Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

                                                            АРХИМЕД

ПАДАРИ ҲИСОБИ ИНТЕГРАЛӢ
(СОЛҲОИ 287-212-И ТО МИЛОД)

   Архимед соли 287-и пеш аз милод дар Сиракуз таваллуд шуда, дар ҳамон ҷо ба фаъолияти илмӣ машғул буд. Дар аввал аз падараш Фидия, ки ситорашинос буд,  таълим гирифт ва сипас дар Искандария бо шогирдони Эвклид шиносоӣ пайдо карда, тамоми умр бо онҳо мукотиба ва равобити илмӣ барқарор кардааст. Аз сарчашмаҳо маълум аст, ки Гераклид тарҷумаи ҳоли Архимедро навишта буд, вале он то замони мо боқӣ намондааст. Агар Эвклид дар таърих ҳамчун гирдоваранда ва танзимгари донишҳои то замонааш мавҷуда эътироф шуда бошад, Архимед бо як қатор корҳои илмии ғайриоддӣ ва олиҷаноби дар соҳаи математика анҷомдодааш аз ӯ фарқ мекунад. Фаъолияти  Архимед аз ҳисоб кардани масоҳати фигураҳои бо хатҳои каҷ маҳдудшуда ва ёфтани ҳаҷми ҷисмҳои бо ҳамвориҳои дилхоҳ иҳоташуда иборат аст. Аз ин ҷост, ки ӯро барҳақ ҳамчун падари ҳисоби интегралӣ, ки пас аз ду ҳазорсола ба миён омад, ҳисобидан мумкин аст. Мегӯянд, ки Архимед кашфиёти муҳимтарини худро исботе мешумурд, ки ҳаҷми кура ва ҳаҷми силиндри дар атрофи он кашидашуда байни ҳам ҳамчун 2:3 нисбат доранд. Архимед аз дӯстони хеш хоҳиш карда буд, ки исботи ин далелро дар санги болои қабри ӯ сабт намоянд. Архимед кӯшиш ба харҷ додааст, ки проблемаи квадратураи доираро ҳал кунад ва дар ин ҷода ба натиҷаи баландтарин ноил гардид:

   1. Масоҳати доира ба масоҳати секунҷаи росткунҷаи катетҳояш ба дарозӣ ва радиуси давра баробаранд (пR2).

   2. Масоҳати доира ба масоҳати квадрати дар атрофи он кашидашуда ҳамчун 11:14 нисбат дорад.

 

   Дастовардҳои номбаршуда танҳо як қисми ночизи осори Архимедро ташкил медиҳанд. Хусусияти хоси таълифоти  ин марди бузург дар навиштаҳои мураккаби ӯ нуҳуфтааст. Архимед фикри хонандаро намекард, ҳангоми навишт зинаи асарҳояшро мепартофт, кӯтоҳ мекард ва хеле мухтасар менавишт. Шояд гумон мекард, ки хонандаи осораш бояд дорои қобилияти хондану азхуд кардани навишаҳои ӯро дошта бошад. Онҳое, ки чун Плутарх тарзи фаҳмо будани навишти Архимедро ситоиш мекарданд, шояд таълифоти ӯро мутолиа накарда буданд. Вале математики машҳури фаронсавӣ Франсуа Виет ошкоро изҳор карда буд, ки на ҳамаи навиштаҳои Архимед барояш фаҳмо мебошанд. Ба ин нигоҳ накарда, Архимед дар инкишофи математика таъсири хеле зиёд гузоштааст. Асарҳои ӯро олимони мамолики арабизабон бо ҷидду ҷаҳди зиёд тарҷума карда,  шарҳ медоданд. Дар асоси тарҷумаи арабии асарҳои Архимед солҳои минбаъда олимони Аврупои ғарбӣ низ ба омӯхтани осори ӯ пардохтанд. Дар асоси маъхазҳои таърихӣ, ки дурустии онро, мутаассифона, мо тасдиқ карда наметавонем, дар борои Архимед ҳамчун инсон ва ҳамчун олим тасаввурот ҳосил кардан мумкин аст. Аз ҷумла, мувофиқи ин ривоятҳо Архимед дар назари ҳамзамононаш ҳамчун симои “олими хотирпарешон”-ро боқӣ  мондааст.

     Мувофиқи ривоятҳо, шоҳ Герон ба ӯ супориш дода буд, ки масъалаи доир ба миқдори омехтаи нуқра дар тоҷи тиллоиашро ҳал кунад. Архимед дар бораи тарзи ҳалли ин масъала дуру дароз фикр кард. Боре, ҳангоми ба ҳавз даромадан ӯ дарк кард, ки чӣ тавр ҷисми ӯ обро танг карда мебарорад ва фаҳмид, ки аз ҷиҳати ҳаҷм оби бар ивази ҷисм аз ҳавз баровардашуда ба ҳаҷми ҷисми ӯ баробар аст. Ҳамин тавр, ба хулосае омад, ки аз рӯи оби баровардашуда бо ҳамин тарз ҳаҷми ҷисми дилхоҳ, аз ҷумла, ҳаҷми тиллои тоҷи шоҳро муайян кардан мумкин аст. Аз ин кашфиёт ба ҳаяҷон омада, аз ҳавз тани урён ба кӯча давида баромада ”Эврика!”, яъне ёфтам,- гӯён дод мезад.

    Гуфтори дигари таърихиро низ ба Архимед нисбат медиҳанд, ки он чунин аст: “Ба ман нуқтаи такягоҳ диҳед (ё ба ман ҷое диҳед, ки он ҷо истода тавонам),   Заминро  меҷунбонам”. Эҳтимол, ин гуфтаҳо, ҳангоми ба об сар дода шудани киштӣ ба амал омада бошанд. Коргарон натавонистанд, ки киштиро аз ҷояш ҷунбонанд. Ба онҳо Архимед ёрӣ расонида буд. Ӯ силсилаи қисмҳо (полиспастҳо)-ро сохта буд, ки бо ёрии онҳо як одам, аниқтараш, шоҳ ин корро ба субут расонид.

   Таърихшиноси атиқа Плутарх Архимедро барои дар ҳимояи шаҳри Сиракуз аз ҳамлагарони римӣ наҷот додан ҳамду сано хондааст. Бо ёрии манҷаниқи ихтироъкардаи Архим ед ба сӯи ғоратгарони шаҳр сангҳои калон ва гудохтаи қурғошим ҳаво дода шуда, кранҳои махсус киштиҳои ҷангии душманро дар оби баҳр ғарқ мекарданд. Ин ва дигар

ривоятҳо гувоҳӣ медиҳанд, ки Архимед аз идеяи плутонии аз амалия пурра ҷудо кардани илм даст кашида буд, ҳарчанд, мутаассифона, корҳои илмии ӯ доир ба математикаи амалӣ боқӣ намондаанд. Архимед соли 212-и то милод, ҳангоми бо илми дӯстдоштааш машғул будан, аз тарафи аскари римӣ ба қатл расонида шудааст. Гӯиё ин шахсияти нотакрор пеш аз марг аз  қотил хоҳиш намудааст, ки нақшаи дар болояш фикркардаистодаро нобуд насозад.

    Пас аз сад соли ин ҳодиса Ситсерон қабри Архимедро аз рӯи кураи дар дохили силиндр кашидашудаи тахтасанги қабраш пайдо кард.

  • Дида шуд: 1638

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj