Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

   

 

 

 

 

ОМӮХТАНИ ЧИЛ ҲУНАР ДУШВОР НЕСТ  

       Дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Мо бояд нишондиҳандаҳои таъмини сифатро дар ҳама зинаҳои таҳсилот ба стандартҳои ҷаҳонӣ наздик созем, ҳамкории муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбиро бо субъектҳои бозори меҳнат густариш бахшем, дараҷаи рушди низоми инноватсияи миллӣ ва нишондиҳандаҳои азхудкунии технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро беҳтар гардонем».
    Тибқи пажӯҳиши муҳаққиқон, дар ҳар як даҳсола донишҳои равоншиносӣ, педагогӣ, фалсафӣ ва услубшиносӣ дигаргунӣ пазируфта, истилоҳу мафҳумҳои нав рӯи кор меоянд. Ҳамзамон ин навгониҳо арзиши иҷтимоӣ дошта, мунтазам ба амал мепайванданд ва ин талаботи таълиму тарбияи мактабу маорифи муосир мебошад. Омӯзиш, қабул ва амалӣ намудани ҳар як падидаи инноватсионӣ дар кори таълиму тарбия ба донишу таҷриба ва ҷаҳонбинии роҳбарони синф ва омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ вобаста мебошад.
    Донишманди амрикоӣ Майнрад Кейне мефармояд: «Аз ҳама мушкил он аст, ки мардум ақидаҳои навро қабул надоранд ва тартибу низоми кӯҳнаро ҳам фаромӯш карданӣ нестанд.» Тавре ба назар мерасад, рафти татбиқи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва гузаштан ба муносибати босалоҳият бо мушкилоти зиёд роҳандозӣ мешавад. 
Ислоҳоту низоми нави таълим ҷараёни ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба фазои ҷаҳонии таҳсилот таъмин менамоянд, аммо дар ин самт зумрае ба мақсаду муҳтавои онҳо сарфаҳм нарафта, ба кашолкорӣ роҳ медиҳанд.   
    Дар шароити ислоҳоти соҳаи маориф рӯйдоду тағйироти иҷтимоӣ – иқтисодии манфиатовари ҳаёти ҷамъиятӣ бояд ҳарчи бештар ба раванди таълиму тарбия ворид карда шаванд. Яке аз он омилҳои фоидаовар истифодаи бозиҳои гуногун дар дарс мебошад,  ки характери мансубият ба синну соли бачагонро дорад. Дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ибтидоиву миёнаи касбӣ гузаронидани бозиҳо дар шакли  «Дарсҳои ишғоли ҷойҳои холии корӣ» дар интихоби дурусти касби ояндаи хонандагон хеле муҳим мебошад.  
    Агар оид ба ин масъала омӯзиш ташкил диҳем, маълум мегардад, ки дар муассисаҳо дар ин масъала кор чандон хуб ба роҳ монда нашудааст. Бинобар ин, агар дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ё ибтидоиву миёнаи касбӣ ин шакли дарс густурдатар ҷорӣ карда шавад, аз манфиат холӣ нест, зеро ки аз синни мактабӣ наврасон ба дуруст интихоб намудани касб ва шуғли ояндаашон машғул шуда, майлу хоҳиши шахсӣ ҳосил менамоянд.
    Интихоби хоҳишмандон ба  ин  вазифаҳо дар асоси озмун гузаронида мешавад. Иштирокчиёни озмун ба хоҳишмандони ин ё он касбу пеша ва  вазифа ба воситаи гурӯҳи мушоҳидачиён (экспертҳо) ба таври воқеъбинона баҳогузорӣ мекунанд. Дар байни мушоҳидачиён назариячӣ, озмоишгар ва татбиқгарон бояд бошанд, то ки ба фаъолияти довталабон ба таври шаффоф баҳо дода тавонанд. Ба касбу пеша ва вазифа шахси хоҳишманде сазовор дониста мешавад, ки ба ҳама саволҳои пешниҳодгардида ҷавобҳои нисбатан дуруст дода тавонад. Яъне ӯ бояд нисбат ба дигар довталабон дониши хуби назариявӣ, салоҳияти касбӣ ва таҷрибаи кофии амалӣ дошта бошад.
    Дарси ишғоли ҷойҳои холии корӣ як шакли дарси тарбиявӣ мебошад, ки аз синфи ибтидоӣ бояд барои дарёфт ва шинохти завқу ҳаваси касбии бачаҳо оғоз карда шавад. Ин шакли дарс омили беҳтаринест, ки дар асоси рақобати касбӣ ва талаботи муосири муносибатҳои бозаргонӣ ба роҳ монда мешавад. Дарси ишғоли ҷойҳои холӣ (вакансия) бо зарурати талаботи муосир пайдо гардида, омили асосӣ дар интихоби дурусти шуғл, касб ва вазифа мебошад.                  

                                           рафти омодагӣ ба дарс
     Муаллим мавзӯи умумиро барои бозӣ интихоб менамояд. Онро ба се гурӯҳ саволномаи мураккаби якхела ҷудо менамояд. 
Се ё панҷ мансаби холиро дар тахтаи синф бо тартиб менависад.
    Хонандагон ба дарси ишғоли ҷойҳои холии корӣ ҳамаҷониба тайёр шуда, барои гузаронидани бозӣ синфхонаро оро медиҳанд. Онҳо дар лавҳа номи лаборатория (озмоишгоҳ, корхона, хоҷагӣ ва ҷои холии кориро мекашанд ё менависанд ва дар рӯйи мизи мушоҳидачиён ё доварон тамға (табличка)-ҳоро тайёр карда мегузоранд. 
                                             Мақсад ва мазмуни дарс 
    Пеш аз ҳама, барои мо муайян сохтани миқдори хоҳишмандон ба ҷойҳои холии корӣ зарур аст. Миқдори хоҳишмандон барои ишғоли ҷойҳои холии корӣ набояд аз 3-4 нафар кам бошад. Агар миқдори мансабхоҳон аз ин шумора зиёд бошанд,  боз хубтару беҳтар аст, зеро рақобат шадидтар мегузарад. 
Пас ба ҳамаи хоҳишмандони вазифаю мансаб саволнома дода мешавад, ки дар асоси он ба ҷавоб додан тайёр шаванд.
    Худи ҳайати хонандагонро ба 3 гурӯҳи мушоҳидачӣ ҷудо кардан зарур аст, то ки онҳо аз рӯйи саволнома - карточка, ки саволҳои тахассусианд, сатҳи дониши касбии довталабон ё ишғолкунандагони ҷойҳои холии кориро баҳогузорӣ намоянд.
    Гурӯҳи мушоҳидачиро метавонем ба зергурӯҳҳо тақсим намоем ва онҳо бо саволнома – карточкаҳои моҳиятан мураккаб кор баранд.
    Барои ҳамаи иштирокчиён - мансабхоҳон ва мушоҳидачиён - баҳри тартиб додани саволу ҷавоб дар доираи вазифаҳои холии корӣ 15 дақиқа вақт дода мешавад.
    Шунидани ҷавобҳо ва муҳокимаи онҳо лаҳзаи муҳимтарини дарс мебошад. Тавассути он дарк намудан душвор нест,  ки хонандагон то кадом андоза ба ин ё он касб шиносоӣ доранд ва фаъолияти онҳо арзиши ин ё он мансабро ишғол намуданашон мебошад.  
    Мушоҳидачиён ҷавоби хоҳишмандони ин ё он мансабро шунида, тақриз ва тавсия медиҳанд. Онҳо дурустии ҷавобро тасдиқ намуда, пуррагӣ, аниқӣ ва ҷиддияти онро бо ҷавобҳои худашон асоснок менамоянд ё инкор месозанд. Пас дар қисми хотимавии дарс мушоҳидон фикру мулоҳизаҳои хешро дар бораи довталабони ҷойҳои  холии корӣ дар муддати 10 дақиқа иброз менамоянд.
    Озмуни ишғоли ҷойҳои холии  корӣ аз рӯйи натиҷаи бадастомада ҷамъбаст  карда  мешавад. Шахсони аз озмун бо муваффақият гузашта дар паси мизи мансабҳои кории ишғолкардаашон бо навиштаҷоти „директор”, „ҷонишини директор”, „лаборант”, „ходими калони илм”, „ходими хурди илм” ҷой мегиранд. Ба онҳо ба таври бозӣ бошад ҳам, дар муддати 5-10  дақиқа ҳуҷҷат, шаҳодатнома навишта дода мешавад, ки ин боиси рӯҳбаландӣ ва боварӣ ба донишу тавоноиашон мегардад.
    Чунин  дарсҳоро дар ҳамаи  фанҳои таълимӣ аз рӯйи тамоми касбу кор гузаронидан мумкин аст ва фикр мекунем, ки он натиҷаи дилхоҳ хоҳад дод. Пас аз чунин дарсҳо хонандагон моҳият, муҳиммият ва масъулияти ҳама касбу корро бошуурона дарк карда, бо қадамҳои устувор ва эътиқоду боварии қавӣ он пешаеро интихоб менамоянд, ки аз уҳдааш баромада тавонанд. Ин аст дарси тарбиявӣ дар интихоби бошууронаи касб, ки ояндаи инсонро равшан гардонида, ба инкишофи он, ки асоси диалектика мебошад, такон мебахшад.

  • Дида шуд: 1612

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj