Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

САЙРЕ ДАР ГУЛБОҒИ ШЕЪРУ  ҲИКМАТИ  РӮДАКӢ

Дар таърихи адабиёти тоҷик устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ барҳақ ба ҳайси нахустин поягузори кохи назми ҷовидонӣ,  навъҳои адабӣ ва кошифи  меъёрҳои аслии шинохти каломи манзум шинохта шудааст. Ҳамин аст, ки имрӯз ворисони аслии ин шоири ҳама асру замонҳо ва донишмандони маъруфи Машриқу Мағриб бо ному корномаву шуҷоати адабии ӯ барҳақ ифтихор мекунанд ва баҳри омӯзиши рӯзгор, афкор ва осори бозмондаи ӯ бедареғ талош меварзанд. Аз замони зиндагии Устоди шоирони ҷаҳон ва Одамушшуарои шеъри тоҷикӣ беш аз 1160 сол сипарӣ шуд, вале аз ҳамон давраи зиндагии шоир рӯдакишиносӣ оғоз ёфтаву имрӯз ҳам таваҷҷуҳи аҳли хираду дониш ба мероси андаки аз ӯ боқимонда хеле зиёд аст, зеро сухани ӯ зари нобест, ки ҳар бор аз он бичашӣ, боз хоҳиши бештар чашидану шамидану мутолиа карданаш пайдо мешавад.
Дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар бо ибтикори давлат ва ҳукумати кишвар баҳри гиромидошти устод Рӯдакӣ корҳои судманде ба масдари иҷро расиданд. Таъйин наму-дани Рӯзи Рӯдакӣ  (22-юми сентябр), бунёди муҷассамаи муҳташами ӯ дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе, маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои дигар, номгузорӣ шудани боғи марказии фарҳангиву фароғатии пойтахт ба исми ин суханвар, вусъати омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри осори Рӯдакӣ, бахусус, нашри «Донишномаи Рӯдакӣ»  (дар се ҷилд) аз зумраи иқдомоти наҷибест, ки дар баланд бардоштани савияи донишу маърифат ва худогоҳиву хештаншиносии мардум нақши басо арзишманд мегузоранд.
Солҳои охир бо ибтикори Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент (ректораш Муаззамхон Ансорӣ) ҳамасола бахшида ба рӯзгор, осор ва афкору фалсафаи қофиласолори адабиёти тоҷику форс Абӯабдуллоҳ Ҷаъфари Рӯдакӣ дар зодгоҳи шоир ҳамоишҳои илмии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баргузор намудан ба ҳукми анъана даромадааст. Ба қарибӣ аз ҷониби раёсати донишкадаи мазкур боз як иқдоми наҷиб дар ҷодаи рӯдакишиносӣ ва тарғибу ташвиқи осо-ри гаронмояи ӯ сурат ги-рифт. Маҷмӯаи мақолаҳои илмии ҳамоишҳои илмие, ки солҳои 2018 ва 2019 дар шаҳри Панҷакент ва деҳаҳои Панҷрӯду Некноти ҳамин шаҳр баргузор гардидаанд, инчунин мақолаҳои ба рӯзгор ва осори Рӯдакӣ бахшидашуда дар нашрияи миллии адабии Тоҷикистон - «Садои Шарқ» ва маҷаллаи таш-килоти ҷамъиятии «Маркази омӯзиш, таҳқиқ, тарҷума ва нашри адабиёти ҷаҳон - «Адаб» чопшуда дар солҳои охир дар шакли маҷмӯаи муҳташаме бо номи «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…» аз тариқи матбааи ҶДММ «Бебок» дар ҳаҷми 57 ҷузъи чопӣ (456 саҳифа) бо сифати баланд мунташир шуд. Мураттибони маҷмӯа дотсент Муаззамхон Ансорӣ ва профессор Шодмон Воҳидов буда, масъулияти веростории онро номзади илмҳои филологӣ Гулпарӣ Шарифова ба уҳда доштааст.
Маҷмӯа бо мақолаҳои пурмуҳтавои ректо-ри донишкада Муаззамхон Ансорӣ «Ҳеч шодӣ нест андар ин ҷаҳон» оғоз меёбад, ки дар он фалсафаи муаллими одамият Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар бозтоби Пешвои миллат маври-ди арзишдоварӣ қарор гирифтааст. Минбаъд мақолаҳо бо тартиби алифбоии номи муаллифон оварда шуда,  дар онҳо ашъори Рӯдакӣ бо назардошти замони соҳибистиқлолӣ аз нигоҳи нав ва манфиатҳои умумии миллату сарзамин, рӯҳияи миллӣ, худогоҳиву хештаншиносӣ мавриди пажӯҳиш  қарор гирифтааст.
Дар замони соҳибистиқлолӣ донишманди басо пуркору пухтакор, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон  Субҳон Амирзода дар таҳқиқ ва шинохти осору андешаҳои Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ гомҳои басо устувор бардошта, бо тақозои давру замон ба моҳияту  арзишҳои осори шоир ва мақоми ӯ дар адабиёти ҷаҳон нигаристааст. Дар китоби мавриди назар низ ҳашт мақолаи пурбори ӯ – «Ишқи Рӯдакӣ», «Устод Рӯдакӣ: андешаҳо дар ҳошияи тазкираи Авфии Бухороӣ», «Рӯдакӣ нобино набуд», «Рӯдакӣ шо-ири ҷаҳонӣ буд», «Носири Хусрав ва шинохти Устод Рӯдакӣ», «Авфии Бухороӣ ва шинохти устод Рӯдакӣ», «Тасҳифи шеъри Шаҳиди Балхӣ ва иштибоҳ дар шинохти Устод Рӯдакӣ» омадаанд, ки бешак,   нигоҳи наву тозае дар ҷодаи таҳқиқу омӯзиши осри Рӯдакӣ дар замони муосир мебошанд.  Дар маҷмӯаи мазкур ҳамчунин мақолоти донишмандони маъруфи ҳамзамони мо Р.Ҳодизода (равонаш шод бод!), А.Сатторзода, М.Муллоаҳмад,  А.Абдуллоев, Т.Мардонӣ, М.Мирзоюнус, З.Ғаффорова, А.Маҳмадаминов,Ф.Насриддинов, Ш.Исрофилниё, Н.Нурзод, муҳаққиқон Р.Қудратзода, Назрӣ Яздон, В.Элбойзода, Ш.Шокирзода,  С.Мирзоев, З.Ӯлмасова, А.Одинаев, Г.Шарифова, М.Раҳмонов, Қ.Мухторӣ,  нависанда, мураттиби «Девони Рӯдакӣ» Қодири Рустам, пажӯҳишгарони эронӣ Абдулҳусайни Зарринкӯб, Алиасғари Шеърдӯст, Марями Амирифар, Масъуд Қосимӣ ва дигарон ҷой гирифтаанд, ки  ба бисёр муаммоҳои рӯзгор, шахсият, осор ва афкори Устоди шоирони ҷаҳон рӯшанӣ меандозанд.
Дар маҷмӯаи  «Рӯдакӣ рафту монд ҳикмати ӯй…» ҳамчунин чошние аз таълифоти рӯдакипажӯҳони кишварҳои ҳамсояи Ӯзбекистону Туркманистон низ ҷой дода шудаанд, ки лоиқи таҳсин аст. Мақолоти муҳаққиқи туркманӣ  Б.Атаҷонов «Роҳи бузурги абрешим: Рӯдакӣ дар Туркманистон» (ба забони русӣ), донишмандони ӯзбекистонӣ Ф.Маҳмудов «Шарҳ ва бозхонии нави як рубоии Устод Рӯдакӣ» (ба тоҷикӣ), Ҳ.Ҷӯраев, С.Хайруллоев «Ҳаёти адабии Бухоро дар дав-раи Сомониён», Қ.Ҳусейнбоева, Г.Азизова «Мероси бадеии Ода-мушшуаро», Т.Сафарова «Дар боби саёҳати адабӣ» (ба забони ӯзбекӣ), Р.Иброҳимов «Ҷой ва мақоми Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар адабиёти форсу тоҷик», «Мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ дар Тоҷикистон» (ба забони русӣ)    дар китоби мавриди назар омадаанд, ки дар таҳкими робитаҳои илмиву адабӣ бо макотиби олӣ ва пажӯҳишгоҳҳои илмии кишварҳои ҳамсоя ва тарғиби осори Рӯдакӣ дар қаламрави ҷаҳон нақши босазо хоҳад гузошт.
Дар бахши ниҳоии китоб тарҷумаҳои нав ва нисбатан мукаммали осори Рӯдакӣ ба забони ӯзбекӣ (бо ду ҳуруф – сирилик ва лотинӣ) оварда шудаанд, ки гоми муҳиме дар таҳкими муносибатҳои дӯстонаи халқҳои дӯсту бародар – тоҷику ӯзбек маҳсуб мешавад. Аксарияти ин тарҷумаҳо ба қалами профессор Шодмон Воҳидов  ва М.Муинзода мансуб мебошанд. Маҷмӯаро суратҳои мухталиф аз марҳалаҳои гуногуни таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ бо ширкати аҳли адаб аз гӯшаву канори олам зеб медиҳад. Ин маҷмӯа, бешак, туҳфаи муносибу мондагоре барои ошиқону шефтагони каломи Падари шеъри тоҷикӣ,  аҳли илму адаб ва устодону шогирдони муассисаҳои таълимӣ мебошад.

• Дида шуд: 1923

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj