Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

АЛОҚАМАНДИИ ТАКМИЛИ ИХТИСОС ВА  СИФАТИ ТАҲСИЛОТ


   Дар марҳалаи ҳозираи ислоҳоти соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои сифати таълим ва таҳсилот мавзӯи муҳими рӯз ба шумор мераванд. Барои таъмини сифати таҳсилот барои омӯзгор  маҳорат ва салоҳиятҳои касбӣ заруранд, «зеро тақдири насли ояндасоз ва пешбарандаи давлату ҷомеа дар дасти ӯст», - барҳақ қайд намудаанд Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон [9].   
   Мувофиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020»  мазмуни  «низоми нави маориф, ки мутобиқи тамоюлоти ҷаҳони муосир на ба дониш, балки ба салоҳиятнокӣ асос ёфтааст, навсозии мазмуни таҳсилоти умумӣ дар асоси гузариш аз модели донишандӯзӣ ба модели салоҳиятнокии таълими ба инҳо нигаронидашуда, ...азхуд кардани нақшҳои иҷтимоӣ ва салоҳиятҳои асосӣ ҳамчун манбаи муваффақият иборат хоҳад буд, ...бо гузариш ба таҳсилоти ба салоҳиятнокӣ равонагардида  бо мақсади баланд бардоштани қобилияти рақобати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон алоқаманд аст» [12].  Барои таъмини ин раванд рушди пайвастаи касбии омӯзгор муҳим аст, ки ба воситаи системаи такмили ихтисос амалӣ мешавад.  Аз ҳамин диҳоз такмили ихтисос дар сиёсати давлатии соҳаи маориф мақоми афзалиятнок дорад.

    «Масъалаҳои баланд бардоштани сатҳу сифати таълим ва дар низоми таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷорӣ намудани усулҳои инноватсионӣ ва фаъоли таълим, инчунин баланд бардоштани сатҳи касбии омӯзгорон таваҷҷуҳи боз ҳам бештари масъулонро тақозо мекунад. Аз ин рӯ, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани маҳорат ва малакаи касбии омӯзгорон ба таври доимӣ ташкил кардани курсҳои такмили ихтисос, бозомӯзӣ ва ҳарчи бештар шинос намудани онҳо бо технологияҳои муосири таълим амри зарурӣ мебошад [9]. «Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем. Бинобар ин, ба Вазорати маориф ва илм зарур аст, ки фаъолияти курсҳои такмили ихтисоси омӯзгоронро боз ҳам тақвият бахшад», -қайд намуданд Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ  ба Маҷлиси Олии кишвар (26.12.2018)  [10].  
   Барои ташаккули салоҳиятҳои хонанда муколамаи доимии салоҳиятҳои хонанда ва омӯзгор зарур аст. Муколама аз «...ҳамкории омӯзгор-хонанда, омӯзгор-ҳайати педагогӣ, хонанда-хонанда» иборат аст [18,186]. 
   Мутобиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020» (Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон аз  30-юми июни  2011, №334), «навсозии низоми такмили ихтисоси омӯзгорон дар назар аст», ки  мақсади он фароҳам овардани «хизматҳои таҳсилотии марбут ба такмили ихтисоси худро интихоб карда тавонистани омӯзгорон, бунёди «хизматрасонии замонавию хушсифати таҳсилотӣ оид ба такмили ихтисос, ...механизмҳои рақобат, ...механизмҳои низоми тақсимоти дастгирии омӯзгорон дар болоравӣ ва инкишофи касбиашон тавассути ташаккули низоми сезинагии такмили ихтисос: дар зинаҳои минтақавӣ, маҳаллӣ ва муассисаи таълимӣ» [12] иборат аст. Дар назар аст, ки «барномаи такмили ихтисос дар асоси муносибати модули салоҳиятнокӣ таҳия мегардад» [12].    

    Аз ин лиҳоз такмили ихтисоси омӯзгорон бояд ба ташаккули салоҳиятҳои касбӣ-педагогӣ равона карда шавад. Бо ин мақсад соли 2017 барномаҳои курсҳои такмили ихтисоси омӯзгорон бо назардошти таълими босалоҳият таҳия ва аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.
   Акнун, мафҳумҳои «такмили ихтисос», «сифати таълим», «сифати таҳсилот»-ро дида мебароем.

   «Такмили ихтисос  ҷараёни доимии сайқал додани маҳорати касбии омӯзгор бо роҳи худомӯзӣ, иштирок дар кори иттиҳодияи методӣ, конфронсу семинарҳои омӯзишӣ, омӯхтани таҷрибаи пешқадами педагогӣ ва таҳсил дар курсҳои такмили ихтисос мебошад», гуфта шудааст дар  «Барномаи давлатии  рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» [3] ва «вобаста ба даврагии аттестатсияи омӯзгорон дар 5 сол як маротиба, ё дар ҳолати мавҷуд будани имкониятҳои молиявӣ, таълимӣ ва кадрии муассисаҳои таълимӣ ва имкониятҳои муассисаҳои такмили ихтисос метавонад дар 3 сол як маротиба гузаронида шавад [13].
   Дар заминаи муассисаи таълимӣ ба воситаи сохторҳои методии муассисаи таълимӣ, аз ҷумла, иттиҳодияҳои методӣ, шӯро ва кабинети методӣ амалӣ мешавад, ки вазифаи онҳо «аз расонидани кӯмаки методӣ ба омӯзгорон ва роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ дар фосилаи байни курсҳои такмили ихтисос, дастгирии омӯзгорони ҷавон ва ҳавасмандгардонии рушди малакаҳои касбии омӯзгорон тавассути гузаронидани шӯроҳои методӣ, озмунҳо, тарғиби таҷрибаи пешқадам ва ташкили таҷрибаомӯзии омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ мебошад», омадааст дар «Барномаи давлатии рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022» [3].  
  Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омадааст: «Сифати таҳсилот - маҷмӯи нишондиҳандаҳои стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи давлатӣ» мебошад. ё «мутобиқати таҳсилот ба талабот ва меъёрҳо (стандартҳо)-и дар соҳаи маориф қабулшуда аст». [15]. Сифати таҳсилот қобилияти амалӣ намудани хизматрасониҳои таълимӣ ва бадастории сатҳи маърифатнокии таълимгирандагон маҳсуб ёфта, дар асоси ин хизматрасониҳои бадастомада, ба талаботи истифодабарандагони натиҷаи таълим ҷавобгӯ аст  [4]. Сифати таълим – ташкили ҷараёни таълим аст, ки дар натиҷаи он шахсият ва сифатҳои марбут ба таълиму тарбия ташаккул меёбанд [1]. 
   Сифати таҳсилот – ин дараҷаи муайяни дониш, маҳорат, малака, рушди ақлонӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонӣ, ки толибилмон дар марҳалаҳои муайяни мутобиқ ба ҳадафҳои банақшагирифташуда; дараҷаи қаноатмандии иштирокчиёни ҷараёни таҳсилот аз хизматрасониҳои таълимии муассиса ба даст меоранд. Он пеш аз ҳама бо мувофиқат  ба стандарти таҳсилот чен карда мешавад. 
    Дар «Фарҳанги истилоҳот ва мафҳумҳои мутобиқгардонидашуда дар соҳаи маорифи кишвархои узви ИДМ» мафҳуми сифати таҳсилот  чунин шарҳ ёфтааст: “Сифати таҳсилот мутобиқати таҳсилот (ҳамчун натиҷа, ҷараён ва низоми ҷамъиятӣ) ба талаботи гуногунҷабҳа, манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат мебошад. Сифат як навъ маҷмӯи муназзами хусусиятҳои моҳиятан муҳимми иҷтимоии таҳсилот аст” [17,44]. Ё худ, дар қарори Шӯрои байнидавлатии Евр АзЭС (Созмони хамкориҳои иқтисодии АвруОсиё, 2010) сифати таҳсилот мухтасар чунин шарҳ ёфтааст: “Мутобиқати   таҳсилот (бадастомада ва бадастоянда) ба талабот ва манфиатҳои шахсият, ҷомеа ва давлат”.Ниҳоят, вобаста ба ҷорӣ шудани муносибатҳои босалоҳият ба таълим ба тавсифи сифати таҳсилот низ калимаи “салоҳият” илова гардид [2]. Яке аз тавсифҳои муосири сифати таҳсилот чунин аст: “Сифати таҳсилот - категорияи педагогӣ, ки ҳолат ва самарабахшии сифати ҷараёни таҳсилотро дар ҷомеа, мутобиқати онро ба талабот ва интизориҳо дар рушди салоҳиятҳои шаҳрвандӣ, иҷтимоӣ ва касбии шахсият муайян мекунад” [16].
  Натиҷаи таҳсилот дар шакли салоҳият дар «Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Точикистон аз 1-уми августи соли 2015, №494) чунин омадааст: «Мазмуни таҳсилоти умумӣ, пеш аз ҳама, ба тарбия ва ташаккули салоҳиятнокии ҳар як хонанда нигаронида шудааст, ки он дар самтҳои зерин ифода меёбад:

 -салоҳияти ҳалли масъалаҳо ва худидоракунӣ;

 -салоҳиятҳои иттилоотӣ;

 -салоҳияти иртиботӣ» [11,26].

  Ба стандарти таҳсилоти умумӣ мазмуни умумифаннии таҳсилот ворид шудааст, ки  мавқеи  донишҳои умумифаннӣ, маҳорат,    малакаҳо ва роҳҳои фаъолиятро дар бар мегирад. 
Мувофиқи «Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳсилот аз рӯи фанҳои таълимӣ (соҳаҳои таҳсилот), сатҳи омодагии хонандагон аз рӯи се самт арзёбӣ мегардад:

   -натиҷаҳои шахсӣ;

   - натиҷаҳои фаъолияти муназзам;

   - натиҷаҳои фаннӣ [11,26].
   Барои он, ки ин тавсифоти сифати таҳсилот таъмин шаванд, омилҳои муайянкунандаи сифати таҳсилотро қайд кардан бамаврид аст, ки муҳимтаринашон банақшагирии муҳтавои таълим, таъмини заминаи методӣ ва моддию техникии раванди таълим, таъмини раванди таълим бо кадрҳо (нерӯи зеҳнии муассисаи таълимӣ), ташкили усули таълим, ҳавасманд кардани таълимгирандагон барои гирифтани таҳсилоти босифат, назорати сифати таҳсилот мебошанд.
   Махсусан омили кадрӣ, такмили ихтисоси онҳо дар баробари дигар омилҳо аввалиндараҷа аст, ки аз системаи сезинагии такмили ихтисос сахт вобастагӣ дорад. Ташкили «такмили ихтисос дар асоси муносибати модули салоҳиятнокӣ, истифода аз «технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ва усулҳои фосилавӣ» шарти асосӣ аст.  
   Гузариш аз мақсади «ташаккули дониши» шунавандагони курсҳои такмили ихтисос  ба «ташаккули салоҳиятҳои касбии омӯзгор» самтивазкуниро дар мазмуни такмили ихтисоси муаллимон нишон медиҳад. 
Мақсади он ташаккули қобилият, маҳорат ва тайёр будан ба амал (салоҳиятҳо)-ро пешбинӣ мекунад. Шунавандагони курсу семинарҳо бояд дар рафти омӯзиш бештар ба амалия, натиҷаҳои омӯзиш такя карда,  салоҳиятҳои касбӣ  ҳосил кунанд. 
   Сифати такмили ихтисоси омӯзгорон аз андозаи ҳосилкардаи  салоҳиятҳо - қобилиятҳо дар иҷрои вазифаҳои касбӣ вобастагӣ дорад.  Дар натиҷа, омӯзгорон дар курсҳои такмили ихтисос ва дигар чорабиниҳои методии муассиса ба маҷмӯи зерини салоҳиятҳои касбӣ-педагогӣ соҳиб мешаванд: cалоҳиятҳои иҷтимоӣ-равонӣ, касбӣ–иртиботӣ (алоқадор), умумипедагогии касбӣ, фаннӣ, идорӣ, инъикосӣ (рефлексивӣ),  иттилоотӣ-коммуникатсионӣ, салоҳият дар  соҳаи фаъолияти инноватсионӣ (ибтикорӣ), креативӣ-маҳоратҳои ба роҳ мондани фаъолият дар дараҷаи эҷодӣ ва таҳқиқӣ. 
   Аммо низоми ҳозираи такмили ихтисоси омӯзгорон ҳанӯз ин талаботҳоро таъмин карда наметавонад. Омӯзгорон, махсусан омӯзгорони деҳот, аз инноватсияи педагогӣ қафо мемонанд. Гузариш ба шакли модулӣ, фосилавӣ, омехтаи такмили ихтисоси омӯзгорон ба таъхир монда мешавад. Курсҳои 12-рӯза ва 18-рӯза серхароҷот буда, муҳлати баргузории онҳо фосилаи зиёдро дар бар мегирад. Бо сабаби норасоии маблағҳо барои ба курсу семинарҳо фиристодани омӯзгорон аз тарафи шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо нақшаи аз курсу семинарҳо гузаштани омӯзгорон иҷро намешавад.  
  Дар бораи таъсири натиҷаи курсҳои такмили ихтисос ба сифати таҳсилот то ҳол таҳқиқоти назаррас гузаронида нашудааст. 
   Дар мақолаҳои омӯзгорон таҷрибаи татбиқи усулҳои фаъол инъикос меёбад, аммо дар сатҳи мақомоти маҳаллии соҳаи маориф ва филиалҳои донишкадаҳо дар ин бора таҳқиқоти назаррас бурда нашудаанд. 
Дар рафти арзёбии сифати таҳсилот ба дониши хонандагон ба воситаи тестҳо баҳо дода шуда, омилҳои дигари таъсиррасони сифати таҳсилот, ки дар боло номбар кардем, пурра арзёбӣ карда намешаванд.

   Бо сифати таҳсилот корҳои методӣ дар сатҳи муассиса ва маҳал (кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф) бо омӯзгорон бештар таъсири мусбат дорад, аммо бо сабаби фаъолияти сусти онҳо такмили маҳорати касбии омӯзгорон дар ин зинаҳо костааст. 
   Донишкадаи такмили маълумоти касбии ВМКБ (ҳоло филиали Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф дар ВМКБ) бо дастгирии  молиявии Фонди тоҷикистонии Оғохон такмили ихтисоси омӯзгорон ва дигар кормандони соҳаи маорифро дар асоси ниёзҳои омӯзгорон ва татбиқи ҷараёни инноватсионӣ ба нақша гирифт. Барномаи стратегӣ  таҳти унвони «Барномаи рушди ҳаматарафаи мактаб» дар солҳои 2006 – 2012 ва 2012-2016  амалӣ шуд. Дар доираи барномаи мазкур такмили ихтисоси омӯзгорон ва дигар кормандони соҳа, таҳияи барномаҳои курсҳои модулӣ, дастурҳои таълимӣ ва методӣ барои омӯзгорон, гузаронидани мониторинги  самаранокии низоми такмили ихтисос, машваратҳо ва раҳнамоӣ  (менторинг)  амалӣ шуданд.  
    Мутобиқи барнома 314 муассисаи таълимии ВМКБ ба се марҳалаи такмили ихтисос, ки дусолиро дар бар мегирифтанд, дар ҳар ҷамоати деҳот то 5 муассиса ба кластер(гурӯҳ)-ҳои алоҳида тақсим карда шуданд. Омӯзгорон ба иттиҳодияҳои методии дохилимуассисавӣ ба байнимуассисавӣ фаро гирифта шуданд. 
    Дар ҳар кластер Маркази маводи таълимӣ ташкил шуда, бо асбобҳои аёнии тайёр ва ашёи хом барои тайёр намудани аёнияти худсохт таъмин карда шуданд. 
   Мувофиқи барнома беҳтарин омӯзгорон, ки қобилияти хуби тренерӣ доштанд,  роҳбарони иттиҳодияи методӣ таъин шуда,  аз ду курси модулии 72-соата - такмили маҳорати касбии омӯзгор ва ташкили иттиҳодияи методӣ, раҳнамоии омӯзгорон гузаштанд. Дар натиҷа роҳбарони иттиҳодияи методӣ ҳамчун тренер ва ментор (раҳнамо) тайёр карда шуданд. Омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ бошанд,  аз курси 9-рӯза (дар ҳаҷми 54 соат) дар донишкада ва дар шакли ғоибона (54 соат) дар муассиса ба воситаи иттиҳодияи методӣ мегузаштанд, ки дар умум 108 соатро дар бар мегирифт.Барои ба танзим овардани фаъолияти роҳбарони иттиҳодияи методӣ танзимгари роҳбарони иттиҳодияи методии  гурӯҳи муассисаҳо  интихоб карда шуданд. 
     Барномаи “Рушди ҳаматарафаи мактаб” дар чунин шаклҳо амалӣ шуд:

   1. Такмили ихтисоси омӯзгорон ба воситаи курсу семинарҳо, озмунҳо, мизҳои мудаввар ва конфронсҳои илмӣ.

     2. Корҳои методӣ, ташвиқи таҷрибаи пешқадам ва нашри мақолаҳо ва корҳои эҷодии хонандагон:

     а) таҳияи нишондоду дастурҳои методӣ;

   б) барномаи кӯмаки методӣ (раҳнамоӣ), ташкил ва ҷиҳозонидани Маркази маводи таълимӣ, нашри маҷаллаи “Раҳнамои омӯзгор”.  
    Бо мақсади дастгирии татбиқи барнома, пойдории он барои директорони  муассисаҳои таълимӣ, муовинони директор, мудирон ва мушовирони кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф, мутахассисони шуъба ва раёсати маориф оид ба таъмини сифати таълим курсҳои модулии махсус дар мавзӯъҳои зерин гузаронида шуданд: 
    1. Менеҷмент   ва  сарварӣ   дар   соҳаи   маориф.

    2.Рушди мактаб ва банақшагирии он.

   3.Ташкил ва истифодаи фонди ғайрибучетии мактаб.

  4.Ҷалби ҷомеа  ба  мактаб.

   5.Стратегияи муосиркунонии кор-ҳои тарбиявӣ ва таҳкими фаъолияти худидоракунии хонандагон.
  Инчунин барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ курсҳои модулии “Методикаи  умумии таълим”, “Методикаи таълими забони модарӣ ва математика”, “Методикаи таълими фанни табиатшиносӣ”, семинарҳои 6-рӯзаи “Таълим дар синфҳои тайёрӣ”,”Омӯзиши шавқовар”, “Тарзи ҳаёти солим” барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ, “Таълими волидон”, “Омода кардани кӯдакон ба мактаб”, “Омӯзиш тавассути таҳқиқот ва тафаккури интиқодӣ” барои роҳбарони иттиҳодияи методии синфҳои ибтидоӣ, “Таълим дар синфҳои камнуфус”,  “Рушди кӯдакони синни томактабӣ”, “Хониши оилавӣ” (модули 1 ва 2) гузаронида шуданд. Ба ғайр аз ин солҳои 2015 -2019 аз тарафи Филиали донишкада барномаи “Алоқаманд намудани ҷараёни таълим бо ҳаёт” дар 60 муассисаи таълимии ВМКБ ва 16 муассисаи таълимии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин амалӣ гардид. Стратегияҳои асосии он аз инҳо иборат буданд: даъвати мутахассис ба дарс, алоқамандии байнифаннӣ, ҳамгироии фанҳо, ташкили чорабиниҳои беруназсинфию беруназмактабӣ, ташкили саёҳат.
   Дар давоми ин солҳо мониторинги натиҷаҳои курсу семинарҳо гузаронида шуда, дар асоси натиҷаҳои он кӯмакҳои методӣ расонида шуданд. Мониторнг саволҳои махсусро дар бар мегирифт, ки фаъолияти роҳбари иттиҳодияи методӣ, омӯзгор, нақшаи дарсӣ, тарзи гузаронидани иттиҳодияи методӣ ва ғайраро мавриди таҳлил қарор медод. 
   Бо мақсади муайян намудани натиҷаи курсу семинарҳо ба сифати таълим ва таҳсилот таҳқиқоти пеш аз барномавӣ, мобайн ва интиҳои барнома гузаронида шуд. Барои аниқтар муайян кардани натиҷаҳо дар аввали барнома ва мобайни он мактабҳои интихобшуда ва санҷишӣ муайян шуда натиҷаҳо ба мактабҳои санҷишие, ки омӯзгорони онҳо аз курс-семинар нагузаштаанд, муқоиса карда шуданд. 
   Баъди гузаронидани курсу семинарҳо   дар ҳақиқат фаъолиятҳои амалӣ-эҷодии омӯзгорон  хеле афзуд. Масалан, барои роҳбарони иттиҳодияи методии муаллимони синфҳои ибтидоӣ дар мавзӯъҳои зерин семинари 6-рӯза  гузаронида шуд:

    - Маълумот оид ба омӯзиш тавассути таҳқиқ;

    - Тавсифи омӯзиш тавассути таҳқиқ;

    - Намудҳои омӯзиш тавассути таҳқиқ;

    - Нақши муаллим дар омӯзиш;

    - Омӯзиш тавассути тахқиқ аз рӯйи расм;

    - Санъати хуби саволгузорӣ;

   - Тайёр намудани саволҳо ва таҷлили онҳо.
    Баъди гузаронидани семинар роҳбарони иттиҳодияҳои методӣ ин мавзӯъҳоро бо муаллимон баррасӣ намуданд. Дар муддати муайян омӯзгорон ҳангоми татбиқи онҳо дар масъалаҳои гуногун таҷрибаи худро дар моҳномаи донишкада «Раҳнамои омӯзгор» нашр намуданд: «Ҳалли масъалаҳо доир ба касбҳо» (Зиёбек Худобахшов, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 21-и ноҳияи Шуғнон), «Истифода аз чистон дар дарси табиатшиносӣ» (омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 40-и ноҳияи Роштқалъа),  «Истифодаи жанрҳои бадеӣ дар таълими фанни математика дар синфҳои ибтидоӣ» (Холназар Худоназаров, омӯзгори синфҳои ибтидоии мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 54-и ноҳияи Шуғнон), «Усули омӯзиши забони тоҷикӣ дар синфҳои қирғизӣ» (Розия Кӯчакшоева, омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 9, ноҳияи Мурғоб), «Ташкил намудани бозӣ дар дарси забони давлатӣ дар синфҳои қирғизӣ» (Мамадюнусов Ҳозиратимуса, омӯзгори мактаби таҳсилоти умумии асосии №13-и ноҳияи Мурғоб) ва ғайра. 
   Барои муайян кардани самаранокии курсу семинарҳо ва таъсири онҳо ба сифати таҳсилот  дар сатҳи муассисаи таълимӣ аз фанҳои ҷудогонаи синфҳои 4 ва 7 дар аввал, мобайн, охири барнома  ва баъди 4 соли он таҳқиқот гузаронида шуд. Таҳқиқот 602 хонандаро фаро гирифт (302 хонандаи синфи 4 ва 300 хонандаи синфи 7).  Барои муайян кардани  сифати дониш, маҳорат ва малакаи хонандагон аз фанни забони тоҷикӣ, математика,  табиатшиносии синфи 4 ва математика, физика, биология, забони тоҷикии синфи 7 аз рӯи се принсипи стандарти байналмилалӣ (дониш, истифодабарӣ ва фикрронӣ) аз тарафи мутахассисони донишкада тестҳо таҳия шуданд.  Қисмати дигари таҳқиқот аз тарафи омӯзгорон истифода бурдани методҳои гуногуни таълими фаъолро дар бар мегирифт. Барои баҳодиҳӣ ба сифати тадрис дар мактабҳои ба барнома шомилшуда аз рӯи усулҳои интерактивӣ, усулҳои маъмули истифодашуда  ба се зина - усулҳои интерактивии  зиёд, миёна ва кам ҷудо - карда шуданд. Усулҳои интерактивии зиёд  усулҳои мубоҳиса ва саволдиҳӣ, мубоҳисаи гурӯҳӣ, истифодаи аёният, бозиҳо, нақшофарӣ ва саволдиҳии хонандагон ба ҳамдигар, усулҳои интерактивии миёна –   усулҳои  саволдиҳии шифоҳии хонандагон (аз тарафи омӯзгор), нақли ҳикоя, намоиши кори хонандагон ба тамоми синф ва истифодаи тахтаи синф, усулҳои кам интерактивӣ – лексия, саволдиҳии хаттии хонандагон (аз тарафи омӯзгор), кори мустақилона (хондани мустақилона, халли масъалахои математикӣ)-ро дар бар мегирифтанд. Филиали донишкада дар асоси таҷрибаи гузаронидани курсу семинарҳо барои истифодаи усулҳои интерактивӣ дар як дарси омӯзишӣ чунин ҳиссаро пешниҳод намудааст: 60% бояд интерактивии зиёд, 30% интерактивии миёна ва фақат 10% интерактивии кам истифода бурда шавад.  
                                                  
    Аз ҳама афзоиши баланд дар саволдиҳии шифоҳӣ (аз 72% дар соли 2009 ба 96.7% дар соли 2012), мубоҳиса (аз 68%и соли 2009 ба 73.3% дар 2012), саволдиҳии хонандагон аз ҳамдигар (аз 52%-и соли 2009  ба 70% дар  соли 2012) ва нақли ҳикоя (аз 28%-и соли 2009 то 40.0% дар соли 2012) мушоҳида шуд.  Омӯзгорон баъди курсу семинарҳо ва такмили ихтисос дар сатҳи муассиса ва эҷодкорӣ ба ин дастовард муваффақ шуданд.

                                              
   Истифодаи усулҳои интерактивӣ аз таҳқиқоти ибтидоӣ (соли 2006) то таҳқиқоти баъдибарномавӣ (соли 2012) барои омӯзгорони синфи 7 низ зиёд шуд. Аз ҳама зиёд усулҳои саволдиҳии шифоҳӣ (92%), буд. Истифодаи тахтаи синф (86.8%), мубоҳиса (73.6%) ва кори мустақилона (71.7%) аз тарафи омӯзгорони синфҳои 7 қайд гардиданд. 
   Бояд зикр намуд, ки аз рӯи ҷавобҳои хонандагон истифодаи  усулҳои интерактивӣ  нисбат ба таҳқиқоти баъди барномавӣ дар соли 2012 назаррасанд. Аз ҷумла, саволдиҳии хаттӣ 6.3% ва мубоҳиса то 5.3% зиёд гардид.  
Ҳангоми таҳқиқот сифати таҳсилоти хонандагон на танҳо аз рӯи мундариҷа (дониш), балки аз лиҳози малакаи ба кор бурдани дониши гирифташуда (истифодабарӣ) ва инчунин тафаккури интиқодӣ (фикрронӣ) барои ҳар як фан санҷида шуданд. Натиҷаҳои дастоварди хонандагонро мисол меорем. 
                                          
     Аз  фанни математика дониши хонандагон аз соли 2006 то соли 2009 аз 37,1%  ба 47,5%, дар давраи таҳқиқоти баъдибарномавӣ  соли 2012 (47,4%) –ро нишон дод. Дар бораи истифодабарӣ бошад, натиҷа аз 48,8% дар давраи таҳқиқоти интиҳоӣ (соли 2006) то ба 60,1%-и  баъди барномавиро нишон медиҳад. Аз рӯи фикрронии хонандагон холҳои хонандагон 40,8% дар давраи таҳқиқоти баъди барномавӣ (соли 2012) бар 40,2%, дар дар давраи таҳқиқоти интиҳоӣ (2009) ва 28.6% дар давраи таҳқиқоти ибтидоӣ (2006) нишон медиҳад.
                                           

     Натиҷаҳо нишон медиҳанд, ки хонандагон дониши беҳтарро аз фанни забони тоҷикӣ дар давраи таҳқиқотӣ, баъди барномавӣ бо нишондиҳандаи 57,8% бар  42.3%  дар давраи интиҳоӣ ва 48% дар давраи таҳқиқоти ибтидоӣ андӯхтанд. Аз соли 2006 то соли 2012, ин 10 фоизи пешрафт хеле назаррас мебошад.
                                      

    Нисбат ба дигар фанҳо хонандагон аз фанни забони тоҷикӣ ва адабиёт натиҷаҳои назаррасро соҳиб шуданд. Фоизи баландшавии дониши хонандагон аз 43,5% ибтидои барнома ба 44,7% таҳқиқоти интиҳои барнома  ва 58,6% баъди барномавиро ташкил дод. Натиҷаҳои истифодабарии дониш низ нишон медиҳад, ки пешрафти хонандагон аз 52,9% давраи таҳқиқоти ибтидоӣ ба 64,8% давраи таҳқиқоти интиҳоӣ ва ибтидоӣ, ниҳоят 70.7%  дар давраи таҳқиқоти баъди  барномавӣ боло рафтааст.  Дар самти фикрронӣ низ хонандагон холи баландро нишон доданд, аммо нисбат ба дигар доменҳо кам мебошанд  (51.8%) давраи таҳқиқоти баъди барномавӣ, бар 50,0% дар давраи таҳқиқоти интиҳоӣ ва 38,3% дар давраи ибтидоӣ).
                                   

     Аз рӯи самти дониш пешравии зиёд ба назар мерасад (58,2% дар давраи таҳқиқоти баъди барномавӣ, бар 50,4% дар давраи таҳқиқоти интиҳоӣ ва 30,4% дар таҳқиқоти ибтидоӣ). Аз рӯи самти истифодабарӣ афзоиши 6% аз соли 2009 то соли 2012 мушоҳида шуд. 

     Соли 2016  таҳқиқоти такрорӣ гузаронида шуд, ки 41 муассисаро фаро гирифт ва нисбат ба соли 2006 сифати дониш ба тариқи зерин рушд ёфтааст: синфи 4 – забони тоҷикӣ 13%, математика 14%, табиатшиносӣ -8%. Синфи 7: геометрия 5%, забон ва адабиёти тоҷик 12%, биология  13%, физика 19%. 
    Охири соли  2019 таҳқиқи натиҷаҳои курс - семинарҳои модулӣ оид ба барномаи “Алоқаманд намудани ҷараёни таълим бо ҳаёт” дар муассисаҳои интихобии ВМКБ ва ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҷамъбаст карда шуд. Барои намуна натиҷаҳои онро оид ба таъсири курсу семинарҳо ба сифати таҳсилот мисол меорем. 

                               
    Хулоса, такмили ихтисос дар ҳадди охир бояд ба баланд бардоштани сифати раванди таълиму тарбия равона шуда бошад. Аммо вобастагии байни онҳо мустақим нест. Сифати пасти таҳсилот дар муассисаи таълимӣ шаҳодати сифати пасти омодагии омӯзгор ва корҳои методӣ ба шумор меравад. Вале баланд бардоштани сифати таҳсилот пурра аз такмили ихтисоси омӯзгор вобастагӣ надорад.

                                 

     Охир ба сифати таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ ба ғайр аз такмили ихтисос омилҳои дигар, ба монанди муҳити таълимии дохилӣ ва берунӣ, базаи моддӣ-техникӣ, аёният, таъминоти методӣ, сифати идораи кормандон ва умуман муассиса ва ғайра таъсир мерасонанд.  
   Натиҷаи курсу семинарҳои такмили ихтисос дар муассисаҳои таълимӣ пеш аз ҳама ба фаъолияти иловагии кабинети методии шуъбаҳои маориф ва ташкили корҳои методӣ дар худи муассисаҳои таълимӣ вобастагӣ доранд. 
   Татбиқи технологияҳои педагогӣ муҳлати муайянро тақозо доранд. Омӯзгоре, ки дирӯз дар курси такмили ихтисос бо усулҳои нави тадрис шинос шудааст ва имрӯз ба татбиқи амалии он оғоз намудааст, мумкин аст ягон натиҷаи мусбатро дар муддати кӯтоҳ ба даст наорад.  Ҳамаи намуди натиҷаҳои мусбат дар соҳаи маориф бо таъхир, бо  ғун шудани таҷриба, кӯшиши омӯзгорон, ҳамаи гурӯҳҳои иҷтимоӣ, хуллас, ҳамагон ба даст меояд.  
    Такмили ихтисос ҳамон вақт омили баланд бардоштани сифати таҳсилот мегардад, ки агар:

    - омӯзгор мувофиқи ниёзҳои худ курсҳои гуногуни модулиро интихоб кунад;

    - дар заминаи кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф ташкил намудани   мониторинги фаъолияти омӯзгор, корҳои методии муассисаи таълимӣ ва кӯмакҳои доимии методӣ ба омӯзгорон  аз тарафи сохтори методии муассиса;

     -ташкили курсҳои модулии 36-соата дар муддати 3 ё 5 сол, ки дар маҷмӯъ курси пурраи такмили ихтисосро ташкил медиҳанд;
    - истифодаи самараноки  технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ, курсҳои фосилавӣ, омехта (видеоӣ) барои инкишофи пайвастаи касбии омӯзгор;

   - диққати бештар ба рушди салоҳиятҳои касбӣ-педагогии омӯзгор дар курсҳои такмили ихтисос;

   - ҷонибдорӣ кардани мустақилият, ташаббускорӣ, ҷустуҷӯи эҷодӣ ва худинкишофдиҳии омӯзгорон дар сатҳи муассисаи таълимӣ ва шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо.

   адабиёт:
   1. Атахонов Т., Муллоев А. Фарҳанги истилоҳоти маориф. -Душанбе, 2011, 184 с.

  2. Байзоев А. Масъалаҳои назариявӣ ва амалии муносибати босалоҳият ба таълим// «Омӯзгор», №52, 28 декабри соли 2017.

  3. Барномаи давлатии  рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022  (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2017, №357)

  4. Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон №8/17, аз 29.06.2017).

  5. Консепсияи гузариш ба низоми нави таҳсилоти миёнаи умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон// «Масъалаҳои маориф, 2010. №3, С. 83-101.

  6. Коджаспирова Г.М., Коджаспиров А.Ю. Педагогический словарь: Для студ. высш. и сред. пед. учеб. заведений. -М.: И; М.: Издательский центр «Академия», 2000, 176 с.

  7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф». -Душанбе, 2014.  

  8. Управление качеством образования. Под редакцией М.М.Поташтика. -М.: Педагогическое общество России, 2000, 441 с.  

 9. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2015).

 10. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 26.12.2018.

 11. Стандарти давлатии таҳсилоти умумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қарори Ҳукумати Ҷумхурии Точикистон аз 1 августи соли 2015, №49).

 12. Стратегияи миллии рушди маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2020 (Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз  30 июни  2011, № 334).
 13. Тартиби такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф. (Фармоиши Вазири маориф ва илми ҶумҳурииТоҷикистон аз 19 ноябри соли 2013, №2876).

 14. Фарҳанги нави истилоҳот ва мафҳумҳои методӣ, 2009.

 15. Фарҳанги истилоҳоти педагогикаи умумӣ ва иҷтимоӣ, 2006.

 16. Фарҳанги истилоҳот ва мафҳумҳои мутобиқгардонидашуда дар соҳаи маорифи кишвархои узви ИДМ. -М.: 2004.

 17. Шарифзода, Файзулло Педагогика: назарияи инсонофар ва ҷомеаи фарҳангӣ. -Душанбе, «Ирфон», 2010, 543 с.

  • Дида шуд: 1944

ТАВАҶҶУҲ

<h2 style="text-align:center">Обуна-2022</h2> <h2 style="text-align:center">Хонандагони азиз!</h2> <p><em><strong><span style="font-size:16px">Шумо чиро донистан мехоҳед:<br /> Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? <br /> Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?<br /> Такмили маҳорати касбӣ?<br /> Маводи хуби методӣ?...</span></strong></em></p>

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj