Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

София КОВАЛЕВСКАЯ НАХУСТИН ПРОФЕССОР  АЗ БАЙНИ ЗАНОНИ МАТЕМАТИК

    Дар миёни садҳо математикҳои бузурги асрҳои охир зан низ ҷойи намоёнро ишғол карда метавонад. Ин зани рус София Ковалевская мебошад. София Ковалевская 15-уми январи соли 1850 таваллуд шудааст.  Занҳо дар Россияи подшоҳӣ аз ҳуқуқи гирифтани маълумоти олӣ маҳрум буданд. Онҳо наметавонистанд ба макотиби олӣ дохил шаванд. Бинобар ҳамин София Ковалевская барои олим шудан дар ҳаёти худ ба монеаҳои зиёд рӯ ба рӯ гашт. Ӯ ба Донишгоҳи давлатии шаҳри Москва дохил шуда натавонист. Бинобар он ки аз хурдиаш ба ин илм дилбастагии зиёд дошт, омӯзиши математикаро бо ёрии омӯзгори иловагӣ давом дод. Пас аз ин ба Германия сафар кард ва акнун метавонист, ки дар он ҷо курси математика бо физикаро дар донишгоҳи Гейделберг омӯзад. Баъдтар, ба Берлин омад. Дар ин ҷо диққати математики машҳур Вейерштрассро ба худ ҷалб кард. Аз истеъдоди ин духтари дӯстдори математик Вейерштрасс бохабар гашта розӣ шуд, ки ба ӯ репетитор шавад. Онҳо дар ҳамҷоягӣ доир ба бисёр масъалаҳои илми математика, асосан дар атрофи геометрияи ғайриэвклидӣ, баҳсҳо ташкил карда, онҳоро муҳокима мекарданд. Дертар Вейерштрасс иқрор шудааст, ки дар байни шогирдонаш нафароне кам дучор омада будаанд, ки дар омӯзиши илм бо қобилият, серғайратӣ ва муҳаббат ба илм доштаашон бо София Ковалевская баробар шуда тавонад. Дар ин давра Ковалевская се кори илмиро ба нашр омода сохтааст, ки мувофиқи ақидаи Вейерштрасс ҳар яки онҳо барои ба София додани дараҷаи доктори фанни математика басанда будааст. Ин корҳо: «Баъзе маълумот доир ба назарияи муодилаҳои дорои ҳосилаҳои ҷузъӣ», «Баъзе маълумот ва қайдҳо ба таҳқиқотҳои Лаплас доир ба шакли ҳалқаҳои Зуҳал», «Оид ба овардани баъзе интегралҳои Абелӣ ба интегралҳои шакли эллиптикӣ» буданд. Барои иҷрои ин корҳо ба София Ковалевская дараҷаи илмии доктори философия дода шуд. Ҳоло ҳам натиҷаи кори аввали ӯ дар китобҳои дарсии анализи математикӣ бо номи «масъалаи Коши-Ковалевская» ёдовар мешавад. Ӯ исботи овардаи Коширо сода карда, теоремаро то  шакли ниҳоӣ овард ва аз ҳама муҳим онро барои системаи муодилаҳои дорои ҳосилаҳои ҷузъӣ умумӣ гардонид. Баъди бозгашт ба Россия Ковалевская бо олимони замонаш мубодилаи илмиро бо Чебишев, Менделеев, Столетов ва математики маъруфи Миттаг-Лефлер давом дод .Бо шарофати ин ӯро соли 1883 дар вазифаи  мудири кафедраи математикаи Донишгоҳи Стокголм таъин карданд. Ковалевская аз ин вазифа шод гардида, изҳори қаноатмандӣ кардааст. Ба ӯ унвони профессорӣ дода шуд.  Занро ба вазифаи профессор таъин кардан, дар байни доираҳои кӯҳнапарасти донишгоҳ, норозигиро ба вуҷуд овард. Ягон хизмати Ковалевскаяро дар илм ин доираи одамон эътироф намекарданд ва ҳар гуна тӯҳматро дар ҳақи ӯ раво медонистанд. Вале дӯстони ӯ низ вуҷуд доштанд. Дар яке аз рӯзномаҳои демократии Шветсия чунин мақола дарҷ гардида буд, ки дар он аз ҷумла навишта буданд: «Барои мо боиси ифтихор аст ба шумо расонем, ки ба шаҳри мо на маликаи одии ҳамхун, балки маликаи фан - малика Ковалевская ташриф меоранд, ки аввалин зани профессор дар Шветсия ба шумор меравад». Соли 1888 ӯ кори илмии асосии худро бо номи «Масъала доир ба гардиши ҷисми сахт дар атрофи нуқтаи беҳаракат» навишта ба итмом расонид. Барои ин кораш Академияи Илмҳои Париж, ки чанде озмун конкурс эълон карда буд, ба Ковалевская мукофоти аввалро супорид. Андаке дертар, Академияи Илмҳои Шветсия низ барои музафариятҳои дар ҷодаи илм бадастовардааш Ковалевскияро бо мукофоти олӣ сарфароз гардонид. Ӯ ҳамкориро бо математикҳои машҳури Франсия, аз ҷумла бо Пуанкаре ва бо Эрмит идома дод. Ҳамин тавр, ӯро дар тамоми доираҳои илмӣ эътироф карданд ва пазируфтанд. Дар ҳамин ҷо ба таври илова меорем, ки ин зани машҳур донандаи хуби забон ва адабиёти замонааш будааст. Ӯ бо 5 забон муошират мекард, мақолаҳо, асарҳои саҳнавӣ менавишт. Якчанд роман, аз ҷумла «Нигилистика» (соли 1928), ба қалами София Ковалевская тааллуқ доранд.  
    Ковалевская дар айни фаъолияти эҷодӣ ва баланд гаштани шаъну эътибораш 10-уми феврали соли 1891 аз касалии шуш дар шаҳри Стокголм вафот кардааст.

                                                         Мутасаддии гӯшаи «Табиат, илм ва тафаккури техникӣ» Асадулло ШАРИФЗОДА P.S.  Маводи ин гӯша бидуни таҳрир чоп шудааст.
    

  • Дида шуд: 176

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj