Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

АЗ  ПАЙИ  РОЗИ  САРБАМУҲРИ  ҲАЛОЛ

Шеър яке аз дастовардҳои муҳими фарҳангии инсоният буда, мавриди пажӯҳиши забоншиносӣ қарор додани он амри басо зарур ва муҳим арзёбӣ мегардад. Таҳқиқи назариявии низоми забони назм, баррасӣ ва муайян кардани ҷанбаҳо ва роҳҳои инкишофи маъноии калимаҳо, вижагиҳои луғавию семантикии калимаҳо ва ҷанбаҳои услубию фардии онҳо дар доираи ғазалиёти шоирони классикии тоҷику форс  ҳадафи асосии рисолаи забоншиноси шинохта, доктори илмҳои филологӣ Муҳаммаддовуд Саломиён «Вижагиҳои луғавӣ ва маъноии забони ғазалиёти шоирони асрҳои  XII-XIV» (-Душанбе: 2020, 158 саҳ.) мебошад, ки анқариб ба дасти хонандагон расид.
Масъалаи баррасии вижагиҳои луғавию маъноии калимаҳо дар замони муосир яке аз муҳимтарин вазифаҳои муҳаққиқони шеършинос маҳсуб мешавад. Забони шеър бо махсусиятҳое, ки дорад, барои фароги-рии ҳамаи вожаҳои забон имкониятҳои маҳдуд дорад. Тобишҳои маъноию  услубии калимаҳо дар забони шеър масъалаи моҳиятан ҷолибу пурарзиш ба шумор мера-вад. Яъне дар назди шоирон олами бешумори вожаҳо бо ифодаи тобишҳои гуногун қарор доранд ва танҳо он эҷодкоре метавонад аз доираи ин вожаҳои беҳадду канор вожаи мавриди назарашро интихоб карда, барои баёни мақсад истифода кунад, ки диди баланди зебоишиносии суханро дошта бошад.
Бояд гуфт, ки масъалаи омӯзиш ва баррасии забони осори манзум яке аз мавзӯъҳоест, ки аз замонҳои қадим то имрӯз таваҷҷуҳи аҳли илмро ба худ ҷалб кардааст. Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ибтидои баррасии масъалаҳои мухталифи забони назм ҳанӯз аз Арасту шурӯъ гардидааст. Ӯ дар асарҳои худ «Дар бораи ҳунари назм», «Риторика», «Поэтика» ба баъзе масъалаҳои ташаккули забони осори бадеӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда, доир ба сабку услуб, анвои адабӣ, маҷоз, ташбеҳ, нутқ, ифодаи маъно ва ҳиссаҳои нутқ маълумоти муқаддимавӣ додааст, ки онҳо минбаъд аз ҷониби муҳаққиқони дигар такмил ёфта, дар густариши илми забон нақши созгоре бозиданд. Дар ҳамин росто, М.Саломиён зимни таҳқиқи баъзе вижагиҳои назариявии забони осори манзуми асрҳои XII-XIV-и тоҷику форс ба андешаҳои ин мутаффаккири бузург такя намудааст.
Аксарияти пажӯҳишҳое, ки то кунун доир ба паҳлӯҳои гуногуни забони назми тоҷик  таълиф шудаанд, бештар ҷанбаи луғавию семантикӣ дошта, дар онҳо махсусияти забони назм ва талаботи он ҳангоми овардану интихоби калимаҳо аз дидгоҳи илми маъношиносӣ ва категорияҳои семантикӣ ба таври васеъ мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Яъне зимни баррасии осори манзум аксари муҳаққиқон пажӯҳиши худро дар асоси меъёрҳо ё талаботи роиҷи луғавию грамматикии забони тоҷикӣ ба анҷом расонида, ба ҷанбаҳои ҳунарӣ ва зебоишиносии каломи мавзун ва ҳунармандии аҳди эҷод камтар таваҷҷуҳ зоҳир кардаанд. Бинобар ин, муҳаққиқ М.Саломиён зарур шуморидааст, ки забони осори манзумро дар баробари риояи ҳинҷорҳо (нормаҳо)-и маъмул аз дидгоҳи ҳунари шоирӣ ба риштаи таҳқиқ кашида, махсусиятҳои забони шеърро бар ин поя таҳлилу баррасӣ намояд.
Рисолаи «Вижагиҳои луғавӣ ва маъноии забони ғазалиёти шоирони асрҳои  XII-XIV» асосан дар заминаи методи тасвири лингвистӣ таълиф шуда, дар он ҳамчунин методҳои умумиилмии мушоҳида, муқоиса, шарҳдиҳӣ, маҷмӯъгардонӣ ва методҳои махсуси таҳлили семантикию услубӣ, таҳлили лингвистии матни бадеӣ, таҳлили тафсири луғавӣ, усули оморӣ ва амсоли инҳо мавриди истифода қарор гирифтааст. Маводи асосии таҳқиқро ғазалиёти шоирони асрҳои XII-XIV-и тоҷик Анварии Абевардӣ, Хоқонии Шарвонӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолуддини Балхӣ, Фахриддини Ироқӣ, Ҳоҷуи Кирмонӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Убайди Зоконӣ ташкил додааст.
Дар рисола категорияҳои лексикии як-маъноию сермаъноӣ, муродифот, антоним ва омонимҳо таҳқиқ гардида, ҷанбаҳои инфиродӣ ва вижагиҳои ҳунарии шоирон дар истифодаи категорияҳои мазкур бо диди нав ва дар асоси дастовардҳои тозаи илмӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Бояд зикр кард, ки ин мафҳумҳои луғавӣ дар баробари категория будан дар забони осори манзум барои муайян кардани вижагии забони шеър ва ҳунару истеъдоди ҳар як суханвар мусоидат менамоянд. Муаллиф дар асоси маводи фаровон маълум менамояд, ки забони назми тоҷикӣ дорои категорияҳои махсус ва вазифаҳои муайяни лингвистикию эстетикӣ мебошад. Рисолаи муҳаққиқ М.Саломиён дар муайян кардани масоили назариявии лексикӣ, лексикию семантикӣ, услубӣ ва услубҳои фардӣэҷодии шоирони алоҳида низ мусоидат менамоянд. Ҳамчунин муқоисаи маводи таҳлилгардида барои инъикоси раванди инкишофи маъноии калимаҳо дар давраҳои гуногун аҳамияти илмию амалӣ дорад. Низоми муайянгардидаи таҳлили забонии ғазал барои таҳқиқи минбаъдаи илмию назариявӣ дар ин самт метавонад ҳамчун асос ва замина хидмат намояд.
Рисолаи «Вижагиҳои луғавӣ ва маъноии забони ғазалиёти шоирони асрҳои  XII-XIV»-и Муҳаммаддовуд Саломиён туҳфаи муносибе барои аҳли илму адаб буда, он барои таълими илмҳои тахассусии лингвистӣ чун вожашиносӣ, услубшиносӣ, маданияти нутқ, таҳлили матни бадеӣ, муайян кардани ҷанбаҳои маъноию забонии воситаҳои тасвири бадеӣ, луғати калимаҳои якмаъною сермаъно, таълифи фарҳангҳои тафсирию фарҳанги осори шоирон ва таълифи китобҳои дарсӣ, дастуру васоити таълими мусоидат менамояд. Ҳамчунин бахшҳои алоҳидаи он ба ҳайси фанни тахассусӣ дар ихтисосҳои забоншиносӣ, тарҷумаи бадеӣ, матншиносӣ ва ихтисосҳои филологии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ метавонанд мавриди таълиму тадрис қарор бигиранд.

• Дида шуд: 1911

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj