Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

ТАРБИЯИ ДАСТАҶАМЪОНА
ДАР ТАШАККУЛИ ШОГИРДОН

Тарбияи дастаҷамъонаро аз назари илмӣ нахустин бор педагоги маъруф А.С.Макаренко татбиқ намуда, дар фаъолияти педагогӣ ҳарчи бештар ҷалб намудани наврасон, ба онҳо додани имконияти озод фаъолият кардан, масъулиятшинос будан дар ҷараёни кор ва дигар масоили муҳими фаъолияти дастаҷамъонаро таҳлил намудааст. Ҳангоми омӯзиши фаъолияти дастаҷамъона дар наврасони хурдсол ошкор гардид, ки омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ аҳамияти фаъолияти дастаҷамъонаро дар тарбияи ахлоқии бачаҳои хурдсол эътироф мекунанд, аммо ба таври муназзам на ҳама вақт дар амал аз ин воситаи муфиди тарбиявӣ истифода мебаранд.
Тавре таҳлил ва мушоҳидаҳои таҷрибаи кории омӯзгорӣ оид ба ташкили фаъолияти дастаҷамъонаи наврасони хурдсол нишон медиҳад, дар аксарияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ аз ҷониби наврасони синфҳои ибтидоӣ зоҳир намудани маҳорати ташкилотчигӣ дида намешавад. Ҳамзамон аз иҷрои кори дастаҷамъона ҳамеша бо мақсади ташаккули омӯзиши донишҳои ахлоқӣ ва рафтори наврасони хурдсол истифода бурда мешавад. Фаъолияти дастаҷамъонаи шогирдон бештар ба ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои анъанавии умумӣ табдил меёбад, ки ташаббускори онҳо бештар омӯзгор ба шумор меравад.
Масъалаи аз ҳама муҳим дар роҳбарӣ ба фаъолияти дастаҷамъонаи наврасон мушоҳида мебошад. Таҷрибаҳо собит намудаанд, ки дар ин кор бештар усули итоати бечунучаро ва аз ҳад зиёд ҷой дорад, ки ин фаъолияти бачагони хурдсолро ҳангоми иҷрои супоришҳои дастаҷамъона маҳдуд месозад. Наврасон супоришҳоро танҳо зери назорати омӯзгор амалӣ менамоянд. Омӯзгор ҳангоми иҷрои корҳои дастаҷамъона бештар ба наврасони фаъол такя намуда, дигарон ҳамчун иҷрокунандаи супоришҳо иштирок мекунанд.
Дар ин ҷо саҳми омӯзгорро дар кори роҳбарӣ ба фаъолияти дастаҷамъона, риоя намудани тартибу талабот ва меъёрҳои ахлоқӣ аз тарафи наврасон сарфи назар намудан лозим нест, вале наврасон набояд танҳо иҷрокунандаи супоришҳои калонсолон бошанд, балки онҳо бояд яке аз ташкилотчиёни фаъоли кори дастаҷамъона бошанд.
Таҳлилҳо ошкор сохтанд, ки аксаран худи омӯзгорон қоидаи рафтор ва ташкили меҳнатро дар ҳайати наврасон муайян месозанд. Дар ин ҳолат аъзоёни алоҳидаи ҳайат барои беҳтар намудани фаъолияти гурӯҳи наврасон таклиф пешниҳод накарда, назари худро иброз намедоранд. Ё ин ки танҳо зери фишори гурӯҳ қоида ва меъёрҳои ахлоқиро риоя менамоянд.
Ҳангоми ташкили кори дастаҷамъона камбуди омӯзгор дар он зоҳир мегардад, ки фаъолияти ҳар як аъзои гурӯҳ аз ҷониби онҳо назорат карда намешавад. Иҷрои кори дастаҷамъонаи иҷронамудаи наврасон арзёбӣ (баҳогузорӣ) нагардида, натиҷаи он муҳокима намешавад. Меҳнати наврасон дар кори дастаҷамъона дар аксари ҳолатҳо хусусияти расмӣ мегирад. Дар корҳои дастаҷамъона ба уҳдаи наврасон супоришҳои начандон муҳим вогузор шуда, онҳо аксаран ба баъзе наврасон дода мешаванд. Ҳамин тавр, дар рафтори кӯдакон мушоҳида намудани камбудӣ аз он сабаб рух медиҳад, ки омӯзгор ва волидон аз имконияти тарбиявии фаъолияти дастаҷамъона босамар истифода намебаранд.
Бояд қайд намуд, ки низоми фаъолияти кори дастаҷамъонаи наврасон, ки дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таълимгоҳҳои ибтидоӣ мавҷуд аст, на ҳама вақт ба фаъол намудани шахсияти бачагони хурдсол ва ташаккул додани фикру ақидаи онҳо, ҳамчунин, барои муҳайё намудани шароит баҳри фаъолияти мустақилонаи онҳо равона гардидааст.
Доир ба фаъолияти дастаҷамъона омилҳои зерин лозиманд:

-дарки мафҳуми фаъолияти дастаҷамъона аз тарафи кӯдакон чун омили ягонагӣ ва муттаҳидии гурӯҳ;

-муайян намудани вазифа ва уҳдадориҳо байни иштирокчиёни кори дастаҷамъона;
-барқарор намудани муносибатҳои байниҳамдигарӣ ва вобастагӣ дар рафти фаъолияти дастаҷамъона;

-ташкил намудани мубодилаи афкор ва малакаи ҳамроҳ кор кардан дар байни наврасон барои ноил шудан ба мақсади ягона; -назорат ва баҳодиҳӣ ба фаъолияти дастаҷамъона.
Мутахассисони соҳаи педагогӣ дар равшан намудани мафҳуми «фаъолияти меҳнатӣ» чунин изҳори назар намудаанд: «Дар фаъолият ба ғайр аз маҳсули кор, донишҳои бадастовардаи ахлоқӣ ва ҳамчунин маҳорату малакаи рафтори ахлоқӣ низ ҷой доранд. Ин дар муносибати байниҳамдигарии наврасон нисбат ба вазифаҳои худ, ба худи фаъолият ва натиҷаи он, нисбат ба дигар одамон зуҳур меёбад. Чунин ташкили фаъолияти дастаҷамъона барои тарбияи ахлоқии наврасон нақши ҳалкунанда мебозад.
Самаранокии кори таълиму тарбия дар фаъол намудани омилҳое зоҳир мегардад, ки ба ташаккули ягонагии донишу рафтори ахлоқии бачагони хурдсол мусоидат менамоянд. Босамар ҷараён гирифтани ташаккули ягонагии омӯзиши ахлоқ ва рафтори бачагони хурдсол дар ҳолате натиҷаи хуб дода метавонад, ки агар ташкили фаъолияти тарбияи дастаҷамъона ба таври мақсаднок марҳила ба марҳила амалӣ карда шавад.
Таҳлили таҷрибаи кории омӯзгорӣ ва осори илмии олимони педагог нишон медиҳанд, ки масъалаи давра ба давра ташаккул додани фаъолияти дастаҷамъонаи хонандагони хурдсол то ҳол ба таври пурра ҳалли худро наёфта, танҳо давраҳои ташаккули фаъолияти дастаҷамъонаи наврасону хонандагони синни калони мактабӣ таҳқиқ карда шудааст. Муҳаққиқон М.Г.Казакина ва Л.И.Новикова се марҳилаи рафти инкишофи фаъолияти дастаҷамъонаи бачаҳоро муайян намудаанд. Ба таҳқиқи ин олимон такя намуда, давраҳои ташаккули фаъолияти дастаҷамъонаи бачагони хурдсол ва аҳамияти ҳар як давраро дар ташаккули донишҳои ахлоқӣ ва рафтори наврасони ин синну сол муайян намудем.
Дар заминаи доир намудани корҳои озмоишӣ мо се марҳилаи ташаккули фаъолияти дастаҷамъонаи бачагони хурдсолро муайян намудем.
Давраи аввал, хонандагони хурдсол зери роҳбарии омӯзгор тарзи байни якдигар тақсим намудани корҳои дар оянда иҷрошударо омӯхта, баъд нақшаи фаъолияти дарпешистодаро тарҳрезӣ менамоянд. Натиҷаи омӯзиши раванди фаъолияти якҷояи бачагони хурдсол нишон дод, ки наврасон кори оғознамударо дар баъзе мавридҳо то ба охир расонида наметавонанд ва дар мавриди даркорӣ ба рафиқони худ ёрӣ расонида метавонанд.
Ташкили фаъолияти дастаҷамъонаи шогирдони хурдсол аз иҷрои вазифаҳои мухталифи ҷамъиятӣ оғоз мешавад: яке ба гулҳо об медиҳад, як нафар дақиқаи варзишӣ мегузаронад, дигаре тартибу низоми расмкаширо таъмин менамояд, масъули тозагӣ ба тозагии тахтаи гурӯҳ ва умуман тозагии синфхона назорат мебарад.
Хулосаву натиҷаи кори кӯдакон дар марҳилаи аввали ташкил намудани фаъолияти дастаҷамъона одатан аз тарафи худи омӯзгор арзёбӣ ё баҳогузорӣ мегардад.

Давраи дуюм, зимни фаъолияти дастаҷамъона наврасон на фақат зери роҳбарии бевоситаи омӯзгор супоришҳои начандон душворро иҷро менамоянд, балки зери назорати роҳбари гурӯҳ низ корҳоро бевосита худашон анҷом дода метавонанд. Наврасон маҳорату малакаи ба таври дастаҷамъона дар синф навбатдорӣ карданро идома медиҳанд. Ташкил намудани навбатдорӣ мустақилияти зиёдтари кӯдаконро таҳким мебахшад ва онҳо доир ба ин масъала на ба омӯзгор, балки ба сардори гурӯҳ ҳисобот медиҳанд.
Корҳои дастаҷамъонаро на танҳо ба манфиати худи гурӯҳ, балки ба манфиати дигарон низ ташкил намудан лозим аст. Масалан, ҳангоми гузаронидани озмоиш наврасон чунин навъи корҳои дастаҷамъонаро анҷом доданд: ҷамъоварии тухми гулҳо аз замини таҷрибавии назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, ҷамъоварии баргҳои рехтаи дарахтони саҳни ҳавлии муассиса ва хонаҳо, хокпӯш намудани роҳҳои назди таълимгоҳ ҳангоми боридани барф, омода намудани донхӯракҳо барои парандагон ва ғайра. Хонандагони синфҳои ибтидоӣ бо кӯмаки омӯзгор коғазпора, қалам, китоб, дафтар ва дигар ашёи таълимиро барои мактаб ҷамъоварӣ намуда, барои оро додани толори маҷлисгоҳи он бахшида ба идҳо шилшилаҳо сохтанд. Ҳангоми иҷрои чунин корҳо дар ниҳоди бачаҳо инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ёрии рафиқонаи байниҳамдигарӣ тарбия карда мешавад.
Бояд қайд намуд, ки дар ҷараёни кору фаъолияти якҷоя наврасон хусусият ва рафтору кирдори ҳамдигарро хуб фаҳмида мегиранд, ки барои дуруст иҷро намудани супоришҳои дастаҷамъона чӣ тавр бояд рафтор кард. Дар рафти фаъолияти дастаҷамъона наврасон дарк мекунанд, ки натиҷаи меҳнати онҳо аз маҳорати расонидани ёрии рафиқона ва зоҳир намудани масъулияти тарафайн вобастагӣ дорад. Ташкил ва гузаронидани чунин тарзи иҷрои корҳои дастаҷамъона барои омода сохтани наврасон баҳри иҷрои корҳои мустақилона мусоидат мекунад.
Ҳамин тариқ, дар давраи дуюм фаъолияти дастаҷамъонаи наврасон инкишоф ёфта, намуди иҷрои корҳои дастаҷамъонаи онҳо мураккабтар мегардад.

Давраи сеюм, мо ба наврасон иҷрои корҳои нисбатан мураккабро вогузор намудем, то онҳо мустақилона кор карданро омӯзанд. Ҳамин тавр, дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67-и шаҳри Душанбе вазъияти махсуси тарбиявии воқеии «Омодасозии маводи аёнӣ аз фанни математика» ва «Парчамчаҳо барои наврасони таълимгоҳ» ташкил ва гузаронида шуд. Омӯзгор ба наврасон муроҷиат намуд, ки барои синфҳои якум аз фанни математика маводи аёнӣ омода намудан лозим аст. Бачаҳо розӣ шуданд ва барои иҷрои супориш муҳлати муайяне муқаррар карда шуд. Наврасон маводи лозимаро, аз қабили коғаз, қалам,
картон, ширеш, ранг ва ғайра бо худ оварда, ба кор шурӯъ намуданд. Дар рӯзи охири кор омӯзгор эълон намуд, ки сарвари мактаб аз онҳо хоҳиш намудааст, ки барои оро додани толори бозии кӯдакон парчамҳои рангоранг созанд. Парчамҳо бояд дар давоми муҳлати таъйиншуда омода карда мешуданд.
Наврасон ду рӯз зери роҳбарии омӯзгор кор карданд. Дар рӯзи дуюм, пеш аз оғози кор ҷонишини сарвари таълимгоҳ оид ба корҳои тарбиявӣ омада мегӯяд, ки имрӯз муаллима бо шумо кор карда наметавонад, чунки ӯ ҳамроҳи мудири хоҷагии мактаб баҳри харидани китоб барои китобхонаи мактаб  меравад.
Рафти кори наврасонро мушоҳида намуда, муовин ошкор намуд, ки чанд нафар наврасон зери роҳбарии омӯзгор, чанд нафар зери роҳбарии сардори гурӯҳ ва чанд нафар мустақилона кор кардаанд.
Муносибати дастаҷамъонаи бачагон ба омӯзгор имкон медиҳад, ки вайронкунандагони тартиботи дохилии гурӯҳро боздорад ва наврасоне, ки ҳанӯз беҳбуди корҳои дастаҷамъонаро ҳис накардаанд, ба кори дастаҷамъона ҷалб карда шаванд.
Тавре аз таҷрибаҳо ошкор гардид, дар ҳолати хубу мақсаднок ташкил намудани фаъолияти дастаҷамъона наврасон доираи муайяни донишҳои ахлоқиро азхуд мекунанд.

• Дида шуд: 1909

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj