Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

     Бо мурури замон   методҳои  нави   таълим  дар робита  бо фаъолияти ҳамкорӣ  бо хонандагон  зуҳур ва аҳамият пайдо мекунанд.  Дар ин ҷо модели ҳамкорӣ  бо хонанда  дар дарс, ташкили дифференсиалии таълим, кор бо китоби  замимаи аудиоидошта  аҳамияти аввалиндараҷа доранд. Таҷрибаи таълим дар кишварҳои пешрафта собит месозад, ки ташкили бозӣ дар дарс барои шавқмандӣ, самаранокӣ, ташаккули тафаккури эҷодӣ, малака ва маҳорат, мустаҳкам кардани дониши хонандагон аҳамияти муҳимро доро мебошад. Бозӣ ташкили фаъолияти якҷояи омӯзгор ва хонанда бо мақсади  шавқу завқи хонандагонро бедор намудан, фароҳам овардани микроиқлими мусоид дар синф, ҳалли ягон қазия ва муоширати хонандагонро дар назар  дорад.  Дар натиҷаи ташкили чунин тарзи кор  дар байни хонандагон мубоҳиса ва муошират  ба амал омада, барои дар ҷомеа ва низоми иҷтимоӣ мавқеъ пайдо намудани хонандагон, пайдо гаштани нуқтаи назари онҳо  ба масъалаҳои гуногун, проблемагузорӣ ва ҳалли он сабаб мегардад. 
     Бозиҳоро бо воситаи ба якчанд гурӯҳҳо,  ҷуфтҳои алоҳида ва дастаҳо  ҷудо намудан гузарондан мумкин аст.
    Пеш аз ҳама саволе ба миён меояд, ки бозиро дар кадом  лаҳзаи дарс  бояд гузаронд?  Бозиро дар  лаҳзаҳои гуногуни дарс гузаронидан имкон дорад, вале он дар қисмати мустаҳкамкунии дарс гузаронда шавад, беҳтар аст. Ташкили бозӣ пеш аз ҳама ба маҳорати омӯзгор ва чӣ тавр аз лаҳзаҳои гуногуни дарс  истифода бурдани он  марбут аст. Муҳимтар аз ҳама   ба   интихоби синф, аҳли синфхона, дараҷаи инкишофи зеҳнӣ, тафаккур, одоби нишаст, рафтору гуфтори хонанда  вобастагии қавӣ дорад, яъне  бозӣ дар робита бо муҳити синфхона  интихоб  мешавад. Метавонем бо хонандагоне, ки дониши хуб доранд,  бозиҳо ва талабот ба онҳоро   нисбатан мушкилтар   намоем.
    Баъзан омӯзгор барои гузаронидани дарс ва бозӣ соатҳо сарф мекунад, вале он бенатиҷа меанҷомад. Масалан, дар дарси адабиёт мо бештар байтбарак ташкил мекунем, ки он боиси қавӣ гаштани  хотира, инкишофи нутқи хонандагон мегардад. Вале дар баъзе синфхонаҳо ин бозиро низ гузарондан имкон надорад, зеро  баъзе хонандагонро ахлоқашон коста, фарҳанг ва саводи казоӣ надоранд, шеърҳои бемаънӣ гуфта, бо ханда ва масхара  дарсро халалдор сохта, боиси вайрон шудани дарс мегарданд. Албатта, бозиро бо назардошти  дараҷаи фаҳмиш, маънавият, одобу рафтори хонандагон  интихоб  кунем, беҳтар аст. Масалан, ҳастанд хонандагоне, ки  шеъру достонҳои зиёдро аз бар медонанд. Муҳити хона, падару модари   онҳо барои ташаккули  ҳамаҷонибаашон онҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Дар чунин муҳит на танҳо байтбарак, балки ташкили викторинаҳо  доир ба осор ва эҷодиёти ягон адиб имконпазир аст.
    Пеш аз ҳама барои гузаронидани бозӣ омодагӣ дидан лозим аст.Пас аз интихоби синфхонае, ки бояд бозӣ гузаронда шавад, чорабиниҳои  пешбинишаванда  ба нақша гирифта   мешаванд.  Пас аз эълон намудани бозӣ, ташкили даста,  қоида ва шартҳои он эълон гашта, ҷамъбасти он аз тарафи омӯзгор ва ё хонандагоне, ки чун эксперт  иштирок мекунад, натиҷагирӣ карда мешавад. Масалан, дар дарси забони тоҷикӣ  кор бо луғат гузарондан имкон дорад. Хонандагонро  ба гурӯҳҳо тақсим намуда, ба онҳо варақаҳо дода мешавад, ки  дар он калимаҳо навишта шудаанд. Хонандагон бояд калимаҳоро аз ҷиҳати овозӣ, ба кадом ҳиссаи нутқ тааллуқ доштан, таносуби маъноӣ таҳлил намоянд. Ҳангоми таҳлили калимаҳо  ҳам дониши хонандагон мустаҳкам мегардад ва ҳам онҳо бо ҳам муошират  карда, барои муайян кардани мавқеи худ, хулосабарорӣ кардан  қобилият пайдо мекунанд. Дар чунин ҳолат байни хонандагон  мубоҳиса ва муошират ба амал омада,  муносибати байниҳамдигарии онҳо беҳтар мегардад. Баъзан хонандагоне ҳастанд, ки байни худ доимо муноқиша менамоянд. Дар як гурӯҳ ҷойгир шудани онҳо, ҳимояи манфиати як гурӯҳ  боиси беҳтар гаштани  муносибат, пайдоиши самимият ва эҳтироми байниҳамдигарӣ мегардад.
    Мақсад аз гузаронидани бозӣ дар дарс  аз кори якранги  ҳамарӯза  иҷрошаванда  каме  ҳам бошад, дур гашта,  бедор намудани завқ, инкишоф ва мустаҳкам кардани дониши назариявии гирифта мебошад.   Бозӣ бояд пеш аз ҳама шаффоф гузаронда шуда, барои пайдоиши фикр, ба вуҷуд омадани муҳити солим дар синф  мусоидат намояд.
    Бозӣ бояд одӣ ва тез гузаронида шавад. Масалан, хонандагонро ба ду гурӯҳ тақсим карда, ба онҳо машқ медиҳем, ки шартҳои иҷрои  машқ дода шудааст.  Кадом гурӯҳ, ки дар вақти барои бозӣ  муайяншуда  машқро беғалату беҳтар иҷро кунад, он гурӯҳ ғолиб дониста мешавад. Инчунин оид ба тартиб додани саволҳо ва тестҳо низ мусобиқа ташкил кардан имконпазир аст.
    Бозиҳо гуногун мешаванд. Баъзеи онҳо  боиси  инкишофи  қобилияти  эҷодӣ, тафаккур ва малакаву маҳорати хонандагон мегарданд. Бозиҳое ҳастанд, ки таҳқиқӣ буда,  барои таҳлил  карда тавонистани ягон масъала хулосабарорӣ  карданро тақозо  менамоянд.  Ин бозиҳо боиси  рушди ақлӣ  ва таҳлиливу таҳқиқии  хонандагон мегарданд.Бозиҳое ҳастанд, ки хусусияти эҷодӣ дошта, боиси инкишофи қобилияти эҷодӣ ва тасаввуроти   хонандагон мегарданд.
    Дар китобҳои дарсии кишварҳои пешрафта на танҳо маводи дарсӣ, балки супоришҳо  барои бозиҳои гуногун  бо назардошти синну соли хонандагон, инчунин замимаи аудиоии  китоб мавҷуд аст. Аз ин рӯ, дар кишвари мо ҳам мебояд китобҳои дарсии имрӯза бо назардошти чунин талабот омода  ва барои чоп пешниҳод шаванд.

  • Дида шуд: 63

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj