Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

 

 

 

    Бо пайдоиши шабакаи интернет ва густариши он дар саросари ҷаҳон раванди иттилооърасонӣ хеле осон гардид. Зеро интернет марзҳоро қабул надорад ва як фазои озоду танзимношуда аст, дар он мо бо тамоми намуди иттилоот, яъне маълумоти дурусту нодуруст ва  мусбату манфӣ дучор мегардем. 
Муошират тавассути  интернет дар байни тамоми табақаҳои аҳолӣ, махсусан наврасон ва ҷавонон, хеле маълуму машҳур гаштааст.
    Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ворид намудани технологияи компютерӣ ба муассисаҳои таълимӣ ва амалӣ намудани барномаҳои давлатии компютерикунонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ таваҷҷуҳи зиёд дорад. Зимни дар амал татбиқ намудани технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ таъмини амнияти иттилоотӣ ва умуман амнияти миллии давлат бояд дар мадди аввал бошад. Таҳлили таҷрибаи баъзе давлатҳои минтақа ва ҷаҳон нишон медиҳад, ки гурӯҳҳои муайяни ифротгаро барои дар байни сокинони мамлакат, махсусан ҷавонону наврасон, паҳн намудани ғояҳои зӯроварӣ ва террористиву экстремистӣ аз имкониятҳои шабакаи иттилоотиву коммуникатсионӣ, аз ҷумла, шабакаи интернет, васеъ истифода менамоянд.
    Дар интернет, махсусан дар шабакаҳои иҷтимоии он, машғулиятҳои шавқовару саргармкунанда, монанди муносибат бо дӯстон ва пайдо кардани “дӯстон”-и нави интернетӣ, навору аксҳои хушҳолкунандаву хандаовар, хабару гузоришҳои нав ба нав аз тамоми гӯшаву канори дунё, бозиҳои гуногунжанр, забономӯзӣ, китобхонӣ ва ғайраро метавон дастрас кард. Аммо ҳамаи ин дастовардҳо, ки насли наврасро бидуни ихтиёр ба худ ҷалб месозанд, ҷанбаҳои манфӣ низ доранд. Яъне, кӯдакон ва ҷавонон метавонанд дар шабакаҳои иҷтимоӣ “дӯстон”-и бад пайдо намоянд, аксу наворҳои экстремистиву террористиро тамошо кунанд, хабарҳои бардурӯғро дарёфт намоянд, ки ин метавонад онҳоро аз масири дурусти инсонгароӣ хориҷ гардонад.
    Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар таъкид намуданд: «Имрӯзҳо шабакаи интернет, мутаассифона, аз ҷониби гурӯҳҳои террористиву ифротгаро бо мақсади таблиғи ғояҳои экстремистӣ, ба сафи худ ҷалб намудани аъзои нав, омода ва роҳбарӣ кардани онҳо ба аъмоли харобкорона ба таври густарда истифода мешавад.» 
    Воқеан, гурӯҳҳои ҷиноятпеша дар шабакаҳои интернетӣ бо сӯйистифода аз дину мазҳаб ҷавононро барои шомил шудан ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву террористӣ даъват менамоянд. Пешвои миллат дар ин бобат дуруст қайд намуданд: «Ба номи дини мубини ислом анҷом додани амалҳои террористиву ифротгароӣ имрӯз ба як зуҳуроти бисёр нангин ва ташвишовар мубаддал гардидааст.» 
    Агар ба дини ислом назар намоем, мебинем, ки ислом ба чунин падидаҳои номатлуб комилан зид буда, ҳамеша онро зери тозиёнаи танқид гирифтааст: «Дар дин иҷбор (ҷабр кардан) раво нест», фармудааст Худованд дар ояти 256-уми сураи Бақара. Агар ба ояти мазкур диққат карда шавад, маълум мегардад, ки маҷбурсозӣ, шиканҷа, қатлу ғорат, тахрибкорӣ ва махсусан «ҷиҳод»-и имрӯзаи гурӯҳҳо, аҳзоб ва созмону ҳаракатҳои ба ном «исломӣ», ки шиори меҳварии онҳост, фитна ва роҳи ғалат буда, ҳеч иртиботе ба дини ислом надорад. Зеро ҳамаи мо суханони Паямбари ислом  Муҳаммад (с)  «Беҳтарин ҷиҳод ҷиҳод бо нафс аст» ва «Хидмати падару модар ҷиҳод дар роҳи Худованд аст»-ро хуб медонем. 
    Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки 70 фисади ҷавононе, ки ба чунин гурӯҳҳо шомил шудаанд, маҳз аз рӯйи паст будани фарҳанги истифодабарии интернет ва сомонаҳои иҷтимоӣ гумроҳ шудаанд. Аз ин лиҳоз, баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва фарҳанги муносибат бо интернет ҷиҳати мубориза бо зуҳуроти номатлуб шарти муҳим аст.
    Фиреби бештари ҷавонон аз содадилии онҳост. Зеро бештари онҳо бо хондани шиорҳои авомфиребонаи эҳсосбарангез «саҳм»-и худро дар «посдорӣ»-ву «интишор»-и дин гузоштан мехоҳанд, бехабар аз ин, ки худ аллакай гумроҳ шудаву дину мазҳабро канора гузоштаанд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш борҳо таъкид месозанд, ки «нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолу озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ расем.» 
    Аҳамияти интернет барои инсоният хеле бузург аст, аммо пайдоиш ва рушди унсурҳои номатлуби ба он алоқаманд моро водор мекунад, ки ташвиқгари истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет бошем.
    Мо ба муҳимтарин омилҳои манфиатноки шабакаҳои иҷтимоӣ ва таҳдиду хатарҳои он мухтасар ишора мекунем.
    Фоидаҳо аз истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ метавонанд инҳо бошанд: 
    -робитаҳои инсонӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва ғайраро дар фазои маҷозӣ созмондиҳӣ мекунад; 
    -имконияти таблиғу муаррифии таъриху фарҳанг ва рушди туризмро муҳайё месозад;  
    -дар васеъ гардидани сатҳи ҷаҳонбинӣ ва азхуд кардани донишҳои замонавӣ мусоидат мекунад ва ғайра.
    Таҳдидҳо ва омилҳои манфии шабакаҳои иҷтимоиро метавон ба чунин бахшҳо ҷудо намуд: 
    -даъват ба нифоқу амалҳои носазо;  
    -тарғиби фаҳшу амалҳои ғайриахлоқии дигар; 
    -ба ҳаёти маҷозӣ сахт вобаста шудан, ки боиси аз байн рафтани меҳру муҳаббат нисбат ба оила ва ҷомеа мегардад; 
    -зуд паҳн кардани ахбори дурӯғ, омили пош хӯрдани оилаҳо ва ғайра.  
     

      Бо назардошти ҳамаи ин омилҳо аҳли ҷомеа ва махсусан муассисаи таълимӣ ва аҳли оиларо лозим аст, ки чораҳои зарурӣ андешида, вазифаҳои зеринро мудом зери назорат гиранд: 
    -фарҳанги истифодаи дуруст ва мақсадноки интернет; 
    -маҳдуд намудани имконияти ноболиғон  барои дастрасӣ ба унсурҳои номатлуб; 
    -назорати доимии фаъолияти фарзандон дар шабакаҳои иҷтимоӣ; 
    -фаҳмонидани оқибатҳои манфии истифодаи нодурусти шабакаҳои иҷтимоӣ; 
    -танзими меъёри муайяни истифодаи  интернет ва ғайра. 

    Омилҳои манфии таъсиррасонии шабакаи интернет дар надонистани фарҳанги истифодаи он аст. Риояи фарҳанги истифодаи он имкон хоҳад дод, ки муносибати ҷомеа бо интернет танзим ва таҳким ёбад ва ҷавонон дар рӯҳияи одобу ахлоқи пок ва миллатдӯстиву меҳанпарастӣ тарбия гиранд.

  • Дида шуд: 297

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj