Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

 

     Фаъолияти хонанда дар мактаб, пеш аз ҳама, аз он вобастагӣ дорад, ки то кадом дараҷа ӯ ба коллективи нав  унс гирифтааст, ё худро дар ҳайати он чӣ тавр ҳис мекунад. Ин ба сатҳи мутобиқшавии он вобаста аст. Масъалаи мазкур саҳл набуда, ҳалли он калиди ҳамаи муваффақиятҳои хонанда аст. 
Ба ибораи дигар, ба ташаккули шахсияти хонанда, ҳамчун мафҳуми иҷтимоӣ, алоқамандии ногусастанӣ дорад.
    Мутобиқшавии кӯдак ба мактаб хамчун «ҳаммонанд шуданн шароитҳои тағйирёбандаи дохилӣ ва берунӣ» (1,17) асоси иҷтимоикунонии хонанда мебошад. Пӯшида нест, ки мақсади мактаб иҷтимоикунонии кӯдак аст. Ин мафҳум «ташаккули қобилияти шахсият барои ҳаётгузаронӣ дар  ҷамъият, дар асоси ахзудкунии арзишҳои аз тарафи умум эътирофшуда» мебошад. (2,439) 
    Умуман, барои ворид шудани кӯдак ба ҷамъият, яъне ба истилоҳ иҷтимоӣ шудан, бояд се марҳаларо тай намояд: мутобиқшавӣ, фардикунонӣ, ҳулули шахсият ба ҷомеа. (3,33) Инҳо механизмҳои ҳамкории инсон ва ҷамъият мебошанд. Агар амиқтар баён карданӣ шавем, кӯдак дар танҳоӣ ба мактаб мутобиқ намешавад. Он танҳо бо ҳамкорию  ҳамдастӣ ва дастгирию роҳбаладии педагог ё мураббӣ амалӣ мегардад, ки  ин раванд ҳамкории педагогӣ номида мешавад.
    Мутобиқшавӣ ҷузъи муҳими одаткунонӣ ба мактаб мебошад. Зеро ба мактаб омадан дигаргунии куллӣ дар ҳаёти кӯдак аст. 
Гузариш ба тарзи нави ҳаётгузаронӣ, яъне дар ҷамъият соҳиби мақом шудан, масъулиятнокӣ, доираи муносибатҳои байнишахсӣ, низоми муайяншудаи рӯзгузаронӣ (режими дарсҳо) барои кӯдак мушкилоти ҳам равонӣ ва ҳам ҷисмонӣ эҷод намуда, аз кӯдак неруи муайян, иродаю матонат талаб мекунанд. Чунин гузаришро аз синни томактабӣ ба синни хурди мактабӣ баъзан бӯҳрони хурдсолӣ ҳам меноманд. (1,223) Ин ба ибораи дигар синни бӯҳронӣ низ ном гирифтаст, ки баъдан тамоми давраи мактабиро дар бар мегирад. Л.С. Виготский онро «навъи нави ташаккули шахсият ва фаъолияти он» номидааст. Яъне тағйироти психикӣ ва иҷтимоӣ, пеш аз  ҳама, шуури хонандаро  муайян мекунанд.
    Мафҳуми «балоғати мактабӣ»-ро, ки ба ҳамин давра оид аст, равоншиносон  ҳамчун дастоварди кӯдак маънидод мекунанд, чунки дар мактаб дониш, маҳорат, малака касб мекунад, лаёқатҳо ҳосил менамояд, сифатҳои ақлонӣ, маърифатӣ ва рафторӣ пайдо менамояд.
    Муҳаққиқон омодагии кӯдакро ба мактаб асоси мутобиқшавӣ меноманд. Ба истинод ба ақидаи Л.И.Бонсович, мутобиқшавӣ ба бисёр омилҳо – муҳити оила, вазъи иҷтимоию иқтисодии он, ба боғча рафтан ё нарафтан, доираи фарогирии кӯдак (оилаи пурра ё нопурра, соҳибфарҳанг ё ғайр, хонаи бачагон ва амсоли инҳо), аз ҷумла, тайёрии психологии кӯдак ба  дараҷаи инкишофи психикии вай вобастагӣ дорад. 
    Ҳамзамон: 
    А) Таҷрибаҳои барвақти кӯдакӣ – ташаккули психика ва шаклҳои асоситарини рафтор; 
    Б) Институтҳои иҷтимоӣ – низомҳои тарбия, таълим ва маълумот; 
    В) Таъсири байниҳамдигарии одамон дар раванди  муошират ва фаъолият. (3,19) 
    Омили дигар ин аст, ки омодагӣ ба таълим дар мактаб вобаста аст  ба  сатҳи муайяни инкишофи фаъолияти фикрӣ ва рағбати он ба маърифатҷӯӣ, талабот, сатҳи водоркунӣ (мотиватсия)-и он, яъне омилҳое, ки одамро барои амал кардан водор менамоянд. (5,27) 
    Ин маънии онро дорад, ки мутобиқшавии кӯдак ба мактаб на аз маҳоратҳои механикию бешуурона, чун хонда тавонистану ҳисоб кардан, балки аз «балоғати иҷтимоӣ»   вобаста аст. Ин якчанд ҷиҳат дорад: 
    1) Ҷиҳати ақлонию зеҳнӣ (интеллектиуалӣ) - идроки мақсаднок, диққати мутамаркази равонакардашуда, тафаккури таҳлилӣ (қобилияти чизҳоро ҷудо кардан ва муайян намудани аломатҳои асосии онҳо, алоқаи байни онҳо, пайравӣ ба тимсолҳо, риояи қоидаҳо, муносибати оқилона ба воқеият), бахотиргирии мантиқӣ, шавқу завқ ба донишандӯзӣ, қобилияти дарки сухани гуфташуда, қавоиди нутқӣ, дарк ва истифодаи ишораҳо (символҳо) умуман, танзими биноӣ ва ҳаракат; 
    2) Ҷиҳати эмотсионалию водоркунӣ. Пеш рафта қайд карданием, ки мафҳуми «мотиватсия»-ро дар адабиёти педагогию психологӣ ба таври гуногун, аз ҷумла, «ваҷҳнокӣ» тарҷума кардаанд, ки ба андешаи мо,  аз ҳақиқати асл дур аст. Он ифодакунандаи «побуждение»-и русӣ буда, дар забони тоҷикӣ ба айнан «водоркунӣ» дуруст меояд. Яъне дастовардҳои кӯдак дар асоси устувории эмотсионалию иродавӣ, ҳамчунин инкишофи асосҳои водоркунии мактабӣ амалӣ мегарданд; 
    3) Ҷиҳати иҷтимоӣ. Талаботи кӯдак ба муошират бо ҳамсолон ва калонсолон, аз ҷумла, бо омӯзгорон, ки чунин шаклҳои муоширатро уфуқӣ (хонанда - хонанда) ва амудӣ (хонанда - омӯзгор), ҳамкорӣ, фаъолият фаҳмида мешаванд. Дар умум, фаъолияти таълимии хонанда ва дарачаи мутобиқшавии он ба мактаб  аз  фаъолияти томактабӣ ба пуррагӣ фарқ мекунад. Чунки фаъолияти томактабии кӯдак (манзур  фаъолияти пешбар аст, ки «бозӣ» буд) ба фаъолияти мактабӣ – таҳсил табдил меёбад. Ин намуди фаъолият азхудкунии донишҳо, маҳорату малакаҳоро дар назар дорад, ки аз тарафи кӯдакон барои муайян кардани ояндаи ҳаётиашон азхуд карда мешаванд. Дар ин давра аз рӯзҳои аввали таҳсил ихтилофҳои асосӣ, ҳамчун қувваҳои пешбарандаи инкишоф дар синни хурди мактабӣ, байни талаботи рӯзафзуни фаъолияти таҳсил ва инкишофи психикии кӯдак рӯй медиҳанд (5,13), ки ба мутобиқшавии кӯдак монеа эҷод менамоянд.
    Асосан мутобиқшавӣ омили психологӣ буда, тавре ки ишора карда шуд,  шуур, инчунин худбаҳодиҳӣ, диққат, хотира, мондашавӣ барин авомил ба он таъсир мерасонанд, ки дар зер мухтасар шарҳ дода мешаванд: 
    Маҳорати дурусти худбаҳодиҳӣ   ба рафторҳои худ, натиҷаи меҳнат дар ин бобат аҳамияти калон доранд. Ба ин муносибати бошуурона ба имкониятҳои худ, симои зоҳирӣ, ки хусусияти муҳими шахсият мебошад, низ дохил мешаванд. Маҳз чунин хонандагон хусусияти рӯҳбаландӣ, қисман маҳорати дарки ҳаҷву мутоиба, чораандешию хушсуҳбатӣ дошта, тез бо коллектив унс мегиранд. Кӯдаконе, ки сатҳи худбаҳодиҳиашон аз меъёр баланд аст, нисбат ба худ камталабанд. Онҳо аз атрофиён серталабӣ зоҳир менамоянд. 
Ин мушкилӣ боиси он мегардад,  ки онҳо бо атрофиён (аҳли мактаб) муносибати баробар ва некхоҳона барқарор карда наметавонанд.
    Педагог бояд сари ин масъала чораҳо андешад.  Дар муқоиса, онҳое, ки сатҳи худбаҳодиҳиашон паст аст, шармгин буда, ба қувваю маҳорати худ эътимод надоранд. Ин омил низ ба мутобиқшавии онҳо халал эҷод мекунад.
Идроки хонандагони синфҳои ибтидоӣ (аз 6-7 то 11-12-сола) ҳанӯз дақиқ нест. 
Тафриқаи идрок дар фаъолияти узвҳои ҳис - биноӣ, шунавоӣ номукаммал мебошад. Бо вуҷуди кунҷкову мутаассир будани онҳо идрокашон  пурра  шакл  нагирифтааст.
Диққати хонандагони синфҳои ибтидоӣ аз рӯи рағбати бевоситаашон  муайян карда мешавад, ки асосан диққати ғайриихтиёрӣ аст. Онҳо чизҳои барояшон рағбатнокро ба зудӣ фаро гирифта  наметавонанд, ки омили таъсиррасони  мутобиқшавӣ аст.
    Хотир дар синни аввали мактабравӣ аёнию тимсолӣ аст. Кӯдакон аз сабаби ҳанӯз бо донишҳои илмӣ муҷахҳаз набудан  ба маҳорату малакаҳои илман асоснок кам таваҷҷуҳ доранд, ё дар бобати азхуд кардани онҳо мушкилӣ мекашанд. Аз ин рӯ,  барои барҳам додани қориазёд ё азёдкуниҳои механикию  кӯр-кӯрона ба онҳо кӯмаки педагог зарур аст.
    Мондашавӣ ҳамчун як навъи  ҳолати психикӣ хоси онҳо мебошад. (5,173) Яъне ба кӯдакон асосан тезҳаракатӣ хос аст, ки қоидаю талаботи дохилимактабӣ онҳоро  ба ташаннуҷи равонӣ оварда мерасонад. Он бо хастагии ҷисмонӣ анҷом  пазируфта, кӯдакро аз қобилияти меҳнат бозмедорад, ҳарчанд ки ин марҳала кӯтоҳмуддат буда, то 2-3 моҳи аввал давом мекунад.
    Ва ниҳоят, ҳалли масъалаи мутобиқшавӣ ба ҷойгиршавии мақоми нави кӯдак дар шуури ӯ мебошад. Чунки «шуур – ин ҳастии даркшуда, ягонагии субъективӣ ва объективӣ мебошад.» (8,16)
    Бо ин мақсад омӯзгорон ё  мураббиён бояд бомаром, бе саҳлангорию саросемакорӣ кӯдаконро ба назорату тарбияи муназзам фаро гиранд. Он гоҳ ташаннуҷи равонии кӯдак паст гардида, ҳолати ҷисмониаш беҳтар мегардад ва бо эътимоду боварии том мушкилиҳои минбаъдаи айёми таҳсилро паси сар мекунад. 
Он гоҳ ноаён ба маҷрои таълиму тарбия ворид гардида, мутобиқшавӣ бидуни мушкилоти иловагӣ амалӣ мегардад. Ҳамаи ин, албатта, тавассути «самтгирии шахсият, ки системаи водоркуниҳоест, ки интихобӣ будани муносибатҳо ва фаъолнокии инсон»  мебошанд (9,12),    имконпазир хоҳанд гашт.
    Инчунин бачаро ба ҳайси объекти фаъол донистан ва тамоми хислатҳои ӯро омӯхтан, мушоҳидакору ҳассос будан, омӯхтани роҳҳои дурусти муомила ва иртибот бо кӯдакон (7,2) барин амалҳо ба мутобиқ гардидани кӯдак мусоидат менамоянд.

Адабиёт:
1.Большой  психологический  словарь. 
Мещерякова В.Г., Зинченко В.П. -М., 2003, 672 стр.
2. Маклаков А.Г. Общая психология. СПб, Питер, 
2008, 583 стр.
3.  Светличная  Л.В.  Педагогика  (Курс  лекции). 
-М., 2019, РУТ, 81 стр.
4. Tajik-russian-tajik Dicsionery, Setup.
5. Крутецкий В.А. Психология. -М.: Просвещение, 
1980, 352 стр.
6. Аткинсон Р.Л. и др. Введение в психологию. 
-М., 2003, 672 стр.
7.  Мухина  В.С.  Детская  психология. 
-М.:Просвещение, 1985.
8. Рубетнштейн С.Л. Основы общей психологии. 
Питер, 2002, 720 стр.
9. Войтина Ю.М. Конспект «Общая психология», 
litres.ru

  • Дида шуд: 231

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj