Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

   

    Тарбияи насли наврас дар замони муосир аз раванди ҷиддию мураккабе маҳсуб меёбад, ки омилҳои гуногуни фарогир ва серпаҳлуро дар бар мегирад. Тарбияи хонандагон дар замони соҳибистиқлолӣ дар қиёс бо замони Шӯравӣ тафовути бузург дошта, ба  дигаргуниҳои азиме, ки ҳамарӯза дар ҷаҳони муосир ба амал меоянд, вобастагии амиқ дорад. Таҳаввулу дигаргуниҳое, ки имрӯз дар ҷаҳон ба вуқӯъ мепайвандад, ду ҷанба дорад: мусбат ва манфӣ. Ба ҷанбаи мусбат тамоми кашфиёту ихтирооти илмӣ, ҳамарӯза ба майдон омадани васоиту дастгоҳҳои технологию инноватсионӣ (инқилобҳои техникӣ), андешаву ақоиди пешрафтаю созанда, ки ба рушди тамаддуни фарҳангию илмӣ мусоидат мекунанд, ислоҳот дар низоми сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ва падидаи маъмули ҷаҳонишавӣ (глобализатсия) ва амсоли инҳо дохил мешавад. Аммо дар радифи ин, омилҳои манфию зиёнборе низ, аз қабили истифодаи ноогоҳонаю бемақсади васоити техникӣ (аз ҷумла, компютер) ва дастрасӣ ба сомонаҳои гуногуни шабакаи интернетӣ, таваҷҷуҳ ва майл ба иттилооти манбаъҳои хатарнок,  гурӯҳу ҳаракат ва аҳзоби тундраву ифротгаро, омӯзиши осору адабиёти кишварҳои хориҷӣ, ки орӣ аз хусусияту ҷанбаи ғоявии гуманистию ахлоқӣ буда, бештар ҳаросафканию даҳшат ва ҳаракатҳои низоъҷӯёнаю зӯровариро тарғиб мекунанд, ҳамзамон, тамошои  силсилафилмҳои саргармкунандаи туркию ҳиндӣ аз оинаи нилгун ба насли наврас ва ҷавонон таъсири ногувор мерасонад, ки сари вақт пешгирӣ намудани онҳо аз ин раванди хатарзо вазифаю рисолати доимии падару модарон ба шумор меравад. Дар ин масъала масъулияти омӯзгорон, хусусан, раҳбарони синф хеле баланд буда, онҳо тибқи асноду ҳуҷҷати коргузорӣ бояд бо падару модарон робитаи зичи ҳамкориро ба роҳ монда, зуд-зуд ба эшон вохӯрдаву атрофи рафтору интизом ва донишазхудкунии фарзандонашон суҳбат анҷом дода, тадбирандешӣ намоянд. Илми педагогика вазифаҳои роҳбари синфро аз тарбия кардани хонандагон дар рӯҳияи ахлоқи ҳамида ва асосҳои ҷаҳонбинии илмӣ, ташкил ва тарбия кардани  фаъолони синф баҳри коллективи муттаҳид, инкишоф додани завқи маърифатӣ ва қобилияти эҷодии шогирдон, баланд бардоштани дараҷаи дарсазхудкунию савияи дониши онҳо, ғамхорӣ нисбат ба ҳифзи саломатӣ ва инкишофи ҷисмонии хонандагон, ёрии педагогӣ ба кумитаи хонандагон ва созмонҳои талабагӣ роҷеъ ба худидоракунӣ, равобити мустаҳкам бо падару модарони хонандагон, аҳли ҷомеа ва таъмини ҳамкории онҳо дар корҳои таълимӣ – тарбиявӣ иборат медонад. Яке аз омилҳои ба ҳадафҳои пешгузоштаи худ расидани роҳбари синф дақиқу ҳаматарафа омӯхтани хусусиятҳои психологии хонандагон маҳсуб меёбад. Мусаллам аст, ки дар ҳар як синф хонандагон бо хислату атвори гуногун ва муносибати мухталиф бо ҳамсинфон аз пайи илмомӯзӣ мебошанд. Роҳбари сиф бо истифода аз методи мушоҳида на танҳо ҳангоми гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ ва дарсҳои тарбиявӣ, балки дар танаффусҳо ва берун аз дарс бояд пайваста  ҳар як рафтору кирдори хонандагонро  зери назорат дошта бошад. Ба ин  васила, вай метавонад хусусиятҳои психологию ахлоқии шогирдонро омӯхта, бачагони бадахлоқу  беинтизомиро барои худ аниқ кунад. Аммо танҳо муайяну мушаххас намудани хонандагони беинтизом, ки дарсҳоро тайёр намекунанду аз фанҳои таълимӣ баҳои ғайриқаноатбахш мегиранд, як тарафи кор буда, роҳбари синфро зарур аст, ки бо ин гурӯҳи шогирдон корҳои тарбиявии инфиродиро ба роҳ монда, барои аз байн бурдани рафтори номақбули онҳо ва ба сафи пешқадамон шомил намудани сустхонҳо ҷаҳду талош намояд. Табиист, ки ин амал аз ӯ, ҳамчун масъули синфи ба вай вобасташуда заҳмату такопӯи ҳамешагиро тақозо мекунад. Дар ин масъала ҳамкорию робитаи бардавоми роҳбари синф бо падару модарон нақши ҳалкунанда ва судманд мебозад. Мазмун, падару модарон  бояд аз таъкидҳои роҳбари синф ба таври ҷиддӣ бояд дар хусуси рафтору амали фарзандашон огоҳии пурра дошта бошанд. Мутаассифона, бахши  аъзами волидон ба тарбияи фарзандонашон аҳамияти зарурӣ намедиҳанд, баъд аз хатми дарсҳо аз онҳо намепурсанд, ки дар куҷо ва бо киҳо вақти худро мегузаронанд. Ҳатто ба мушоҳида мерасад, ки шабона онҳо саргарму машғули тамошои силсилафилмҳои туркию ҳиндӣ гардида, кай аз дари хона ворид гардидани фарзандонашонро ба дурустӣ таҳқиқ намекунанд. Аз ин рӯ, барои омӯхтани шогирдон ба хонадони онҳо ташриф овардани роҳбари синф омили муҳим ва дар айни ҳол беҳтарини хабардор гардидан аз вазъи дарстайёркунии хонандагон ва муайян намудани то чӣ андоза шароит фароҳам  овардани волидон барои эшон ба шумор меравад. Роҳбари синф, қабл аз ҳама, дар ҷамъомаду ҷаласаҳои синфӣ (тарбиявӣ) ба падару модарон бояд дар бораи мазмуну ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару  модар дар таълиму тарбияи  фарзандон», вазифаю уҳдадориҳои онҳо ва дигар масоили тарбияи ахлоқии фарзандон суҳбат гузаронида, таваҷҷуҳи онҳоро ба пешгирӣ намудани фарзандонашон аз рафторҳои ношоиста, беҳуда гузаронидани вақти дар ихтиёрашон буда, ба амалҳои номақбул даст назадани онҳо ва ғайра равона кунад. Имрӯз мо ба гунаи мунтазам дар бораи хонандагон (бачагон)-и ба истилоҳ «душвортарбия» ҳарф мезанему баҳс меорем. Аммо боре ба худ суол намедиҳем, ки заминаҳои зуҳур намудани ин мушкилот дар чист? Кадом омилҳои таъсиррасон зина ба зина ба рушду побарҷой гардидани амалҳои ношоистаи шогирдон мусоидат мекунад? Чаро дар аксар ҳолат раванди тадриҷии ташаккулу таҳаввули хислату атвори зишту номатлубро дар бачаҳо (хонандагон) ба мушоҳида гирифта, ҳамагон бетарафию аз қавли мардумӣ «туро газад, маро чӣ ғам?»-ро пеша мекунем? Дар натиҷа хонандагоне ба майдон меоянд, ки ба носу сигоркашӣ машғул шуда, бо дашномҳои қабеҳ, дилозорӣ, якравию гарданшахӣ атрофиёнро ба сутӯҳ меоранд, гузашта аз ин, аз беназоратии омӯзгорону волидон ва атрофиён «санги ман даҳ ман» - гӯён ба амалҳои бузургтари хатарзо даст мезананд, ки оқибат ба ҷиноят бурда мерасонад. Аз ҳамин сабаб, роҳбарони синф ва падару модаронро лозим меояд, ки ҳар як тағйироти ҷузъиро дар рафтору кирдори фарзанд мушоҳида ва таҳти назорат қарор дода, зуд аз пайи пешгирӣ ва ислоҳи аъмоли ногувори онҳо гарданд. Чунонки аз таҷриба бармеояд, хонандагони душвортарбия роҳу амалҳои ба худ хос доранд. Яке аз ин гурӯҳҳо онҳоеанд, ки ё ба дарсҳо дер монда меоянд, ё дар ду-се соати машғулият иштирок мекунанду оҳиставу бесадо «ғайб мезананд» (яъне аз дарсҳо мегурезанд). Гурӯҳи дигар, нафароне мебошанд, ки нисбат ба ину он муаллим кинаю бадбинӣ доранд, дарсҳои онҳоро хуш намепазиранд, бо рафтору «нағма»-ҳои пардапӯшонаи худ аҳли синфро механдонанду низоми машғулияти омӯзгорро халалдор месозанд. Иддаи дигар, хонандагони коҳилу танбал буда, умуман, ба дарсҳо бе тайёрӣ меоянд ва ҳамеша ба пурсишҳои омӯзгорон нимғурма ва ба  таъбири мардумӣ «об дар даҳон» посух медиҳанд. Ҳамаи ин гурӯҳҳоро роҳбари синф бояд пайваста мавриди муҳокимаи васеи хонандагон, падару модарон ва маъмурияти мактаб қарор бидиҳад. Дар навбати худ, волидон бояд назоратро аз болои фарзандони худ пурзӯр намуда, ҷиҳати ислоҳи рафтору кирдори нохушоянди онҳо чораҳои қатъию ҷиддӣ биандешанд. Воқеан, тарбия раванди мураккабу мушкил ва бағоят нозук буда, дар ин  масир ба мавқею ҳадафи роҳу усулҳои тарбиявӣ ва таҳаммулгароию ба ифрот роҳ надодан дар самту шеваҳои таъсиррасонӣ ҷадал бояд кард. Бубинед, бо хонанда дар муомилаву муносибати одилонаи гуманистӣ қарор дошта бошем гуфта, набояд ӯро ба ихтиёри худ гузошта, «маззаро аз қайла» гузаронида,  он шогирдро «болои сар кунем». Ё баръакс, сиёсату таъзирро дар меҳвари фаъолияти роҳбарисинфии худ қарор дода, хонандаро ба тарсу ҳарос ва дилмондагӣ аз мактабу муаллим ва дарс мувоҷеҳ созем. Баъзе омӯзгорон аз таҳқиру тавҳин кор мегиранд, ки дар психология куллан иштибоҳ дониста шудааст. Аз ин рӯ, бо шогирдон  дар сатҳи баланди фарҳангию маънавӣ ва интеллектуалӣ муносибат бояд кард, бо донишу баёни андешаҳои фозилонаю оқилона, ки ҳароина аз андӯхтаву омӯзишҳои муттасили омӯзгор вобаста аст, нигоҳи хонандагонро ба омӯзиш, мактабу маориф ва зиндагӣ ба таври мусбат тағйир дод. Дар ин роҳ намуна будани роҳбари синф (омӯзгор) нақши муҳим мебозад. Омӯзгор бояд пурхонда ва дорои тафаккуру ҷаҳонбинии пешрафта бошад, вай метавонад, балки вазифадор аст, ки шогирдонро ба китобхона ва мутолиаи осори баландмазмуну дорои ғояҳои саршор аз одамият, ватандӯстӣ, эҳтироми калонсолон, қаҳрамонию ҷасурӣ, хайрхоҳию роҳатрасонӣ, гирифтани дасти дармондаю бечорагон ва амсоли инҳо ҷалбу талқин созад. Иҷрои ҳамин амалро ба волидон пайваста таъкид карда, зарурати харидани китобҳои бадеӣ ва ташкили китобхонаи  оилавиро хотиррасон намояд.
    Ҳамин омилро ба назар гирифта, соли сеюм аст, ки дар ҷумҳурӣ бо дастуру ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор мегардад, ки на танҳо дар масъалаи дарёфту тарбия намудани хонандагони сермутолиаву соҳибқобилият  аҳамияти калон дорад, балки ҳамчун намунаи ибрат ба хонандагони муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар хидмати бузургро иҷро карда метавонад.
    Ба андешаи мо, роҳи асосии пешгирии амалу кирдорҳои ношоистаи насли наврас ва ҷавонон, маҳз ба омӯзишу мутолиа фаро гирифтани онҳо мебошад.

  • Дида шуд: 238

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj