Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

     Гоҳе фурсат намеёбем ё ҳавсала намекунем, ки барои шогирдон китобе ғайр аз китоби дарсӣ бихонем. Мефаҳмам, ки мисли ҳама аъмол, гуфтор, бархӯрди ақоид, чора ҷустан ва ҳар ҳаракати ба раванди таълиму тарбия марбут ба ин кор низ эҳтиёткории хосса мехоҳад. Чаро? Ақаллан аз ин нигоҳ, ки мабодо ҳамин як кори, бешак, манфиатовар (бача бар иловаи малакаю донишҳои пешниҳодкардаи барномаи таълим донишу малакаи нав мегирад, ба китобе ғайр аз китоби дарсӣ хондан омода мешавад!) пешорӯйи шогирдон ба ҳукми сарбории зиёдатӣ гузашта, мисли ба уштур бор андохтани як парвезан гаронӣ оварда, пойи тамизу рағбаташонро ланг насозад?
    Ҳамин ақидаро ба худ сипар сохта, бо хонондану омӯзондани маводи китоб-ҳои дарсӣ иктифо бикунем? Пас, болобурди ҳавасу рағбати донишандӯзии шогирдон аз роҳи пурсукову ҷустуҷӯй, ки аз манзуру ҳадафҳои асосии омӯзгор бояд бошад, чӣ мешавад? Як роҳи дуруст ва санҷидашудаи ташаккул ва такомули ҳавасу рағбат аз сатру варақҳои китоб мегузарадку. Фақат аз сатру матнҳои китоби дарсӣ гузаштан барои расидан ба дунёи дониш ва ворид шудан ба олами илму хирад шояд басанда аст?
    Агар гӯем, ки китобҳои дарсӣ - аз “Алифбо”-и синфи як то “Адабиёт”-у “Алгебра” ва “Физика”-ю “Химия”-и синфи ёздаҳ - дар маҷмӯъ сароғози қариб ҳама донишҳои имрӯзаро дар шакли мӯҷазу ихчам фаро гирифтааст ва хонандаи ин донишҳоро пурра азбарнамуда ба ҳайси як фарди босаводи огаҳу доно ба воя мерасад, ҷавоби пурсиши боло мусбат хоҳад буд. Каси бо чунин донишҳо мусаллаҳ хеле муаммоҳои дар зиндагии ҳаррӯзааш пешорӯ баромадаро воқифона ва ба ҳадди имкону бардошти малакаи худ пурраю  дуруст ба сомон расонда метавонад.
    Аммо як нигоҳи сатҳӣ ба масъала басанда аст, ки сари дигар хулоса оем. Чунин хулосаро тасдиқ кардан чизи маҳдудро бовусъат шумурдан аст. Ба ин маънӣ, ки шахси бо дониши мактабӣ нағз мусаллаҳшуда метавонад донишу малакаашро барои пешбурди зиндагии шахсии худаш ва чанд нафари ба саробонии ӯ муҳтоҷ, дар ниҳояти кор, як гурӯҳ ҳамкорону ҳанишинонаш босамар истифода барад. Аммо саҳми ӯ дар пешрафту нумӯи ҷомеа хеле маҳдуд хоҳад буд. Гумон аст, ки ӯ барои пешрафти ҳаёти ҷомеа, барои тараққӣ кардан ва гул-гул шукуфтани ягон соҳаи зиндагии ҷомеа хидмати арзандае карда тавонад.
    Намегӯем, ки дар таркиби ҷомеа зиёд будани шахсони дар маҳдудаи донишҳои мактабӣ қонеъгашта мӯҷиби нигаронӣ бошад. Кош, ҳама бо донишу малакаҳои пешбиникардаи барномаи таълим мусаллаҳ шуда, аз остонаи мактаб босаводу хушсалиқа баромада, дар саҳни зиндагӣ ба ҳайси як нафари ҳунарманд қадами дониста мегузоштанд! Нуран алонур мешуд! Аз байни огаҳон сабзидани огаҳтар ва аз байни огаҳтарон расидани донишвари воқеӣ як амри воҷиб мегашт. Аммо… ҳайфо, ки аҳвол чунон нест, ки мо дар тасаввури худ дар ҳавасаш ҳастем!
    Аз ҳеч кас пӯшида нест, ки агарчи омӯзиши мактабӣ ҳама донишҳои замонаро пора-пора фароҳам кардааст, боз ҳам ибтидо, аввали роҳи омӯзиш мебошад… 
    Ба мо - омӯзгорони синфи як бо ин муҳтаво мулоҳиза рондан зарурат дорад?
    Албатта, зарурат дорад! Агар ҳаваси шогирдонро ба осмон баровардан надошта бошем, чӣ гуна онҳоро ба қуллаи кӯҳ ҳидоят ва раҳсипор созем? Ё… Медонем, ки бисёре аз бачаҳо то ба мактаб омадан китоби суратдоре ҳадя гирифта ва ҳамчу моли худ варақгардон накардаанд, яъне чи ҷойи таҷрибаи китобхонӣ, ҳатто китобварақзанӣ надоранд. Аз ин рӯ, бояд ба гардан бигирем, ки ба онҳо аз рӯзҳои аввали мактабхон шуданашон китоб хонда шунавондан, лаззати китобхониро чашондан, яъне аз роҳи китобхонӣ шинохтани оламро дарк кунондан ба уҳдаи мо афтодааст. Ҳадафи ниҳоӣ аз хату савод омӯзондан ҳамин чиз, яъне ба китобхонӣ меҳр бастани бача бояд бошад. Зеро бе китобхонии огаҳонаю дилгармона расидан ба умқи донише амри муҳол хоҳад буд.
    Агар ҳама шогирдон ба китоббинӣ каме омӯхт шуда ба мактаб меомаданд, чи хуш мебуд.
    Модом ки китоб хонда шунавонданро низ аз сифр сар кардан лозим бошад, чӣ бояд кард? Оё бо далелҳои ишорашуда ё сабабҳои дигаре то дергоҳ ба таъхир афтода мондани кор рахнаи нобаҷое дар сифати хониш намекушояд? Ҳанӯз ки дери дер нашудааст, худи ҳамин рӯз ба кор сар кардан лозим аст. Шояд “дер ояду шер ояд” шуда монад. Шояд ҳамакнун мавриди амал фаро расидааст? Яъне, шогирдон дар моҳҳои дуюм ё сеюми таҳсил ба шунидани нақли дароз каме омода мешаванд? Гумони ғолиб, ҳамин хулоса дуруст аст.
    Албатта, рағбати шогирдон барои сартопо гӯш кардани матни як китоб кифоя намекунад, аммо онҳо мундариҷаи ягон пораи яклухти мустақилмаъное  аз китобе ё ягон асари хурдҳаҷми як-дусаҳифаиро гӯш карда, ба сари худ, ё ки бо андаке шарҳу кӯмак ҳазм карда метавонистагистанд.
    Вале дар самти интихоби порча ё асари як-дусаҳифаӣ хеле боэҳтиёт, санҷида ва хурдагирона қадам бояд гузошт. Чизи интихобшуда бояд барояшон ҷолиб ва ба завқу зеҳнашон дархуру пазиро бошад. Чунон ки дар адабиёти дидактикӣ таъкид мекунанд, аз ҷиҳати мундариҷа, забону баён ва пазируфташавандагии мавзӯъ ба фаҳму идрокашон мувофиқат намояд. Мояи шинохт ва ҷанбаи маърифатӣ доштани матн аз ҳама муҳим аст.
    Ҳоло ки шогирдон ба шунидан, хондан ва аз ёд гуфтани сухани мавзун майлу ҳаваси бештар доранд, чизҳои барояшон хондашаванда дар қолаби шеър бошад, боз беҳтар аст. Бале, шеър, на ҳар сухани пароканда ва сабуки ба риштаи назм кашидашуда!… Агар аз осори ниёгон намунаҳои хубу аълои ба завқу фаҳм, идроку тамизи имрӯзаашон наздик интихоб ва хондаю шунавонда шавад, суди дучанд хоҳад расид. Ин андешаро замоне устод Муҳаммадҷон Шакурӣ пешниҳод карда буду тарафдорони зиёд дорад. (Ишора маънои нодида гирифтани афсонаю ҳикоятҳои дилкаш ва хотирнишини чи шифоҳӣ ва чи қаламии имрӯзҳо барои бачаҳо эҷодшударо надорад, албатта.) 
    Як нафар зиёии воқеан ҳам адабиётдону забондон, равоншиноси нуктасанҷ, дилшиноси дақиқназар, таъйингари сараю носара академик Муҳаммадҷон Шакурӣ гоҳ-гоҳ ба масъалаҳои таълиму омӯзиши мактабиён низ махсус даст зада, дар баъзе таълифоти худ ба масъала ишораҳо карда, бо навиштаҳои воқеан ҳам созгораш худро ба ҳайси як шахси огаҳу дурбин ва чорадон муаррифӣ карда буд, ки инро наслҳои калонсол ва миёнсоли имрӯз нағз дар ёд доранд. Ӯ пешбар ва ҷонибдори андешае буд, ки намунаҳои хуби осори гузаштагон бояд аз рӯзҳои аввали таҳсил ба доираи омӯзиш ва таваҷҷуҳи мактабиён ворид гашта, як ҷузви эҳтиёҷоти маънавии ҳаёти онҳо шавад. 
    Зимнан, асари ин донишманд “Ҳар сухан ҷоеву ҳар нукта мақоме дорад” ба ҳайси дастури хеле хуби омӯзишу омӯзониш бояд китоби рӯйимизии ҳар як омӯзгори мактаб (миёна ва олӣ) бошад. Аз китоб дар роҳи омӯзиши нозукиҳои забон, интихоби дурусти қолабҳои забонӣ барои гунҷондани маънию мафҳумҳо барин масъалаҳо нисбат ба бисёр рисолаҳо ва мақолаву дастурҳои ба илми забон бахшидашуда манфиати зиёдтар бардоштан мумкин аст. Касе китоби мазкурро ба даст гирад, бе баҳсу шарҳ хоҳад дарёфт, ки аз он чӣ гуна истифода бояд бурд. 
    Ҳамин тавр, аз куҷо сар кардани корро дурудароз мулоҳиза накарда коре кардан мебояд, то ки кори имрӯз то фардоҳои зиёд ба таъхир наафтад.
   Инак, мо рӯзе бе ягон ҳадафи муайян бастаи шумораҳои кӯҳнаи маҷаллаи “Чашма”-ро варақгардон мекардем, ки як шумораи он ба имдод расид ва андешаҳои болоро ба ангезишу таҳрик овард. 
    Дар саҳифаи “Чашма” чӣ дидем? Маснавии хурдакаки муаллими ахлоқу тарбият Саъдии бузургворро дар баёни аҳволи як хари тиҳимағзи бедум бо тасвири суварии аз нигоҳи бозгӯйӣ хеле муваффақонаи мундариҷаи ҳар байт, ки барои ба зеҳну тасаввури бачаи хурдсол нишастани муҳтавои маснавӣ хеле мувофиқ афтодааст. Шеърро бо шарҳу тафсили содаи ба фаҳму идроки бачаҳо дархури калимаҳо, таъбирҳо, қолабҳои наҳвӣ, чунончи, “дум набудаш” - вайро дум набуд, вай дум надошт, ва маънидод кардани ҳар мираъ ё байт бо нишон додани расми мутобиқи он ҳисса-ҳисса хондем:

        Будаст харе, ки дум набудаш, 
        (Бинед: дум надорад-а?...)
        Рӯзе ғами бедумӣ фузудаш. 
        (Ба гардани каҷ ва яъсаш нигаред...)
        Дар думталабӣ қадам ҳамезад, (...)
        Дум металабиду дам намезад.
        Ногаҳ, на зи роҳи ихтиёрӣ,
        Бигзашт миёни киштзоре.
        Деҳқон магараш зи гӯшае дид:
        Барҷасту аз ӯ ду гӯш бибрид...
        Мискин харак орзуи дум кард,
        Ноёфта дум, ду гӯш гум кард.

    Бачаҳо ҳодисаҳои ба ҳаёт ва киштзорҳои дигарон даромадани харҳои ҳайдави баъзе шахсони бепарво ва ҷазо дидани он харҳоро борҳо дида ё шунида будаанд магар, ки баъди шеърро то ин ҷо хонданам луқмаҳо партофтанд: 
    -Хари фалонӣ ба ҳавлии фалонӣ даромада буд. 
    -Хари фалонӣ аз миёни киштзори фалонӣ гузашта буд. 
    -Фалонӣ пӯсти ниҳолони себу нокро хойида хӯрд гуфта, гӯши хари фалониро бурида буд… 

    Ҳарчанд ин гапҳоро баъди шунидани байти панҷум гуфтанд, ҳанӯз вақти байти дуюму сеюмро хонданам ангезише дар замирашон пайдо шуд. Чунин хулосаро аз мушоҳадаи ҷунбиши мулоими пайкар, соя андохтани табассум дар лабонашон ва дурахши намоёне пайдо кардани чашмонашон баровардам. Албатта, ин аҳвол дар чеҳраи ҳамагон не, дар зоҳири фақат баъзеҳо падидор гашт. Аз як-як болотар ёзидани пайкар ва баробари он шукуфонтар шудани чеҳраашон ба назарам чунин расид, ки онҳо гуфтание дар нӯги забонашон доранд, аммо бо чӣ мулоҳазае худдорӣ мекунанд. Аз дарёфти ногаҳонӣ ба дил хеле хурсанд шудам ва эҳсоси нарму гуворое вуҷудамро фаро гирифт… 
    Чӣ гуна ҳам шеър хондем, ҳам баробари шеърхонӣ чунин аҳволро ба мушоҳида гирифтем? Шеърро, ки аз ёд медонистам, варақи маҷалларо бо дасте дар рӯйи сина рӯ ба рӯйи бачаҳо дошта, бо қалами дасти дигар расми мувофиқро нишондеҳон ва ба тағйири чеҳраашон нигаҳкунон байтҳоро аз ёд гуфтам… Қироат ва мушоҳида, ки баробар буд, ба оҳанги хонишам аҷаб тобише ворид шуд. Аз таъсири шароит ба савти хониш ва пайванди он ба аҳволи худ дар ҳайрат афтодам. Аҳволи инлаҳзаинаи ботини шогирдонро, чунон ки ҳоло худашон эҳсос мекунанд, равшан тасаввур карда наметавонам, зеро барои ин рӯҳану зеҳнан ба мағзу колбадашон ворид шудан мебояд, ки имкон надорад. Аммо худам ба аҷаб аҳволи гарму ширине афтодам. Шояд ягон вақт аз хондани шеъре чунин ҳузур, осоиш ва роҳат эҳсос накарда ва чунин ҳаловат набардошта будам.
    Хуллас, ҳодисаи ба нигоҳи аввал барои бачаи деҳотӣ содаю муқаррарӣ, яъне ба ҳар майдони беиҳота озодвор даромадани хар ва дигар молҳои ҳайдав ва гоҳе рӯй додани чунин ҳодисаи нохуш, дар панҷ байт хеле хубу марғуб, равшану хотирмон тасвир шуда ва расмҳои дар заминаи матни маснавӣ кашидаи рассоми маҷалла тасвирро боз ҳам возеҳу равшантар намудааст.
    Аз ин нигоҳ... маснавии Шайх Саъдӣ гӯё маҳз барои бачаҳои ҳамин синну сол гуфта шуда бошад, ки воқеа (дар думталабӣ қадам задани хари бедум, ногаҳ аз миёни киштзор гузаштанаш…)-ро, аз афташ, бачаҳо “мушоҳида” карда тавонистанд. Яъне, ҷисман дар синф нишаста, вале хаёлан ба саҳро баромада, ба канори киштзори деҳқон рафтанд. Хар ва ҳаракатҳои он, аз гӯшае давида омада, бо доси тезаш гӯши харро шартӣ буридани марди деҳқонро “дида” тавонистани бачаҳо аз ҷунбиши аҷиби пайкарашон ва ҳаракатҳои шигифти баъзе узвҳои чеҳраашон маълум буд. Чӣ ҷунбишу ҳаракоте? Ҳолиё барои тасвири он ҷунбишу ҳаракатҳои шигифтовари ҳанӯз ҳам пеши назарам ҷилвагару намудор таъбири муносиб ёфта натавонистам.
    Вақти шеърро бори дуюм бешитоб то байти панҷум хондан ва лаҳзае таваққуф карданам чанд нафар чашмонашонро пӯшида ё аз тиреза (воқеа берун аз синфхона, дар саҳро рух додааст-ку!) ба дуриҳои дури осмон бо чашмони нимпӯш нигариста, манзараи аз миёни киштзор алафхӯрон қадамзании хари бедум ва ҳодисаи баъдан ба сари вай омадаро пеши назарашон ҷилва кунонда тавонистани онҳо ҳеч ҷойи шубҳае надорад.
    Зимнан, аз усули вақти хондану гӯш кардан хеле орому сокит истода чизи рӯ ба рӯ набударо пеши назар таҷассум кунондан, ҳодисаи надидаро тасаввур кардан ё садои ба гӯш нарасидаро “шунидан” гоҳ-гоҳ ба шогирдон талқин шавад, натиҷаи хуб хоҳад дод. Самари матлуб он хоҳад буд, ки аз ин роҳ ба чунин як равиши дурусту боманфиати китобхонӣ кам-кам омӯхт мешаванд.
    Чаро дар тасвири аҳвол рӯйи чанд варақро ин қадар муфассалу дилпурона ба ин муҳтаво пур кардем? Ҷавоби савол дар зимни мазмуни ҷумлаҳои боло қисман ишора шудаст. Аммо агар тасодуфан дар ҳаракати Ифодату Дилнигор баринҳо як ҳолати аҷиберо ба мушоҳида намегирифтам, он ишороти саҳлу осоннамо шояд маро сари чунин дилпурию эътимод оварда наметавонист.
    Чӣ ҳолате? Вақте ки шеърро бо ишораю ҳаракатҳои ба мундариҷа мувофиқ бори дуюм мехондам, ғайриихтиёр барои майдони тасвирро пешорӯяшон дидани шогирдон ҷойи холии синфро он майдони фарзӣ тахмин карда, ба он ҷо ишоракунон ба синф якпаҳлу гаштам. Ин дам бе ҳаракати сар болотар ёзидани гуна ва бо фишори гунаи ёзида нимпӯш шудани чашм, бар асари дидани чизи нофораму ногувор андаке хам шуда, барои гурезондани нигоҳ аз он манзар ба тарафи китфи чап тоб хӯрдани сар - ана ҳамин аҳволро дар вазъи Ифодат ва дар лаҳзаи охирин дар симои Дилнигор дида мондам.
    Иловатан, вақте ба дасте дос “гирифта” ва бо дасти дигар аз гӯшҳои хар “дошта” ба ҳаракати деҳқон тақлидкунон гӯшҳои харро шартӣ “буридам”, Ифодат дасти росташро ва дунболи он  дасти чапашро боло бардошта, сарашро миёни китфонаш фурӯ кашида, чашмонашро сахт пӯшида худро аз “дидан”-и манзараи воқеан ҳам бераҳмонаю беинсофона “ҳимоя” намуд. Аз мушоҳидаи чунин аҳвол дар лаҳзаи аввал гаранг шуда мондам. Аммо чӣ аҷаб гарангии бо ким-кадом эҳсоси андарёфт, гуворишу пазириш махлутгаштаи мулоиму роҳатбахше!
    Духтарчаи хеле меҳрубону нармдил, маҳингуфтору беозор будани Ифодатро медонистам. Дилсӯзӣ ва меҳрубониҳояшро ба бибии пири болотар аз ҳаштодсолааш, аз дасти ӯ дошта рӯйи ҳавлӣ баровардану бозпас ба хона дароварданҳояш, ба пиёлаи бибиаш чой рехта додану хӯрокии мулоиму лазизро назди ӯ гузоштанҳояшро борҳо дида будам. Ҳамчунин аз ягон-ягон коҳиш намудани падараш ё каси дигар дар чашмонаш ҳалқа задани ашкро чанд бор ба мушоҳида гирифта будам, ки бар нармӣ ва ҳассосияти беисёнаш гувоҳ аст. Аммо гумон надоштаму ҳеч аз хаёл ҳам нагузаронда будам, ки ӯ ин андоза эҳсосӣ аст. Ҳоло, ки чанд саҳифаро бо як ҳаловати бароям хеле-хеле гуворо пур мекунам, тасвири охирин - таъсири бурида шудани гӯши хар ба кайфияти Ифодат ба назари худам низ муболиғаомез намуд. Аммо... хонандаи муҳтарам  бовар кунад, ки дар тасвири аҳвол ҳеч муболиға нест, аз пайи муболиғасозию томотбофӣ нарафтаем. Танҳо ҳамин қадар гуфтан мумкин аст, ки шояд хушбинии нисбат ба ҳама шогирдон доштаам, дар ҳар ҳаракату гуфтори онҳо даставвал афзалияту нафосату бартарие ё нишоне аз ин чизҳо ҷустанҳоям тасвири ҳолатро муболиғамонанд намуда бошад. Тасвир камтар муболиғагуна шуда бошад ҳам, ҳеч ҷойи дурӯғ надорад...
    Аммо воқеаи хари бедум ба тариқи масал гуфта шудааст. Мурод аз нақли ҳодиса байти охирин: 
        Ҳар кас, ки зи ҳад бурун ниҳад гом, 
        Ин аст сазои ӯ саранҷом. мебошад. 

    Ҳарчанд муаллиф маъниро бо чунин масали хеле сода, вале рӯшану нишонрас талқин кардааст, моҳияти шеърро дарк намуда, хулосаи дуруст баровардан кори шахси аз зиндагӣ ва шебу фарозҳои он каме хабардор, сиёҳу сафедро бояду шояд фарқ карда метавонистааст. Аз ин рӯ, бо як бор хондан ба идроки шунавандаҳои ҳоло камхабар, камтаҷриба ва фориғдил расондани моҳияти шеър ва муроди муаллиф имкон надошт. Бо назардошти чунин мулоҳиза на қабл аз хонда шунавондани шеър ва на вақти хондани он назди худ мақсад нагузоштем, ки маъниро баякбор ва бо пуррагӣ ба шуури шогирдон расонда, дар ёдашон сахту маҳкам ҷойгузин бикунам… 
    Эҳ, чӣ шуд ба мо? Он бовар, ки ба нерӯи ақлу эҳсос ва идроки инҳо дорам, куҷо шуд? Ҳеч ҷо нашуд. Ман аз он бовар, ки ба имконоти зеҳнияшон дорам, ҳеч даст нахоҳам кашид. Ба ин маънӣ ишора карданро сабаб “зи ҳад бурун гом наниҳодан” асту бас, яъне бо паҳнои фаҳмиш, жарфои идрок ва ҳудуди дониши ҳаётӣ, ки доранд, ҳадафи Саъдиро, ки ташвиқи ҳадшиносӣ аст, алҳол бо ҳама паҳною вусъат амиқан пазируфта наметавонистагистанд. Чаро? Чунки мавзӯи ҳадшиносӣ мураккабу печида ва хеле фарох буда, бе шинохти инсофу адолат, пазириши эътидоли нафсу қаноат, донистани ҳадди ҳаққу ҳуқуқи худ ва дигарон барин чизҳо, бе даромадан ба муҳити ин чизҳо ба моҳияти он расидан ва онро риоя намудан ғайриимкон хоҳад буд.
    Агар фарз кунем, ки ҳадшиносӣ ба маънои аз ҳудуди муайяни масоҳати муайян берун нарафтан аст, ё сатҳи мизи хатнависӣ, ки аз он ду нафари паси миз нишаста баробар бояд истифода баранд, маъниро ба осонӣ ҳазм хоҳанд кард. Вале агар гӯем, ки як пораи худшиносӣ аст ва худшиносӣ бе ҳадшиносӣ номукаммал мемонад, мавзӯъ печидатар ва фаҳми он душвортар хоҳад гашт. Оё бачае, ки ба амиқ мулоҳиза рондан, муқоисаю муқобала намудан, хулоса баровардану ҷамъбаст кардан барин корҳо имкони зеҳнӣ ва қудрати ақлонии мувофиқе надорад, бо ҳамин як мисол, агарчи устодона, рӯшан ва ҳадафрас аст, ин ҳама печидагиро дарк кардаву пазируфта метавонад? 
Не, албатта...
    Хонандаи синфи як ҳанӯз ҳатто рӯшан тасаввур карда наметавонад, ки хондан барояш чӣ зарурат дорад. Ин маъниро бо диду бинишу ҷаҳонфаҳмии имрӯзааш каме пайхас равад ҳам, моҳияташро дарк намуда, ба доираи тасаввури ҳоло тангаш фаро гирифта наметавонад...
    Агар бачаҳо ба шунидани ҳикояти батафсил ё хондани матни хурде рағбат зоҳир кунанд ҳам, ҷунбиши ҳавасашон ба он сабаб аст, ки чизи ҳамин ҳоло шуниданӣ ё мехондаашон барояшон як чизи нави ғарибу ғалатӣ аст...
    Худованд инсонро чунон халқ кардааст, ки ӯ табиатан ба шинохтани муҳит бо чизҳову ҳодисоташ, яъне донистан майл дорад. 
Ҳаракати қувваи донистан аст, ки бо иттиҳоди баъзе қувватҳои дигар ҳолатҳои муҳитро як-яку кам-кам ба кас шиносонда, оҳиста-оҳиста ӯро аз шинохти чизҳои дида ва эҳсосшаванда ба идроки чизҳои муҷарради тасаввуршаванда мебарад. Дар ибтидои умр барангехтан ва ба ҷунбиш овардани ин қувва хеле муҳим мебошад... Ба ҳар аҳвол, ки бошад, алҳол рағбати шогирди синфи як ҳаваси дониш гирифтан не, як унсури бозӣ аст гӯем, ғалат намекунем. Яъне, агарчи гапи шунидаю хонда барояш ба масобаи дониши наве гирифтан бошад ҳам, ҳатто бо шавқ гӯш кардану бо завқ хонданаш ба хотири дониши нав гирифтан нест.
    Вале бетаваҷҷуҳӣ аслан ба ташвиш боис шуда наметавонад. Чаро? Зеро бача бе мароми қаблии дониш гирифтану дарки возеҳи он, ки дониш гирифт, ба ҳар сурат, аз ҳар шунидаю хонда ва каме мулоҳиза рондан перомуни онҳо дониши нав мегирад ё ҳудуди дониши мавҷудаашро фарохтар месозад. Гӯё худи дониш ногаҳону номаълум ба зеҳну ботинаш ҷой мешавад.
    Бад-ин минвол донишҳо зарра-зарра ғун шуда, касро ба донистани лаззати шинохти муҳит, фаҳми моҳияти чизҳо ва ҳолатҳо мебарад. Бо чунин равиш оҳиста-оҳиста хоҳиши ба ном доништалошӣ ба ҷунбиш меояд. Аммо гумон аст, ки ҳар ҷунбиши фикр бе таъсири берун ҷунбиши намоёне шавад. 
Ошкор ё пинҳон, оҳиста ё зуд, огаҳонаю дониста, ҳатто... ба ғафлат гузошта, ба ҳар роҳе, ки бошад, хоҳишро ба ҳаракату ҷунбишу туғён бояд овард. Шеърҳои осонфаҳм, вале олиасли гузаштагон, ки намунаи аввалаш ба шогирдон хонда ва шарҳ дода шуд, паҳлуи воситаҳои бешумор як воситаи хубу дархуре барои расидан ба ҳадаф хоҳад гашт...                        
    Перомуни як шеъри кӯтоҳ, вале оливу хуб ва омӯзандаи Саъдӣ сухан ба дарозо кашид. Агарчи аз он чӣ мешоист гуфтан, ҳамагӣ як нӯги гапро гуфтем, боз як панди  пири донистагӯёни ҳадшинос Шайх Саъдӣ: 
        Бияндешу он гаҳ баровар нафас, 
        В-аз он пеш бас кун, ки гӯянд: “Бас!” 

-ро ба ёд оварда, дунболи суханро бо мӯлнуқта ишора кардем...

  • Дида шуд: 180

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj