Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

 

 

    Бозиҳои компютерӣ ним аср пеш дар Донишгоҳи технологии Массачусетси ИМА пайдо гардидаанд. Аллакай дар соли 1961 барномасозон дар яке аз мэйнфрэймҳо аввалин дар ҷаҳон бозии компютериро ихтироъ карданд, ки номи  Space War-ро гирифт. Моҳияти бозӣ дар он зоҳир мегардид, ки гӯё ду киштии кайҳонӣ дар фазои монитор парвоз намуда, ҳамдигарро зери зарба қарор медоданд. Бозиҳои аввалини компютерӣ дар жанре ихтироъ гардида буданд, ки машҳур шуда натавонистанд. Зеро ки дар он давраҳо дар бораи компютери шахсӣ сухан намерафт.Ҳар техникаи  компютерӣ қариб коркарди махфӣ ҳисобида шуда, арзиши зиёди пулиро доро буд. Ин бозиҳоро барномасозон махсус барои худ омода карда буданд, то рӯзи кориро дар бозӣ кӯтоҳ кунанд.  
    Компютер торафт тавоно гардида, бозиҳо компютерӣ равшантар гардида, вазифаҳояшонро иҷро мекардагӣ шуданд. Дар бораи бозиҳои компютерӣ сухан ронда, мо ба хулосае  омадем, ки компютер дар таълиму тарбияи насли наврас омили беҳтарин мебошанд, агар мақсаднок истифода бурда шавад. Аммо ин фаҳмиши мо чандон дуруст набаромад, зеро ки бозиҳои компютерӣ ба ахлоқи ҳамида костагӣ ворид менамоянд.  
Бозиҳо дар навбати худ қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи ҳаёт ва фаъолияти иҷтимоии тамоми ноболиғон ва навҷавонон ба ҳисоб мераванд. Аммо мувофиқи андешаи педагогу психологҳо ба ин воқеият, ки қисми таркибӣ ва ҷудонашавандаи ҳаёти ҷавонон мебошанд, мутаассифона, диққати зарурӣ дода намешавад.  
    Алфред Адлер - психологи машҳур мегӯяд: «Ба бозӣ ҳамчун воситаи вақтгузаронӣ нигоҳ кардан нашояд, балки бозиро ҳамчун воситаи инкишоф бояд донист». Мувофиқи андешаи психологи дигар Кайнст, бозӣ барои бачагон баробарвазни суҳбат бо калонсолон мебошад.  
    Олимони донишгоҳи Толоку дар Япония ошкор намуданд, ки бозиҳои компютерӣ ба ҳамон минтақаи мағзи сар таъсир ворид менамоянд, ки вазифаи биниш ва ҳаракатро ба танзим медарорад. Аммо инкишофи дигар қисматҳои муҳими ҷисмро тавоно намегардонад. Бозиҳо инкишофи қисмати пешонаи мағзро манъ намуда, рафтори инсон, тамрини хотира, ҳаяҷон ва таълимро душвор мегардонанд.   
    Масъалаи нигоҳдории солимии насли наврас дар ҳама давру замон муҳаққиқонро ба ташвиш оварда буд ва масъалаи асосии илми педагогика ба ҳисоб мерафт.  Бозиҳое, ки таҳқиқотчиён ба онҳо ҳамчун дорои мазмуни зӯроварӣ, зоҳиркунандаи нафрат ва фишор баҳогузорӣ менамоянд, чун анъана,  хати аввали рейтинги бозиҳои машҳурро дар байни наврасон ишғол менамоянд. 
    Ҷавонони ба бозиҳои компютерӣ завқдошта, бештар ба хаёлот рафта, ҳаяҷон дар ҷисмашон афзоиш меёбад, аз ин ҳолат роҳи баромаданро ёфта натавониста, аз ҳаёт ва зиндагӣ дилхунук мегарданд ва ягона роҳи озодиро дар даромадан ба олами тахайюлот мебинанд.  
    Бояд қайд кард, ки дар ҳудуди 70% одамони калонсол бо сабаби аз ҳад зиёд истифода бурдан аз технологияи компютерӣ ва бозиҳои компютерӣ аз симптоми бемориҳои гуногуни чашм аъзият мекашанд. Таҳқиқоти баргузорнамудаи Антонит ва Меллон дар соли 2003 аз он шаҳодат медиҳад, ки машғул шудани ҷавонон ба бозиҳои компютерӣ сабаби асосии паст гардидани маърифати онҳо гардида, ҳамин тавр барои ноил гардидан ба ҳадафҳои шахсӣ ва ҳосил намудани муваффақият дар ин ё он соҳа монеъ мешавад. 
    Олимон аз ҳама диққати бештарро ба таъсири бозӣ ба фаъолияти таълимӣ, иҷтимоӣ ва солимии бозингар равона менамоянд. Бен Сойер, яке аз асосгузорони Конференсияи бозиҳои ҷиддӣ, дар ҳамкорӣ бо Питер Смит, ки дар Донишгоҳи марказии Флорида фаъолият менамояд, чунин меҳисобанд, ки тамоми бозиҳоро «ҷиддӣ» номидан мумкин аст.
    Таърихи пайдоиши бозиҳои компютерӣ ба пайдоиши версияи ибтидоии бозиҳои компютерии «Пинг» дар соли 1972 дар шакли бозиҳои компютерии теннис барои ду нафар робитаманд мебошад. Дар охир бозиҳои компютерӣ инкишофи ояндаи хешро ноил гардида, дар шакли барномаҳои гуногун ва диски устувор коркард гардиданд. Дар шароити муосир бозӣ ба беморие табдил ёфтааст, ки бештар дар нақлиёти ҷамъиятӣ мушоҳида мегардад, ҷавонон бо телефонашон банд шуда, ҳатто дарк наменамоянд, ки дар рӯ ба рӯяшон маъюбу солхӯрдае қарор дорад.   
    Дар шароити муосир барои тамоми инсоният пайдо намудани роҳ ва расонидани ёрӣ ба насли наврас, ки мубталои бозиҳои компютерии характери зӯроваридошта гардидаанд, барои одаткунӣ ба шароити тағйирёбандаи иҷтимоӣ-иқтисодӣ яке аз вазифаҳои мубрам табдил ёфтааст.   
    Дар соли 2009 даромади умумии ШМА аз фурӯши бозиҳои навори видиоӣ 20 млрд. долларро ташкил дод, аммо даромади умумӣ аз савдои ҷаҳонӣ бештар аз 110 млрд. мебошад, ки аз даромади умумии Голливуд ду баробар зиёд аст. Ба бозиҳои компютерӣ кӯдакону наврасон машғул шуда, на танҳо дар зери таъсири он мемонанд, балки бисёр чизҳои зараровар ва номатлубро ёд мегиранд.    
    Бозиҳои компютерӣ ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ дар қатори дигар воситаҳои аудиёӣ ва фазоии ҷаҳони муосир ҳарчи бештар дар инкишофи технологияи ахборӣ таъсир расонида, ба ҳаёти насли наврас ворид мегарданд. 
    Маҳсулоти индустрияи бозиҳои компютерӣ бештар категорияи гуногуни синнусолии одамонро фаро мегирад, ки ба он аз кӯдакон то калонсолон дохил мешаванд. Ҳушёрии сиёсӣ ва маърифатӣ баланди шаҳрвандӣ зарур аст, ки пеши роҳи ин омили зараровар ва номатлуб  гирифта шавад. Зеро он метавонад маънавиёт, психика, рафтор ва муносибати насли ҷавонро хароб намуда, дар ниҳоди насли наврас  тухми бадбинӣ, зӯроварӣ, миллатчигиро ҷой намояд.
    Тамошои филмҳои телевизионӣ, аз як тараф ва дар бозорҳои байналхалқӣ мавҷуд будани рақобати сахти технологӣ ва сершумории бозиҳои компютерии мазмуни агрессивидошта ташвиши аҳли ҷомеа ва волидонро ба вуҷуд овардааст. Бо афзоиши таъсири технологияи компютерӣ дар шуури инсони муосир анъанаҳое мушоҳида карда мешаванд, ки торафт рафтори наврасон характери агрессивиро дар худ мегирад ва бо онҳо торафт муносибат душвор мегардад.   
    Бозиҳои компютерии характери зӯроваридошта ба рафтору кирдор, ахлоқ ва муносибати ҷавонон таъсир расонида, онҳоро аз инсони муътадил ба ҷаллод, қотил табдил медиҳанд. Мубрамияти технологияи компютериро дар тамоми соҳаи ҳаёти инсонӣ дарк намуда, баъзе тарафдорони бозиҳои компютерӣ ва сайтҳои интернетӣ тасдиқ менамоянд, ки ин агентҳо метавонанд агрессияро дар одамони сустирода ба вуҷуд оранд, аммо иқтидоре надоранд, ки инсони муқаррариро ба қотил табдил диҳанд. Масалан, дар шарҳи бозии «Зидди қотил» қайд гардидааст: «Ту метавонӣ худро ҷанговари ҳақиқӣ дарк намоӣ. Ту худат  вазифаи судро метавонӣ сомон диҳӣ, дар ҳифзи қонунҳои бераҳмонаи олами ҷиноӣ истӣ, ё одатан куштани ҳар якеро, ки садди роҳи ту мегардад, анҷом медиҳӣ». 
    Таҳқиқи чунин мавзӯъҳо дар шароити муосир ба масъалаи мубрам табдил ёфта, ягон инсони солимақлро нисбат ба тақдири насли наврас ва ояндаи ҷомеа дар канор намегузорад. Ба ин кори муқаддас бояд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, тамоми вазорату кумитаҳо дастаҷамъона мубориза баранд. Тамоми тадбирҳои заруриро андешанд, то бозиҳои компютерии дорои характери зӯроварӣ, қатл, таҷовуз ва ташвиқу тағриби ҷангу нооромӣ ба дӯконҳои савдои Тоҷикистон ворид нагарданд ва ба саломатию тафаккури насли наврас осеб нарасонанд. 
    Зиёд гардидани ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, ноболиғон ба таври аёнӣ далели он мебошад, ки дар натиҷаи дилбастагии ҷавонон ба бозиҳои компютерии характери зӯроварӣ, хун, куштори бераҳмона, ҷанг дар ҷамъият амсилаи нави рафтори ҷавонон гардида, пайдо намудани роҳу усули бартараф намуданро талаб менамояд.   
    Дар солҳои охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳқиқот оид ба тарзи ҳаёти солим фаъол гардид, ки мисоли равшани он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад. Дар бораи бозиҳои компютерии характери зӯроваридошта Сирус Аҳмадӣ  дар соли 1999  таҳқиқ гузаронида, таъсири онро ба рафтори хашмонаи ҷавонон ошкор намуд.  
    Ин масъала инчунин аз ҷониби Ҷаъфар Дороӣ дар соли 2001 таҳқиқ гардид, ки ба омӯзиши фардии шахсият, рафтор ва хусусиятҳои оилавии кӯдакон ва наврасон таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Натиҷаи таҳқиқ нишон дод, ки қисми зиёди ширкаткунандагони бозиҳои компютериро хонандагони аз 13-сола боло ташкил медиҳад.   
    Муҳаққиқи дигар Насриддин Амин дар соли 2003 ба масъалаи «Таъсири бозиҳои компютерӣ ба дараҷаи инкишофи қаҳру ғазаб ва давомоти наврасон» кори арзандаеро ба сомон расонид. Лекин қисми зиёди таҳқиқи ӯ ба бозиҳои тахайюлии компютерӣ, ки дар Амрико ва Аврупои Ғарбӣ ниҳоят инкишоф ёфтаанд, бахшида шудааст. Таҳқиқотчии рус М.Б.Игнатев бозиҳои тахайюлии компютериро мавриди омӯзиш қарор додаст. 
    «Ҳаёти мо чист? Бозӣ!», замоне гуфта буд Шекспир. Драматурги бузург медонист, ки баъди садсолаҳо наслҳои нав ин гуфтаро ба ҳаёт муқобил мегузоранд, на баръакс?  Имрӯз миллион нафар одамон бо хоҳиши худ ба бозиҳои компютерӣ машғул гардида,  худро бо клавиатура мепайванданд ва тобеи воқеияти тахайюлӣ мегарданд. 
    Тамошои ҷангҳои ғоратгаронаи тахайюлӣ, зӯроварӣ, қатл, азоб ва шиканҷа ҷавонони ноогоҳро тобеи бозиҳои компютерӣ мегардонад. Пас аз он, ки бозӣ ба одат табдил ёфт, ҷавонон дигар аз олами бозӣ берун шуда наметавонанд. Ин раванд ва одаткунии ҷавонон ҳамеша дахолати педагогӣ ва психологиро хоҳон мебошад. Дар натиҷаи одаткунӣ ва тобеъшавӣ ба бозиҳои компютерӣ ҷисми онҳо ба беморшавӣ, фарбеҳшавӣ сар карда, баъзан системаи фаъолияти ҳаётии онҳо фаъолияташро қатъ намуда, ҷавонро ба марг мерасонад. 
    Бозиҳои компютерии дорои характери бераҳмӣ, ки инсонро тобеи худ мегардонанд, ба олами тахайюлӣ ворид месозанд, дар натиҷаи он инсон таҳкурсии инстинктиашро аз даст медиҳад: фазою вақт ва ҳаёту марг барои онҳо фарқ надоранд.   Онҳо қариб гӯё ба  касе кор надорад, танҳо ҳангоми пайваст гардидан бо компютер ва интернет ва оғоз кардани бозӣ худро тавоно, зӯр, қаҳрамон ҳис менамоянд. Чунин одамон ҳамеша нохушии рақибро интизоранд ва аз ҳар як бадбахтию нокомии дигарон илҳом мегиранд.   
    Олимони соҳаи педагогика ва психология дуруст дарк менамоянд, ки дар шуури ҷавонони мубталогардидаи бозиҳои компютерӣ тағйирот рӯй медиҳад. Онҳо андеша доранд, ки ҳар қадар инсон сахттар ба бозӣ дилбастагӣ пайдо намояд, ҳамон қадар таъсиррасонандаҳои берунӣ дар ӯ қаҳру ғазабро ба вуҷуд меоранд. 
   Аз ҷиҳати педагогӣ ва психологӣ чизи заруритарин барои инсон ва барқароршавии қувваю нерӯи харҷгардидаи ӯ хоб мебошад, аммо барои бозингари тахайюлӣ қотилони ин олам хобро нороҳат мегардонанд. Ақлу хиради бозингари олами тахайюлӣ, бозиҳои компютерии даҳшатнок дигар сигналҳои ҷисмашро шунида наметавонад. Ӯ оҳиста- оҳиста аз ин олами воқеӣ берун шуда, дар олами тахайюл ба худ ҷой пайдо менамояд.  
    Дар натиҷа дил ва рагҳои хунгард вазифаашонро гум карда, ҷисм хароб, шуур ва худидоракунӣ гум гашта, бофтаҳо ба ҳалокат мерасанд. Таъсири бозиҳои компютерии характери зӯроваридоштаро олимони соҳаи педагогика ва психология бо май ва маводи мухаддир наздик ва баробар меҳисобанд. Агар дар шароити муосир ба муқобили маводи мадҳушкунанда тамоми ҷаҳон мубориза барад, ба муқобили мубталошавии бозиҳои компютерӣ як қисми ночизи фаъолон кор мебаранд ва он проблемаи асосии таҳқиқи педагогӣ-психологӣ мегардаду халос.  
    Дар воситаҳои ахбори омма бештар дар бораи хатари телефонҳои мобилӣ ва компютер дар маҷмӯъ ва бозиҳои компютерӣ хусусан ба равон, солимӣ ва рафтори наврасону ҷавонон огоҳкунӣ мушоҳида мегардад. Воситаҳои ахбори омма моро огоҳ менамоянд, ки тобеъ будан ба бозиҳои компютерӣ ба ҳаёти одамони рӯи Замин таҳдид менамояд. Дар соли 2005 волидон мурдаи духтари хитоиеро пайдо намуданд, ки чанд шабу рӯз аз бозии компютерӣ набаромада буд. Дар соли 2007 ҷавони бритониёӣ аз сабаби он, ки волидон ба ӯ тамошои бозии компютерии “Halo 3”-ро маън намуданд, онҳоро бо туфанг ба қатл расонид. Ба наздикӣ дар шаҳри Уфаи Русия дар назди монитори компютер ҷавоне ҷон дод, ки бозии охирини худро дар  DotA мегузаронид ва аз сабаби дуру дароз беҳаракат дар паси монитор қарор гирифтан узвҳои ӯ канда гардида, ба марг расид.   
    Дар мамлакати мо муҳиммияти ин масъаларо дарк намуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» қабул гардидааст, ки яке аз мақсадҳои он ба танзим даровардани масъулияту рисолати волидон дар тарбияи фарзанд ва беназорат нагузоштани фарзандон дар марказҳои дилхушӣ мебошад.

  • Дида шуд: 240

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj