Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

                                                                                                                                                                                                                                                                

    Петер Густав Дирихле - математики бузурги олмонӣ, 13-уми феврали соли 1805  дар Дюрени музофоти Рейн чашм ба олам кушодааст. Дар айни ҷавонӣ (соли 1822) ба Париж сафар карда, дар хонаи генерал Фуа зиндагӣ кардааст. Дар ин ҷо тавонист, ки  бо чандин олимони философ ва математик шинос шавад. Дар ин муддат ӯ дар лексияҳои олимон дар Коллеҷи Франсия иштирок карда, бо кори Гаусс «Арифметикаи дискретӣ» хеле чуқур шинос шавад. Ин ба таҳқиқотҳои ӯ самт бахшид. Соли 1826 Дирихле ба Германия баргашт. Дар он ҷо ӯро ба вазифаи приват - дотсенти Университети Бреславл (соли 1829), пазируфтанд. Баъдтар ба Берлин омад ва дар университет дар вазифаи профессори ординарӣ (соли 1831) таъин гардид. Ҳамзамон ӯ дар Омӯзишгоҳи ҳарбӣ ба кори омӯзгорӣ машғул шуд.  Соли 1855 Дирихле ба Геттинген даъват шуда, ба сифати муовини  Гаусс кор кард. Истеъдоди фавкулодаи Дирихле, асосан, дар назарияи ададҳо, назарияи қаторҳо, ҳисобҳои интегралӣ ва баъзе проблемаҳои физикаи математикӣ зоҳир гардидааст. Соли 1825 Дирихле қори илмии «Мемори сурли-мпоссибилити»-ро эҷод кард, ки минбаъд ба Академияи илмҳои Париж пешниҳод гардида буд, диққати аҳли илмро ба худ ҷалб кард ва барои ӯ ному шуҳрати  математики олиҷанобро овард. Дар ин кораш Дирихле исботи ҳолати ҷузъии Теоремаи Бузурги Фермаро барои n = 5 (Эйлер ва Лагранж холатҳои n= 3 ва n=5-и онро ҳосил карда буданд) оварда буд. Пас аз ин Дирихле исботи теоремаи Гауссро барои бақияҳои дуквадратӣ пешниҳод кард. Дирихле нақши бузурги анализ ва назарияи функсияҳои аналитикиро дар ҳалли проблемаи назарияи ададҳо нишон дод. Теоремаи аз ҷониби ӯ исботгардида доир ба мавҷудияти шумораи беохир зиёди ададҳои сода дар ҳар гуна прогрессияи арифметикии  аз ададҳои бутун тартибёфта, ки узви якум ва фарқи он ададҳои бо ҳам сода мебошанд, дар байни аҳли илм тарафдорони зиёд пайдо намуд. То Дирихле ин проблема дар байни математикҳо ҳалнашаванда ҳисоб меёфт. Дирихле нахустин шуда исботи наздикшавии қаторҳои Дирихлеро овардааст, ки бо номи «Нишонаи Дирихле» маъруф аст. Дар ҳисобҳои вариатсионӣ, инчунин, принсипи (ақидаи) Дирихле дар байни ҳамагон паҳн гардидааст.Функсияи Дирихле низ дар байни хонандагони макотиби олӣ маъмул аст. Ин корҳои Дирихле ба математикҳои дигар, аз ҷумла ба Риман ва ба Кантор асос гардиданд, то онҳо таҳқиқоташонро чуқуртар анҷом диҳанд ва ба кашфиёти навин ноил гардидаанд. Натиҷаи таҳқиқотҳои анҷомдодаи хеш ва рисолаҳояшро Дирихле дар маҷаллаи математикии Крел ва дар Маҷмӯаҳои илмии Академия ба чоп расонид. Ӯ асарҳои калонҳаҷм иншо накардааст, вале мероси илмӣ, инчунин, лексияҳояш барои инкишофи илми математика ва паҳн гардидани дастовардҳои илм дар Германия  мусоидат намуданд. Пас аз фавти Дирихле лексияҳои ӯ доир ба назарияи ададҳо, баъди аз ҷониби Дедекинд коркард шуданашон, ҳамчун асарҳои классикӣ боқӣ монданд. Дирихле 5-уми майи соли 1859 дар Геттинген вафот кардааст.
    Мисоли прогрессияи арифметикии аз ададҳои сода таркибёфта: 2,5,8,11,14,17,…

  • Дида шуд: 238

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj