Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

 

    Инкишофи самараноки касбии омӯзгорон яке аз шартҳои инкишофи босамари муассисаҳои таълимӣ дар вазъияти дигаргуниҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ маҳсуб мешавад. Солҳои охир ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ як қатор талаботи нав пешниҳод гардидааст, ки иҷроиши онҳо бевосита бо сифати омодагии омӯзгорон вобастагии зич дорад. Дар ин росто зарурати такмили низоми такмили ихтисос басо калон аст. 
    Татбиқи такмили ихтисоси мутахассисонро вобаста ба зинаҳои мухталифи таълим академик М.Лутфуллоев аз рӯйи ҳалли масъалаҳои зерин зарур меҳисобад: 
    -таҷдид намудани сохтор ва мазмуни кори муассисаҳое, ки бо ин гуна масъалаҳо машғуланд; 
    -устувор намудани заминаи моддию техникӣ ва эҷодию илмии муассисаҳои такмили ихтисос; 
    -пешбинӣ намудани сарчашмаи ҳифзшавандаи маблағгузориҳое, ки барои такмили ихтисос лозиманд; 
    -муайян намудани меъёри дараҷаи ихтисоси мутахассисон ва кадрҳои роҳбарикунанда; 
    -ҷустуҷӯи шаклҳои нави такмили ихтисос.
    Низоми такмили ихтисоси омӯзгорон чун таълими касбии иловагӣ баҳри такмил, тақвият, азнавсозии донишҳои пештар соҳибгардида ва ташаккули малакаву маҳорат дар ин ё он соҳаи касб роҳандозӣ карда мешавад. Баъд аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон низоми маориф тибқи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба тараққӣ ниҳод ва дар ин ҷода низоми такмили ихтисос низ ба низоми муайян даромад ва дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ва маркази ҳамаи вилоятҳо донишкадаҳои такмили ихтисос кори худро боз ҳам ҷоннок намуданд. 
    Бояд гуфт, ки алъон низоми амалкунандаи такмили ихтисос ба талаботи рӯзмарраи муаллимон ба пуррагӣ ҷавобгӯ нест, зеро илму техника рӯ ба тараққӣ аст ва бо суръат рушд мекунад ва ба омӯзгор лозим меояд, ки барои ҷорӣ намудани принсип ва усулҳои таълими кушод, ноил гардидан ба натиҷаҳои назарраси таълимӣ аз технологияҳои инноватсионӣ-коммуникатсионӣ ва монанди инҳо истифода намояд. Талабот ба навсозии ин низом аз зарурати пешгирифтаи такмили ихтисос маншаъ мегирад, донишҳои дар раванди курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос гирифтаи омӯзгор дар фаъолияти педагогӣ фосилаи талаботи байни таълим ва омӯзгорро камтар намуда, натиҷагирӣ намудани онро тақозо менамояд. 
    Такмили ихтисоси муаллимони синфҳои ибтидоӣ аз рӯйи ҳадафҳои тактикӣ ва стратегӣ ба роҳ монда мешавад. Ҳадафи тактикии такмили ихтисос ва курси бозомӯзии кадрҳои омӯзгорӣ  кор бо стандарти давлатии таҳсилоти таълими умумӣ маҳсуб меёбад.
    Ҳадафи стратегӣ бошад, ин таълими муттасили кадрҳои омӯзгорие, ки инкишофи ахлоқӣ-маънавӣ, тарбия ва сифати омодагии хонандагонро мутобиқ ба стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ ва касбӣ, ташкили шароити мусоид ба худтакмилдиҳии омӯзгорон таъмин менамояд.
    Самтҳои актуалии такмили ихтисос зери таъсири талаботи беруна ва дохилӣ ба фаъолияти касбии омӯзгор ташаккул меёбад. 
    Мувофиқи нишондоди стандарти давлатии таҳсилот барои ҳайати педагогии муассисаҳои таълимӣ дар доираи салоҳиятҳои асосии омӯзгор ба нақшаи асосӣ салоҳиятҳои зерин дохил мешаванд: 
    1. Маҳорати истифодабарии технологияҳои инноватсионӣ-коммуникатсионӣ дар раванди таълим; 
    2. Бо шаклҳои муосири идоракунии таълим мусаллаҳ будан; 
    3. Гузаштан ба низоми нави муосири таълим. 
    Талаботи дохила ин ангезонидани худи омӯзгорон, шавқу завқи онҳоро нисбат ба такмили ихтисос бедор намудан ва инкишофи касбият мебошад. 
Талабот ба такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ чунин самтҳоро дарбар мегирад: 
    1.     Такмили салоҳияти касбии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ; 
    2.     Ташкили шароит барои ба муваффақият одаткунонӣ бо истифодаи муносибатҳои азнавкунии таълиму тарбияи кӯдакон ва мутобиқ ба стандарти давлатии таҳсилот; 
    3.   Таъмини омодагии дидактикӣ ва психологии омӯзгор нисбат ба ин фаъолият Тавре зикр гардид, муаммои ангезонидани омӯзгорони синфҳои ибтидоии имрӯза ба фаъолияти таълимӣ-методӣ бо ҷорӣ намудани стандарти давлатии таҳсилоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ вобаста аст.Мутобиқ ба талаботи стандарти давлатии таҳсилот дар зинаи мактаби ибтидоӣ ташаккули омодагии хонандагон ба худинкишофдиҳӣ ва таълими пайваставу муттасил тавассути фаъолияти таълимӣ-маърифатии толибилмон ба иҷро расонида мешавад. Пешрафту комёбии хонандагони синфҳои ибтидоӣ ба натиҷаи асосии таълим ва тарбия дар муносибати иҷтимоӣ, шахсӣ, маърифатӣ, коммуникативии инкишофи онҳо дар ҳошияи стандарти давлатии таҳсилот таъмин гардида, вазифаву мароми асосии фаъолияти методии омӯзгори синфҳои ибтидоӣ маҳсуб меёбад, ки самарабахшии он бештар аз сифати такмили ихтисос вобастагӣ дорад. 
    Зери мафҳуми салоҳияти касбии омӯзгор маҷмӯи хусусиятҳои шахсӣ ва касбӣ дарк карда мешавад, ки барои фаъолияти самараноки омӯзгор аҳамияти хосса дорад.   
    Он  омӯзгореро аз рӯйи касб салоҳиятнок меноманд, ки дар сатҳи баланд фаъолият ва муоширати педагогиро ба роҳ монда, натиҷаи баланди устуворро дар таълиму тарбияи хонандагон ба даст оварда бошад. 
    Инкишофи салоҳияти касбӣ инкишофи шахсияти эҷодкор, ташаккули идроки  навгониҳои педагогӣ, қобилияти одаткунӣ дар муҳити педагогии тағйирёбанда мебошад. Аз сатҳи касбии омӯзгор инкишофи иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва маънавии ҷомеа вобастагии зич дорад. Тағйироте, ки дар низоми маориф ба вуқӯъ мепайвандад, зарурати такмил додани ихтисос ва касбияти омӯзгор, яъне салоҳияти касбии ӯро ба миён меорад.  Мақсади асосии маорифи муосир мувофиқат намудан ба талаботи рӯзмарра ва дурнамои шахсият, ҷомеа ва давлат, омодакунии ҳаматарафаи инкишофи шахсияти шаҳрванд, ки ба одатнамоии иҷтимоӣ дар ҷамъият, ибтидои фаъолияти меҳнатӣ, худомӯзӣ ва худтакмилдиҳӣ қобил аст. Омӯзгори озодфикр, ки натиҷаи фаъолият ва тарҳрезии раванди таълимро пешбинӣ менамояд, кафолати комёбӣ ба мақсадҳои гузошташуда мебошад. Барои ҳамин дар замони ҳозира эҳтиёҷ ба шахсияти соҳибтахассус, эҷодкор, боистеъдоду рақобатпазири омӯзгор, ки ба тарбия намудани шахсият дар ин ҷаҳони тезтағйирёбанда қобил аст, зиёд  мебошад.
    Аз талаботи муосир бармеояд, ки чунин самтҳои асосии инкишофи салоҳияти касбии омӯзгорро муайян намудан мумкин аст: 
    1. Кор бо иттиҳодияҳои методӣ, гурӯҳҳои эҷодӣ; 
    2. Фаъолияти таҳқиқӣ; 
   3. Фаъолияти инноватсионӣ, азхудкунии технологияҳои нави педагогӣ;     4. Шаклҳои гуногуни дастгирии педагогӣ; 
    5. Иштироки фаъол дар озмун ва ҳамоишҳои педагогӣ; 
    6. Муаррифии таҷрибаи педагогии худ; 
    7. Истифодаи усулҳои фаъоли таълим ва монанди инҳо.
    Вале агар омӯзгор зарурати такмил додани салоҳияти худро дарк накунад, усулҳои зикргардида самараи хуб намедиҳанд.  Дар ин росто бояд барои омӯзгор шароитеро муҳайё намуд, ки ӯ мустақилона зарурати такмил додани дараҷаи сифати касбияти худро дарк намояд. Таҳлили таҷрибаи педагогии худ худинкишофдиҳии касбияти педагогро фаъол мегардонад, ки дар натиҷаи он малакаи фаъолияти таҳқиқӣ инкишоф меёбад ва баъдан дар фаъолияти педагогӣ ҳамҷоя карда мешаванд.  
    Дар ҳошияи талаботи навкунии низоми такмили ихтисоси омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ ва дар асоси ҷорикунии муносибати ангезандагӣ омӯзгорон ба дарккунии фаъолияти методии худ водор мегарданд. 
Яъне омӯзгор метавонад  дар ҷараёни такмил додани касбияти худ фаъолияти методиву таълимиашро баланд бардорад ва ба навкориву навҷӯӣ мароқ зоҳир намуда, рафти таълимдиҳии худро беҳтару хубтар ба роҳ монад.
    Такмили ихтисос ва рушди он ба сифати низоми иҷтимоӣ-педагогӣ баромад намуда, дар он муносибатҳои ҷараёни омӯзонидан байни омӯзгору шунаванда  дар пояи самтҳои касбият устувор мегарданд. Такмили ихтисоси муаллимони синфҳои ибтидоӣ дар асоси талаботи мактаби имрӯза, дар шаклҳои кор бо иттиҳодияҳои методӣ, ба омӯзгори собиқадору пешқадам шогирд мондани муаллими ҷавон, дар утоқҳои методӣ гузаронидани машваратҳои фаннӣ, аз кӯмаки мушовирон истифода намудан, иштирок дар курсу семинарҳо, дарсҳои лексионӣ, ташкили озмуну ҷашнҳои касбӣ, пешбурди корҳои илмӣ-таҳқиқии  хонандагон ва дар ин роҳ ба онҳо ташкил намудани роҳбарии илмии омӯзгорон, кор дар гурӯҳҳои эҷодӣ ва ғайра ба роҳ монда шудааст. 
    Аз ҳама шакли паҳншудатарин ва назоратшаванда ин фаъолияти ҳамҷояи омӯзгорон дар иттиҳодияҳои методӣ ба ҳисоб меравад, ки бо таҳлили мушкилиҳои фаннӣ ё фанҳои алоқаманд, бо истифода аз усули таҳлили муаммоӣ анҷом дода мешавад. Дар кори муассиса гузориши семинарҳои махсус ва машғулиятҳои назариявӣ, ки бо истифода аз адабиёти таълимӣ-методӣ сурат мегирад, бо иҷрои корҳои мустақилона яке аз шаклҳои дигари фаъоли тақвиятбахши касби омӯзгорӣ мебошад.
    Маълум аст, ки такмили маҳорати касбӣ дар раванди муосири ислоҳоти давомноки соҳаи илму маориф аз омӯзгорон ҷустуҷӯи  зиёдтари дигар роҳҳои ташаккулу такмили касбӣ, иҷрои вазифаҳо, ғанӣ гардонидани таҷрибаи хеш, эҷодкорӣ ва навҷӯиҳоро дар амалҳои касбиашон талаб мекунад. Ба донишҳои назариявӣ соҳиб гардидан ин дарки моҳияти таълимдиҳӣ бо иҷрои фаъолиятҳои вазифавӣ, мушаххасгардонии самтҳои касбият ва бо ин роҳ ташаккули тафаккури педагогии хеш аз шумори ҳадафҳои асосии омӯзгорон дар курсҳои такмили тахассус ва бозомӯзӣ бояд бошанд. Баҳри иҷрои чунин амалҳо омӯзгорро лозим меояд, ки аз маводи бештари илмӣ методӣ, таҷрибаи пешқадами ҳамкасбон хуб огоҳӣ пайдо намуда, ҳиссаи аз он мувофиқро дар фаъолияти  хеш истифода барад.
    Дар қонеъкунии талабот дар самти рушд ва фаъолияти касбӣ, ташаккули шахсият ва ҳалли мушкилоти омӯзгор худомӯзӣ яке аз беҳтарин роҳҳо ба ҳисоб меравад, ки онро бояд таҳким бахшем. Рушди  қобилияти эҷодӣ ва худомӯзӣ шарти зарурии такмили ихтисос аст, ки аз омӯзгор омӯзиши давомнокро талаб мекунад. 
Аксаран омӯзгори касбӣ аз дастовардҳои илмӣ, таҷрибаи пешқадам ва навгониҳои фанни таълимиаш хуб огоҳ гардида, ифтихори касбӣ менамояд, пайваставу фаъолона дар андешаи худомӯзӣ, худташаккулдиҳиву худинкишофдиҳӣ мебошад.
    Худомӯзиву худинкишофдиҳӣ вобаста ба мавқеи ҷойдоштаи иҷтимоӣ-касбии омӯзгор, аз манбаъҳои илмӣ-методӣ, адабӣ-оммавӣ, матбуоти даврӣ, мушоҳида, таҷриба ва амалия ибтидо гирифта, дар шакли таҷрибаи андӯхтаи  иҷтимоӣ мазмун пайдо мекунад. Чунин кор ба сатҳи дониш, таҷриба, маҳорату малакаи мавҷуда, усулҳои пешбурди фаъолиятҳои касбӣ, мустақилият ва муносибатҳои шаклгирифтаи омӯзгор таъсири мусбат мерасонад. Тавре қайд кардем, дар фаъолияти педагогӣ нақши худомӯзӣ баланд арзёбӣ шуда, дар маҷмуъ заминаи камолоти касбӣ-маърифатӣ ва фарҳангии шахсро фароҳам меорад.
    Омӯзиши муаммои ҷорӣ намудани муносибати ангезандагӣ бо зоҳир намудани моҳияти сифатии мафҳумҳои «талабот», «маром», «ангезандагӣ» ва «ангезонидан» алоқаманд мебошад.
    Талабот яке аз сарчашмаҳои асосии фаъолияти инсон маҳсуб меёбад. Илова бар ин, муҳаққиқон М.Вудкок ва Д.Фрэнсис талаботро ҳамчун қувваи маҳдудкардашудаи мағзи сар, ки дар раванди ангезандагӣ ва маҷбуркунӣ ба фаъолият ба таври субъективӣ аз сар гузаронида мешавад, меноманд.
    Бо мақсади риояи талаботи замон раванди таълим дар заминаи татбиқи технологияҳои интерактивии таълимӣ, фароҳам овардани муҳити психологии бароҳат, ки ба шунавандагон дар интихоби шакл ва усулҳои таълим озодӣ медиҳад, мукаммал карда мешавад. 
    Ҷараёни афзояндагии маълумот дар замони муосир ҷорикунии методҳои таълимиеро талаб мекунад, ки истифода бурдани онҳо имкони дар муҳлати камтарин расонидани ҳаҷми бештари донишро таъмин мекунад ва шунаванда сатҳи баланди азхуд намудани маводи омӯхташудаистодаро пайдо карда, онро дар амал татбиқ менамояд. 
    Имрӯз такмили ихтисос бо ҷалби муаллимони соҳибтаҷриба дар эҷод намудани барномаҳои рушди касбӣ, омода кардани мазмуну муҳтавои раванди такмили ихтисос (бо назардошти мушкилоти муайяни кори омӯзгорӣ), аз нозукиҳои касбӣ огоҳ будани ҳар як омӯзгор, шарту шароити муассисаи таълимӣ ва назорати маҳорату малакаҳои нави касбӣ-педагогӣ дар таълими фанҳо аз манфиат холӣ буда наметавонад. Ин муносибати нав ба омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки донишҳои назариявии хонандагон азбарнамударо барои инкишофи тафаккури ҳам мантиқиву ҳам интиқодӣ, амалӣ намудани муаммоҳои таҳқиқӣ, лоиҳавӣ, эҷодӣ, созандагӣ, идоракунӣ ва ғайра бештар истифода намояд.
    Мақсад аз баланд бардоштани тахассуси омӯзгорон ин расонидани кӯмаки амалӣ дар ҳалли вазифаҳои  замонавиву  муосир, фароҳам овардани имкониятҳо дар интихоби роҳҳои фаъоли таълим, беҳдошти сифати он ва ангезонидани ихтисосмандони соҳа дар рушди касбӣ мебошад. Қатъи назар аз дараҷаи касбият, табодули таҷриба, худомӯзии мунтазам, собиқаи корӣ ва таҷрибаи педагогӣ талаботи омӯзгорон ба такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, баргузории курсу семинарҳо ҳама вақт муҳим боқӣ мемонад. Ин ҷо бояд қайд намуд, ки ҷараёни ташкили низоми самарабахши такмили ихтисос барои ҳама гуна намудҳои муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ зиёд намудани маблағгузории барномаҳои такмили ихтисосро талаб мекунад.  Аз ин лиҳоз, он  на танҳо ба талаботи фардӣ, балки вобаста ба замон ва таҳаввулоти ҷомеа бояд талаботи ҷамъиятӣ дониста шуда, ба иҷро расад.

  • Дида шуд: 177

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj