Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

      Дар бисёр давлатҳои ҷаҳон гузариш аз низоми муқаррарии таълим ба низоми кредитӣ ё ба усули омӯзиши фосилавӣ бо истифодаи технологияи иттилоотии коммуникатсионӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар замони муосир технологияи компютерӣ дар тамоми ҷабҳаҳои фаъолияти инсон истифода шуда истодааст. Таҳқиқҳо  нишон медиҳанд, ки истифодаи ин намуди технологияи нав самаранокии кори истеҳсолотро зиёд менамояд.  Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ҳол 35 муассисаи таҳсилоти олӣ (бо филиалҳо) ва 66 муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ амал мекунанд. Бо муқоиса бо соли 2010  шумораи муассисаҳои олӣ 2,6 маротиба ва шумораи донишҷӯён 1,5 маротиба афзудааст. Дар ин ҷо саволе ба миён меояд, ки бо афзоиши ин нишондиҳандаҳо оё базаи маводҳои таълимӣ, китобҳо ва дигар дастурҳо ва барномаҳои методӣ ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд?   
    Дар мамлакатҳои ҷаҳон дар соҳаи маориф таҳқиқҳои гуногуни сотсиологӣ оид ба баланд бардоштани сифати таълим бо истифодаи технологияи иттилоотӣ-коммуникатсионӣ гузаронида мешавад. Муайян шудааст, ки сифати таълим аз дастрасшавӣ ба адабиёт ва маводҳои методӣ – таълимӣ вобаста аст. Аммо таъсири технологияи компютерӣ дар баланд бардоштани сифати таълим чӣ гуна аст? 
    Пешравии муассисаҳои таълимӣ бо роҳи инноватсионӣ бе сохтан ва автоматикунонии ҷараёни таълим номумкин аст. Технологияи иттилоотии муосир маҷмӯи воситаҳои техникӣ, барномавӣ ва ташкилию хизматрасонӣ мебошад, ки барои нигоҳдорӣ, коркард ва баррасӣ намудани иттилоот пешбинӣ шудааст.        
    Асоси технологияи иттилоотии муосирро 
    - интиқоли ахбор ба масофаи дилхоҳ дар муддати хеле тез; 
    - низоми фаъолияти интерактивӣ; - муттаҳидшавӣ бо дигар барномаҳо; 
    - гузориши масъала ва рафти тағйирёбии маълумот; 
    - имконияти нигоҳдории иттилоот дар ҳаҷми хеле калон дар барандаҳои  мошиниро дар бар мегирад. 
    Ба ғайр аз ин худи низоми маориф яке аз иштирокчии рафти инкишофи технологияи иттилоотӣ мебошад. Илм ва маориф бисёр масъалаҳои якхеларо дар бар мегирад. Ин ба таъминоти иттилоотӣ, истифодаи ҳалли масъалаҳои математикӣ ва мантиқию интелектуалӣ, натиҷагирӣ ва идоракунӣ ҳам дар ҷараёни таълим ва ҳам дар ҷараёни таҳқиқи илмӣ вобаста аст.
    Технологияи иттилоотӣ дар ҷараёни таълим асосан 
    - дар ҳолатҳои истифодаи маводи нав;
    - гузаронидани корҳои лаборатории виртуалӣ бо истифодаи барномаҳои омӯзишӣ; 
    - гузаронидани тренинг ва семинарҳо; 
    - дар низоми назорат ва тафтишот (гузаронидани тестҳои электронӣ бо барномаҳои махсуси идоракунӣ); 
    - барои гузаронидани теле ва видео конференсияҳо ва гузаштани дарсҳои лексионӣ (Power Point) истифода бурда мешавад. 
    Таҷриба нишон дод, ки омӯзиши дарсҳо бо истифодаи технологияи компютерӣ суръати ҷустуҷӯи иттилооти заруриро баланд намуда, сифати гузаронидани дарсҳоро ба миқдори 30% нисбат ба дарсҳои муқаррарӣ зиёд мегардонад. Агар инсон ахбори атрофро бо 5 тарз (биноӣ, шунавоӣ, чашидан, бӯй намудан ва ҳиссиёт) қабул намояд, аз ин 80%-и азхудкунии иттилоот ба воситаи дидан сурат мегирад. Пас вақте ки дарсҳо бо барномаҳои компютерӣ ба намуди слайд-шоу, аниматсияҳо ва видеофайлҳо гузаронида шавад, донишҷӯ ҳам мешунавад ва ҳам матни мавзӯъро бо чашми худ мебинад ва дараҷаи азхудкунии он ҳам меафзояд. Дар ҷараёни дарсҳо устод қодир аст на зиёда аз 20%-и он донише, ки дорад, бо сухан иброз карда метавонад. Вале бо истифодаи технологияи компютерӣ метавонад мавзӯъ ва мазмуни онро бо пуррагӣ ба донишҷӯ фаҳмонад. Агар мо хоҳем, ки бо истифодаи доскаҳои электронӣ ва дигар таҷҳизоти мултимедӣ сифати таълимро баланд намоем, бояд якчанд масъаларо ба инобат гирем.
    Якум. Агар омӯзгор мавзӯи шавқоварро бо таҷҳизоти мултимедӣ гузаронад, бояд мазмун ва мавзӯи дарсро бо пуррагӣ азхуд намояд (схемаҳо, нақшаҳо, гузориши масъалаҳои мантиқӣ). 
    Дуюм. Истифодаи самараноки технологияи иттилоотӣ аз омӯзгор дониши ҷиддиро дар соҳаи технологияи иттилоотӣ талаб менамояд.
    Яке аз методҳои омӯзиш ин омӯзиши фосилавии таҳсил мебошад, ки дар қисми зиёди мамлакатҳои ҷаҳон аллакай ҷорӣ шудааст. Омӯзиши ин усул низ дар мактабҳои олии ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ҷорӣ шуда истодааст.
    Дар соли 2015 дар ҷаҳон хизматрасонӣ барои омӯзиши усули таълими фосилавӣ харҷи маблағ ба миқдорӣ 52,6 млрд. доллар ва мувофиқи пешгӯӣ ва таҳқиқҳо дар соли 2025 ба 72 млрд. доллар бояд расад. Дар асоси «Барномаи давлатии рушди соҳаи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2025» шумораи хатмкунандагони бо усули  таҳсилоти фосилавӣ 45% ва дар соли 2025 бояд ба 55% -ро бояд ташкил намояд.
    Тавре маълум аст, усули таҳсилоти фосилавӣ – ин гирифтани маълумот бе иштироки донишҷӯ ба дарс бо ёрии истифодаи технологияҳои коммуникатсионӣ, почтаи электронӣ ва шабакаи умумиҷаҳонии Интернет мебошад. Ҷорӣ намудани ин усули таълим асосан ба донишҷӯёни шуъбаи ғоибона мувофиқ буда, ба донишҷӯёне, ки дар кишварҳои хориҷӣ кору фаъолият менамоянд ва донишҷӯёне, ки бо сабабҳои беморӣ барояшон ҳаракат намудан душвор аст, хеле муфид аст. Хароҷоте, ки барои тайёр намудани як донишҷӯ бо ин усул харҷ мешавад, 35% - 40% нисбат ба тайёр намудани донишҷӯ дар шуъбаи рӯзона кам аст.
    Албатта, барои пурра ҷорӣ намудани усули таълими фосилавӣ дар муассисаҳои таълимии кишвар  як қатор мушкилотро бартараф намудан лозим аст: 
    - Таъмини мутахассисони баландихтисос ва омори аниқ; 
    - Ташкили фазои ягонаи иттилоотӣ (нархи интернет дар Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати дигар ҷумҳуриҳо хеле гарон аст); 
    - Баланд бардоштани такмили ихтисоси омӯзгорон оиди истифодаи технологияи компютерӣ аз он ҷумла оиди гузаронидани омӯзиши таҳсилоти фосилавӣ. Чунки мувофиқи индекси омодагии давлатҳо ба шабакаҳои иттилоотии ҷаҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни 134 давлат ҷои 104-умро ишғол менамояд; 
    - Таъмин намудани донишгоҳҳо бо маводи илмӣ-методӣ ба намуди электронӣ ва бо забони давлатӣ, инчунин ташкили системаи идоракунии омӯзишӣ; 
    - Донишҷӯ бояд бо компютер ё ноутбук, ки бо барномаҳои мултимедӣ ва дигар барномаҳои зарурӣ таъминшуда доро бошад.
Яке аз роҳҳои баланд бардоштани сифати таълим бо истифодаи технологияи компютерӣ сохтан ва истифодаи тестҳои электронӣ мебошад. Истифодаи ин роҳ имкон медиҳад, ки - идоракунии хонандагон хеле осон аст; 
    - тафтиши тестҳо бо сарфи ками вақт гузаронида мешавад; 
    - хотирбинӣ ва дигар ҳолатҳои номатлуб аз байн меравад; 
    - тестҳо ва дигар барномаҳои таълимӣ дар тамоми намуди компютерҳои фардӣ амалӣ карда мешавад ва аз омӯзгор ва донишҷӯ дониши иловагии барномасозӣ ё компютерӣ талаб намекунад.

  • Дида шуд: 219

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj