Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Вожаҳои ифодагари вазну ченак дар таркиби луғавии забони тоҷикӣ мавқеи хосса дошта, омӯзиши ин бахш ба мукаммал гардидани қисмати лексикология замина фароҳам меорад ва дар ин росто бисёр масъалаҳои баҳсталаби мансуб ба  вожаҳои ифодагари вазну ченак, шаклу ифодаи маъноии онҳо, пайдоиш ва дараҷаи густариши онҳо дар забони адабӣ ва гуфтугӯӣ ҳалли худро меёбад.
Аз омӯзиши адабиёти илмӣ бармеояд, ки тасаввуроти мардуми тоҷик дар бораи калимаҳои ифодагари вазну ченак васеъ буда, дар ифодаи вазну ченак мавқеи калимаҳои худӣ хос ба назар мерасад. Ҳангоми омӯзиши таъриху фарҳанги мардуми мо муҳаққиқони рус И.Н.Березин, Г.А.Арандаренко, И.П.Минаев, Н.Юхновский, А.Е.Снесарев дараҷаи истифода ва дарки маъноии ин қабил калимаҳоро миёни мардуми кӯҳистони Тоҷикистон (Дарвозу Рашт) мукаммал арзёбӣ намудаанд.
Мушаххасии ифодаи вазну ченак дар забони куҳантаърихи мо мавқеи муҳимро касб менамуд.  Роҷеъ ба мавзӯи мазкур дар забоншиносии тоҷик ба таври алоҳида пажӯҳиши мукаммали илмӣ сурат нагирифтааст. Аз ин рӯ, баррасӣ ва таҳқиқи мавзӯи мазкур яке  аз масъалаҳои муҳими забоншиносии муосири тоҷик ба ҳисоб меравад. Бо назардошти ин, вобаста ба ифодаи маъноӣ ва дараҷаи корбурд таснифи чанде аз вожаҳои арабии мансуб ба вазну ченакро раво донистем, ки онҳо дар  адабиёти классикӣ мавриди истифода қарор гирифтаанд.
Аз баррасии адабиёти фарогири ин мавзӯъ бармеояд, ки дар ифодаи вазн  калимаҳои зиёди арабӣ, аз қабили  ҳабба, ҳиммаса, ҳоин, турмуса, убулот, қартулӣ, футил, ҷавза, фаланҷор, ратл, сайъун, уруза, ҳоин, хус, турмуса, убулот, толиқун, қафиз, қиёсо, қирот, толун, осор,  нашш, садафа, ғаромо, ҷарра, ҷарҷир, соъ, ямино, ҷиллаваза, қутулӣ, курама, фаланҷор,  убулус, уксубофун, тассуҷ, сукурраҷа ва ғайра дар забони тоҷикӣ корбаст шудаанд, ки таҳқиқи ифодаи маъноӣ, дараҷаи истеъмоли ин калимаҳо аз аҳамият холӣ нест.
Мавқеи истифодаи калимаҳои иқтибосии арабии ифодагари вазну ченак дар забони тоҷикӣ нисбат ба дигар иқтибосот устувор ба назар мерасад. Вобаста ба имконоти луғавӣ ифодаи маъноии ин қабил калимаҳо гуногун мебошад.
Калимаи арабии хардалро  дар адабиёти классикӣ фаровон мушоҳида менамоем, ки дар ифодаи маъно якранг ба назар намерасад: Аз тезии хардал даҳонаш сӯхт. (Авфӣ)  Касеро бишунидӣ, ки дар мазҳаба ӯ хардале наҳс ҳаст, ӯро муҳобо накардӣ ва бар дор кашидӣ  (Аз «Маҷмаъ-ул-асноб»)
Маёзор омӣ ба як хардала,
Ки султон шубон асту омӣ-гала. (Саъдӣ)

Хардала (а) - миқдори вазнест баробари тухми хардал (горчитса), ки иборат аз 0,25 шаира аст, яъне ба 0,043 гр баробар аст.
Вожаи хардал ё хардала аз анвои рустанист, ки дар забонҳои форсӣ, тоҷикӣ ва арабӣ то имрӯз муштарак буда, донаи бисёр хурди зардранг ва маззаи тунду тез дорад ва  дар саноати хӯрокворӣ ва тиббӣ истифода мешавад. Муҳаққиқ Фарангис Шарифова  истифодаи ин вожаро дар адабиёти классикӣ дар мисоли  «Кашфулмаҳҷуб»-и Ҳуҷвирӣ баррасӣ намуда, аз ин асар иқтибос овардааст, ки ифодаи маъноии онро аён месозад:  «Ҳақиқат маърифати иттилои халқ аст бар асрор, бад-он чи латоифи анвори маърифат бад-он пайвандад, яъне то Ҳақ таоло ба инояти худ дили бандаро ба нури худ наёрад ва аз ҷумлаи одатҳо назудояд, чунон ки мавҷудот мусаббаботро андар дилаш ба миқдори хардала вазн намонад ва мушоҳидоти асрори ботин вайро ғалаба накунад.»
Калимаи арабии ратл низ дар адабиёти классикӣ фаровон ба назар мерасад.  Ратл (а) - муарраби юнонии «Iitron». Ченаки вазн, ки дар қадим дар мамлакатҳои Шарқи исломӣ аз ҳама маъмултар буд. Ратлро  муодили 12 уқия гуфтаанд. Ратли расмӣ ратли Бағдод буда, он муодили 406,25 грамм  мебошад.
Хез, аз майи қадим маро сер кун ба ратл,
Бигзар аз ин ҳадис, ки як серу як ман аст.

(Анварӣ)
Калимаи ратл дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» чунин шарҳ ёфтааст:
«Ратл I а. кҳн. воҳиди андозагирии вазн, ки ба 449,28 гр баробар аст.»     Калимаи ратл ба ин маънӣ дар адабиёти классикӣ ба назар мерасад: Дар Миср қатҳу ғалои азим рӯй намуд, ратле нон ба як дирам мехариданд.  (Равзатуссафо)
Ратл II а.  пиёла, паймона, ҷом, қадаҳ, пиёлаи шароб. Дар осори Анварӣ ин калима ба ҳамин маъно ба назар мерасад:
Бигзар аз ин ҳадис, дар ин боб дам мазан,
К-ин фасл вақти ратли шароби дамодам аст."

Дар осори Ҳофиз ва Хусрави Деҳлавӣ чун ҷузъи асосии ибораи изофӣ омадани калимаи ратлро мушоҳида менамоем:
Роҳе бизан, ки оҳе бар сози он тавон зад,
Шеъре бихон, ки бо он ратли гарон тавон зад.

( Ҳофиз)
Матои умр, ки бар бод меравад аз даст,
Нигар, ки лангари ратли гарон тавонад дошт.

(Хусрави Деҳлавӣ)
Дар «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ  калимаи ратл  ба шакли ритал истифода шудааст:
Якояк бисанҷему созем тал,
Або гавҳарон ҳар яке се ритал.

Калимаи арабии мисқол  дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» чунин шарҳ ёфтааст:
Мисқол а. 1. кҳн. воҳиди ченаки вазни чизҳои майда, ки асосан ба 4,68 гр. баробар буд.  2. санги тарозу.
Ин калима дар осори Фирдавсӣ  истифода шудааст:
Ду будӣ ба мисқол ҳар як ба санг,
Яке донаи нор будӣ ба ранг.

Ба сифати ҷузъи асосии ибораи изофӣ омадани ин калимаро низ дар осори Фирдавсӣ мушоҳида намудем:
Куҷо санги ҳар мӯҳрае буд ҳазор,
Зи мисқоли ганҷӣ чу кардам шумор.

Дар осори Низомӣ ва Убайди Зоконӣ низ ин калима корбаст шудааст.
Ба хони зар ниҳодандаш фаропеш,
Ҳазору ҳафтсад мисқол не, беш.

(Низомӣ)
Ба маънои санги тарозу:

Бувад чу ҷуди ту санҷанд хозинони дарат,

Тарозуяш фалаки атласу замин мисқол. (Убайди Зоконӣ)
Умуман, ченаки мушаххаси калимаи мисқол дар адабиёти илмӣ ва осори шоирону нависандагон якранг ба назар намерасад.
Муҳаққиқи рус Е.А.Давидович дар асоси маводи мансуб ба асрҳои ХVII-ХVIII  дар вилоятҳои Самарқанду Бухоро ба 4,7 грамм баробар будани мисқолро муайян намудааст.
Дар шакли сохта ба маънои матои нафиси сабук истифода шудани онро мебинем:
Зи каттону мисқолии хонабоф,
Зада кӯҳа ба кӯҳа чун кӯҳи Қоф.

(Низомӣ)
Калимаи арабии ифодагари вазн ҳабба дар ду шакл: ҳабба ва ҳаббат ба назар мерасад. Ин калима дар фарҳанг чунин шарҳ ёфтааст:
Ҳабба а. кҳн. 1. як доначаи ғалла. 2. маҷ. миқдори бисёр кам аз чизе. 3. таър. воҳиди вазн, ки баробари 1/48 дирҳ ам мебошад (миқдори як ҷави миёна); воҳиди хурди пул. 4. паймоиши масоҳат дар баъзе мамлакатҳои араб (1/72 фаддон ё 58, 3 метри мураббаъ).
Дар «Хазинаи тибби қадим» калимаи ҳабба  омадааст: «Миқдори вазнест иборат аз миқдори ду ҷави миёнаҳаҷм, ки ба 0,344 грамм баробар аст».
Ин калимаро дар осори Саъдӣ ва Ҷомӣ дучор омадем:
Агар ҳаббае зар зи дандони гоз,
Биуфтад, ба шамъаш биҷӯянд боз.

(Саъдӣ)

Гар камандаш  зи панҷа панҷа ангушт,
Надиҳад ҳаббае бурун аз мушт.

(Ҷомӣ)
Калимаи арабии қиста ба маънои  ҳисса, насия, бахш, ҳиссае аз чизе, саҳм дар адабиёти бадеӣ ба назар мерасад:
Туӣ, ки аз раҳи ташбиб қисти рӯзии халқ,
Ба дасти туст, гар афрозию агар коҳӣ.

(Заҳири Форёбӣ)
Гӯӣ (сарзамини Бухоро) қисти маъмураи олам аст.
(Аҳмади Дониш)
Албатта, дар доираи як мақола баррасӣ намудани хусусиятҳои забонӣ ва нишондоди дараҷаи истифодаи калимаҳои иқтибосии арабии ифодагари вазн дар адабиёти соҳаҳои гуногуни мансуб ба забони тоҷикӣ аз доираи имкон берун мебошад. Бо назардошти ин, дар оянда мавриди омӯзиш қарор додани  ин навъи калимаҳо дар асоси адабиёти мавҷуда аз аҳамияти илмӣ бархурдор буда, дар баррасии ташаккул ва таҳаввули таркиби луғавии забони тоҷикӣ кӯмак хоҳад расонд.

• Дида шуд: 1905

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj