҳазор нафар ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ 245 ҳазор нафарро ташкил кард, ки шумораи шогирдони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ  нисбат ба соли 1991  1,6 баробар ва донишҷӯён сеюним баробар зиёд мебошад.» 
    Албатта, омӯзгор метавонад тавассути далелу рақамҳо ба донишҷӯён бартарӣ ва муваффақиятҳои маорифи даврони истиқлолро дар муқоиса бо вазъи маориф дар замони Шӯравӣ исбот намояд. Бояд гуфт, ки ин оғози кор аст, зеро тибқи Паёми Пешвои миллат чунин барномаҳои созанда сол то сол густаришу ривоҷ меёбанд: «Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад. Бо ин мақсад дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад.» 
    2. Кори таълим ва тарбияро бидуни шахсияти омӯзгор тасаввур кардан номумкин аст. Шахсияти омӯзгор, ки аз маҷмӯи донишу малака ва маҳоратҳои иктисобӣ ташаккул ёфтааст, дар сифат ва самаранокии кори таълиму тарбия таъсиргузор мебошад. 
Омӯзгорони худшиносу донишманду соҳибтаҷриба сарвати маънавии миллат ба шумор мераванд, зеро маҳсули кори онҳо дар шаклгирии ҷаҳонбинии насли наврас саҳми арзанда дорад. Агар омӯзгор донишу маҳорати кофӣ надошта бошад, натиҷаи кори ӯ самараи нек нахоҳад дошт. Бинобар ин, 
дар Паём ба масъалаи баланд бардоштани дониши омӯзгорон ва аҳамияти ин кор таъкид шудааст: «Бо ин мақсад, роҳбарони муассисаҳои таълимиро зарур аст, ки ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи дониш ва касбияти омӯзгорон дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, бахусус, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоиву миёнаи касбӣ, такмили ихтисосу бозомӯзӣ ва тарбияи омӯзгорони ҷавони баландихтисос ва ба талаботи замона ҷавобгӯй дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот эътибори аввалиндараҷа диҳанд.» 
    Дар ин қисмати Паём ба омӯзгорон ҳушдор дода мешавад, ки дар кори пурмасъулияти омӯзгорӣ серталабу кушо буда, ба фазои илму фарҳанги ҷаҳонӣ роҳ ёбанд, бо беҳтарин дастовардҳои таълимии муаллимони дунё ошноӣ пайдо намуда, донишу малакаи хешро ривоҷу равнақ диҳанд.   
    3. Таваҷҷуҳи Пешвои миллат нисбат ба забони модарӣ, таълиму тадрис ва эҳтироми он мавзӯи ниҳоят густурда ва доманадор аст. Эшон дар китоби дуҷилдаи «Забони миллат - ҳастии миллат» меҳру муҳаббати бепоёни худро нисбат ба забони модарӣ баён намуда, забони миллатро шоҳиди зинда ва ҷовидонаи таъриху тамаддун медонанд: «Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.» 
    Дар робита ба ин мавзӯъ бояд гуфт, ки мутолиаи китоби мазкур ба омӯзгор имконият медиҳад, ки бо сарнавишти таърихии забони худ аз аҳди бостон то асри XX ошно шуда, донишҳои дар ин замина бадастовардаи худро дар ҷараёни таълим ба донишҷӯён дастрас намуда, ба ин восита дар такомули сатҳи худшиносии онҳо саҳм гузорад. 
    Тавре ки мушоҳида мешавад, раванди ҷаҳонишавӣ таъсири худро дар соҳаи маориф низ гузоштааст. Аз ин рӯ, омӯзгоронро лозим аст, ки дар баробари хуб омӯхтани забони модарии худ забонҳои дигари хориҷӣ, мисли забонҳои русӣ ва англисиро биомӯзанд ва дар ҷараёни таълим аз онҳо истифода баранд. Омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба насли наврас имконият медиҳад, ки аз маҳдудаи марзҳои якзабонӣ убур карда, ба ҷаҳониён иртиботи бевосита барқарор намояд. Инчунин, донистани забон барои мустаҳкам намудани муносибатҳои сиёсиву иқтисодии давлатҳои мухталифи ҷаҳон мусоидат мекунад. Дар айни ҳол Тоҷикистон бо 180 давлат робитаи дипломатӣ ва бо 130 кишвар муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ дорад.
    Ҷиҳати тарғибу ташвиқи забономӯзӣ дар даврони истиқлол шумораи зиёди ҷавонони боистеъдод ба хориҷи кишвар барои таҳсил фиристода мешаванд. Теъдоди онҳо «сол ба сол афзоиш ёфта, дар соли таҳсили 2021 ба беш аз 42 ҳазор нафар дар 25 давлати хориҷӣ расидааст.» 
    4. Дар баробари омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар Паём ба масъалаи таълими фанҳои дақиқ, бахусус, риёзӣ, физика, химия, биология ва ғайра ишора шудааст. Бидуни доштани донишҳои назарӣ ва амалӣ роҷеъ ба фанҳои дақиқ кор кардан дар соҳаи саноати пешрафта ва истифода бурдан аз фановариҳои навин барои мутахассисони ҷавон имконпазир нест. Бинобар ин, дар Паём бар аҳамияти омӯзиши фанҳои дақиқ таъкид шудааст: «Дар робита ба ин, ба Вазорати маориф ва илм супориш дода мешавад, ки барои омода кардани омӯзгорони фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ бо забонҳои хориҷӣ дар донишгоҳҳои равияи омӯзгорӣ кушодани шуъбаҳои алоҳидаро пешбинӣ намояд.» 
    Инчунин, дар Паём бар зарурати таълими фанҳои дақиқ ва моҳияти онҳо дар арсаҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар таъкид шудааст: «Мо дар ҳазорсолаи сеюм ва асри пешрафти бесобиқаи илму технологияҳо, яъне дар асре, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёт тавассути саводу дониш ва илму технологияҳо идора карда мешаванд, зиндагӣ дорем. Барои ҳамқадами замона будан ва рушди давлату ҷомеаро таъмин кардан омӯзиши илму дониш, хусусан, илмҳои табиӣ, риёзӣ, дақиқ ва аз худ кардани касбу ҳунар роҳи ягона ва дуруст мебошад.» Дар робита ба ин масъала дар Паём омадааст, ки «Вазорати маориф ва илм ҳамчунин вазифадор карда мешавад, ки вобаста ба талаботи рӯз ва рушди технологияҳои иттилоотии муосир лоиҳаи консепсияи гузариш ба таҳсилоти рақамиро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.» 
    5. Яке аз масъалаҳои мубрами ҷаҳони имрӯз ҳалли масъалаи баробарии гендерӣ (ҳуқуқи баробар доштани зану мард) дар ҷомеаҳои суннатӣ ба шумор меравад. Тавре ки маълум аст, дар даврони истиқлол ба масъалаи таълими духтарон ва соҳибкасб намудани онҳо диққати ҷиддӣ дода мешавад. Духтарон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти ми-ёнаи умумӣ метавонанд барои идомаи таҳсил ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии киш-вар дохил шуда, соҳибкасб гарданд. Роҷеъ ба ин масъала дар Паём чунин омадааст: «Дар замони истиқлолият 11 500 нафар духтарон аз ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварро бо квотаи президентӣ хатм кардаанд. Дар ин давра 222 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро хатм намуда, ҳоло боз 100 ҳазор нафар духтарон дар ин муассисаҳо таҳсил кар-да истодаанд. Аз 42 ҳазор нафар донишҷӯёни мо, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии кас-бии кишварҳои хориҷӣ таҳсил доранд, зиёда аз 8 ҳазор нафарашон духтарон мебошанд.» 
    Бояд гуфт, ки рӯз то рӯз сафи омӯзгорони зан дар ҷомеаи соҳибистиқлоли мо меафзояд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки теъдоди занони донишманд дар ҷомеа зиёд гардида, аз ҳуқуқу озодиҳои худ ҳимоят мекунанд.   
    Хулоса, ҳар нуктае,  ки дар Паёми Пешвои миллат дар робита ба кори таълиму тарбия баён шудааст, ба ин маъно далолат мекунад, ки маорифи миллӣ ҳамчун як рукни устувори ҷомеаи хирадбунёди мо дар сӣ соли пурсамари истиқлол рушду инкишоф ёфта, дар шаклгирии ҷаҳоншиносии насли нав саҳми арзанда гузоштааст. Бидуни тардид, тавре дар Паёми мазкур таъкид шудааст, модоме ки мо ҳама якҷо як кишвари дар дами ҳалокат қарордоштаро ба қаламрави сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва шукуфоиву ободӣ табдил додем, қодир ҳастем, ки ҳамаи мушкилоти дигарро низ бартараф карда, дар ояндаи наздик Тоҷикистони маҳбубамонро бо заҳмати сарҷамъонаву ватандӯстона боз ҳам ободу пешрафта гардонем ва обрӯи онро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардорем.»

  • Дида шуд: 149

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj