Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

 

               Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора дар суханрониҳои худ илму донишро дар мадди аввал гузошта, таъкид месозанд: «Дар замоне  ки илму техника бо суръати кайҳонӣ пеш меравад, бе дониши замонавӣ, бе касбу ҳунарҳои муосир ва бе донистани забонҳои хориҷӣ зиндагӣ кардан бисёр душвор мегардад. Баръакс касе, ки илму дониш ва касбу ҳунар дорад, дар зиндагӣ ҳаргиз хору зор ва ба касе муҳтоҷ намешавад ва умри бобаракат мебинад.» 
    Бо  дониши замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир мусаллаҳ намудани ҷавонону наврасон  яке аз рукнҳои асосии ғояи давлатдорӣ, бахусус, соҳаи маориф мебошад. Дар замони муосири бархӯрд ва ҷаҳонишавии тамаддунҳо яке аз илмҳои зарурию муҳим илму техника ва технологияи муосир ва дигарӣ маънавиёт, ахлоқ ва ҳофизаи таърихӣ мебошад. Агар ин ду ҷанба поянда ва бо якдигар ҳамгиро набошанд, хатари ба бӯҳрони маънавӣ дучор омадани ҷомеа ва шикасти меъёрҳои ахлоқӣ дар байни насли ҷавон ба вуҷуд меояд. Моро зарур аст, ки дар баробари ташаккули тафаккури техникӣ дар ниҳоди насли наврас маънавиёти баландро густариш диҳем, бо такя ба анъанаҳои неки миллиамон пояҳои ахлоқиро таҳким бахшем, инсондӯстиро тарғиб намоем, ба арзишҳои волои инсонӣ арҷ гузорем. Айни замон иттилоотонию компютеркунонӣ ва такмил додани воситаҳои технологияҳои иртиботӣ, воридкунии стандартҳо ва технологияҳо, ки вобаста ба онҳо дар фаъолияти касбии инсон тағйироти куллӣ ба вуҷуд меояд, аз зумраи масъалаҳои мубрами инкишофи ҷомеа маҳсуб меёбанд. Равандҳои мазкур ба дигаргунии ногузири фаъолияти касбии инсон оварда мерасонанд. Тағйироти ҷиддӣ дар ҷомеаи муосир дар мавриди ба мутахассиси ҷавон омӯзонидани малакаҳои ҳаётӣ ва меҳнатӣ дархостҳои навро пешниҳод мекунад, ки вобаста ба он таҷдид ва дигаргунсозиҳои соҳаи маориф рӯй медиҳад. Ҳоло дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти инсон ворид намудани технологияи муосир ба ҳукми анъана даромадааст ва ташкили самараноки он яке аз масъалаҳои бунёдӣ ба ҳисоб меравад. Барои дар сатҳи лозимӣ ва ба талаботи муосири бозори меҳнат ҷавобгӯ омода намудани кадрҳо, бахусус кадрҳои соҳаи техникӣ ва муҳандисӣ дар назди маорифчиёни кишвар масъулияти нав гузошта мешавад. Аз ин рӯ, омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф яке аз самтҳои муҳим ба ҳисоб рафта, барои дар оянда дар сатҳи лозимӣ омада намудани мутахассисони ҷавон заминаи хуб мегузорад. Таҳсилот яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва тақдирсози ҳаёти ҷомеа мебошад. Ҳалли тамоми масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии ҷомеа пеш аз ҳама аз вазъи таҳсилот вобастагӣ дорад. 
    Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар соҳаи илму маориф муносибати босалоҳият ба таълим рӯз то рӯз аҳамияти бештар пайдо мекунад ва ташаккули салоҳиятҳои асосии наврасону ҷавонон самти натиҷабахш дар илм ва амалияи таълим ба ҳисоб меравад. Бо салоҳиятҳои асосӣ мусаллаҳ намудани ҷавонону наврасон имкон медиҳад, ки онҳо дорои маҷмӯи донишҳои назариявии хуб шаванд ва қобилияти  истифодаи донишҳои гирифтаи худро барои ҳалли масъалаҳои мушаххаси ҳаётӣ ё ҳолатҳои мушкил доро бошанд. Барои ҳама мафҳуми салоҳият   қобилият ва малакаю маҳорати шахс, ки ҳангоми омӯзиш ва дар муддати ҳаёти худ доро шудааст ва онро барои ҳалли вазифа ва мушкилоти гуногун истифода мебаранд, фаҳмида мешавад. Пас яке аз омилҳои рушди дониш ва малакаю маҳорати хонандагон ин бо салоҳиятҳои асосӣ доро будани онҳо мебошад. Тавре маълум аст, салоҳияту салоҳиятмандӣ маҷмӯи умумии алоқамандии сифати шахс, дониш, малака, маҳорат, усулҳои фаъолият ба доираи муайяни фанҳо ва равандҳо барои фаъолияти самаранок ва омодасозии хонанда ба таълим ва фаъолияти мустақилона мебошад. 
    Салоҳиятҳои асосӣ ин қобилияти шахс дар ҳалли проблемаҳои гузошташуда ба воситаи маҷмӯи дониш, малакаю маҳорати дар раванди таълим ва ё ҳаёт бадастоварда  мебошанд, ки дар шароити тағйирёбандаи ҷаҳони муосир самаранок истифода бурда мешаванд. Зери мафҳуми салоҳиятҳои фаннӣ қобилияти хонандагонро барои татбиқи дониш, малакаю маҳорат  дар соҳаи фанҳои гуногун ва татбиқи он дар амалия ва таҳсили минбаъда фаҳмида мешавад. Дар ҳаёти ҳаррӯза хонандагон бо бисёр ҳодисаю зуҳурот дучор мешаванд, вале одатан дар бораи шарҳи онҳо фикр ҳам намекунанд, гӯё бо онҳо хеле шиносанд. Олими бузурги Юнони Қадим Аристотел хеле хуб фармудааст: «Ақл на танҳо дар дониш аст, балки дар қобилияти истифодабарии ин дониш дар амал мебошад». Омӯзиши фанҳои табиӣ бояд бо истифода аз усулҳои гуногуни таълимӣ ба роҳ монда шавад ва аз усули назариявӣ ба амалӣ ва аз умумӣ ба хусусӣ равона шуда бошад. Истифодаи таҷҳизоти замони муосир ва технологияи инноватсионӣ дар раванди дарсҳои омӯзишии назариявӣ ва амалии фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар рушди салоҳиятҳои омӯзишӣ-маърифатӣ, иттилоотӣ ва иртиботии хонандагон нақши бориз дорад. Гузаронидани корҳои лабораторӣ ва амалӣ бо истифода аз таҷҳизоти муосир дар раванди таълими ин фанҳо ба рушди малакаю маҳорати хонандагон таъсири мусбат мерасонад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки агар хонандагон дар дарсҳои назариявӣ тақрибан аз 15 то 20%-и мавзӯи омӯзиширо азхуд намоянд, ҳангоми корҳои амалӣ қариб 80%-и мавзӯъро аз бар менамоянд. Ба ин васила ҳавасмандии хонандагон ба корҳои амалӣ ва истифодаи таҷҳизоти муосир зиёд гардида, кӯшишу ғайрат ва завқашон бештар мегардад. Маълум аст, ки бори аввал мафҳуми салоҳият соли 1965 дар Амрико бо пешниҳоди Н.Хомский ба илм ворид шудааст. Маънии салоҳият ҳалли мушкилоти бавуҷудомадаест, ки инсон бо қобилияти дониш ва таҷрибаи дар зиндагӣ гирифташуда аз он раҳоӣ меёбад. Салоҳият ин омодагии субъект, самаранок ташкил кардани захираҳои дохилӣ ва берунӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои гузошташудаи худ мебошад. Ба захираҳои дохилӣ мансубанд: дониш, малака, маҳорат, салоҳиятҳо, хусусиятҳои равонӣ, арзишҳо ва ғайра. Салоҳиятҳои босифат он салоҳиятҳое мебошанд, ки дар вазъияти душвори зиндагӣ, аз таҷрибаи рӯзгор ба даст оварда мешаванд.
    Мафҳумҳое, ки салоҳиятро маънидод менамоянд: 
    - Дониш маҷмӯи далелҳое мебошад, ки барои иҷрои кор талаб карда мешавад. Дониш назар ба малака мафҳуми васеътарро дарбар гирифта, заминаи интеллектуалие мебошад, ки инсон бо доштани он кору зиндагӣ мекунад. 
    - Малака қобилияти доштани восита ва усулҳо барои иҷрои супориши мушаххас мебошад. Асосан малака дар доираи васеъ зоҳир гардида, аз қувваи ҷисмонӣ сар карда, то ба таълими махсуси маҳорат идома меёбад. 
    - Қобилият барои иҷрои вазифаи мушаххас нигаронида шудааст. Он инчунин бо истеъдоди худододӣ ҳаммаъно мебошад. 
    - Рафтори намунавӣ шаклҳои намоёни амалро барои иҷрои вазифаи қабулкардашуда мефаҳмонад. Рафтори мо арзишҳо, ахлоқ, боварӣ ва аксуламалҳои моро ба муҳити атроф ифода мекунад. Вақте ки шахс ба худ боварӣ ҳосил мекунад, аз кормандон дастаи худро ташкил мекунад ё амал карданро нишон медиҳад, рафтори ӯ ба талаботи корхона мувофиқ аст. Ҷанбаи асосӣ қобилияти мушоҳидаи ин рафторро дорад. 
    - Кӯшишу ғайрат ин истифодаи бошууронаи захираҳои рӯҳӣ ва ҷисмонӣ дар самти муайян мебошад. Кӯшиш асоси рафтори коргарро ташкил медиҳад. Дилхоҳ хонандаро ба-рои камбудии истеъдод ё қобилият надошта-наш сарзаниш намекунанд, вале хонандае, ки кӯшишу ғайрат намекунад, бахшида намешавад. Одаме, ки кӯшишу ғайрат надорад, монанди мошини боркаши бемуҳаррик мебошад, ки дар ангар доимо хоб аст.
    Салоҳият маҷмӯи хислатҳои шахсии хонанда - самтҳои арзишӣ-маъноӣ, дониш, малака, маҳорат, қобилият, ки ҳангоми фаъолият ва таҷриба дар ягон соҳаи муайяни иҷтимоӣ ва шахсӣ гирифташуда - мебошад. Салоҳиятҳои асосӣ хусусияти умумӣ дошта, дараҷаи салоҳиятҳоеро дарбар мегиранд, ки онҳоро доимо истифода  мебаранд ва татбиқшаванда мебошанд. Ташаккули салоҳиятҳои асосӣ дар доираи ҳар як фанни таълимӣ сурат мегирад ва барои ҳар як фан дигаргун мебошад. Асосан салоҳиятҳоро бояд аз салоҳиятҳои таълимие, ки ба муассисаи таълимӣ рабт дорад, фарқ кард, зеро фаъолияти хонандаро дар оянда барои ҳаёти пурра ӯ месозад. Фарз кардем, ки то синни муайян хонанда ҳанӯз ягон салоҳиятро дарк карда наметавонад, аммо ин маънои онро надорад, ки дар ниҳоди хонанда салоҳиятро ташаккул надиҳем. Дар ин ҳолат омӯзгор метавонад дар хонанда маҳз салоҳиятҳои таълимиро ташаккул диҳад. Салоҳиятҳои таълимӣ талабот барои омодагии таълим мебошанд, ки бо маҷмӯи алоқаманди самтҳои маъноӣ, дониш, қобилият, малака, маҳорат ва таҷриба дар фаъолияти муқаррарии хонанда робита дошта, дар доираи муайяни фан ифода меёбад ва барои амалисозии фаъолияти шахсӣ ва иҷтимоии муҳими самарабахш зарур мебошад.
    Салоҳият барои хонанда ин симои ояндаи ӯ ва роҳнамо барои азбар намудани дониши мукаммал мебошад. Дар давраи таҳсил қисмҳои алоҳидаи салоҳиятҳои давраи ба зиндагии мустақилона қадам задан низ оҳиста-оҳиста ташаккул меёбанд, зеро мо бояд на танҳо ба оянда омода шавем, балки дар замони муосир аз мушкилот раҳоӣ ёфта, зиндагӣ кунем. Хонанда ин салоҳиятҳоро аз нуқтаи назари таҳсилот азхуд менамояд. Масалан, хонанда ҳангоми омӯзиши фанҳои гуманитарӣ ва дақиқ шаклҳои гуногуни салоҳиятҳоро азхуд менамояд ва танҳо баъд аз хатми мактаб салоҳиятҳое, ки азбар кардааст, ба таври пурра истифода мебарад. Аз ин рӯ, хонанда дар давоми таҳсил танҳо салоҳияти таълимиро истифода бурда метавонад.
    Салоҳиятҳои асосии хонанда: 
    • дониш ва таҷрибаи гирифташударо дар амал татбиқ карда тавонад; 
    • алоқамандии дониши худро ташкил карда тавонад ва онро ба низом дароварда тавонад; 
    • омӯзиши худро дар шаклҳои гуногун ташаккул дода тавонад; 
    • қобилияту маҳорати ҳалли мушкилотро дошта бошад; 
    • мустақилона ба таҳсил машғул шавад.
    Салоҳияти ҷустуҷӯӣ доштан: 
    • сарчашмаҳои гуногуни маълумотро ёфта тавонад; 
    • аз муҳити атроф огоҳ бошад; 
    • қобилияти аз омӯзгор маслиҳат гирифтан дошта бошад; 
    • маълумот гирифта тавонад; 
    • бо ҳуҷҷатҳо кор карда тавонад ва онҳоро таҳлил намояд.
      Фикрронии худро доштан: 
    • рӯйдодҳои гузашта ва ҳозираро алоқаманд карда тавонистан; 
    • ба ин ё он рӯйдодҳои ҷамъият ҷиддӣ муносибат кардан; 
    • қобилияти ба мушкилӣ ва нофаҳмиҳо муқобилат карда тавонистан; 
    • дар мубоҳисаҳо мавқеъ ва фикри худро изҳор намудан; 
    • аҳамияти муҳим доштани муҳити сиёсӣ ва иқтисодиро дарк намудан, ки дар он таълим ва кору зиндагӣ мекунад; 
    • арзёбӣ намудани одатҳои иҷтимоӣ, ки ба саломатӣ марбут аст, истифода бурдан аз муҳити зист; • қобилияти ба асарҳои бадеӣ ва илмӣ баҳо додан.
    Ҳамкорӣ доштан: 
    • қобилияти ҳамкорӣ ва кор кардан дар гурӯҳро доштан; 
    • қобилияти қарор қабул карданро доштан, яъне бартараф кардани ихтилофу нофаҳмиҳо; 
    • гуфтушунид ва маслиҳат карда тавонистан; 
    • қобилияти таҳия ва иҷро кардани шартномаҳоро доштан.
    Ба кору фаъолият омода будан:
    • қобилияти ба лоиҳа ворид намудан; 
    • масъулиятро дарк кардан; 
    • ворид шудан ба гурӯҳ ё коллектив ва саҳми худро гузоштан; 
    • иттифоқӣ ва ҳамдигарфаҳмиро собит намудан; 
    • қобилияти кору фаъолияти худро ташкил карда тавонистан; 
    • қобилияти истифодаи таҷҳизоту технологияи муосир.
    Мутобиқ шудан ба замони муосир: 
    •қобилияти истифодаи технологияҳои нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ доштан; 
    • дар шароити рушди босуръати технологияи муосир фаъолнокӣ ва уҳдабаро будани худро нишон додан; 
    • нишон додани аксуламал ба мушкилоти рӯйдода; 
    • ҳалли раҳоӣ аз мушкилотро пайдо карда тавонистан.
    Муносибати босалоҳият ба таълим хусусан барои рушди таълими фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ самаранок мебошад. Самаранокии таълими босифат дар он аст, ки он ба хонандагон имкон медиҳад, то худро барои ҳалли мустақилонаи масъалаҳое, ки дар ҳама гуна шакл пешниҳод карда мешаванд, омода созад. Ин гуна барномаҳои таълимӣ ва пешниҳоду ғояҳои нав барои омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, гимназияҳо ва литсейҳо муфид буда, татбиқи онҳо ба таҳсили хонандагон ва ҳавасмандии эшон самарабахш хоҳад буд. 
    Моро зарур аст, ки барои таълими босифат ва рушди сатҳи дониши наврасону ҷавонон аҳамияти ҷиддӣ дода, барнома ва нақшаҳои таълимиро таҷдиди назар намоем, вобаста ба он кадрҳои баландихтисосе омода созем, ки аз илму техника ва технологияи муосири инноватсионӣ огоҳ буда, дар ҷаҳони муосир рақобатпазир бошанд.

 

  • Дида шуд: 140

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj