Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

ТАЪЛИМИ ҲАМГИРО

ВА ТАШАККУЛИ ШАВҚИ МАЪРИФАТҶӮИИ

ТАЛАБАГОНИ СИНФҲОИ ИБТИДОӢ

   Масъалаи таъмини сифати дониши талабагон айни замон мақсаду вазифаи муҳимтарини мактаби муосир умуман ва мактаби тоҷик хусусан дониста мешавад. Ба ин муносибат дар назария ва амалияи педагогӣ рӯ овардан ба масъалаи бедорӣ ва ташаккули шавқи маърифатҷӯии талабагони хурдсол яке аз фишангҳои ноил шудан ба сифати дониш шинохта шудааст. Зеро маҳз шавқ ба чизе, ба ашёе, ба коре, ба фаъолияте кӯдакро ҳамеша ба талоши дарк кардан, ҳис кардан, фаҳмидан ё «кашф» кардани навигарии он чизу фаъолиятҳо, сарфаҳм рафтан ба асрори онҳо сафарбар мекунад. Шавқ ҷамъулҷамъ ё гудохтаи равандҳои бешумори равонӣ буда, дар ботини шахсият азми махсус ба фаъолият ва вазъи махсуси рӯҳӣ: хушнудӣ аз раванди омӯзиш, кӯшиши фурӯ рафтан ба маърифати ашё ё рӯйдоди мароқовар, ба фаъолияти маърифатҷӯӣ, мушавваш гардидан аз бебарорӣ ва азми бартарафсозии он, шодмонӣ аз комёбиҳоро ба миён меоварад [3].

    Кӯдак дар натиҷаи талошу фаъолиятҳои амалӣ, асроркушоӣ ва «кашфиёт» шавқи маърифатҷӯии худро қонеъ карда, зарра ба зарра рушд меёбад. Дар заминаи шавқи ковиш ва ҷустуҷӯҳои нахустини дониш тафаккури кӯдак ба ҳаракат медарояд, дар ниҳоди ӯ тадриҷан азму майли ҳарчи бештар «кашф» кардан, амиқтар фурӯ рафтан ба асрори ашё, ҳодисоту воқеоти табиат, олами ҳастӣ, муҳтаво ва асрори фанни таълимӣ зуҳур кардан мегирад. Ин ҷунбиш ва ҳаракати фикр  барои кӯдак нахустин рӯйдоди арзишманди ҳаёти бошуурона ва бомақсад аст. Ба шарофати ин рӯйдод кӯдак азмеро ихтиёр мекунад, ки ӯро ба дарёфти донишҳои амиқ, мушкилтару муфассалтар, ба фаъолиятҳои минбаъдаи донишандӯзӣ сафарбар менамояд. Ба чунин азми қавии омӯзиш кӯдаки бедоршавқ, ба қавли  Ибни Сино, «аспи талаб аз гунбади гардун биҷаҳонад».

   Барои расидан ба ин мақсаду вазифаҳо муҳайё кардани шароити мусоиди педагогӣ зарур аст ва яке аз онҳо таълими ҳамгирои фанҳо мебошад. Таълими ҳамгиро бо риоя кардани «принсипи… мавҷвор болоравандаи ҷараёни таълим имконият фароҳам меоварад, ки шогирдон ба фаъолияти фикрӣ ва инкишоф ҳавасманд шаванд, сустиродаҳо ва камғайратон аз муваффақиятҳои худ рӯҳбаланд гарданд» [7]. Лутфан биноҳои бисёрошёнаро пеши назар оваред, ки одамон зинаҳои болобарандаи онҳоро бо андаке шиддати ҷисмонӣ паси сар мекунанд. Маълум аст, ки чи шиддати ҷисмонӣ, чи шиддати фикрӣ калиди рушд аст. Принсипи номбурдаи таълими ҳамгиро бошад, мувофиқи қонуни раднашавандаи педагогӣ - «инкишоф дар минтақаи наздиктарини мушкилот (бартарафсозии бошиддати мушкилот) - ба амал омада» [1], кӯдаконро зина ба зина ба фатҳи қуллаҳои баландтари илму дониш ҳидоят мекунад.

   Муҳиммият, шавқоварӣ ва зарурияти таълими ҳамгироро ҳамчун шароити бедоркунандаи шавқи маърифатҷӯӣ ин далелҳо тасдиқ мекунанд: аз як амалиёти мароқовар ва тадриҷан ҷиддишаванда ба амалиёти дигари шавқангез, вале шиддати фикрӣ талабкунанда гузаштан (аз ёд кардани порчаи шеърӣ ва ба наср гардонидани он, мувофиқи мазмуни матни насрӣ шеър гуфтан), ки пеши роҳи якнавохтии раванди омӯзишро мегирад; баъди омӯхтани матни классикӣ ё муосир андешаронӣ кардан, навиштан ва ба хотир гирифтани унсурҳои арзишманд, шавқовар ва ғайричашмдошт; бо калимаҳои нав ҷумлаҳо гуфтан ва баъд навиштан; ҷумла ва мисраъҳои классикиро ба тарзи гуфтору навиштори муосир муқоиса кардан; фикр карда ёфтани асрори ҳарф, ҳиҷо ва калимаҳо дар ҷумла, ҷумлаҳо дар матн; бозиҳои шавқовари гуногуни дидактикӣ бо ҳарфу калимаҳо: дарахт - ахтар, дара, хатар… Ин амалҳо дар таълими ҳамгирои «Забони модарӣ»-и синфҳои ибтидоӣ бо мантиқнокӣ ва гуногуннамудии худ шавқи маърифатҷӯии кӯдаконро ҳам бедор намуда, ҳамзамон онро ташаккул медиҳанд, имкон медиҳанд, ки «ба мактаббачаҳо дар хусуси яклухтии ҳодисаю воқеаҳои табиату ҷамъият маълумот диҳем»… [6] Баробари ин дар чунин шароит яклухт будани маданияти сухангӯӣ, муомила, хондан, навиштан, дарёфти асрори забони модариро кӯдакон маҳз тавассути фикр кардан тадриҷан фаҳмида метавонанд.

    Исбот шудааст, ки мақсади умдатарини таълими «Забони модарӣ» дар синфҳои ибтидоӣ баробари хондан, навиштан, гуфтан ва азёд кардан боз рушди тафаккур, тафаккури бедор, муҳаррик, мустақилона ва эҷодӣ мебошад. Дар ин силсилаи мақсадҳо, ба назари камина, рушди тафаккур бояд пешбаранда ва муҳимтар бошад. Охир бе рушди навъҳои тафаккур, ки номбар кардем, ба дигар мақсадҳо, ки низ муҳиманд, расидан амри муҳол аст. Зеро ҳама гуна амалу фаъолиятҳои инсонро маҳз фикри солим, мантиқӣ ва тавоно раҳнамоӣ ва идора мекунад (Тавоно бувад, ҳар кӣ доно бувад…), яъне доноӣ ва гироии фикрӣ инсонро тавонманду салоҳиятманд мекунад, на чизи дигар… Бинобар ин дар раванди таълими ҳамаи фанҳо ва ҳамаи синфҳои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, аз ҷумла, таълими «Забони модарӣ» (дар синфҳои ибтидоӣ), заминагузори рушди тафаккур аст. Рушди тафаккур бошад, ба бедорӣ ва ташаккули шавқи маърифатҷӯии талабагон решапайванд ва ҳамгиро аст.

    Дар раванди таълим ва рушди фикрии кӯдакон иҷрои чунин вазифаҳо ҳатмист: рушди ҳавасмандӣ (мотиватсия) ва маърифатҷӯӣ, шавқ, малакаҳои фаъолияти бомақсади фикрӣ, қобилиятҳои инфиродии шахсият, ташаккули қобилияти донишандӯзӣ. Ҳалли ин вазифаҳо барои рушди ақлӣ ва фикрии кӯдакони синни хурди мактабӣ чун обу ҳаво заруранд. Исбот шудааст, ки дар саргаҳи иҷрои ин вазифаҳои синфҳои ибтидоӣ рушди шавқи маърифатҷӯӣ ва қобилиятҳои фардии кӯдакон мақоми ҳалкунанда доранд. Бинобар ин таълиму тарбия дар ин марҳилаи таҳсилот бояд ба ташаккули ҳавасмандӣ ба омӯзиш (мотиватсия) ва шавқмандӣ нисбат ба фаъолияти таълимӣ нигаронида шавад. Аз ҷиҳати дигар, дар ин маҷро танҳо ба шавқангезӣ маҳдуд кардани фаъолияти таълимӣ самараи дилхоҳ дода наметавонад, зеро фаъолияти таълимӣ (фикрӣ) дар ҳаёти кӯдак ҷиддитарин ва мушкилтарин аст. Аз ин рӯ, баробари шавқовар гардонидани фаъолияти таълимӣ ҳамчунин бартараф кардани монеаҳои мушкилгузар, ки фикри ҷиддӣ ва талошҳои муназзамро тақозо доранд ва кӯдаконро аз як зина ба зинаи дигари баландтар гузаронида, ба гирифтани донишҳои бунёдӣ ва босифат сафарбар менамоянд, зарур аст.

   Таҳқиқи масъалаҳои бедорӣ ва ташаккули шавқи маърифатҷӯӣ дар шароити таълими ҳамгиро дар педагогикаи муосир яке аз самтҳои таҳқиқҳои бунёдӣ дониста мешавад. Шавқу завқи маърифатҷӯӣ ҳамчун нахустқадами донишандӯзии кӯдак ва нахустфишанги равонии шахсият маҷрои иҷтимоъшавии инсонро муайян мекунад. Ҳамзамон шавқ ва бедории он заминаи устувори ташкили фаъолияти тарбия ва амалияи ташаккули инсон ба шумор меравад.

   Ҳалли масъалаҳои бедорӣ ва рушди шавқи маърифатҷӯии талабагони хурдсол барои он зарурияти махсус касб кардааст, ки ислоҳоти низоми таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон демократикунонии минбаъдаи раванди таҳсилот ва ба шахсият нигаронидашавии таълиму тарбияи насли навро мақсади асосӣ шуморидааст.

    Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» омадааст, ки дар талабагони хурдсол тарбия кардани мустақилият, ташаббускорӣ, фаъолнокӣ талаби замони муосир мебошад [4]. Ин аст, ки бояд технологияи раванди таълим мунтазам такмил дода шавад, ба ҷараён ва тарзу усулҳои ҳалли вазифаҳои таълимӣ навгониҳо ворид карда шаванд, то ки талабагон донишҳоро на ба таври тайёру безаҳмат, балки бо ёрӣ ва роҳнамоии муаллим, вале мустақилона, дар ҷараёни ковишҳо, ҳалли масъалаҳои нисбатан монеадор, дар вазъияти бартараф кардани мушкилот ва дигар воситаҳои ба фаъолияти маърифатӣ шиддатбахшанда азхуд кунанд.

   Ташаккули шавқи маърифатҷӯӣ ва донишандӯзии талабагон дар раванди омӯхтани асосҳои илм, ки дар он маҷмӯи таҷрибаи бисёрасраи башарият инъикос ёфтааст, яке аз вазифаҳои муҳимтарини мактаб ба шумор меравад. Муаллими мактаби ибтидоӣ, пеш аз ҳама, бояд ба талабагон омӯхтанро омӯзонад, шароитеро фароҳам оварад, ки барои азхуд кардани асосҳои илм, ташаккули шавқи маърифатҷӯӣ ва барои ба фикр фурӯ рафтан мусоид бошад. «Омӯзгор касест, ки шавқу рағбати талабагонро ба таҳлил афзуда, дар онҳо ба андозаи зарра ҳам бошад, фикр карданро меомӯзонад» [5].

    Бале, олимони соҳа борҳо зарурати ташаккули шавқи маърифатҷӯиро таъкид кардаанд. Дар педагогика шавқи маърифатҷӯӣ ҳамчун мафҳуми дидактикӣ, соҳибтаҳсилотии шахсӣ ва омили рушди шахсияти талаба эътироф шудааст. Мақсади асосии чунин муносибати ҷиддӣ ба масъалаи шавқи маърифатҷӯӣ ин аст, ки нақши дониш ва раванди маърифати он дар ташаккули шавқи мақсадноки омӯзиш ҳамчун хосияти шахсият маънидод карда мешавад. Шавқ ба навигарӣ ва рӯйдоди ғайриоддӣ майли оддиро ба донишандӯзӣ тақозо мекунад, вале муҳтавои шавқи маърифатҷӯӣ он масъала ва супоришҳои маърифатие мебошанд, ки аз одам фаъолияти бошиддат, пӯёӣ ё худ эҷодиро талаб менамоянд [10].

   Махсусияти шавқи маърифатҷӯӣ ин аст, ки на танҳо раванди фаъолияти маърифатӣ, балки ҳама гуна фаъолият ба инсон тағйироти арзишманд ва маънавӣ мебахшад, зеро ҳама гуна фаъолият аз шавқи маърифат кардан, донистан, аз «кашфи» асрор шурӯъ шуда, саросар заҳмат, заҳмати фикрӣ аст ва заҳмат дар ҳаёт ба инсон бахт меорад. Дар раванди меҳнат ҳангоми истифодаи ашё, мавод, тарзи корбарӣ аз он ва ғайра инсон ба донистани хосияти онҳо, ба фаҳмидани асосҳои илмии истеҳсолоти муосир, ба «кашфи» раванди навгониҳо, ба донишҳои технологияи ин ё он истеҳсолот эҳтиёҷ дорад. Ҳама гуна фаъолиятро инсон маҳз ба шарофати шавқи маърифатҷӯӣ, тафаккури бедору эҷодӣ, бо азми қавӣ дилпурона ва самарабахш анҷом медиҳад.

    Дар қатори масъалаҳои зиёди такмили раванди таълим, ки фаъолияти басо мушкилу мураккаб аст, масъалаи ташаккули шавқи маърифатҷӯии талабагони хурдсол нисбатан муҳим ба шумор меравад. Ҳамаи ин имконият медиҳад роҳҳое пайдо карда шаванд, ки барои талабагон ҷолиб бошанд, зеро шавқ ҳам нерӯҳои зоҳирӣ ва ҳам ботинии раванди таълимро вусъат мебахшад, фаъол мекунад.

    Мафҳуми «шавқ» дар илмҳои педагогика, равоншиносии педагогӣ, фалсафа, иҷтимоъшиносӣ, методикаи хусусӣ ба таври хос маънидод карда мешавад. Ба ақидаи педагог-равоншиносони маъруф И.А.Зимняя, шавқ ҳамчун рӯйдоди мураккаб шинохта шуда, ягонагии муҳтавои фаъолият ва интихобӣ будани он, ягонагии соҳаи маърифатҷӯӣ, ҳиссиётӣ, иродавӣ ва рӯҳии инсонро фаро мегирад [2].

      Зуҳуроти шавқ ба сабабҳои гуногун вобаста аст:

- муносибати эҳсосӣ (эмотсионалӣ)-и мусбат ба мазмуни фаъолияти худ;

- намунаи шахсии муаллим, тайёрии волои илмӣ, назариявӣ ва педагогӣ-равоншиносии ӯ;

- дарки бошууронаи моҳияти ҷамъиятии донишҳои азхудкардашуда;

- талош барои донистан (фаҳмидан)-и робитаҳо ва муносибатҳои олами ҳастӣ.

    Маълум аст, ки шавқи маърифатҷӯӣ дар ҷараёни инкишофи кӯдак як қатор зинаҳоро тай мекунад: аз мароқ то донишдӯстӣ, аз он то шавқи маърифатҷӯӣ ва шавқи омӯхтани донишҳои назариявӣ [10].

     Мафҳуми мароқ (кунҷковӣ) зинаи оддитарини майл буда, метавонад нисбат ба навигарии ашё зуҳур кунад ва шояд ҳамин ҳоло барои шахс чандон аҳамият надошта бошад. Дар зинаи мароқ ё кунҷковӣ талаба метавонад ба ҷолибияти ин ё он ашё, ин ё он соҳаи дониш қонеъ шавад. Ин ҳолат танҳо рӯ ба шавқ овардан аст, талабагон ҳанӯз талоши донистану маърифат кардани асли воқеиятро надоранд. Мароқ ё кунҷковӣ бештар зуҳури ҳиссиёт нисбат ба навигарӣ аст.

     Зинаи ҳаваси донишдӯстӣ кӯшишест, ки кӯдакро аз доираи дидашаванда берун мебарорад. Дар ин зинаи инкишофи шавқи маърифатҷӯӣ ба кӯдакон инҳо хосанд: ҳисси ҳайронӣ, хурсандӣ аз фаҳмидан, паси сар кардани монеа ва мушкилоти сарфаҳмравӣ, маърифат кардан. Ҳанӯз дар синфҳои 2-3 дар кӯдакон чунин сифатҳо пайдо мешаванд: майл ба фанҳои алоҳидаи таълим, кӯшиши дониши бештар гирифтан нисбат ба дониши дар дарс додашаванда. Ба ин минвол донишдӯстӣ тадриҷан ба аломати устувори шахс, ба сифати шахсӣ табдил ёфта, минбаъд барои инкишофи шахсият арзиши баланд касб хоҳад кард. Барои ташаккули донишдӯстӣ маърифат кардани равобити нисбатан амиқи ашё, ҳодисоту воқеоти олам, муносибати миёни онҳо, кашфи асрори онҳо нақш мебозанд. Донишдӯстӣ ва маърифати асрори олам ҳамчун маҷмӯи шавқҳо дар ҳама чиз (ашё), ки кӯдак ба онҳо рӯ ба рӯ мешавад, зоҳир мегардад.

       Маълум  аст, ки дар синни хурди мактабӣ шояд ҳанӯз шавқ ба дараҷаи дилхоҳ ва талабот инкишоф наёбад. Вале исбот шудааст, ки дар ин синну сол дар кӯдакон нисбат ба соҳаҳои гуногуни дониш ва намудҳои фаъолияти амалӣ майлу шавқи муайян пайдо мешавад, талошҳои маънавӣ ва маърифатҷӯӣ ривоҷ меёбанд. Илова бар ин шавқу майли талабагони хурдсол ба донишҳо ва фаъолиятҳо дар заминаи муносибати эҳсосӣ (эмотсионалӣ) зуҳур мекунад.

      Нисбат ба зуҳуроти муносиботи эҳсосии талабагон чунин ақидае бунёдӣ шуморида мешавад, ки  шавқ як навъ муҳаррики табиии рафтори кӯдакона аст, он ифодагари зуҳуроти саҳеҳи талоши беихтиёрона, баёнгари мувофиқати фаъолияти кӯдак ба талаботи воқеии он мебошад [1].

      Дар раванди ташаккули шавқи маърифатҷӯии кӯдакон омилҳо ва талабҳои педагогиеро бояд ба назар гирифт ва риоя кард, ки ҳам фаъолияти муаллим ва ҳам фаъолияти маърифатҷӯии талабаро метавонанд босамар гардонанд: -ҳадди аксар ба фаъолияти фикрии талаба такя кардан. Ин муносибатест, ки ҳам барои рушди нерӯҳои маърифатҷӯӣ, ҳам барои рушди шавқи маърифатҷӯии воқеӣ созгор ва заминаи устувор буда, созмон додани чунин вазъиятҳои педагогиро дар назар дорад: ҳалли масъалаҳои маърифатӣ, ҷустуҷӯи фаъолона, тахмину чашмандозҳо, андешарониҳои мантиқӣ, шиддати фикрӣ ё ҳуҷуми фикрӣ, муҳокимарониҳои мутақобила ва монанди инҳо; -раванди бомақсади сатҳи баланди таълим ба инкишофи талаба нигаронида шуда бошад. Дар натиҷа шавқи маърифатҷӯӣ ва шахсияти кӯдак беҳтар ташаккул хоҳад ёфт.

     Маҳз ин талаб устуворӣ ва амиқии шавқи маърифатҷӯиро таъмин мекунад, зеро раванди таълим мунтазам ва комилан фаъолияти маърифатӣ, усулҳои он ва маҳорати кӯдакро такомул медиҳад; -фазои муассири таълим, ҳиссиёт ва ҷаззобию ҷолибияти раванди таълим омилу талаби дигари шавқи маърифатҷӯии талабагони хурдсол аст. Фазои муътадил ва мусоиди эҳсосии таълим, ки рушди дилхоҳи талабаро таъмин мекунад, ба инҳо вобаста аст: фаъолият ва муошират, ки муносибати созандаро эҷод мекунанд, табъи болидаю ҳавсалаи шахсии талабаро дар назар дорад.

      Муҳайё будани фазои мусоиди эҳсосии фаъолияти маърифатҷӯии талабагон омили муҳимтаринест, ки бедорӣ ва ташаккули шавқ ва рушди шахсияти кӯдаконро дар раванди таълим таъмин мекунад. Ин омил ва талаб тамоми маҷмӯи вазифаҳои таълим: омӯзиш, инкишофдиҳандагӣ ва тарбиявиро ба ҳам муттаҳид сохта, ба ташаккули шавқи маърифатҷӯӣ таъсири бевосита ва бавосита мерасонад; - таълим аз раванди мураккаби муоширати муаллим бо талабагон, талабагон миёни якдигар иборат аст.  Чен кардани таъсири муошират мушкил бошад ҳам, онро дар раванди фаъолияти воқеӣ мушоҳида кардан имконпазир аст.

     Муоширати талабагон бо ҳамдигар ва бо муаллим силсилаи муносиботро ташкил карда, таъсири бавоситаи он ба шавқ назаррас мебошад. Кӯшишу талош ба муошират бо рафиқон, ҳамсинфон, бо муаллим метавонад ҳавасмандии қавиеро ба омӯзиш ба вуҷуд оварад ва ҳамзамон ба устувории шавқи маърифатҷӯӣ мусоидат кунад. Маҳз ба шарофати муносиботе, ки дар раванди таълим ва муошират ба миён меоянд, фазои мусоиди омӯзиш, ташаккули шавқ ва шахсияти талаба муҳайё мегардад.

    Рушди шавқи маърифатҷӯии талабагон аксаран ба маҳорати касбии омӯзгор, ба тайёрии методии ӯ вобаста аст. Мувофиқи махсусияти ҳар фан тадбирҳои методӣ, роҳу усулҳои бедоркунандаи шавқ, технологияи вусъатбахшандаи фаъолияти маърифатӣ ҳам махсус ва ҳам муҳим аст. Баробари ин омилҳо, талабҳо ва шароитҳои умумипедагогӣ, аз ҷумла, муҳтавои таълим, раванди фаъолиятҳои маърифатҷӯии талабагон низ ба ташаккули шавқи маърифатҷӯии кӯдакон мусоидат хоҳад кард [10].

    Дар хулосаи муҳокимаҳои боло омилҳо, талабот ва шароитҳои педагогии бедорӣ ва ташаккули шавқи маърифатҷӯиро ба таври зайл метавон қаламдод кард: -мазмуни донишҳои муайян ва дастрасу фаҳмо; -пайдо ва истифодаи чунин тадбир ва воситаҳо, мақсадҳои возеҳ, тасвирҳои барҷаста, ки метавонанд бо далелҳо, қоидаҳо, мафҳумҳо ва хулосаҳои арзишманд, бо низоми муайяни донишҳо дар шуур ва ҳисси кӯдакон ба таври устувор ҷойгир шаванд; -шакли ташкили таълиме, ки талабагонро дар мавқеи муҳаққиқ ва иштирокдори фаъолият мегузорад ва аз онҳо амалиёти шадиди зеҳнӣ ва фикриро тақозо мекунад; -истифодаи намуду воситаҳои корҳои мустақилонаи таълимӣ; -инкишофи маҳорати аз донишҳо фаъолона истифода карда тавонистан, яъне салоҳиятманд будан; -ҳангоми ҳалли ҳама гуна вазифаҳои маърифатӣ аз воситаҳои кори дастаҷамъона, ки ба фаъолии аксарият такя мекунад ва кӯдаконро аз амалҳои тақлидӣ ба сӯи ковишҳо ва эҷодкорӣ мебарад, истифода кардан; -ба ҷустуҷӯ ва эҷод тарзе ҳавасманд кардан, ки ҳар амал, аз як сӯ, талабаро ба ҳалли дастаҷмаъонаи масъалаҳо ҳавасманд гардонад, аз тарафи дигар, қобилиятҳои махсуси ҳар кӯдакро ривоҷ диҳад.

    Бояд таъкид кард, ки ҳангоми шарҳу баёни қолабии маводи таълим шавқи маърифатҷӯии талабагон ҳаргиз бедор нахоҳад шуд. Бинобар ин омӯзгор дар фаъолияти худ як зумра қоидаҳои ташаккули шавқро бояд ба эътибор гирад:

- самти бомақсад ва бонизоми ташаккули шавқи маърифатҷӯӣ;

- ба эътибор гирифтани он, ки ғамхорӣ ба шавқҳои гуногунпаҳлӯи кӯдакон, ташаккули муносибати масъулонаи онҳо ба фаъолияти худ рукни таркибӣ ва муҳимтарини фаъолияти омӯзгор аст; -бакорандозии ғановати низоми донишҳо, мукаммалӣ ва амиқии онҳо;

- ба эътибор гирифтани он, ки дар ҳар кӯдак нисбат ба ин ё он дониш шавқ бедор кардан ва рушди он имконпазир аст;

- диққат додан ба дастовардҳои ҳар кӯдак, таҳсин кардани ӯ, зеро ин муносибат дар кӯдак нисбат ба нерӯҳои зеҳнӣ ва фикриаш бовариро устувор мекунад.

    Ташаккули шавқи маърифатҷӯии кӯдакони синни хурди мактабӣ нахуст дар шакли диққат ба миён меояд, ки онҳоро ба кунҷковӣ ва доништалабӣ мерасонад. Вале диққатро ҳаргиз набояд шавқ пиндошт, зеро диққат танҳо зуҳуроти вазъиятии шавқ асту халос. Гузаштани шавқ аз як марҳилаи инкишоф ба марҳилаи минбаъда маънои аз байн рафтани аввалиро надорад. Ҳар дуи онҳо боқӣ мемонанд ва баробари шаклҳои нав пайдошуда амал мекунанд.

   Шавқи таълимӣ махсусияти худро дорад, ки аз дигар намудҳои шавқи маърифатҷӯӣ фарқ мекунад. Ташаккули шавқи маърифатҷӯии талабагон ҳанӯз аз оғози таълим дар мактаб шурӯъ мешавад.

    Танҳо баъди пайдоиши шавқ ба натиҷаҳои заҳмати омӯзиши худ дар кӯдакони синни хурди мактабӣ оид ба мазмуни фаъолияти таълимӣ ва зарурати азхуд кардани донишҳо тадриҷан шавқ ва талабот ташаккул ёфтан мегирад. Дар ин замина дар талабагони хурдсол метавонад мақсаднокӣ ё сабабмандӣ (мотиватсия)-и омӯзиш ташаккул ёбад.

    Муаллим бояд дар кӯдак ҳама гуна сабабмандии омӯзишро тарбия кунад, ки  дониш на танҳо барои шахсияти ӯ, балки барои ҳаёти ҷамъиятӣ ҳам арзишманд хоҳад буд ва талаба фаҳмад, ки заҳмати таълимии ӯ дорои аҳамияти иҷтимоӣ низ мебошад.

    Омӯзиш ва таҷрибаҳо исбот кардаанд, ки шавқи маърифатҷӯӣ ҳамчун мақсаднокии омӯзиш нисбат ба дигар мақсадҳо як қатор бартариҳо дорад:

- талабагон онро аз дигар мақсадҳо тезтар мефаҳманд;

- нисбат ба дигар мақсадҳо аҳамияти омӯзишро аниқтару возеҳтар ифода мекунад ва фаҳмотар аст;

- барои мушоҳида дастрас аст;

- аз шавқи оддӣ дида барои шахсият арзишмандтар аст;

- як рукни низоми мақсадҳо буда, бо дигар мақсадҳое, ки талаба барояшон талош мекунад, решапайванд аст;

- дар ҳолати ташкили бомақсади фаъолият шавқи маърифатҷӯӣ метавонад ба сифати устувори шахсияти кӯдакон табдил ёбад ва ба инкишофи онҳо таъсири амиқ расонад. Талабагонеро, ки шавқмандӣ ба омӯзиш сифати устувори шахсиашон шудааст, кунҷков, ташнаи дониш низ меноманд. Онҳо ба иҷрои ҳама  гуна супориш эҷодкорона муносибат мекунанд, дар ҳалли масъалаҳои маърифатӣ ва муаммоҳо роҳу тадбирҳои худро меҷӯянд;

- шавқи маърифатҷӯӣ метавонад ҳамчун воситаи арзишманди таълим зуҳур намояд.

    Он на танҳо ба раванди маърифат, балки ба натиҷаи он нигаронида мешавад, ки ҳамеша барои ба мақсад расидан талоши талабаро дар назар дошта, ба кӯшиши бошиддати ӯ вобаста аст.

Маълум мешавад, ки шавқи маърифатҷӯӣ ба ҳама хислатҳои муҳимтарини шахсият ҳамгиро ва дар робитаи ҳамешагӣ қарор дошта, яклухт амал мекунад. Ба ин маъно шавқи маърифатҷӯӣ метавонад ҳамчун мақсад ва воситаи таълим, ҳамчун сабаби омӯзиш (мотиватсия) зуҳур намояд ва дар натиҷаи анҷом додани тадбир ва технологияи муайяни мақсаднок ба сифати устувори шахсият табдил ёбад ва роҳи донишандӯзии ояндаи кӯдак, наврас ва навҷавонро мунавввар созад.

   Азбаски шавқи маърифатҷӯӣ ба хислатҳои муҳимтарини шахсият - ба азму ирода ва ҳиссиёти ботинии ӯ, ба сабабмандии омӯзиш (мотиватсия), ба мазмуну технологияи таълим, ба муносибати миёни иштирокдорони раванди омӯзиш, ба нерӯҳои зеҳнию фикрии кӯдакон решапайванд ва ҳамгиро мебошад, ногузир дар шароити ҳамгироии таълим ва дарси ҳамгиро зудтар бедор ва ташаккул хоҳад ёфт. Дарси ҳамгиро, ки бо маводи арзишманди гуногун, бо фаъолиятҳои гуногун, бо технология, тадбирҳо, воситаҳо ва роҳу усулҳои арзишманд, нав ва ғайримуқаррарӣ, бо зеру бами гуногун (аз сода ба душвор ва баръакс сурат мегирад) ва мувофиқи имконоти кӯдакон мебошад, дар он ҳалли чунин масъалаҳои таълимӣ имконпазир хоҳад шуд:

- пурзӯр кардани мақсаднокии фаъолияти таълимӣ аз ҳисоби шакли ғайриоддии дарс, ки худ шавқовар аст, зеро нав аст;

- баррасии мафҳумҳое, ки дар соҳаҳои гуногуни дониш истифода мешаванд;

- муроҷиат ва истифодаи робитаҳои байнисоҳавӣ ва байнифаннӣ дар ҳалли масъалаҳои гуногун;

- аз иҷрои ҳатмии талаботи барномаи таълими ҳамгирои фан огоҳ кардани талабагон (ба хотири инсонгароӣ ва демократисозии раванди таълим); истифодаи ҳатмӣ аз китоби ягонаи таълимӣ ва ихтиёрӣ будани муроҷиат ба маводи иловагӣ.

   Дар чунин тартиби корбарӣ «дарси ҳамгиро таҷассумгари робитаҳои илмию ҳаётӣ буда, ба шогирдон низоми донишҳои илмӣ, фарҳангӣ ва маънавиро пешниҳод мекунад ва фаъолияти таълимиро тарзе ташкил менамояд, ки тамоми қувваҳои ақлӣ, иродавӣ ва ҷисмонии талабагонро ба ҳаракат оварад» [8]. Ва ниҳоят дарси ҳамгиро имконият медиҳад, ки дар дарс якчанд масъалаҳо ҳамгироёна ва яклухт ҳал карда шаванд:

- ташаккул додани шавқи таълимӣ-маърифатҷӯӣ нисбат ба маводи нав ва роҳҳои нави ҳалли масъалаҳои бамиёномада;

- рушди мустақилият ҳангоми ҳалли масъалаҳо ва баҳои дуруст дода тавонистан ба дурустии ҳалли онҳо;

-тарбияи маданияти нутқ (муошират) ва муносибати хайрхоҳона ба фикру ақидаи одамон.

    Ба ин минвол талабагони хурдсол ба хулосае меоянд, ки тамоми ашё, ҳодисоту воқеоти олам, қабл аз ҳама масъала ва супоришҳои аз ҷониби муаллим пешниҳодшаванда ба ҳамдигар робитапайванду ҳамгироянд, онҳо яклухт будани ҳаёти мавҷударо ифода мекунанд, онҳо яклухтанд.

Адабиёт:

1. Выготский Л.С. Педагогическая психология (Под ред. В.И. Давидова). -М.: «Педагогика», 1991.

2. Зимняя И.А. Педагогическая психология: учебник для вузов. Изд. второе. -М.: «Логос», 2001.

3. Коджаспирова Г.М., Коджаспиров А.Ю. Педагогический словарь: Для студ. высш. и ср. пед. уч. зав. -М.: Изд. центр «Академия», 2003.

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф». -Душанбе, 2013.

5. Лутфуллозода М. Осор. Ҷилди. 5. -Душанбе: «Собириён», 2003, 423 с.

6. Лутфуллозода М. Педагогикаи миллии халқи тоҷик. -Душанбе, 2015, с. 551-552.

7. Шарифзода Ф. Педагогикаи ҳамгиро: проблема, таҳқиқ ва андешаҳо. -Душанбе: «Маориф», 1999, - с. 66-67. 8. Шарифзода Ф. Педагогикаи ҳамгиро. -Душанбе: «Ирфон», 2011,  404 с.

9. Щукина Г.И. Познавательный интерес в учебной деятельности школьника. -М.: «Просвещение», 1972.

10. Щукина Г.И. Педагогические проблемы формирования познавательных интересов учащихся. -М.: «Педагогика», 1988.

  • Дида шуд: 1738

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj