Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

ЗИ ДОНИШ ЗИНДА МОНӢ ҶОВИДОНӢ

Неъмати илм ва дониш огоҳӣ ёфтан аз фарозу нишеб ва таҳаввулоти замон, аз неъматҳои пурарзиш ва арзанда мебошад. Ончунон неъмате, ки инсон тавассути он метавонад зулматҳои ҷаҳлу бефарҳангиро ба илму фарҳанги асил табдил намояд. Оре, дониш чароғи ақл, қуввати дил, дороиву сарват ва равшании бузургест, ки касро аз ҳама гуна ранҷу кулфату дард ва афсурдагиву эҳтиёҷ дур месозад. Дониш барои инсон манбаи фазлу камол буда, ӯро бузургдил мегардонад. Шахси донишманд дар ягон давру замон ба душвориҳо рӯ ба рӯ намешавад, зеро маҳз донишу хирад ӯро ба роҳи росту самарбахш раҳнамун месозад. Тавассути ақлу заковати бузург ва хиради ба роҳи дониш бадастовардааш метавонад соҳибкору соҳибмаълумот ва соҳибиззат бигардад.
Бояд фаромӯш накунем, ки   ягон шахс  ба осонӣ соҳиби дониши мукаммал шуда наметавонад ва ҳамчунин то ҳанӯз нафаре пайдо нашудааст, ки аз омӯхтани илму дониш пушаймон  шуда  бошад, баръакс аксарият аз наомӯхтан пушаймон ҳастанд. Шахсе, ки дар роҳи донишомӯзӣ мекӯшад, ба тамоми душвориву   норасоиҳо тоб меорад, зеро медонад, ки шахси донишманд дар ҷомеа соҳибэътибору соҳибобрӯст. Ашхоси бомаърифат кони ганҷи гуфтори ширину дилчасп мебошанд. Дониш ганҷи бузургест, ки баробари дунё арзиш дорад. Шахси бомаърифат касеро гӯянд, ки ӯ ҳам илму дониш ва ҳам одобу ахлоқи накӯ дорад. Пешрафту тараққиёти ҳар як ҷомеа аз маърифатнокии аҳли он вобастагии калон дорад. Миллати тоҷик аз қадим ҳамчун халқи созанда, тамаддунофар ва илмдӯст шинохта шудааст ва бузургтарин олимони маъруфи ҷаҳонӣ инро эътироф  кардаанд.
Бесабаб нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму маориф аҳамияти зиёде медиҳанд. Сохта ба истифода додани садҳо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ дар даврони истиқлоли кишвар гувоҳи гуфтаҳои болост. Дар ҳар як суханронии худ Пешвои миллат ба ҷавонон таъкид месозанд, ки илм биомӯзанд, забонҳои хориҷиро азхуд кунанд, касбу ҳунарҳои гуногунро ёд гиранд. Ин андарзҳои тиллоии Пешвои миллат ҳам баҳри беҳбуди ояндаи худи ҷавонон ва ҳам ба манфиати ҳама қишрҳои ҷомеа мебошанд.
Дар айни ҳол барои илмомӯзии  ҷавонон  шароити мусоид муҳайё карда шудааст, вале бархе аз онҳо онро самаранок истифода бурда наметавонанд ва ё намехоҳанд. Аксар вақт ба бедонишии худ омӯзгор ва муассисаро гунаҳгор мепиндоранд. Вале бояд хотиррасон намуд, ки аксарияти донишмандони бузурги мо дар шароити ногувор ба воя расида, зиндагӣ карда буданд, вале домони талабро аз каф берун накарданд, илм омӯхтанду амал карданд ва ному амали нек ба ёдгор гузоштанд. Носипосӣ нисбат ба омӯзгор ва макони илм худ нишонаи бедонишии шахс мебошад. Ҳар кас бояд шавқ, кӯшишу рағбат ва хоҳиши фаровон барои  донишандӯзӣ дошта бошад. Дарк намояд, ки ҳаётро бояд баҳри  омӯзиш, ободӣ, пешравӣ, беҳбудӣ сарф кард. Аз азал омӯзгор орзу дорад, ки шогирдонаш аз беҳтаринҳову донотаринҳо бошанд. Агар шогирд холисона нияти донишандӯзӣ дошта бошад, аз омӯзгораш донишмандтару бузургтар мегардад. Вале агар бепарвову бемасъулият бошад, хору залил мешавад. Тавре устод Садридддин Айнӣ фармудааст:
Ба олам  ҳар касе бекор гардад,
Ба  чашми аҳли олам хор гардад.

Дар замони муосир омода кардани мутахассисони соҳибкасб бе донистани забонҳои хориҷӣ ва технологияи замонавӣ номумкин аст. Зеро навигариҳои илми муосир бештар тавассути забонҳои хориҷӣ фаҳмида мешаванд. Дар натиҷаи пешрафти илм ҳамарӯза дар ҷаҳон кашфиёту ихтирооти нав ба миён меоянд. Ҳамаи ин самари илм аст.

• Дида шуд: 1922

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj