Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Пас аз он ки дар соли 1958 дар кишвари мо 1100-умин солгарди валодати  Одамушшуаро устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таҷлил гардид, рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон чун  шохаи мустақили улуми инсонӣ, бахусус адабиётшиносӣ ва шохаҳои гуногуни он, забоншиносӣ ва улуми фаръии марбут ба он  рушд кард.  Олимони тоҷик рӯзгор ва осори асосгузори шеъри  нави форсӣ (тоҷикӣ)-ро пайваста мавриди таҳлилу  таҳқиқ қарор дода, роҷеъ ба абъоди гуногуни рӯзгор ва  ҷанбаҳои мухталифи осори ӯ даҳҳо рисола ва садҳо  мақола таълиф кардаанд.
Маҷмӯаи «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй»,  ки соли ҷорӣ  Донишкадаи омӯзгории  Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент (-Душанбе: «Бебок», 2020, 450 саҳ.) мунташир кард, чун «мушт намунаи хирвор» ин ҳақиқатро бозгӯй мекунад ва  гувоҳе муътамад бар тавсиаю густариши  рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон аст.  Маҷмӯаи бузург, ки аз  57 ҷузъи чопӣ иборат   мебошад,  беш аз ҳафтод мақолаи илмӣ дар мавзӯъҳои мухталифи марбут ба осори Рӯдакӣ, аз ҷумла матншиносӣ ва тасҳеҳи абёт, ҳунари шоирии Рӯдакӣ, шуҳрати шоирии Рӯдакӣ ва таъсири ӯ ба шоирони баъд, хусусиятҳои забони осори шоир, иртиботи забони ашъори шоир бо гӯишҳои тоҷикӣ ва ғайраро  ба се забон – тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ дар бар гирифтааст.  Албатта, қисми асосии мақолаҳо ба забони тоҷикӣ аст. Лозим ба зикр аст, ки қаблан роҷеъ ба рӯзгору осори Рӯдакӣ ба бузургии ин маҷмӯа китобе ба чоп нарасида буд.
Мураттибони китоб Муаззамхон Ансорӣ ва Шодмон Воҳидов дар зери унвони асосии китоб дар қавсайн номи дигари онро «Маҷмӯаи мақолаҳои илмии анҷуманҳо  бахшида ба рӯзгор, осор ва фалсафаи Одамушшуаро Устод Абӯабдулллоҳи Рӯдакӣ,   шаҳри Панҷакент, деҳаи Панҷрӯд, солҳои 2018-2019»  унвон кардаанд,  вале чунонки худ дар сарсухан фармудаанд,  дар асл маҷмӯа ҳовии мақолаҳое аз донишмандони тоҷику  эронӣ низ ҳаст, ки солҳо қабл дар маҷаллаҳои «Садои Шарқ» ва «Адаб» ба чоп  расида  буданд.  Аммо бояд гуфт, маҳз ҳамин амр, яъне иктифо накардан бо мақолаҳои ироашуда дар анҷуманҳои мазкур ва ворид кардани мақолоти донишмандони маъруф (аз ҷумла, Абдулҳусайни Зарринкӯб, Расул Ҳодизода, Субҳон Амирзода, Абдунабӣ Сатторзода, Масъуд Қосимӣ, Аҳмад Абдуллоев  ва дигарон)  боис ба танаввуъи мавзӯии маҷмӯа ва афзоиши қимати илмии он  гардидааст.  Бидуни шак, ин маҷмӯа барои ҳаводорони  осори устод Рӯдакӣ ва бахусус барои муҳаққиқон муфид ва пураҳамият аст. Бо ин ҳол,  ба ду нукта  мехоҳем ишора бикунем, ки  то ҳадде боиси костани қимати  китоб шудааст. Аввалан, мураттибон мақолаҳоро  на бар асоси мавзӯи онҳо, балки бар мабнои тартиби алифбоии насаби муаллифон овардаанд, ки истифода аз чунин маҷмӯаи бузургро душвор месозад,   Сониян, интихоби мақолаҳо  бидуни мантиқу ҳадафе муайян, гузашта аз он, бе таваҷҷуҳ ба арзиши илмии онҳо   сурат гирифтааст.  Ҳамин амр  боис гардида,  ки дар маҷмӯа дар радаи мақолаҳои пурбор ва аз назари илмӣ амиқ, ки  гӯшае аз масоили осори Рӯдакиро бозгӯ мекунанд ва ҳарфи наву тозае доранд ё мавзӯеро ба баҳс кашидаанд, ки барои боз кушодани гиреҳҳое аз рӯзгору осори устод мусоидат хоҳанд кард,  мақолаҳое низ роҳ ёфтаанд, ки ба ҷуз маҷмӯи  ҳарфҳои обшуста ва забонзаду такрорӣ  чизе надоранд…. Чунончи,  дар «мақолаи» Шуҳрат Муродқулзода, донишҷӯи соли 2-уми ДОТП, ки бо номи пуриддиои «Рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон»  чоп шудааст, муаллиф  дар як сафҳа,  ки ба ҷуз ҳашт байт  аз устод,  ки  онҳо низ бемаврид ва бидуни ҳеч иртиботе бо мазмуни мақола иқтибос шудаанд, ин мавзӯи густардаро, ки шоистаи  чанд ҷилд китоб аст, дар 30 сатр баён кардааст. Ва ин  мухтасар ҳам   рӯйнависи навиштаҳои  дигарон аст.  Ҷумлаҳои ин навишта низ пурхатоянд. Ё худ нигоштаи Мирсаид Раҳмонов «Накҳате аз файзи диёри Рӯдакӣ» таассуроте аз баргузории «анҷумани илмӣ-амалии байналмилалӣ»-и «Ҳикмати Рӯдакӣ»  аст, ки сентябри соли 2019 дар диёри  Рӯдакӣ баргузор шуда буд  ва мақолаи публисистии рӯзномавӣ   аст, ки ҷанбаи илмӣ надорад. Бояд гуфт,  аз ин муаллиф боз ду мақола дар мавриди таъсири шеъри Рӯдакӣ ба шоирони форсӣ  ва урдугӯйи Покистон  ва шуҳрати Рӯдакӣ дар ин кишвар  чоп шудаанд, ки нукоти тоза доранд ва қобили мулоҳиза мебошанд.  Мақолаи К.О. Раупова «Рудаки – родоначальник таджикско-персидской литературы»  аз такрори  суханони умумӣ  иборат аст ва ҳар «сухани тозае», ки дорад, дурӯғҳоест, ки эҳтимолан ё бофтаи худи муаллиф бошанд ва ё аз саҳифаҳои иҷтимоии электронӣ иқтибос шудаанд.  Чунончи, ба ин пора таваҷҷуҳ кунед: «Легенда гласит, что вес его обширный багаж знаний был получен без обучения  где-либо, чему не помешала врожденная слепота. Однако ряд ученых не согласны, что знаменитый поэт был слепым. Согласно, их версии, в биографии Рудаки был такой эпизод, как  желание правителя Амир Насра лишить его зрения и  отобрать все имущество. Другой поэт посоветовал правителю отказаться от этой затеи, чтобы не остаться в истории как человек, ослепивший прославленного стихотворца. Устыдившись, Амир Наср решил наделить Рудаки щедрыми дарами, но тот отказался». Муаллиф ишорае накардааст, ки ин ривояти барои илм номаълумро аз кадом маъхазу манбаъ иқтибос кардааст ва мутаассифона, мураттибону  муҳаррири маҷмӯа низ ин суолро аз ӯ накардаанд  ва бидуни  тардиде, ин «мақола»-ро дар маҷмӯаи илмӣ ҷой додаанд.
Бо вуҷуди ин, муайянкунандаи  аҳамияти маҷмӯа на дар ин навиштаҳои камбор, балки дар мақолаҳои амиқи илмӣ ва таҳлилии адабиётшиносону забоншиносони шинохтаи тоҷик ва хориҷӣ аст. Мақолаҳои Абулҳусайни Зарринкӯб, Расул Ҳодизода, Субҳон Амирзода дар мавриди зиндагии шоир, масоили мубрами ҷаҳоншиносии ӯ, оҳангҳои миллӣ дар ашъори Рӯдакӣ, мақолаҳои Аҳмад Абдуллоев, Абдунабӣ Сатторзода, Исматуллоҳ Ҳидоятзода, Замира Ғаффорова, Ҷамолиддин Саидзода,  Мирсаид Раҳмонов дар мавриди таъсири Рӯдакӣ ба шоирони порсигӯйи ҳамзамонаш ва қуруни баъд,  навиштаҳои Қодири Рустам, Саидумрон Саидов, Файзхоҷа Маҳмудов  роҷеъ ба матншиносии ашъори Рӯдакӣ, мақолоти Тоҷиддин Мардонӣ, Матлубаи Мирзоюнус дар мавриди мазомини муштараки Рӯдакӣ ва шуарои араб ва тарҷимаҳои русии қасидаи «Бӯйи ҷӯйи Мӯлиён, нигоштаҳои Шодӣ Шокирзода роҷеъ ба талошҳои донишманди маъруф И.С.Брагинский андар  шинохти Рӯдакӣ ва шеъри ӯ, навиштаҳои Қутбиддин Мухторӣ, Гулпарӣ Шарифова дар мавриди забони ашъори Рӯдакӣ ва ғайра ҳар як аз ҷанбае   дорои аҳамият ҳастанд ва тасавввури моро дар мавриди рӯзгор ва осори шоир равшантару густардатар мекунанд.
Дар мақолаи Аҳмад Абдуллоев «Рӯдакӣ ва Қатрон» мавзӯи таъсири шеъри Рӯдакӣ ва ҳамасрони ӯ ба ашъори Қатрони Табрезӣ,  омезиши ашъори Рӯдакӣ бо сурудаҳои ин  шоири асри XI-и Озарбойҷон баррасӣ гардида, муҳаққиқ  мавзуи бори дигар мутолиа кардани девони Қатрон бо мақсади ҷудо кардани ашъори Рӯдакӣ аз Қатрон дар ин девонро матраҳ мекунад. Бояд гуфт,  ин баҳс тоза нест. Чунончи, рӯдакишинос Қодири Рустам дар сарсухани хеш ба «Девони Рӯдакӣ (-Душанбе, «Бухоро», 2015) навиштааст,  «устод Маликушшуаро Баҳор, ховаршиносон  Константин Чайкин ва  Иосиф Брагинский муътақид буданд, то кунун дар девони машҳур ба номи Қатрон ва ё девони маҷъули Рӯдакӣ  ашъори ин ду шоир ба таври ниҳоӣ тафкик ва тамйиз нашудааст». Ахиран Раҷабалӣ  Қудратов низ  дар ин мавзӯъ мақолае  ба унвони «Зи шеъри Рӯдакӣ бӯи гулоб ояд» дар маҷаллаи навтаъсиси  «Адиб» чоп карда, хостори  ҷустуҷӯйҳои нав дар девони Қатрон  бар мабнои таърих ва  сабкшиносӣ  бо мақсади аз ин девон берун овардани ашъори асили Рӯдакӣ шуд. Чунонки мебинем,  ҳудуди сад сол аст, ки муҳаққиқон  ин масъаларо  матраҳ мекунанд, вале  ба ҷуз таҳқиқоте,  ки дар ин замина Саид Нафисӣ ва Абдулғанӣ Мирзоев анҷом додаанд, дар ин росто кори  амалии ҷиддие нашудааст.  Бояд иқрор кард, ки барои муҳаққиқони тоҷик ин кор хеле душвор аст. Ҳеч нусхаи хаттие аз Қатрон дар захираи дастнависҳои кишвари мо мавҷуд нест. Дар ин ҳол анҷоми  ин вазифа тақозо мекунад, ҳамаи нусхаҳои мавҷуди девони Қатрон бо диққати тамом баррасӣ ва бозбинӣ  шуда, замон ва макони   хаттотии  онҳо дақиқ карда шавад, баъдан муқоисаю тақобули онҳо аз назари ашъори ҳовии ин нусхаҳо таҳқиқ  бишаванд. Ва танҳо дар ин сурат метавон ашъори шомили ин девонро  аз назари сабк ва вожагони шеъри Рӯдакӣ ва Қатрон бо ҳам муқоиса намуд ва ба хулоса расид ва ниҳоятан ба ин мавзӯи мавриди таваҷҷуҳи адабиётшиносон нуқтаи таммат гузошт.
Устод Субҳон Амирзода дар чанд мақолае, ки дар ин маҷмӯа ҷой дода шудааст, кӯшиш кардааст бо далоилу бурҳон фактҳои маълуму машҳури зиндагонии Рӯдакӣ, аз ҷумла кӯри модарзод  будани ӯ, дар ҳаштсолагӣ Қуръонро аз бар кардани шоирро рад бикунад. Ӯ навиштааст (дар мақолаи «Устод Рӯдакӣ: дар ҳошияи тазкираи Авфии Бухороӣ»),  баъд аз суқути давлати Сомониён ва ба қудрат расидани хонону салотини турк хирадгароӣ ва фалсафа, ки заминаи ҷаҳонбинии  даврони онҳо буд, аз миён рафт, ҷойи онро ҷаҳонбинии  комилан динӣ гирифт ва ба ин сабаб ҳуҷумҳои лафзӣ алайҳи намояндагони бузурги даврони Сомонӣ – устод Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, ки иттако ба хирад ва фалсафа доштанд,  авҷ гирифтанд. Ва Муҳаммад Авфии Бухороӣ – муаллифи аввалин тазкираи форсӣ «Лубоб-ул-албоб» «барои муҳофизат ва ҳимояи обрӯю эътибор ва мақому мартабаи эҷодии Устод Рӯдакӣ дар баробари душманони идеологию ғоявӣ…»  ривояти кӯри модарзод будани шоир ва дар ҳаштсолагӣ Қуръон аз бар кардани ӯро овардааст.  Дар идомаи ҳамин баҳс ва ҳамчунин  дар мақолаи дигаре  («Тасҳифи шеъри Шаҳиди Балхӣ  ва иштибоҳ дар шинохти устод Рӯдакӣ»)  С.Амирзода тасҳеҳи устод Саид Нафисӣ дар шеъри ба Рӯдакӣ бахшидаи  Шаҳиди Балхиро низ нодуруст медонад. Чунонки медонем, дар «Лубоб-ул-албоб», ки  нахустин маъхази ин ду байти Шаҳид аст, шеър ба гунаи зайл омадааст:
Ба сухан монад шеъри шуаро,
Рӯдакиро суханаш талвиност.
Шоиронро хаҳу аҳсант мадеҳ,
Рӯдакиро хаҳу аҳсант ҳиҷост.

С.Нафисӣ бо эътиқод  ба ин, ки ин шеър тасҳиф шудааст ва вожаи «талвино» ҳам вожаи номафҳум аст, ин шеърро  чунин бозсозӣ карда буд:
Ба сухан монад шеъри шуаро,
Рӯдакиро сухане тилви нубист,
Шоиронро хаҳу аҳсант мадеҳ,
Рӯдакиро хаҳу аҳсант ҳаҷист.

Баъдан ин тасҳеҳи устод Нафисӣ чӣ дар Эрон ва чӣ дар Тоҷикистон пазируфта  шуд ва ба ақидаи С.Амирзода, ҳамин хониши шеър   боис гардид, ки муҳақкиқон «истифодаи мустақими мазомини қуръонӣ ва оёту ҳадисро дар шеъри Рӯдакӣ ҷустуҷӯ карданд. С.Амирзода муътақид аст, ки «талвино» аз вожаи арабии «талвин» бо изофаи «о»-и тоҷикӣ сохта шудааст ва маънояш сухани рангин ва ё ҳамон лафзи рангин аст.  Албатта, ба яқин наметавон гуфт,  дар ин маврид ҳақ ба ҷониби кадоме аз рӯдакишиносон аст, аммо муҳим ин аст, ки назари хосси устод С.Амирзода метавонад дар роҳи ҷустуҷӯйҳо ва баҳсҳои  минбаъда дар мавриди вежагиҳои лафзию маъноии  шеъри  бунёдгузори адабиёти мо мусоидат намояд.
Дар гурӯҳи дигаре аз мақолаҳо матншиносии шеъри  устод,  дурустхониҳои абёти ӯ, махсусан байтҳое, ки маънии дурусте аз онҳо наметавон берун овард, мавриди баррасию баҳс қарор гирифтаанд. Чунончи, Қодири Рустам дар мақолаи «Абёти тозаи устод Рӯдакӣ  ва бозхонии байтҳои машҳури ӯ»  порашеъреро, ки  дар ҳамаи маҷмӯаҳои ашъори шоир ба гунаи зайл омада:
Ай дил сазояш барӣ,
Боз ба чангали уқобӣ,
Бе ту маро зинда набинад,
Ман зарраам, ту офтобӣ.

ва дар ин сурат 1) аз мисраи аввал маънии матлуб наметавон пайдо кард; 2) иртиботе дар миёни байтҳои аввалу дувум нест, бо муроҷиа бо маъхази тоза ва бозбинии  манбаи машҳури ин абёт ба гунаи зерин овардааст:
Ай дил, тез оташ дарӣ,
Ё зери чанголи уқобӣ.
Бе ту маро зинда набинанд,
Ман зарраам, ту офтобӣ.

Яке аз ҷолибтарин мақолаҳои  маҷмӯа «Шарҳ ва бозхонии нави як рубоии Устод Рӯдакӣ»  муталлиқ ба қалами Файзхоҷа Маҳмудов, коршиноси аршади Китобхонаи миллии Ӯзбекистон мебошад. Ин мақола ду навиди хуш дорад: аввалан, аз варианти тоза ва ҷолиби як рубоии устод иттилоъ медиҳад ва сониян, аз он мужда мерасонад, ки бори аввал  дар таърих ашъори Рӯдакӣ дар зарфи сафолӣ кашф шудааст.
Хонандагони тоҷик аз маҷмӯаҳои устод бо рубоии зайли устод Рӯдакӣ огаҳӣ доранд:
Зулфаш бикашӣ, шаби дароз андозад,
В-ар бикшоӣ, чангали боз андозад,
В-аз печу хамаш зи якдигар бикшоянд,
Доман-доман мушки Тароз андозад.

Ф.Маҳмудов зимни хониши навиштаи рӯйи зуруфи сафолии пайдошуда аз ковишҳои бостоншиносии минтақаи Хоразм ба дастоварди бостоншиносони ӯзбек, аз ҷумла, навиштаҷоти дарун ва беруни як табақи сафолии асри XIII-и мелодиро хонда ва ба натиҷаи дуруст расидааст, ки он варианти дигар ва беҳтари ҳамин рубоии устод мебошад. Инак, рубоие, ки аз  табақи сафолӣ пайдо шудааст:
Зулфаш бикашӣ, шаби дароз ояд аз ӯ,
В-ар даршиканӣ, чангали боз ояд аз ӯ.
В-аз ҳалқаи ӯ банд зи ҳам боз кунӣ,
Хирман-хирман мушки Тароз ояд аз ӯ.

Акнун бояд рӯдакишиносон  ин ду варианти  як рубоиро мавриди таҳқиқ қарор бидиҳанд ва ба хулосае бирасанд, ки кадоме аз он нусхаи асл ва кадоме дар пайравӣ ба асл суруда шуда, то рубоии асл дар мероси бозмондаи устод мақоми сазовори худро пайдо бикунад.
Бозгӯйи мавридҳои дигари бозхонии тозаи абёти Рӯдакӣ  фурсати зиёд мехоҳад ва  муҳаққиқон ва хонандагони ашъори Рӯдакӣ метавонанд  ин нуктаҳои зарифро дар ин мақола ва мақолаҳои дигари ин маҷмӯа худ бихонанд.
Дар охир, бояд гуфт, ки мутаассифона,  иштибоҳоти ҳам муаллифон ва ҳам ғалатҳои чопӣ дар ин маҷмӯа зиёд аст, ки боис ба коҳиш ёфтани арзиши ин китоби  гаронмоя шудаанд.
Гоҳе ҷумлаҳо мағшушу нофаҳмо мебошанд. Масалан, дар  мақолаи хуб ва пурмуҳтавои Замира Ғаффорова    муаллиф бо истинод ба тазкираи Офтоб Ройи Лакҳнавӣ менависад: «муаллиф…. ҷо-ҷо дар мавриди зарурӣ дар тазкирааш аз Устод ёдовар мешавад ва нукоте ҷолиб изҳор медорад, ки арзиши муҳими илмиву адабӣ дорад.
Масалан, зимни баёни аҳволи Абӯшакури Балхӣ навиштааст: «Устод Рӯдакӣ аксар ашъори ӯро тазмин карда» (саҳ.115). Бояд гуфт, замони  шоирии Абӯшакур пас аз марги Рӯдакӣ сурат гирифтааст  ва ба ин далели табиию мантиқӣ устод Рӯдакӣ наметавонист ашъори Абӯшакурро тазмин бикунад! Пас ё ин иқтибос ғалат аст ва ғалат бознависӣ шудааст ва ё наметавонад «арзиши муҳими илмию адабӣ» дошта бошад.
Луқмон Бойматов дар мақолае дар мавриди баррасии маконҳое, ки дар ашъори Рӯдакӣ омадаанд, мавқеи ҷуғрофиёии шаҳри Тарозро чунин шарҳ додааст: «номи  шаҳри қадимӣ дар ҳудуди Туркистони Шарқӣ, ки ҳамакнун дар ҷузъе аз вилояти Син-Тзяни Чин» (саҳ. 102). Дар асл Тароз шаҳри  марзии давлати Сомониён буда, вайронаҳои он дар ҷануби Қазоқистон, дар ҳудуди шаҳри  Ҷамбил, ки  чанд соли қабл бо номи аслиаш, яъне Тароз  номгузорӣ шуд, воқеъ аст ва маркази вилояти  Ҷамбили Қазоқистон мебошад.
Баъзан ҷумлаҳо бидуни таҳриру веросторӣ сабт шудаанд, ки бо овардани  ду намунаи он иктифо мекунем: «Гузашта аз ин ба тадриҷ мутафаккирони исломӣ бо таҷдиди назар кардан дар бораи фаҳмиши қаблии Қуръон  тадриҷан дарёфтанд, ки рӯҳи Қуръон зиддиюнонист…» (саҳ. 47). «Дар тасаввуф соҳибиршод аст ва ба ҳикмати Арасту нажодҳови улуми касбӣ  ва дубайтист…» (саҳ. 114).
Ғалатҳои имлоӣ низ дар китоб, бахусус дар шеърҳои иқтибосшуда аз устод Рӯдакӣ хеле зиёд аст.
Бо вуҷуди ин, маҷмӯаи «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…..» бешак, намоёнгари рушди рӯдакишиносӣ дар Тоҷикистон буда, барои муҳаққиқон ва ҳаводорони шеъри устоди шоирони Аҷам туҳфаи хуб ва шоиста  аст.

• Дида шуд: 1916

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj