Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

КИТОБ БОЯД ХОНД!

Китоб дар ҳама давру замон равшангари имрӯзу фардои миллат, ҳамрози қалби инсонҳост. Тоҷикон аз давраҳои хеле қадим ба китоб чун офаридаи зоти пок муносибат дошта, китобро азизу гиромӣ медоранд.
Маҳз дар замони истиқлолияти давлатӣ бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам   Эмомалӣ Раҳмон соҳаи китобдорӣ рушди бештар ёфт.
Эълон гардидани Рӯзи китоб (4-уми сентябр), қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти китобдорӣ» (2003), барномаи давлатии «Компютеркунонии китобхонаҳои давлатии оммавӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2013», эълони озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» далели рӯшане ба ин гуфтаҳо  мебошанд.
Агар сатҳи донишу маърифат ва фаҳмиши хонандагон   ба донишу маҳорати омӯзгорон вобаста бошад, аз тарафи дигар, он ба тарзу усулҳои истифодаи китобу китобхонию китобдӯстии худи онҳо вобаста аст.
Хонандагон аз китоб дониш, одобу ахлоқ, таҷрибаи рӯзгор, фаросату заковат, садоқату шуҷоат, некиву накӯкорӣ ва амсоли инҳоро меомӯзанд. Бинобар ин тарбияи завқи эҳтирому эҳтиёти китоб ва хусусан китобҳои дарсӣ дар таълимгоҳҳо аҳамияти калон дорад.
Китобро дӯст доштан  вазифаи муқаддаси хар як  инсон аст. Агар нон барои инсон манбаи ғизои  моддӣ бошад, пас китоб манбаи маънавии ӯст.Мо бояд кӯшиш ба харҷ диҳем, ки хонандагон бо китоб оқилона муносибат кунанд. Онро покиза нигоҳ доранд ва самаранок истифода баранд. Китобҳои дарсиро, ки дар тамоми давраи таҳсил дар ихтиёр доранд, тозаву озода нигоҳ доранд.
Мо - китобдорон таваҷҷуҳу майли насли наврас ва ҷавононро ба мутолиаи китоб ва мактабу маориф ба таълиму тадрис афзун мегардонем. Вале дар ин самт масъулияти волидон низ бештар бояд бошад. Агар толибилмон дар давраи наврасӣ шеъри бисёр азёд кунанд, бештар илм омӯзанд, зуд ба камоли маърифат мерасанд, доираи ҷаҳонбиниашон васеъ мешавад. Агар инсон худро шинохт, падару модар, хешу наздикон, ватанашро низ хубтар мешиносад. Майли бетафовутӣ аз ниҳодаш дур ва ояндааш хубтару беҳтар мешавад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки нутқи хонанда, фонди луғавӣ ва донишу маънавиёти ӯ баробари хониши китобҳои бадеӣ пеш меравад ва такомул меёбад.

Ҷалб намудани хонандагон барои хониши китобҳои бадеӣ зарур аст ва бояд ба хонандагон вобаста ба шавқу завқи онҳо китобҳоро пешниҳод намоем. Ҳар яки онҳо бо хоҳиши худ китобҳои бадеии дилхоҳи худро интихоб намуда, мутолиа мекунанд.
Имтиҳон намудан аз китобҳои хондашуда бо мақсади санҷидани хонанда аз аҳамият холӣ нест. Ҳамчунин мактаббачагонро бо китобҳои тозанашр ошно намудан, гузаронидани як қатор чорабиниҳо, аз ҷумла, «Китоби дӯстдоштаи ман», «Қаҳрамони дӯстдоштаи ман», озмуни «Китобхони беҳтарин», қироати шеър дар васфи Ватан ва амсоли инҳо воситаҳои асосии ҳавасмандгардонии хонандагон мебошанд. Китобдор дар ҳамоҳангӣ бо омӯзгорон кӯшиш менамояд, ки дар баргузории чорабиниҳои ҷолиби мактабӣ саҳми босазо гузорад. Санҷиши хонанда бояд чунин сурат гирад:

1) Саҳифаи дилхоҳи китобро кушода, давоми ҳодиса ва ё воқеаи навиштаро пурсидан;

2) Номи қаҳрамонро хонда, амалиёташро муайян намудан;

3) Аз хонанда хониши қаҳрамонҳои мусбӣ ва манфиро ба гурӯҳҳо ҷудо намудан;

4) Таҳлили нақшҳои марказӣ аз ҷониби хонанда;

5) Ба таври умумӣ нақл кардани мазмуни асар ва мавзӯи он;

6) Аз рӯи мавзӯи асар тасвири лаҳзаи дилхоҳро пешниҳод намудан (мувофиқи хоҳиши хонанда).
Вобаста ба ҳар як ҷашнвора ва санаҳои таърихӣ ҳамроҳи роҳбарони синфҳо сенарияҳо тартиб дода, рангину фаромӯшнашаванда гузаронидани ҷашнҳо ва соатҳои тарбиявӣ низ ба китобхона иртибот мегирад. Ҳамкорӣ бо шоирону нависандагон ва ошноӣ бо адабиёти бачагона, шеъру ҳикояҳои муосири кӯдакона дар тарбияи кӯдакону наврасон нақши калон мебозанд.
Воқеан ҳар як шеър ва ҳар як сатре, ки дар он дӯст доштани Ватан, ҳифзи марзу бум ва арзишҳои миллӣ, модар, сулҳ васф шуда, соддаву равон офарида шудааст, кӯдакро ба олами рангин ҳидоят месозад.
Ҳар як китобдор барои ҷалб намудани хонандагон ба китобхона ва китобхонӣ ҳаматарафа бояд саъю кӯшиш намояд. Роҳҳои гуногуни ҷалб намудани хонандагон ба китобхона ва китобхонӣ мавҷуданд, ки донистани онҳо барои ҳар як китобдор шарт ва зарур аст. Инчунин истифодаи онҳо дар амалия донишу маҳорати хоссаро аз китобдор талаб менамояд.
Аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалӣ, хусусан, USAID ба китобхонаҳои мактабҳо китобҳои бадеии бачагона (барои синфҳои аз 1 то 4) ворид гардиданд, ки барои ҷалб намудани хонандагон ба китобхонӣ падидаи бисёр муҳим мебошад. Бешубҳа, китобҳои дорои мантиқи солиму шавқовар  як роҳи ҳавасмандгардонии  хонандагон ва  сайқал додани донишу малакаи онҳо  мебошанд.

• Дида шуд: 1916

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj