Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

 

    Сиёсати оянданазарона ва оқибатбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар талотуми амвоҷи ҷаҳонишавӣ ва гирудорҳои асри XXI, ки садҳо хатари маҳву нобудиро пешорӯи халқу миллатҳо дорад, исбот намуд, ки роҳи пешгирифтаи мо росту равшан ва барандаи манзили мурод аст. Паёми навбатии Пешвои миллат (21.12.2021) гулчини дастовардҳои 30 соли истиқлол ва рӯшангари ҳадаф, орзуву омол ва ҳидоятгари иқдомоти нек сӯйи фардои дурахшони миллат аст. Ҳар нуктаи иброзгардида ҳикмате, таъкиде, ҳидояте ва талоше баҳри рифоҳу осоиши миллат ва фардои он буда, эҳсоси ифтихор, меҳр бастан ба ин хоку оби муқаддас, ҳифзу соҳибӣ намудани ҳар ваҷаб марзу буми  биҳиштии онро дар қалбҳо бедор намуда, донаи умеду орзу бар дилу дидаи пиру барно сабз намуд. Дар Паём таъкид бар таъкид Пешвои миллат зикри забондонӣ, рӯй овардан ба илмҳои риёзиву дақиқ, кор бо технологияи иттилоотӣ ва касбу ҳунаромӯзиро намуданд, ки талаби бозори ҷаҳонии меҳнат ва нишонаи асосии арзиши мутахассис аст. Таҷрибаи давлатҳои дар ҳоли рушд ва ҷаҳиши иқтисодӣ намуда, дар мисоли Ҷопон, Сингапур, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва чанде дигар омӯзанда аст, зеро онҳо танҳо бо рушди соҳаи маориф, тарбияи мутахассисони сатҳи ҷаҳонӣ ба ин комёбиҳо расидаанд. Соли 1945 баъди хароб шудани шаҳрҳои Хиросима ва Нагасаки аз бомбаи ядроии ИМА сарвазири Ҷопон ба парлумон ва хурду бузурги кишвараш муроҷиат намуда, изҳор медорад, ки “мо ба муқобили яроқи қатлиоми амрикоӣ ва артиши шикастнопазири шӯравӣ истодагарӣ карда наметавонем, лекин як роҳ аст, ки моро бар онҳо пирӯз мегардонад. Он қувваи илм ва дониши мост, он сармояи зеҳнии мост! Пас барои ба даст овардани ин қувва ва ин сармоя рушди босуръати соҳаи маориф зарур аст. Барои рушди босуръат сарчашмаҳои бузурги молӣ лозим аст. Онро дигар давлату кишваре ба мо бе манфиате намедиҳад. Чӣ бояд кард?  Илоҷи ягона сармоягузории дохилист ва ононе, ки дилсӯзи ин ватан, ин миллату ин хоку обанд, бояд саҳмгузор бошанд ва давлат кафолат медиҳад, то онон дақиқан фоида ёбанду миллат наҷот ёбад.” Бо шунидани ин муроҷиат бо ҳисси баланди ифтихороти миллию виҷдонӣ дар толор нишастагон аз даст соатҳои тилло, ангуштарин, дастпона, ҳалқаю занҷираҳои зарину ёқутӣ, дороиҳои нақдии хешро бароварда чун саҳмия супориданд. Давлат кафолати баргардони саҳмияҳоро бо қурби 30%-и солона  ба ҳар  грамм тилло  баъди 10 сол ваъда дод.  Барномаҳои таълимӣ пурра аз нав таҳия гардида, олимон, ихтироъкорон, муҳандисон ба кори таълими амалӣ ҷалб ва бо маоши баланд таъмин гардиданд. Натиҷа он шуд, ки баъди 5 соли татбиқи барномаҳои нав Ҷопон ба Амрикову Аврупо аввалин соатҳои электронӣ, мошинаҳои электронии ҳисоббарор, радиотехникаи электронӣ, дастгоҳу таҷҳизоти электронӣ ва чандин техникаю технологияи электрониро бо нархҳои баланд ба фурӯш баровард ва кулли хароҷоти соҳаро пӯшонид. Солҳои 50-60-уми асри XX муъҷизаҳои электронии ҷопониҳо кисаи миллионерҳои дунёро таконид ва сафи миллионерҳои ин мамлакатро афзуд. Вақте давлат саҳмияҳоро бо фоизҳояш баргардонид, мардуми саҳмдор рад намуданд ва иброз доштанд, ки мо фоидаи онро дар он мебинем, ки Ҷопон аз ИМА ва Шӯравӣ пеш гузаштаву пуриқтидор аст. Ин буд муъҷизаи ҷопонӣ ва ғурури миллии онон. Ин дарси ибрат аст ва омӯзанда! Ҷопон 80%-и ашёи хомро ворид месозад, лек баъди коркарди босифати он бо технологияи баланди электронӣ маҳсулоти нодири офаридаи хешро ба он давлатҳо бо нархи даҳчанд дар музояда  мефурӯшад. Сирри кашфи сармояи зеҳнӣ дар кафи онҳост ва ин аст, ки то кунун Ҷопон дар садри чадвали индустрияи технологияи иттилоотии ҷаҳон аст. Ҷаҳиши иқтисодӣ ё бедоршавии аждаҳои чинӣ низ бо такя бар маориф, илм ва афрӯхтани машъали нури маърифат дар захираи беинтиҳои зеҳнист. Зеро низоми таълим бо барномаҳои инноватсионӣ бедории афкори эҷодию созанда, навҷӯю навоварро ба майдон овард. Ин раванд такони ҷиддие гардид ба илм, техника, технология ва рушди иқтисодию иҷтимоии Чин. Яъне, Чине, ки 50 сол пеш дар радифи давлатҳои қашшоқ қарор дошт, бо усули ислоҳот дар соҳаи маориф имрӯз дар қатори панҷ давлати муқтадири ҷаҳон қарор дорад. Чиниён тавонистанд зеҳнияти ҳикматбору созандаи чандинҳазорсолаи  Конфутсий, Мао-сзи, Лаотси, хонҳои бузург ва чандин нобиғаҳои гузаштаро дар зеҳнияту тафаккури хеш аз нав бедор созанд ва он рисолату шукӯҳи таърихии миллати худро ба ҷаҳониён нишон диҳанд. 
    Таҷрибаи ҷаҳиши иқтисодии Таиланду  Сингапур низ омӯзанда аст, зеро баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ онҳо истиқлол ба даст овардаву тавассути сиёсати дарҳои боз ва кушодани минтақаҳои озоди иқтисодӣ ислоҳоти ҷиддиро дар соҳаи маориф намуданд. Яъне, кӯдаке, ки нав по ба остонаи литсейҳо гузошт, бо барномаи навтарини давлатҳои Аврупову Амрико омӯхтанро оғоз намуд. Омӯзгорони беҳтарин бо таври озмун аз давлатҳои пешрафта ба кор қабул карда шуданд. Донишҷӯён бо квотаҳои давлатӣ дар донишгоҳҳои бонуфузи ҷаҳонӣ таҳсил намуда, бо донишу таҷрибаи зиёд баргашта, истеҳсолоти ватаниро пеш бурданд.  Дар Сингапур зери сиёсати дурбинонаи сарвазири он Ли Куан Ю решаҳои коррупсия бурида шуд ва ин роҳи наҷот бар фақру бенавоӣ ва ақибмондагӣ гардид. Имрӯз таҷрибаи ин мамлакатҳои босуръат рушдёбандаи Шарқ, ки захираҳои зеризаминӣ ва табиии кам доранд, дарси ибрат аст. Зеро тавассути корбасти захираҳои зеҳнӣ ва татбиқи барномаҳои нанотехнологӣ кулли биржа ва марказҳои савдои ҷаҳонӣ ба ин минтақаи босубот ва боэътимод кӯчидаву фаъоланд. Коркарди анқариб 70-75%-и маҳсулоти нефтии ҷаҳон, барномасозӣ ва пешниҳоди нанотехнологияи саноати авиатсионӣ, кайҳонӣ, киштисозӣ, микропроссесорҳои технологияи компютерӣ ва чанде дигар, ки сармояи бузургеро ворид месозанд, натиҷаи он ислоҳоти ояндабинона аст. Хушбахтона, дар Тоҷикистон тӯли солҳои истиқлол зиёда аз 3240 муассисаҳои таҳсилоти умумии нав сохтаву ба истифода дода шуданд, ки 173-тои онҳо типи нав ва бо усули муосири таълим фаъоланд. Гузаштан бо усули таълими босалоҳият, сарикасӣ, низоми таълими кредитӣ ва фосилавӣ таҷрибаи давлатҳои пешрафта аст, лекин чӣ гуна ворид намудану корбасти он, таҷриба, дониш, малака ва зеҳнияти хосаро талаб менамояд. Ин ҷо менталитет асоси кор аст, зеро дар ин низомҳо виҷдони пок, росткорӣ, иҷрои дақиқу саривақтӣ, омӯзиши муттасил талаб карда мешавад, ки бе дахолати касею фармону маҷбурнамоии роҳбаладе мустақилона асосҳои илм, дониш, таҷриба, амалия омӯхтаву корбаст мегардад. Яъне, дар омодасосии мутахассис дахолати касеву ниҳоде нест, талош танҳо пешниҳоди мутахассиси варзидаи беҳтарин ва мутобиқ ба талаботи бозори меҳнат аст. Имрӯз 42 ҳазор ҷавонон дар донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ таҳсил доранд ва зиёда аз 8 ҳазори онон духтарони боғайрату матинирода мебошанд. Чашми умед бар он аст, ки ин мутахассисони мусаллаҳ бо донишу биниш ва таҷрибаи навин ислоҳоти куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, бонкдориву истеҳсолот ва идоракуниву назорат ворид месозанд ва Тоҷикистонро ба ҷаҳиши бузурги иқтисодӣ  меоранд. Зеро Тоҷикистон бо захираҳои бузурги табиӣ, иқлим ва кӯҳу пуштаҳои дилфиреб, кӯлу дарёҳои хурӯшон, шаҳру деҳоти таърихи бостонидошта, бахусус бо захираи бузурги неруи инсонӣ, ки маншаъ аз фарҳангу тамаддуни оламшумул дорад, сазовори ворастагию рушд ва пешрафт аст. Бо таъкиди Пешвои миллат, ислоҳот дар низоми маориф ва таълим ногузир аст, чунки ҳамқадами замон ва ҳамрадифи илму маорифи ҷаҳон бояд буд. Таҷрибаи ибратбахши давлатҳо дар самти ислоҳоти соҳаи маориф омӯхтанист ва ҳушмандона татбиқ гардонии он амри зарурист. Рақамигардонии тамоми ҳуҷҷатгузорӣ, пешниҳоди электронии китобҳо, барномаҳо, модулҳои таълимӣ, саволномаҳои тестӣ, нақшаву тарҳу лоиҳа ва дигар супоришоти амаливу омӯзишӣ зинаи аввали кор аст. Донистану корбасти забонҳои хориҷӣ бо мафҳуму маънии илмӣ зинаи дигар аст, зеро бе дарки дақиқу мантиқии он на танҳо омӯхтан, балки эҷоду ихтироъ қатъ мегардад. Пас, зарурати замонӣ аст, то дарки ҷиддӣ бар ин масъала намоем, то ба ҳадафи чоруми стратегии давлат, рушди босуръати саноат бирасем ва барномаи солҳои 2022-2026  “Солҳои рушди саноат”-ро дар кишвар амалӣ намоем.  Тамоми азму талоши маорифпарваронаи Пешвои миллат сари он аст, ки аз неруи беинтиҳои зеҳнии миллати фарҳангпешаи хеш барои рифоҳу рушд ва пешрафту мондагории миллат босамар нафъ бурда шавад. Зеро сармояи зеҳнӣ чунон махзани бузургу беинтиҳост, ки  ҳазорон чоҳи нафту газ, конҳои тиллову лоҷувард, неруи табииву ҳастаӣ пеши он ҳеч қурбе надоранд, чунки тамомшавандаанд. Имрӯз сармояи як барномасоз, як лоиҳакаши алоқаҳои интернетӣ аз даромад ва буҷаи якчанд давлат зиёд аст. Ҳоло фоидаи софи  як филм, як  шабакаи интернетию мобилӣ дар ҳар дақиқа зиёд мегардад, ки офаридаи зеҳниятҳои бедор аст. Масалан, Олмон 1 тонна оҳани холисро аз Русия бо нархи  аз 4 то 5 ҳазор доллар мехарад ва  5-то муҳаррики мошин сохта ҳар якеро бо нархи аз 5 то 10-ҳазор долларӣ  мефурӯшад, ё Сингапур 1 барейл нафтро бо нархи аз 60 то 80 доллар харида, баъди коркарду ба навъҳо ҷудосозӣ  бо нархи зиёда аз 2-3 ҳазор долларӣ пешниҳод месозад. Тайланд аз ҳар килограм пахтаи вориднамудааш аз 3 то 4 ҷуфт либоси кӯдаконаи босифату босалиқа дӯхта, садҳо доллар фоида мегирад. Ин гуна мисолҳо фаровон аст, то мо биомӯзем ва  ҳамқадами рушди замон бигардем. 
    Масъалаи сармоягузорӣ ба соҳаи илму маориф сармоягузорӣ бар ояндаи миллату давлат аст. Ин масъала нозук аст, зеро дигар-гунсозандаи тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъият мутахассис аст. Агар омӯзгор бедонишу бетаҷриба бошад, фоҷиаи мудҳишест бар сари миллат, зеро шогирди бесаводи он агар табиб бошад, боиси марги бегуноҳон, агар бинокор бошад, сабаби фурӯравии биноҳо, агар роҳсоз аст, боиси садамаҳои фалокат-бор, агар муҳосиб бошад, сабаби буҳронҳои шадид, агар сиёсатмадор бошад, сабаби ҷангу низоъ ва чандин мушкилоти мудҳиш бар сари табиату инсоният мегардад. З-ин рӯ зарур аст, на танҳо усулҳои санҷиши тестии до-ниш (усули санҷиши дониши кару гунгон), балки усулҳои пурсиши шифоҳӣ, санҷиши маҳорати эҷодӣ - ихтироъкорӣ, нақли хаттӣ, иншо, бахотиргирию хулосабарорӣ ва чандин усулҳои гузаштаи самарбори тақвияти хоти-ра, таҳрикдиҳандаи тафаккури илмию эҷодии таълими назариявию амалиро бояд ҷорӣ на-муд. Дарахти павлонияро чоҳҳои нафти  Ҷопон мешуморанд ва пешниҳоди тутпарварӣ бо истеҳсоли абрешим метавонад дар оянда чоҳҳои нафтии Тоҷикистон гардад. Зеро, 
                Илмат ба амал чу ёр гардад,  
                Қадри ту яке ҳазор гардад!

  • Дида шуд: 229

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj