Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Пафнутий ЧЕБИШЕВ АСОСГУЗОРИ МАКТАБИ ИЛМИИ МАТЕМАТИКИИ РОССИЯ

                                                                                                                                                                                                                                                                 

      Дар маърӯзаи моҳи декабри соли 1894-и Академияи илмҳои Петербург таъкид гардид, ки 26-уми ноябр дили яке аз математикҳои барҷастаи замон аз тапидан бозмонд… Номи Чебишев ба мисли Петербург дар Париж ҳам машҳур буд. Ӯ алакай узви вобастаи 8 Академияи илмҳои хориҷ аз кишвараш буд, ки ин аз геометр ва математики машҳури Аврупо будани Чебишев дарак медиҳад. Дар ҳақиқат Чебишев дар инкишофи илми математикаи ҷаҳонӣ саҳми босазо гузоштааст. Ба он нигоҳ накарда, ки аз вафоти Чебишев зиёда аз 205 сол гузашта бошад, ҳоло ҳам корҳои анҷомдодаи ӯ замонавӣ арзёбӣ карда мешаванд. Бо тарзҳо ва усулҳои ҳалли масъалаҳо, гузориши масъалаҳо Чебишев тавонист, ки мактаби навро созмон диҳад, ки минбаъд бо номи мактаби Чебишев ё мактаби илмии  Петербург маъруф гардидааст. Аз ҷумлаи намояндагони машҳури ин мактаб олимони маъруфи рус Марков, Ляпунов, Золотарёв ва дигарон эътироф шудаанд. Математикҳои ин мактаб проблемаҳои анализи математикӣ, назарияи ададҳо ва назарияи эҳтимолиятҳоро ҳал кардаанд.
    Дар бораи давраи ҷавонии Чебишев маълумоти ночиз боқӣ мондааст. Ӯ 26-уми майи соли 1821 дар деҳаи Окатови губернияи Калуга таваллуд шудааст. Оилаи онҳо аз авлодони ашрофони слявянҳои қадимӣ буд. Пас аз гирифтани маълумоти ибтидоӣ Чебишев ба Москва омада, ба Гимназия дохил шуд. Устоди ӯ Погорелский истеъдоди фавкулодаи шогирдашро дарк карда ба ӯ маслиҳат дод, ки ба факултети математика дохил шавад. Дар давраи таҳсил карданаш дар Донишгоҳи Москва профессорҳо Брашман ва Ершов дар ташаккул ва ҷаҳонбинии илмии Чебишеви ҷавон таъсири бештар расониданд. Баъд аз чор соли таҳсил дар ин Донишгоҳи бонуфуз Чебишев соҳиби дараҷаи илмии номзади илмҳо гардид. Соли 1846 ӯ дараҷаи магистрро сазовор гардида, ба Петербург баргашт ва дар ин ҷо ба вазифаи адъюнкти кафедраи назарияи муодилаҳои донишгоҳи Петерберг кабул гардид. Соли 1849 пас аз дифои рисолаи илмӣ дар мавзӯи «Назарияи муқоисаҳо» ба Чебишев дараҷаи илмии доктор дода шуда пас аз се соли ин ӯ ҳамчун профессори экстраординаторӣ, аз соли 1872 бошад, ҳамчун профессори хизматнишондода фаъолият нишон дод. Аз соли 1856 сар карда, ӯ узвияти Академияи илмҳои Петербург ва аз соли 1859 бошад, унвони аъзои ҳақиқии ин Академияро сазовор гардид. Солҳои минбада Чебишевро академияҳо ва ҷамъиятҳои илмии якчанд мамлакатҳои хориҷӣ, аз ҷумла Академияи илмҳои Париж (1860), Ҷамъияти илмии ашрофони ш.Лондон (1877) ва ғайра ба узвияти хеш пазируфтанд.
    Чебишев корҳои зиёди илмиро ба чоп расонидааст. Ӯ бо назарияи интерполятсия ва наздиксозии функсияҳо машғул шуда, барои ҳалли чунин проблемаҳо бисёраъзогиҳоеро истифода бурдааст, ки дар таърихи илм бо номи «полиномҳои Чебишев» ворид шудаанд. Корҳои ӯ доир ба назарияи ададҳо ба фаъолияти мактаби илмии Петербург асос гузоштанд. Дар соҳаи назарияи эҳтимолиятҳо Чебишев нобаробариеро ҳосил кардааст, ки дар замони мо бо номи «Нобаробарии Чебишев» ёдрас мешавад. Дар корҳои минбаъдаи худ ӯ қонуни ададҳои калонро ошкор сохт, яъне яке аз теоремаҳои бо истилоҳ ҳудудии назарияи эҳтимолиятҳоро кашф кардааст. Аксари проблемаҳое, ки аз болояшон Чебишев кор бурдааст, бо аҳамияти амалии хеш фарқ мекунанд. Ӯ бисёр масъалаҳоро доир ба механика, муқовимати металлҳо ва картография ҳал кардааст. Аз ҷумла, корҳоро «Доир ба шестерняҳо», «Доир ба харитаҳои географӣ», «Доир ба пора кардани либос» чоп кардааст. Дар назари аввал чунин менамояд, ки ин корҳо бо назарияҳои математикӣ умумияте надоранд. Вале аз болои проблемаи пора кардани либос Чебишев фикр карда, қонун дар бораи функсияҳоро дар амал татбиқ кардааст. Маҳз аҳамияти амалии корҳои анҷомдодаи Чебишев ба ӯ шуҳрати ҷаҳониро доданд.     
    Чебишев 8-уми декабри соли 1894 дар Петербург вафот кард. Маҷмӯаи асарҳои ин олими сатҳи ҷаҳониро Академияи фанҳои СССР дар 5 ҷилд аз чоп баровардааст.

  • Дида шуд: 197

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj