Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Рафти машғулият: Омӯзгор наврасонро ба гулгашт ё ин ки қитъаи ҳавлӣ мебарад ва мегӯяд: -Бубинед, гулгашт (қитъаи рӯйи ҳавлӣ ё пайроҳа) имрӯз чӣ хел зебост. Чӣ  хел дарахтон, рустанию алафҳои зебо, ин ҷо хеле сокиту ором, табиати гирду атроф хеле покизаву назаррабост. Бачаҳои азиз, кӣ ҷавоби ин чистонро меёбад?
Ман дар хонаи зебое ҳастам,
Аз гиёҳу себаргаҳояш мастам.
Парандаю ҳайвонҳои хуб дорад,
Хуршедаш бар мо гармӣ орад.
Канӣ гӯед, хона чӣ ном дорад?(Табиат)

Мақсади шиносоӣ бо табиат ташаккул додани тасаввуроти хонандагон  барои тозаю озода нигоҳ доштани табиати зинда ва дар хусуси сабзишу парвариши рустаниҳо ба онҳо маълумот додан мебошад. Ҳамчунин омӯзонидани фарқияти растаниҳо аз рӯйи барг, гул, мева ва манфиати онҳо барои инсон, мустаҳкам ва васеъ гардондани тасаввурот оид ба парандаҳо (хонагӣ, муқимӣ, мавсимӣ), тарзи ҳаётгузаронӣ ва зиёдшавии насли онҳо, васеъ намудани доираи дониши бачаҳо оид ба ҳайвонҳо (хонагӣ, ваҳшӣ, ваҳшии даранда), аломатҳои хоси зоҳирӣ ва хислатҳои хоси онҳо, такмил додани фаҳмиши кӯдакон оид ба ҳашарот ва фаҳмондани алоқаи байниҳамдигарии мавҷудоти зинда (растанӣ, парандаҳо, ҳайвонҳо ва одамон) дар табиат ба ҳадафҳои он созгор мебошанд.
Инсонҳо дар кадом ҳолате, ки набошад ва дар ҳар куҷое, ки зиндагӣ кунад, ба табиат ва ҳастиҳои он эҳтиёҷ доранд. Бе табиат ҳаёт дар ягон давру замон пойдор буда наметавонад, зеро ҳастии ҳар як ҷисми зинда ба обу хок, боду оташ, гулу гиёҳ, набототу ҳайвонот ва растаниҳо алоқамандӣ дорад.
Хонандагон бояд дар бораи табиати маҳалли зисти худ нақл кунанд. Бештари маҳал, ноҳия ва давлатҳоро аз рӯйи хусусиятҳои табиати онҳо, аз қабили дарё, кӯл, кӯҳ, муҳити атроф, обу замин ва набототу ҳайвоноташ хуб шиносанд. Хусусиятҳои хоси табиати Тоҷикистонро гуфта тавонанд ва ғайра.
Қисми зиёди сарзамини мо - Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯҳсор буда, масоҳати ками онро ҳамворӣ ташкил медиҳад. Бо вуҷуди ин, манзараҳои зебо, обҳои мусаффо, боду ҳавои форам ва заминҳои ҳосилхезу офтоби ҷонбахши он машҳури ҷаҳон гаштаанд. Дар давоми сол рӯзҳои офтобӣ дар Тоҷикистон бештаранд. Аз ин хотир, кишвари моро Тоҷикистони офтобрӯя мегӯянд.
Ташаккули тасаввуротҳо дар бораи табиати ғайризинда: мушаххас намудан ва такмил додани маълумоти наврасон оид ба об, ях, барф, борон ва гузаштани онҳо аз як шакл ба шакли дигар; васеъ кардани донишҳо оид ба ҳодисаҳои табиат (шамол, гармию хунукии ҳаво, обхезӣ, сел, заминларза); омӯзонидани мустақилона мушоҳида намудани ҳодисаҳои табиат ва дигаргуниҳои он дар фаслҳои гуногуни сол, такмил додани фаъолияти фикрронӣ ва хулосабарории наврасон.
Омӯзонидани мушоҳидаи дигаргуниҳои табиат дар фаслҳои тирамоҳ, зимистон, баҳор, тобистон ва муайян карда тавонистани тағйироти олами набототу ҳайвонот, фаъолияти меҳнатии одамон.
Тарбия намудан меҳру муҳаббат ба табиати муҳити зист ва маҳорати дида тавонистану ҳаловат бурдан аз зебоиҳои табиати кишвар.
Додани маълумот дар бораи «Китоби сурх»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мувофиқи имконият нишон додани он.
Мустаҳкам намудани дониши наврасон дар бораи растаниҳои маҳаллӣ, фарқ карда тавонистани онҳо аз рӯйи барг, гул, ранг. Шинохти дарахтон, буттаҳо ва навъҳои дарахтони мевадиҳанда.
Хок низ ҳастии табиат ва эҳёгари тамоми мавҷудоти олам аст. Ин сарвати бебаҳо имконият медиҳад, ки ҳамаи ҳастиҳо аз он пурбор гардида, растаниҳо дар он рӯянду сабзанд, ба воя расида, гулу мева ва бор оранд. Ҳамчун маъхази бузург тамоми хубию ифлосиҳо ва ҷисмҳои фавтидаи одамону ҳайвоноти талафёфта низ дар қаъри замин ниҳонанд, ки моро аз вайроншавии обу ҳаво эмин медоранд.
Ҳавои тоза манбаи осоиши ҷисмҳои зиндаи рӯйи Замин аст. Аз ҳавои тоза нафаси бароҳат мегирем, нашъунамо меёбем, солиму осуда зиндагӣ мекунем. Бад будани ҳавои муҳит ба бемориҳо оварда мерасонад. Мавҷудоти табиати атроф низ ба тозагии обу ҳаво ниёз доранд. Бо сардии ҳаво дар хоби ноз мераванду бо фаро расидани фасли баҳори дилангез аз нав бедор мегарданд.
Сарватҳои зеризаминӣ низ яке аз захираҳои бузурги табиатанд, ки инсоният пайваста аз онҳо истифода мебарад ва ҳаёти хешро рангину пуртароват мегардонад. Гулу гиёҳҳо, ки ҳамагӣ дар ҳолатҳои гуногун ҳамчун манбаи дору истифода мешаванд, аз ҳастиҳои табиатанд. Модоме, ки ин хама ашё манбаҳои табиатанду инсониятро бузургӣ мебахшанд, чӣ гуна метавон барои зиёд намудану озода нигоҳ доштани онон кӯшид? Чӣ гуна метавон табиати нодирро чун атои Офаридгор напазируфт? Чӣ гуна метавон дар ободии он накӯшид, ки ҳаёт саросар ба он эҳтиёҷ дорад?
Масалан, дар доманаи кӯҳу теппа ва ҳамвориҳо дарахтони арча, писта, бодом ва чормағз мерӯянд. Дар назди ҳавлӣ ва водиҳо бoғҳoи дилкушо мавҷуд буда, дар онҳо дарахтони себу анор, ноку ангур, гелосу олуча, олую шафтолу, хурмою зардолу парвариш карда мешаванд. Табиати кишвари мо барои рӯёнидани ҳосили фаровони ғaллaдонагиҳо, сабзавоту зироатҳои полезӣ мувофиқ аст. Гулу гиёҳҳои шифобахш, олами набототу ҳайвоноти гуногун табиати кишвари моро рангин мекунанд.
Ҳамчунин дар кӯҳҳои Тоҷикистон филизоти ранга (тилло, нуқра), ангиштсанг, мис, қурғошим, сурма, оҳаксанг ва сангҳои қиматбаҳо хеле зиёданд. Кӯҳҳои Бадахшон бо баландӣ ва табиати зебои худ дар ҷаҳон машҳур мебошанд. Дарёҳои калонтарини Тоҷикистон - Сир, Панҷ, Вахш, Зарафшон, Варзоб аз пиряхҳои дар кӯҳҳо мавҷудбуда, чашмаҳо ва барфу борон сарчашма мегиранд. Кӯлҳои аҷиб аз қабили Искандаркӯл, Сарез, Рангкӯл дар баландиҳои гуногун ҷой гирифта, манзараи кӯҳсорро боз ҳам зеботар гардонидаанд.
Ҳар яки мову шумо - шогирдони азизро қарзи бузурги инсонӣ он аст, ки кулли мавҷудоти табиати нодирро чун гавҳараки чашм нигоҳ дорем. Дар ободонӣ ва озодагии маҳалу атроф кӯшиш намоем, баҳри афзудани манбаъҳои бузурги табиӣ ҷаҳд кунем ва нагузорем, ки табиат рӯ ба завол орад. Ободии кишвар ва тозагии муҳити зист танҳо ба одамон вобастагӣ дорад ва эҳтироми табиату манбаъҳои он қарзи ҳар як инсони покниҳод аст.
Мутаассифона, дар зиндагӣ нафароне ҳам ёфт мешаванд, ки нисбат ба манбаъҳои табиат беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Оби дарёву чашмаҳоро ифлос мегардонанд, дарахтонро решакан, гулу гиёҳҳоро поймол мекунанд, бо сӯзишвориҳои ғализ ҳавои гирду атрофро ифлос мегардонанд, насли ҳайвонҳои ваҳширо, ки дар ҷангалзорҳо ҳаёт ба сар мебаранд, аз байн мебаранд. Ин  гуна одамон танҳо барои манфиати худ ба чунин корҳо даст мезананд ва дар бораи рӯ ба талафот овардани табиати атроф фикр намекунанд. Ин гуна одамонро бояд ҳамеша назорат кард ва фаҳмонд, ки нисбат ба табиат ва боигариҳои он мулоҳизакор бояд бошанд. Зебоиву бузургии табиат, самарабахшии ҳар як ҳастии табиат боиси ҳаёти осудаҳолона ва тозагии муҳити зисти мо мебошад.
Агар атроф тозаву озода, муаттару дилнишин бошад, табъи кас болидаву хотир осуда мегардад. Набототу растаниҳо, ки асоси зебоиҳои  табиатро ташкил мекунанд, ҳамеша ба нигоҳубини дурусти инсоният ниёз доранд. Агар мо онҳоро хуб парвариш намоем ва аз зебоиҳояшон истифода барем, хотирамонро болида мегардонанд. Агар обҳоро чун сарвати бебаҳо сарфакорона истифода барему тозаву мусаффо нигоҳашон бидорем, манбаи пайдоиши нуру зиё ва зебоии оламу одам мегарданд. Агар захираҳои табиатро муқаддас ҳисобему онҳоро сарфакорона истифода барем, зиндагиамон ободу зебо ва хотирмону дилпазир хоҳад гашт. Агар ҳайвоноти ваҳшию хонагиро хубтару бештар парварем, онҳо дар ҳаёти ҳаррӯзаамон мададгор хоҳанд гашт.
Муназзам кор кардан бо луғат. Тавсия мешавад, ки луғатҳои нав дар машғулияти навбатӣ дар ҳолатҳои гуногун - гуфтан, шунидан, хондану навиштан - мунтазам ва такроран истифода шаванд. Ин имконият медиҳад, ки хонандагон калимаҳоро дар хотир гиранд ва бамаврид истифода баранд. Масалан:
Caнгҳои қиматбаҳо - сангҳое, ки барои ороиши биноҳо, роҳравҳо ва сохтани ҷавоҳирот истифода мешаванд.
Гиёҳҳои шифобахш - рустаниҳое, ки ҳамчун доруворӣ барои табобати бемориҳо истифода мешаванд.
Истифодаи оқилона - ба маънои сарфакорона ва эҳтиёткорона ё ин ки хуб истифода бурдани ашё (чиз) ва ғайра.
Хулоса, табиат чун омили бузурги идомаи ҳаёт дар тамоми давру замон ба дастгирии одамон ниёз дорад. Мо низ чун мавҷудоти зинда бе дигар унсурҳои он озодона умр ба сар бурда наметавонем.
Кишвари офтобрӯяи азизамон Тоҷикистон бисёр табиати бузургу нодир дорад, ки барои васфаш садҳо китоб ҳам кам аст. Табиати атрофро ба чатри сояафкани бузурге метавон ташбеҳ дод, ки инсониятро аз гармову боришоти зиёд эмин медорад ва агар ба тозагии он хуб риоя намоем, моро аз бемориҳо дур месозад ва дар паноҳи гулу гиёҳ ва дарахтони сарбаландаш мепарварад. Ва мардуми моро  хуб ҳикмате ҳаст: «Тозагии муҳити зист  гарави  саломатист».

• Дида шуд: 1901

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj