Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

     Муҳаққиқон ва коршиносон бар ин назаранд, ки зуҳуроти номатлуби бунёдгароӣ (фундаментализм), тундгароӣ (радикализм), ифротгарӣ (экстемизм) ва даҳшатафканӣ (терроризм) дар маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимоӣ бо ин гурӯҳҳо шомил мегарданд ва дар натиҷа миёни ҷомеа, бахусус, қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зӯроварию бадбинӣ (агрессия), истибдод (деспотизм) ва хушунат тавлид мекунанд.
    Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷаҳлу зулмот мусаллат бошад, ҳамон қадар беназмӣ, беадолатӣ ва қонуншиканиҳо решадор мегарданд. Гурӯҳҳои махсусе таҳти кӯшиши хадамоти ҷосусӣ афродро дар доираи дину мазоҳиб мағзшӯӣ мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ ва таҳрибкорӣ сафарбар менамоянд. 
    Баъди  гузаронидани мағзшӯии мақсаднок ва дар шуури торики онҳо ҷой кардани афсонаҳои бофтаи «ҷиҳоду шаҳодат» онҳоро ҷониби худкушӣ роҳнамун месозад ва ин манқуртҳои  ақлбохта бо боварию итминони роҳёбӣ дар биҳишти хаёлиашон даҳҳо нафар бегуноҳонро ба коми марг мефиристанд. 
    Одатан ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Дар зеҳни онҳо, ки мисли «лавҳи сафед» (таъбири файласуфи англис Ҷон Локк)  тозаю  покиза аст, ифроту хурофот пур карда мешавад ва азбаски ҷавонон сахт ҳассосанд (чун хунашон дар ҷӯш аст), бегумон, шефтаю мутамоили ақидаи бебунёд мешаванд. Муҳимтар аз ин, онҳо фикр мекунанд, ки дар пешгоҳи Худованд иззат доранд ва бо ин гумон ба ҳар коре, ки «миёнҷиёни Худо» дар қолаби ҷиҳоди динӣ мефармоянд, қатъиян иҷро карда, ба биҳишти ваъдагӣ мерасанд. Бозӣ кардан бо зеҳни насли ҷавон, мутаассибон ва эҳсоси мардуми хурофотӣ аз мушаххасоти кори хадамоти махсус маҳсуб меёбад. 
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар яке  аз суханрониҳои худ аз пайравони гурӯҳҳои террористӣ изҳори нигаронӣ намуда, таъкид карданд, ки «Аз марги баъзеашон ба падару модар маълумот расида, онҳо бо ин амали нангини фарзандашон миёни хешу табор ва ҳамсояҳову аҳли ҷомеа дар хиҷолатанд, чунки фарзанди онҳо ҳам ба Ватан - модар ва ҳам ба мазҳаби ҳанафӣ  хиёнат кардаанд. Дар тӯли таърих ягон халқу миллат хиёнат ба Ватан - модар, давлат ва мардумро набахшидааст ва намебахшад».
    Ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ин гурӯҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ  ва зиддимиллии онҳо шарик аст. Яъне, ӯ бевосита дар муқобили давлати худ, бар зидди  Ватани худ ва дар душманӣ ба миллати худ қарор мегирад.  Ҳамин  тавр, ӯ бо тамоми маънояш хоини Ватан  мешавад.
    Яке аз сабабҳои  ба гурӯҳҳои ифротию тундгарои исломӣ пайвастани  ҷавонони  тоҷик ба омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ, бекорӣ, фақр ва коррупсия вобаста мебошад. Дигар омилҳое, ки ҷавонони тоҷикро тӯъмаи гурӯҳҳои ифротию тундгарои исломӣ мегардонад, ин дур будани ҷавонон аз маърифати исломӣ ё бесаводии динӣ, яъне надонистани асолати исломӣ, суннатӣ, инчунин таблиғоти шадиди  гурӯҳҳои  ифротӣ  тавассути  васоити ахбори омма, хусусан шабакаҳои интернетист, ки ин таблиғот ба муқобили арзишҳои маънавӣ ва динии мардум нигаронида шудааст. 
    Ҷавонон дар замони муосир чун қувваи бузурги пешбарандаи ҷамъият эътироф гаштаанд. Рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимою фарҳангии ягон мамлакатро бе ширкату фаъолияти  ҷавонон тасаввур кардан имкон надорад. Давлати Тоҷикистон баҳри тарбияи ҷавонон ҳарчи бештар имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии кишвар ва хориҷ таҳсил намуда, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ бошанд.  
    Сабаби дигар он аст, ки фаҳмиши нодурусти озодӣ, демократия боиси он гардид, ки баъзе ӯ гурӯҳҳои  ҷомеа, алалхусус баъзе  ҷавонон, аз пайи ҳавою ҳавасҳо ва лаззатҳои моддӣ (молу сарват) ба амалҳои ношоиста, ҷиноят даст мезананд, ба доми фиреби фарҳангу динҳои сохтаву бегона кашида мешаванд.
    Омӯзиш ва таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз фориғболии баъзе падару модар ва роҳбарону кормандони муассисаҳои таълимӣ истифода намуда,  гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ба муассисаҳои таълимӣ роҳ ёфта, кӯдакону ҷавонони бетаҷрибаро ба кирдорҳои номатлуб ҷалб менамоянд. Мутаассифона, падару модароне ҳастанд, ки нисбати тақдиру ояндаи фарзандони худ бетафовут мебошанд. Баъзе падару модар, ҳатто фарзандони ноболиғи худро бо роҳҳои ғайриқонунӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар мефиристанд ва намедонанд, ки фарзандонашон ба ҷойи таълим ба чӣ корҳо машғул мешавад. Ҳамаи инро ба назар гирифта Президенти кишвар Эмомалӣ  Раҳмон таъкид мекунанд: «Рӯирост изҳор менамоям, ки баъзе аз ин муассисаҳо ҷавононро дар рӯҳияи ифротгароӣ ва экстремистӣ омода менамоянд. Бинобар ин ба мақомоти дахлдор супориш додем, ҷавононе, ки ғайриқонунӣ барои таҳсил ба хориҷи кишвар рафтаанд, баргардонида шуда, дар муассисаҳои таълимии кишвар ба таҳсил фаро гирифта шаванд. Имрӯз қисми эиёди онҳо ба ватан баргаштанд ва дар муассисаҳои таълимии кишвар таҳсил намуда истодаанд». 
    Ба тавсиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз 2-юми августи соли 2011 аз он шаҳодат медиҳад, ки тамоми аҳли ҷомеа – падару модарон, омӯзгорон ва дигар мақомоту муассисаҳои дахлдор дар тарбияи насли навраси ҷомеа масъулияти ҷиддиро эҳсос намуда, дар амалӣ гаштани он саҳми назарраси худро гузоранд. 
    Мутобиқи  маълумоти  қабили эътимод то моҳи июни соли 2015 аз  4166 нафар толибилмони ба давлатҳои исломӣ сафарбаршуда 3178 нафари онҳо ба ватан баргардонида шудаанд. Аз шумораи умумии толибилмон  5% наврасони то 15-сола, 20% ҷавонони то 20-сола, 55% ҷавонони то 25-сола ва 22% аз 25-сола боло мебошанд. 5% баргаштагонро духтарон ва ҷавонзанон ташкил медиҳанд.
    Таҳлилҳо нишон доданд, ки аксари толибилмонро нафароне ташкил медиҳанд, ки дониши дунявӣ надошта, ҷаҳонбинии онҳо дар заминаи ғояи таассуб ташаккул ёфтааст.
    Хиёнаткор Ватан надорад. Ӯ танҳо манфиати худро дар мадди аввал гузошта, волидайнро дар охир танҳо мегузорад. Яке аз чунин ашхоси хиёнаткор полковник Гулмурод Ҳалимов буд. Ӯ пас аз фирор аз ватан ба ташкилоти байналмилалии террористии  бо ном «Давлати исломӣ» пайваста, бар ивази маблағҳои ба ӯ пардохташуда ба сиёҳкунии ватани азизамон - Тоҷикистон ва сафедкунии ҷиноятҳои даҳшатноки содиркардаи намояндагони бо ном «Давлати исломӣ» пардохт.
    Бархе аз ҷавонони хиёнаткор низ ошкоро ба шабакаҳои иҷтимоӣ, бахусус, дар «Одноклассники» ғояҳои «Давлати исломӣ»-ро тарғиб мекунанд ва аз ҳамсолонашон мехоҳанд, ки ба хотири  ҷанг барои ислому таъсиси хилофати воҳид ба сафи «Давлати исломӣ» пайванданд. 
    Бузургони миллат ибтидои Ватанро аз гаҳвора ва шири поки  модар медонанд. Мардуми шарифи Тоҷикистон рафтори хоинонаи ин гуна ашхоси хиёнаткорро маҳкум намуда, ба инҳо шадидан нафрат доранд. Ҳаром бод шири модар ба чунин ҷавонони маслакгумкарда! 
    Рафтори разилонаи гурӯҳҳои ҷиноятпеша барои бархе аз ҷавонони тоҷик, ки бо гумроҳӣ ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротгарову ситезаҷӯ, бахусус, дар сафи қувваҳои бо ном  исломии Ироқу Сурия шомил шудаанд, бояд сабақи зиндагӣ гардад.
    Шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро масъалаи доғ аст. Бинобар ин ҳар яки моро зарур аст, ки алайҳи ин амал мубориза барем.
    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии хеш ба Маҷлиси Олӣ аз вазъи Ховари Миёна изҳори нигаронӣ карда, аз ҷавононе интиқод намуданд, ки ба доми ифротгароён афтида даст ба қатлу ғорат задаанд. Ин таҳдидҳо тавассути васоити ахбори умум борҳо пахш мегарданд ва ҳатто манзараҳои қатлу куштор, сар буридану оташ задан ва дар об ғарқ карданҳо чандин бор намоиш дода шуданд. Хабари қатли модари бечорае, ки фарзанди дилбандашро дар оғӯши пурмеҳр парварида, чандин масири пурхавфро тай карда, барои бозгаштан аз ин роҳи хато насиҳат мекунад, фарзанди нохалаф ӯро ба қатл мерасонад, вокунишҳои зиёдеро дар байни қишрҳои ҷомеа ба вуҷуд овард.  
    Бо вуҷуди ғамхориҳои пайвастаи давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон дар тафаккури бархе аз наврасон ва ҷавонони имрӯзаи мо ҳиссиёти ватанхоҳиву ватанпарварӣ  хеле кам мушоҳида мешавад. Аз ин рӯ, барои аз байн бурдани ин зуҳурот бояд аз ҷониби ҳамаи доираҳо иқдоме рӯй даст гирифта, барои баланд бардоштани тафаккур, худшиносӣ ва ҳуввияти миллӣ дар ниҳоди ҷавонон барномаҳои вежа роҳандозӣ карда шаванд. 
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар асарҳои худ «Тоҷикон дар оинаи таърих» (дар ду ҷилд. -Душанбе, 1999), «Тоҷикистон дар остонаи қарни ХХI» (-Душанбе, 2001), «Ориёиён ва тамаддуни ориёӣ» (-Душанбе, 2006), «Чеҳраҳои мондагор» (2016), «Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат» ва Паёму суханрониҳои худ ҳамеша масъалаи баланд бардоштани тафаккур, худшиносӣ ва ҳуввияти миллиро дар ниҳоди ҷавонон пайгирона дунбол мекунанд. 
    Бинобар ин зарур аст, ки омӯзиши асарҳо ва суханрониҳои Сарвари кишвар ба таври васеъ ба роҳ монда шавад. 
    1. Имрӯз дар партави сиёсати хирадмандонаи Президенти кишвар бо мақсади нигоҳ доштан ва муҳофизат намудани дини мубини ислом аз ҳама гуна ғояҳои ҳаракату ҷараёнҳои номатлуб, ки динро таҳриф мекунанд, аз тарафи олимону ходимони дин мавзӯъҳои ахлоқии диниро пайваста таҳқиқу баррасӣ намудан лозим аст. 
    2. Ҳарчанд мубориза бо терроризм ва экстремизм вазифаи асосии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мебошад, ҳамзамон дар ин ҷода дастгирии ҳаматарафаи шаҳрвандон низ зарур аст. 
    3. Барои он, ки гаравиш аз тарафи ҷавонон ба ин гуна равияҳои ифротгаро аз байн бардошта шавад, бояд масъулияти баланди ватандӯстӣ, донишандӯзӣ ва муҳаббати касбу ҳунар дар байни насли ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ васеъ ба роҳ монда шавад. Баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва дар ниҳоди онҳо парваридани ҳисси меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватан, нишон додани нақши харобиовару фоҷиабори амалҳои номатлуби террористию экстремистӣ, баланд бардоштани зиракии сиёсии шаҳрвандон ва ғайра метавонанд омилҳои муассири мубориза ба муқобили равияҳои экстремистию террористӣ бошанд.

  • Дида шуд: 188

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj