Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

МАЪРИФАТ НУРИ АҚЛ АСТ

Тарбияи маънавии наврасону ҷавонон яке аз мавзӯъҳои муҳими рӯзгори мост. Дар зери ибораи "тарбияи маънавӣ" сомон додани корҳои мақсадноку бузурге ифода мешавад.
Агар ба таври умумӣ гӯем, мақсади онҳое, ки ин ибораро талқин мекунанд ва онро асоси амалиёти худ меҳисобанд, инсонсозӣ аст.Ҳамон гуна инсоне, ки ба талаботи замони имрӯз мувофиқ бошад, рӯйдодҳои замонро зуд таҳлил карда тавонад ва кореро анҷом диҳад, ки ба манфиати миллату давлат бошад.
Табиист, ки бори асосии инсон созӣ ба дӯши мактабу маориф хоҳад буд. Омӯзгорони азиз ин масъулияти бузургро дар назди Ватан - модар хуб дарк кардаанд. Имрӯз шумораи ҷавонону наврасоне, ки маънавиётро дар ҷойи аввал мегузоранд, ниҳоят зиёд аст. Ин ҳолат далели муваффақ шудани макта бу маориф ва сиёсати фарҳангии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Соҳибназарон хуб медонанд, ки як бахши фарҳанги инсонӣ, аз ҷумла, фарҳанги миллии мо - тоҷиконро либос ташкил медиҳад. То замони мо омада расидани матоъҳои хушсохту хушранги тоҷикӣ ба мисли атлас, кимҳо, шоҳӣ, адрас, беқасаб, насиҷ, парниён, абрешим, бахмал ва ғайра гувоҳе аз баландии завқу салиқаи гузаштагони мост. Таъсир ва аҳамияти либосҳои миллии мо, хусусан либосҳои занона беқиёс ва беандоза аст. Ҳамаи инҳо метавонанд ҷаҳони маънавии моро рангин кунанд, завқи моро парвариш диҳанд. Аз ин бартарӣ огоҳ
будани фарзандони мо шарт аст.
Бо таъсири тарғиботи давлатҳои Ғарб як гурӯҳ ҷавонони мо нисбат ба фарҳангу ҳунар, адабиёт ва урфу одатҳои миллӣ бепарво шудаанд. Як гурӯҳи онҳо ҳатто забони модарии худро гум кардаанд. Ҳамаи соҳаҳои фарҳанг ба ҳамдигар пайванд мебошанд. Агар дар арсаи ҷаҳон озмуни либосҳои миллӣ гузаронида шавад, бонувони тоҷик ҳатман пирӯз хоҳанд шуд. Матоъҳои зебои гулдор, дӯхти ҳунармандона шахси огоҳу зебопарастро мафтун мекунад. Устод Мирзо Турсунзода дар ғазали машҳури " Меояд" ҳусну латофати либосҳои мил лии моро нишон дода мегӯяд:

Даме, ки дилбарам монанди гул хандида меояд,
Умеди тоза дар дил, нури нав дар дида меояд.
Танашро дода бо пироҳани абрешимин оро,
Гумон созӣ, ки гул дар барги гул печида меояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат бахшида ба даҳсолагии қабули Қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон" барҳақ таъкид карданд: «Имрӯз вақти он аст, ки мо ба қадри урфу одати миллат ва либосҳои мил лии худ бирасем. Зебоии ҳаёт ва маънии зиндагии инсон дар маънавиёти баланд ва рафтори хирадмандона аст». Барҳақ, «хештандонӣ сарафрозӣ бувад».

• Дида шуд: 1907

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj