Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

   

 

ЗАБОНИ ТОҶИКӢ
РУКНИ АСЛИИ ДАВЛАТДОРӢ ВА ТАФАККУРИ МИЛЛӢ
 

   Миллати тоҷик хуб медонад, ки кулли ганҷинаи адабу фарҳанги мо тавассути забон ҷовидон мондааст ва ба воситаи забон дар арсаи ҷаҳон эътироф ва шинохта шудааст. Бо талошу заҳмати шахсиятҳои бузурги илму адаб забони тоҷикӣдар сайри таърихии хеш давра ба давра ташаккул ва таҳаввул пайдо карда, куҳантарин ва асилтарин унсурҳои таърихӣва миллии худро аз қаъри асрҳо то кунун ҳифз намуда, имрӯз чун   ганҷинаи гаронбаҳо ба ёдгор мондааст.   
                         
                                                                                                                                                 Эмомалӣ РАҲМОН

   Яке  аз  омилҳои  аслии муайянкунандаи миллат ва ҳастиву бақои он забон мебошад ва ҳувийяту асолати миллат маҳз аз он сарчашма мегирад. Давлате, ки дар он сиёсату иҷтимоиёт, коргузориву  муомилот, фарҳангу тамаддун бо забони миллӣ сурат гирифта, тавассути он ашъору осори  мухталиф  офарида мешавад, барҳақ  умри  дароз  мебинад. Хушбахтона,  масъалаи  забони тоҷикӣва ҷойгоҳи он дар зиндагии миллати  мо ҳамеша  мавриди таваҷҷуҳу алоқаи  аҳли  ҷомеа, алалхусус,  аҳли  илму  адабу маориф  қарор дошту  дорад.  Дар  байни  кишварҳои  Осиёи Марказӣ  ҳанӯз  дар замони  побарҷо  будани низоми  шӯравӣ (соли  1989)  аввалин  қонун дар  бораи забони  давлатӣ  маҳз  бо  талоши рӯшанфикрони  кишвари  мо  қабул  гардид  ва самтҳои аслии ҳифзу бақо ва рушду такомули забони тоҷикиро муайян намуд. Хушбахтона, дар  солҳои  соҳибистиқлолии  кишвар масъалаи забон дар сархати фаъолияти давлат ва  Ҳукумати  кишвар  қарор  гирифт  ва  баҳру рушду тавсеаи он дар кулли соҳаҳои хоҷагии халқ  шароиту  имконоти  мусоид фароҳам омад, ки бешак, натиҷаи ташаббусҳои созанда ва  ҷаҳду талоши  бевоситаи  Асосгузори сулҳу  ваҳдати  миллӣ  –  Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон   мебошад.  Ҳадафи  аслии китоби  пурмояи  «Забони  миллат  – ҳастии миллат»-и  Пешвои  миллат  таъкиди ҳамин ҳақиқат  аст,  ки ҳамватанони  азиз,  махсусан насли ҷавони  кишвар,  аз таърихи  пурфарозу нишеби забони  модарии  хеш  ва  аз  ниёкони муваффақашон дар таърихи замони худ дарси пирӯзӣва ватанпарастиву бунёдкорӣомӯхта, нерӯи  бузурги ҷавониро  дар  роҳи растохези  миллӣ, ободиву  тараққӣва сарфарозии  халқу  Ватани  хеш сарф намоянд.Ҷилди  аввали  китоби  «Забони миллат  – ҳастии  миллат», ки  “Ба сӯйи  пояндагӣ”  унвон  гирифтааст, ба баррасии илмии таърихи забони тоҷикӣ (форсӣ,  дарӣ)  аз давраҳои бостон  то  остонаи  ҳамлаи  муғул бахшида шудааст. Он аз муқаддима, 6 боб, 26 фасл, хулоса ва китобнома фароҳам  омада,  дар  онҳо  муаллиф роҷеъ  ба  даврабандии  забони тоҷикӣ, саргузашти таърихии вожаи «тоҷик» ва забони тоҷикӣ, забони мо дар аҳди истилои араб  ва  нахустин сулолаҳои  эронитабор, давраи  нахусти  забони  навиштории тоҷикӣ,  даврони  боландагӣ  ва  шукуфоии он, густариши  ин  забон  ба  сифати  забони байналмилалӣ  изҳори  андеша  мекунад.  Ба қавли  муаллиф,   «танҳо  забон  аст,  ки  дар ҳама  давру  замон  таърихи  воқеӣ  ва  ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад».1
     Дар  пешгуфтори  асар  омадааст,  ки  маҳз «ба  шарофати  истиқлол  забони  тоҷикӣ  ба феҳристи забони давлатҳои мустақили ҷаҳон дохил  шуд,  барои  шинохти  миллати  тоҷик ба  сифати  як  халқи  дорои  ҳама аломату нишонаҳои  миллати  таърихӣ  заминаҳои сиёсӣ  фароҳам  омад  ва  дар  ориёшиносӣ ва  ё эроншиносии  муосир  шохаи  сифатан нави  тоҷикшиносӣ  ҷойи  расмӣ  ва  мустақиле барои  худ  пайдо намуд»  (саҳ.5).  Тоҷикон пас  аз  ҳазор  соли  маҳрумияту  барканорӣ  аз  давлату давлатдорӣ ба арсаи сиёсӣ баргашта, ҳаққи  аздастдода  ва  поймолшудаи  хешро соҳибӣ намуданд, ҳамчунин имкони бештаре фароҳам омад,  ки  забони  худро  бештар омӯзанд ва аз шебу фарози он огоҳии комил пайдо  кунанд.
_________________
 1  Эмомалӣ  Раҳмон.  Забони  миллат  –  ҳастии  миллат.–Душанбе:  “Эр-Граф”,  2016,  516  саҳ.  –С.3.  Минбаъд мисолҳо аз ҳамин китоб оварда шуда, дар матн ба саҳифаи он ишора мешавад.

Аз  файзи  истиқлолият  мо имкон  пайдо  кардем,  ки  омӯзишу  таҳқиқи таърих, забон ва фарҳанги худро бидуни бими «ранҷиши  дӯстон»  ва  бе  ороишҳои  дурӯғин, ки  таърихи  мо  аслан  ба  онҳо  ниёз  надорад, анҷом диҳем»(саҳ.11). Воқеан, маҳз “бо фаро расидани  истиқлол  ва  забони  давлатӣ  эълон шудани  забони тоҷикӣ   масъалаи  забон аҳамияти хосса пайдо кард, ки онро метавон яке  аз  падидаҳои  муҳимми  шуури миллӣ  ва афкори ҷамъиятии он солҳо номид. Дар тамоми ин давраи нави таърихӣ, ҳатто дар сахттарин солҳои  ҷанги  дохилӣ  яке  аз  манфиатҳое, ки тамоми гурӯҳу табақоти ҷомеаро, сарфи назар  аз  тамоюлоту самтгириҳои  иҷтимоию сиёсӣ, ба ҳам мепайваст, масъалаи забон буд. Ин  ягона  мавриде  буд,  ки  ҳизбу ҳаракатҳои мухталиф  нисбат  ба  он  ҳамақида  буда, манфиати  миллиро  аз  ормонҳои  гурӯҳӣ  ва ҳадафҳои зудгузари  ҳизбиву  идеологии  худ болотар мегузоштанд” (саҳ.11-12). Ин мисоли умедбахш,  ба  андешаи Пешвои  миллат,  “яке аз  омилҳое  гардид,  ки  сипас  дар  таъмини сулҳу  ваҳдати  миллӣ  дар  Тоҷикистон нақши муҳим дошт” (саҳ.12).
    Муаллиф  дар  пешгуфтор  ҳадаф,  мақсад, замина ва вежагиҳои хоси ин асарро дар чор нукта таъкид намудааст, ки инҳоянд:
    а) Ислоҳи “забони тоҷикӣ” дар ин китоб ба маъно ва мафҳуми илмӣ ва сиёсии имрӯзии он, яъне забони давлатии як кишвари мустақили ҷаҳон  –  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  истифода шудааст.  Вале  муаллиф  ҳангоми руҷӯъ  ба давраҳои гузашта ҳамчунин номи таърихӣ ва расмии онро дар он рӯзгорон – форсӣ, дарӣ ё форсии дарӣ ба  кор  бурдааст,  ки  ҳамрадифи забони тоҷикӣ мебошанд.
    б)  Асар  ҷанбаи  маърифатӣ  дошта,  ба мақсади  огоҳии  бештари  ҳамватанон  аз таърихи забони модарии хеш бо сабки илмию оммавии  қобили  фаҳми  табақоти  мухталифи ҷомеа  навишта  шудааст,  ба он умед,  ки минбаъд  забоншиносон  дар  такмили  он бикӯшанд  ва  сарнавишти  омӯзандаи  забони тоҷикиро ба  таври  илмӣ  хубтару  беҳтар  ба алоқамандон муаррифӣ намоянд.
    в)  Китоб  дар  асоси  сарчашмаҳои  маълуму дастрас, ахбору асноди дар муомилоти илмӣ машҳур ва андешаҳои дар миёни донишмандон роиҷ таҳия гардидааст. 
    г)  Ҳадафи  асосии  муаллиф  он  аст,  ки хонандагон, махсусан насли ҷавони мо, огоҳ бошанд,  ки  ниёкони онҳо,  сарфи  назар  аз номулоиматӣ  ва  номеҳрубониҳои  таърих,  то чӣ ҳад дар ҳифзи ватан ва муқаддасоти миллӣ, махсусан  забони  модарии  хеш  кӯшиш  ба харҷ  дода,  бароямон  забони  тавоноеро  якҷо бо  осори арзишманди  адабӣ  ва  таърихӣ  ба мерос  гузоштаанд.  Акнун  вазифаи  ворисони ин  забон  он  аст,  ки  ин кохи  муҳташамро  аз газанди  боду  борони  замони  ҷаҳонишавӣ нигаҳ дошта, то ҷойи тавон онро бо ғановати бештар  ба  наслҳои  оянда  ба  мерос  гузоранд (саҳ.23-24).
    Боби аввали китоб «Даврабандии таърихии забони тоҷикӣ” аз се фасл - «Мардуми ориёӣ ва  забони онҳо»»,  «Давраҳои  таърихӣ  ва даврабандии  таърихи  забони  тоҷикӣ»  ва «Ҷойгоҳи  забони  тоҷикӣ  дар гурӯҳбандии забонҳои  эронӣ»  иборат  аст.  Ин  боб  ба таври мухтасар назари муаллифро дар бораи давраи бостон  ва  миёнаи  рушди  забони  мо ҷамъбаст  менамояд.  Дар  ҳақиқат,  “забони тоҷикӣ  дар  тӯли  таърихи чандҳазорсолаи хеш  бо  вуҷуди  он  ҳама  бархӯрд  ва  рӯёрӯӣ бо  чандин  забонҳои  тавонои  дунё  чеҳраи аслии  худро  нигоҳ  доштаааст,  ки  ин  далели тавоноии бунёдии ин шохаи забони ориёӣ аз даврони  бостон то  имрӯз  мебошад”  (саҳ.25). Миллати   тоҷик  аз  нуқтаи  назари  таборӣ  ва ирсияти  забонӣ  марбут  ба шохаи  қавмҳои ҳинду олмонӣ ва ё ба истилоҳи дигар, марбут ба шохаи ҳиндуаврупоӣ аст, ки аз нимҷазираи Ҳинд то Аврупо густариш дорад (саҳ.26).  мегирад. 
   Муаллиф аз  байни  назарияҳои  мухталиф роҷеъ ба хостгоҳи аслии ақвоми ҳиндуаврупоӣ чор назарияи асосиро ҷудо карда, бештар ба гумону фарзияҳо асос ёфтани иддае аз онҳоро ёдрас мешавад ва ба ин хулоса омадааст: «...ба назари мо, “назарияи муҳоҷирати ориёиҳо ба  Ҳинд”  (ки  баъзе  онро  «таҳоҷуми ориёӣ» низ меноманд) дақиқтар ва илмитар аст ва ба ҳамин далел, онро бояд ҳамчун асос пазируфт» (саҳ.28).  ин  назария   агар  аз  як  ҷониб,  дар заминаи  таҳлилу  арзёбии  матнҳои  «Веда»  ва «Авесто»  ба вуҷуд  омада  бошад,  аз  тарафи дигар,  сарчашмаҳои  дигаре,  амсоли  эламӣ, бобулӣ, ошурӣ, мисрӣ, митонӣ, юнонӣ, румӣ то  андозае  дурустии ин  назарияро  таъйид мекунанд. Минбаъд аз ин забон - асос ё забон - модари бузург (яъне ҳиндуаврупоӣ) як шохаи тавоное  бо  номи забони  ориёӣ ё ҳиндуэронӣ ташаккул ёфт  ва  ҳамин  шоха  баъдан  ба  ду шохаи дигар ҷудо гардида, аз якеи он забони ҳиндуориёӣ ташаккул ёфт, ки фарогири ҳамаи забону  лаҳҷаҳои  ҳиндии  муосир  аст,  вале  аз шохаи дигар забони умумиэроние зуҳур намуд, ки минбаъд сарчашмаи кулли забону лаҳҷаҳои эронии  муосир,  мисли  тоҷикӣ,  форсӣ,  дарӣ, курдӣ, осетинӣ,  мунҷонӣ,  яғнобӣ,  забонҳои помирӣ,  тотӣ,  толишӣ,  хулоса,  беш  аз  чил адад забон гардид. 
    Дар  номи Эрон дар  аҳди  Сосониён  якҷо ба маънои кишвари Эрон маънои куҳани он, яъне кишвар ва ё сарзамини ориён низ маҳфуз мондааст.  Ҳамчунин  истилоҳи  дигари  арзӣ дар замони Сосониён – Эроншаҳр ба маънои сарзамин  ва  ё  кишвари  Эрон,  ҳамчун  номи расмии  шоҳаншоҳии  сосонӣ  аз истилоҳи куҳани  ориёии Арйанам-хшасрам ба  маънои подшоҳи ориёӣ шакл гирифтааст (саҳ.33)
    Муаллиф бар ин ақида аст, ки бо ҷудо шудани қабилаҳои  ҳиндуориёӣ  ба  ду  гурӯҳи  бузурги эрониву ҳиндӣ масъалаи  забони  гуфтугӯйии ин ду гурӯҳ пеш омад. Муҳаққиқони таърихи забонҳои  ҳиндӣ  ва  эронӣ  бар асоси  далелҳо таъйид кардаанд, ки давраи мустақили рушди забонҳои  ориёии  ҳиндӣ  ва  ориёии  эронӣ тақрибан ба охири ҳазорсолаи III ва ё оғози ҳазорасолаи II пеш аз мелод марбут аст. Аз ин давра қабилаҳои ориёии ҳиндӣ аз сарзамини Осиёи  Миёна  ба  воситаи  Афғонистони кунунӣ ба кишвари Ҳинд муҳоҷират намуда, аз қабилаҳои ориёии эронии худ ҷудо шуданд (саҳ.45-46).Даврабандии   таърихи  забонҳои  эронӣ, беш  аз  ҳама,  ба  даврабандии  таърихи забони тоҷикӣ (форсӣ) ва осори боқимондаи он  иртибот  дорад. Асосан  ба  он  осори боқимондаи се давра: форсии бостон - давраи ҳукмронии  сулолаҳои  Ҳахоманишиён бо осори  сангнавиштаҳои  хатти  мехӣ  (асрҳои 6  -  4  то  милод),  форсии  миёна  -  осори паҳлавӣ  ва  монавии давраи  Сосониён  ба забони паҳлавӣ (3 – 9 - 10 милод) ва форсии нав  -  забони  тоҷикӣ  (форсӣ,  дарӣ)  бо осори алифбои  арабиасос  (асрҳои  9  -  10  то  ба  ҳол) дохил  мешавад.  Агар  “Авесто”  хусусиятҳои умумии забони  ориёӣ  ва  фарҳангу  суннат  ва боварҳои  динии  ориёиҳоро  дар  марҳилаи тақрибан  дуҳазорсолаи он  ифода  кунад, осори хати мехии Ҳахоманишиён хусусиятҳои як  давраи  маҳдуди  онро  дар  худ  таҷассум кардааст  (саҳ.50).   Дар  ин  боб   муаллиф  дар бораи  забони  авестоӣ,  забони  модӣ,  забони форсии бостон, забони форсии миёна, забони портӣ,  забони  бохтарӣ  ва  забони  суғдӣ маълумот  дода,  таъкид мекунад,  ки  забони тоҷикӣ  дар  заминаи  ин  забонҳо  ва   дар қаламрави  густариши  онҳо  ба  вуҷуд  омада, меросбари воқеии онҳо ба ҳисоб меравад 
    Аз  таҳлили  ин  самти  масъала  муаллиф  ба идомаи  забони  ориёӣ  будани  забони  тоҷикӣ ишора намуда,  мегӯяд:  «Забони  зиндаи тоҷикии форсии дарӣ идомаи таърихии ҳамон забонест,  ки  «Худойномак»-у  «Таърихи мулуки  Аҷам»-ро  навиштаанд,  ҳамон забонест,  ки  бо  такомулу  таҳаввулаш  дар даврони ислом  «Шоҳнома»-ву  «Маснавии маънавӣ»-ро навиштаанд, ҳамон забонест, ки дар ҷомеаи Шӯравӣ ба ҳар навъе аз буҳрони фарҳангӣ  худро  ба  саломат  то  истиқлолияти фарҳангиву  сиёсӣ  расонд  ва  ҳатто тавонист давоми  сарнавишти  соҳибашро  ба  қалами Айниву  Турсунзода  ва  Аллома  Ғафуров бинависад» (саҳ.41).
    Боби  дуюми  китоб  таҳти  унвони «Саргузашти  таърихии  вожаи  «тоҷик»  ва забони тоҷикӣ” аз панҷ фасл - «Истиқлол ва масъалаҳои  тоҷикшиносӣ»,  «Муродифҳои вожаи  «тоҷик»,  «Хостгоҳ  ва  меҳани  забони тоҷикӣ», «Замони пайдоиши забони тоҷикӣ» ва «Номи забони мо» иборат буда, дар онҳо масъалаи тоҷикшиносӣ,  пайдоиши  калимаи «тоҷик»,  макон  ва  замони  пайдоиши  забони тоҷикӣ  мавриди  таҳлилу баррасӣ  қарор мегирад.  Қобили  тазаккур  аст,  ки  солҳост перомуни  сарнавишти  вожаи  «тоҷик»,  ки бо  ин вожа  миллат,  забон  ва  кишвари  мо номгузорӣ шудааст, байни олимони ватаниву хориҷӣ   баҳсу  мунозира идома  дорад. Муаллиф бо такя ба пажӯҳишҳои сайёҳон ва олимони дохиливу хориҷӣ дар бораи калимаи «тоҷик»  маълумоти  мухтасар  ва  мушаххас дода,  таъкид  мекунад,  ки  вожаи  “тоҷик”  аз умқи таърих сарчашма мегирад. Шарқшиноси машҳури  рус  Н.В.Хаников  алоқамандии вожаи  «тоҷ»-ро  бо  «тоҷик» таъкид  намуд ва  минбаъд  ин  ақидаро  донишмандони маъруф А.А.Семёнов, А.Вамбери, Л.Будагов, Де Лагард,  С.Айнӣ  равшантар  намуданд. Пешвои  миллат  дар  ҷараёни  пажӯҳиш  дар заминаи  маводи сарчашмаҳои  гузашта  дар ифодаи  номи  ин  халқ  истифода  шудани шаклҳои тоҷик, тозик, тожикмулоҳизаронӣ намуда,  мавриди  истифода  қарор  гирифтани дастаи  калони  муродифҳои  он  мисли эронӣ, аҷамӣ,  порсӣ ё форсӣ,  тотё тат,  сорт ёсарт,  хоҷа,  савдогар,  шаҳрнишин,  ғалчаҳо ё кӯҳистониён, деҳгон ё деҳқон,  аҳрор ёабнои  аҳрор ё  ки абноулаҳрор,  озод,  озода, озодагон, озодзодагон, озоднажод, озодмардум, озодамардум,  порсиён,  порсигавҳарон, тоҷдорон,  яздоншиносон,  мусулмони ғайриараб, эронии  мусулмони  муқимӣ,  ориёӣ, наҷибзодагонро   таъкид  мекунад  ва   баъди таҳлили амиқи ин фарзияҳо ба хулосае меояд, ки ба забони имрӯзаи тоҷикӣ маънои калимаи «тоҷик»  мардуми «тоҷдор»,  «олимартаба», «озодманиш» аст.
    Бахши алоҳидаи асари мазкур ба хостгоҳ ва меҳани забони тоҷикӣ бахшида шуда, дар он доир ба сарчашмаи забони тоҷикӣ ва ҳамчунин дар  се  кишвари  ҳамзабону  ҳамфарҳанги Тоҷикистону  Эрону Афғонистон  ба  сифати забони  расмӣ  бо  номҳои тоҷикӣ,  форсӣ ва дарӣ  корбурд  шудани  он  санади фаровон зикр гардидааст. Ба ақидаи муаллиф, «забони тоҷикӣ ҳар қадар барои як тоҷики Тоҷикистону Осиёи Миёна ҳамчун забони модарӣ муқаддас бошад,  ҳамон  қадар  барои  тоҷикону форсизабонони  Афғонистону Эрон  ва  дигар минтақаҳо  азизу  гиромист.  Ба  ҳамин  хотир, тарҳи  ин  масъала  хусусияти  илмӣ  ва бештар ҷанбаи  таърихию  омӯзишӣ  дорад»(саҳ.113). Роҷеъ ба маҳалли пайдоиши забони тоҷикӣ ва сайри  таърихии он  сухан  ронда,  муаллиф  бо такя ба сарчашмаҳои гуногуни илмию адабӣ, таърихӣ  ва  фарҳангномаҳо пайдоиши  онро ба давраи Каюмарс ва ҷойи дигар ба давраи Ҷамшед  вобаста  медонад.  Ин   масъала  дар заминаи  маводи  фарҳангномаву  маъхазҳо ва  манобеъи  муътабари  бостониву  асрҳои миёна,  минҷумла,   «Китоб-ул-феҳрист»-и Ибни  Надим,  «Мафотеҳ-ул-улум»-и Хоразмӣ,  «Аҳсан-ут-тақосим»-и  Мақдисӣ маъруф ба  Башшор  мавриди  баррасӣ  қарор гирифтааст.  Ба  андешаи  Ибни  Муқаффаъ, “забонҳои  форсӣ  (эронӣ) аз  паҳлавӣ,  дарӣ, форсӣ,  хузӣ  ва  суриёнӣ  иборатанд...   ва аксари  истилоҳоти  забони  дариро  гуфтори мардуми  Машриқу  Балх  ташкил  медиҳад” ва  ин  нахустин  назарияи  муътамадест,  ки ба  оғозгоҳи  аслии забони  тоҷикӣ  (дарӣ) будани  Хуросону  Мовароуннаҳр  ишорат мекунад  (саҳ.115).  Нуктаи  ҷолибе,  ки  дар ин боб ба назар мерасад, андешаи нависанда ва муҳаққиқи  варзида  Маликушшуаро  Баҳор аст, ки менависад: «Забони дарӣ, яъне забони имрӯзаи мо дар ҳама навоҳии Осиёи Миёна, ки қисмати умдаи он имрӯз ҷузви Тоҷикистон аст,  нахуст  падидор  шуда,...сипас  ба  мағриб ва Шимоли Эрон, ки забонаш дар давраи пеш аз  ислом  забони  паҳлавӣ  будааст,  рафта  ва забони саросари Эрон шудааст». Ҳамчунин ӯ илова мекунад, ки забони форсии дарӣ аслан лаҳҷаи аҳолии Мовароуннаҳр, Самарқанд ва Бухорост,  ки  дар ин  ҷойҳо  тоҷикон  зиндагӣ мекунанд.  Назари  донишманди  зубда  Саид Нафисӣ  низ  дар  ин  маврид ҷолиби  таваҷҷуҳ аст,  ки  ватани  аслии  ориёиҳоро,  ки  тоҷикон аз  он  нажоданд,  доманакӯҳҳои  Ҳиндукуш, канори  дарёҳои  Ҷайҳуну  Сайҳун  медонад  ва менависад, ки «мо - эрониён аз он ҷо омадаем ва  Эрони имрӯз  ба  манзалаи  хонаи  дувуми мост» (саҳ.119).
    Муаллиф  зимни  натиҷагирӣ  аз  ковишҳои илмии  худ  ба  хулосае  омадааст,  ки  забони тоҷикӣ  (форсӣ, дарӣ)  забони  қадимӣ  буда, зодгоҳи  аслии  он  Хуросону  Мовароуннаҳр, саҳеҳтараш, канори чапу рости дарёи Омӯст. Ба  ибораи  дигар,  ин  забон  дар  заминаи забонҳои бумии ин марзу бум амсоли суғдӣ, тахорӣ, портӣ… ва дар фароянди доду ситад ва  ҳамёриву  ҳамтаъсирӣ  бо  забони  паҳлавӣ (форсии  миёна)  аз ҳисоби  ин  забонҳо  дороӣ афзуда,  ташаккул  ёфт  ва  ба  дараҷаи  забони илмиву  адабӣ  расид;  фасоҳату балоғати осори боқимондаи илмиву адабӣ бо ин забон бозгӯйи  ин  ҳақиқат  аст,  ки  забони  мазкур идомаи мустақими  забони  форсии  миёна ё  шакли  таҳаввулёфтаи  он  нест,  балки  то густариши ислом ба сифати забони мустақил дар  баробари  забони  форсии  миёнаи  сосонӣ вуҷуд  дошт;  забони  тоҷикӣ  (форсӣ,  дарӣ) бо шарофати сиёсати фарҳангпарвари Тоҳириёну     Саффориёну Сомониён ва дигар хонаводаҳои эрониасл ба  сифати  забони  илму  адаб  аз маҳдудаи  як  забони  миллӣ  берун  гардид ва  дар  асрҳои  баъдӣ  дар қисмати  бузурги қитъаи Осиё ба забони байналмилалӣ табдил ёфт.  Ба  таъкиди  муаллиф,  «дар  ҳар  сурат то замоне, ки санади тозае дар ин маврид пайдо нашавад, қавли муътабар ва андешаи мантиқӣ ҳамон назарест,  ки  забони  тоҷикӣ  (дарӣ  ё порсии  дарӣ)  дар  сарзамини  Хуросон  ва Мовароуннаҳр  пайдо  шуда, сипас  ба  тадриҷ тамоми  ноҳияҳои  маълуми  порсигӯйро  фаро гирифтааст»(саҳ.131).  Ин  забон  минбаъд дар осори  таърихиву  адабии  гузашта  бо  номҳои мухталифи тоҷикӣ, порсӣ (ё гунаи муарраби он «форсӣ»), дарӣ, форсии дарӣ зикр гардидааст.
    Оид  ба  ин  боб  хулосаи  муаллиф  оид  ба мақоми забони мо дар байни забонҳои эронӣ ва  умумияту фарқиятҳои  се  гунаи  забонӣ (тоҷикӣ,  дарӣ,  форсӣ)  хеле  муҳим  ба  назар мерасад.  Бидуни  тардид, забони  тоҷикӣ (дарӣ,  форсӣ),  ки  ба  ивази  забонҳои  форсии миёна, портӣ, бохтарӣ ва суғдӣ дар қаламрави густариши ин забонҳо ҷойгузини онҳо гардид, аз  лиҳози  хусусиятҳои  овоӣ,  луғавӣ,  дастурӣ аз забонҳои хешованди бостонии худ хеле дур рафта, ҷиҳатҳои хос пайдо кард. Пеш аз ҳама, дар  бахши  фонетика  ё овошиносӣ  масъалаи тағйирот  ва  таҳавули  сифатӣ  бар  ивази тағйироти  миқдорӣ  ба  ҷойи  аввал баромад. Дар  давраи  аввали  инкишофи  забони  мо хусусиятҳои  маҳаллӣ  ва  лаҳҷавии  ин  забон дар минтақаҳои  гуногуни  густариши  он  ба мушоҳида  мерасад,  ки  мӯҷиби  пайдоиши фарҳангу луғатномаҳои гуногун гардид. Вале хусусиятҳои умумӣ ва меъёрии забони адабӣ барои ин забон то имрӯз боқист ва бар хилофи хусусиятҳои  гунаҳои  тоҷикӣ,  форсӣ  ва  дарӣ байни  ин  се  гунаи  забони  адабӣ  умумият  аз тафовут хеле бештар аст.
    Пас   аз  касби  истиқлол  дар  Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар  бораи  номи  забони  давлатӣ андеша  ва пешниҳодҳои  гуногун  баён гардидааст. Гурӯҳе ба хотири ҳифзи ирсияти таърихӣ,  ба  тақлиди таркиби «форсии  дарӣ» истилоҳи  «форсии  тоҷикӣ»-ро  пешниҳод мекарданд. Дастаи дигар дар таърих амиқтар фурӯ рафта,  ақида  доштанд,  ки  онро  бояд танҳо  «форсӣ»  номиду  бас.  Вале  баъзе муҳаққиқон аз он изҳори нигаронӣ доштанд, ки дар сурати «форсӣ» номидан зодгоҳи онҳо ба яке аз вилоёти Эрон – Форс нисбат мегирад ва илова бар он «забони форсӣ»-и имрӯз номи забони расмии Эрон аст ва дар ин ҳолат боиси эҷоди сӯйитафоҳум хоҳад шуд.
    Муаллифи китоби «Забони миллат – ҳастии миллат»  ҳам  бар  ин  назар  аст,  ки   «форсӣ» ё  «форсии дарӣ»  номидани  забони  ҳозираи тоҷикӣ  на  хилофи  ҳақиқати  таърихист  ва на  халале  ба  истиқлолияти кишвари  мо мерасонад.  Дар  ҷаҳони  имрӯза  мо  чандин кишвареро,  монанди  мамлакатҳои  араб мешиносем,  ки  бо  вуҷуди  истиқлолияти  ому том номи забонашон муштарак аст (саҳ.144). Воқеан  устод Садриддин  Айнӣ  барҳақ  зикр карда  буд,  ки  тоҷикон  «халқи  форсизабони Осиёи Миёна ва Хуросон мебошанд», ки баъд аз ислом ба онҳо «номи тоҷик» ва ба забонашон «забони форсӣ» ё ин ки «забони тоҷикӣ» дода шуд.2 Вале  назар  ба  воқеиятҳои  ҷорӣ,  ба андешаи Пешвои миллат, номи расмии забони давлати мустақилу соҳибихтиёри Тоҷикистон – «забони тоҷикӣ» ба тамоми меъёру талаботи илмӣ ҷавобгӯ буда, ҷанбаҳои сиёсӣ ва равонии ин масъаларо низ дар бар гирифтааст. Он ба монанди  аксарияти  забонҳои дунё  баёнгари номи миллат, яъне тоҷикон ва кишвари онҳо - Тоҷикистон мебошад (саҳ. 145). Дар ҳақиқат, аслу решаи забонҳои форсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ як аст ва дуруст ҳам мегӯянд, ки “форсӣ шакар аст”,  вале     бо вуҷуди  ин  шакари  забони тоҷикӣ  дигар.  Ҳамчунин  тақозои  кишвари соҳибистиқлол  ин  аст  ва  аксарияти мардум ҳам  бар  ин  андешаанд,  ки  дар  кишвари  мо истилоҳи  «забони  тоҷикӣ»  ҳаққи  қонунии арзи вуҷуд доштану боқӣ монданро дорост.
    Боби  сеюми  китоб   «Забони  мо  дар давраи  истилои  араб  ва  нахустин  сулолаҳои эронитабор» аз чор фасл иборат аст. Дар фасли аввал «Истилои араб ва оқибатҳои он барои забон  ва  фарҳанги  мардуми Эронзамин»  ва фасли  дувум  «Наҳзати  тоҷикӣ  (дарӣ,  форсӣ) дар  Хуросону  Мовароуннаҳр»  як  давраи  аз лиҳози  таърихи  забони  мо  печидаву  торик ва  буғранҷу  мураккаб  мавриди  баррасӣ қарор  гирифтааст. Дини   ислом  бо  даъвати худ  ба  бародариву  баробарии  мусулмонон қабилаҳои  бадавии  то  ин  дам парешони арабро зери ливои эътиқоди нав ба Худованди яккаву  ягона  муттаҳид  сохта,  ба  онҳо  нерӯи тозаи  рӯҳонӣ  бахшид  ва  заминаҳои  истилои араб  ва  пирӯзиро  ба  кишварҳои  ҳамсоя,  аз ҷумла, давлати Сосониён фароҳам овард.

___________________________
2 АйнӣС. Маънои калимаи «тоҷик». Дар кит. «Тоҷикон дар қаламрави Ориёно». -Душанбе, 2009, саҳ.53-54..
    Сабаби   аз  байн  рафтани  шоҳаншоҳии чорсаду биступанҷсолаи дудмони Сосониён ва дар зери тасарруфи арабҳо қарор гирифтани Эрону  Мовароуннаҳр  пеш  аз  ҳама  ҷудоиву парокандагии  сиёсӣ  ва мазҳабӣ,  набудани иттиҳоди  мустаҳкам  миёни  давлатҳои хурди  ин  сарзамини  паҳновар,  мухолифат, ҷангҳои  байниҳамдигарӣ  ва  ҳатто  хиёнату ватанфурӯшии  баъзе  ҳокимони  маҳаллӣ буданд,  ки гузаштагони  моро  ба  шикасти сиёсиву  низомӣ  мувоҷеҳ  карданд.  Вале   дар он  лаҳзаҳои  душвори таърих, ки  масъалаи буду  набуди  ҳастии  маънавии  ниёкони  мо ҳал  мегардид,  хориқаи  забон,  фарҳанг  ва тамаддуни бостонии мо муъҷизаосо рӯйи кор омад ва растохези маънавии қавмҳои ориёиро дар  саросари қаламрави  хилофат  тавлид намуд.  Бонги  ин  растохез  аз  оғози  давраи таҷаддуду  эҳёи  тоҷикон  ва қавмҳои  дигари ориёӣ  башорат  дод.  Муаллиф  аз  муборизаи мардуми  меҳанпарасти  Бухоро,  Самарқанд, Суғд,  Хатлон  ва  минтақаҳои  дигар  ёдовар шуда,  таъкид  мекунад,  ки  забони  миллӣ  дар ҳама  давру замонҳо  шаҳпари  боэътимоди ҳастии маънавии миллат аст.
    Ба  андешаи  Пешвои  миллат,  “бо назардошти  ҳадафҳое,  ки  арабҳо  дар раванди  истилоҳи  кишварҳои дигар пайгирӣ  мекарданд  ва  дар  сатҳи  ин  ҳадафҳо паҳншавии дини ислом, забон ва хати арабӣ дар кишварҳои  истилошуда  қарор  доштанд, шикасти  забонҳои  расмиву  динии  мардуми Эронзамин  мантиқан тавзеҳпазир  аст,  зеро қудрати нави сиёсӣ ва ҷаҳоншиносии ҷадиди динӣ  дар  роҳи  таҳким  бахшидан  ба пояҳои ҳастии  хеш  мебоист  қабл  аз  ҳама  василаҳои зуҳури қудрати сиёсӣ ва нашри афкори динии Эронзамини  истилошударо  аз  байн  барад. Забонҳои паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ ва бохтарӣ, ки дорои хату алифбои худ ва шомили осори таҷассумкунандаи  ҷаҳоншиносии  диниву дунявии мардуми ориёӣ буданд, аз ҳамин гуна василаҳои  хатарзо  барои  паҳншавии  дини ислом ва ҷаҳонбинии нави яктопарастӣ маҳсуб мешуданд, дар арсаи рақобат бо забони арабӣ ба  марги  тадриҷӣ  маҳкум  гардида  буданд (саҳ.174).
     Пешвои миллат аз боби шикасти забонҳои расмиву  динии  Эронзамин  дар  мубориза  бо забони  арабӣ  ва  роҳ  ба  сӯйи  фанои  тадриҷӣ паймудани  онҳо  изҳори  андеша  намуда, ёдовар   мешавад,  ки  дар баробари  ҳамин гуна  хатар  дар  ҳамон  замони  истилои  араб мардуми  кишварҳои  дигар,  аз  қабили Миср, Ироқ,  Сурия  ва ғайра,  ки  дорои  фарҳангу тамаддуни қадимӣ буданд, ҳувияти маънавии хешро  аз  даст дода,  «араб»  гаштанд.  Вале хушбахтона,  чунин  сарнавишти  талх  насиби гузаштагони огоҳу бедордили мо нашуд, зеро дар  он  марҳилаи  ҳассоси  таърихӣ  омилҳое рӯйи  кор  омаданд,  ки  ба  тавфиқи  талошҳои поймардонаи  ниёкони  огоҳу  бедордили  мо барои  ҳифзи  ҳувийят  ва  асолати  фарҳангу тамаддуни  ориёӣ мусоидат  карданд.  Дар раъси  ин  омилҳои  ҳастисоз  забони  зиндаи тоҷикии форсии дарӣ қарор дошт, ки вуҷуди он  гузаштаи  тоисломии  халқҳои  эрониро  бо даврони исломии таърихи Эронзамин пайваст ва нагузошт, ки миёни ин ду марҳала аз лиҳози ҷаҳоншиносии  динӣ  ба  ҳам  мухолиф  фосила ва  гусастагии маънавӣ  пайдо  шавад,  ҳамон гуна  гусастагие,  ки  мӯҷиби  «араб»  шудани мардуми  кишварҳои  дигар гардид  (саҳ.174-175).
    Мардуми   Хуросону  Мовароуннаҳр  ҳанӯз дар қарнҳои якуму дуюми исломӣ (асрҳои VIIVIII-и милодӣ) таровишҳои табъи шоиронаи худро  дар  қолаби  забони  дарӣ  пайрезӣ мекарданд.  Метавон  ҳадси  наздик ба  яқин зад, ки теъдоди ин гуна ашъор дар вақташ ба маротиб зиёд будааст, вале ба сабаби забони гуфторӣ будани  форсии  дарӣ  дар  он  даврон ва  ҳанӯз  ба  қайди  китобат  надаромадани он  ашъори  мазкур  низ  ба  тариқи  шифоҳӣ истифода  мешуданд  ва  бо  гузашти  айём аксаран  аз  байн  рафтанд.  Вале  забони тоҷикӣ  (форсӣ,  дарӣ)  дар  давраи  истилои араб ба ҳайси абзори муошират на танҳо дар Хуросону Мовароуннаҳр,  Эрони  марказӣ, балки  дар  шаҳрҳои  бузурги  хилофат  амсоли Макка,  Мадина,  Куфа, Басра  ва  Бағдод  низ ривоҷи тамом дошт ва марҳалаи ҳамзистии он бо забони арабӣ боис гардид, ки раванди доду ситад  миёни  ин  ду  забон  густариши  бештар пайдо кунад.
    Ду  фасли  дигари  ин  боб  «Забони  модарии мо дар аҳди Тоҳириён» ва «Саффориён ва эҳёи давлатдории миллӣ»  ба  масъалаҳои  рушди забони мо дар давраи сароғози истиқлолияти сулолаҳои  маҳаллии эронитабор  баҳс мекунанд.  Тоҳириён  дар  аҳди  хилофати Аббосиён  нахустин  сулолаи  подшоҳони эронинажод  буданд,  ки  мустақилияти  худро эълон  карданд  ва  бештар  аз  панҷоҳ  сол (солҳои 820-873) дар Хуросону Мовароуннаҳр ҳукмронӣ  намудаанд.  Бунёдгузори  ин  сулола  Тоҳир  ибни  Ҳусайн  мулаққаб ба Зуляминайн (тав. 775 – ваф. 822) зодаи мавзеи Пушанги  Хуросон  (наздики  Ҳирот)  буд,  ки аз  бузургтарин  ёрону  ҷонибдорони  халифа Маъмун  маҳсуб  гардида,  ба  ӯ  барои  рафъи бародараш Амин аз хилофат, ки баъд аз сари падарашон Ҳорунаррашид ба тахти хилофат нишаст, кӯмак кард. Дар дарбори Тоҳириён дар  баробари  забони  арабӣ  забони  тоҷикӣ (форсӣ) ҳам мустаъмал буд ва эҳёи ин забон ҳамчун забони  расмӣ  аз  ин  давра  шурӯъ гардида, дар аҳди Саффориён ривоҷу равнақ пайдо  намуд  ва  дар даврони  Сомониён  ба авҷи худ расид (саҳ.202).
    Боби чоруми китоб «Забони навиштории тоҷикӣ: давраи оғозин» ном дошта, аз чор фасл иборат аст. Дар ин фаслҳо, аз ҷумла, дар ду фасли аввал - «Куҳантарин намунаҳои хаттии забони  тоҷикӣ  ва  «Нахустин  осори хаттии назму  насри  тоҷикӣ»  нахустин  намунаҳои хаттӣ  дар  шакли  таркиботи  ҷудогона, пораҳои  шеърӣ, ибораву  таъбирҳо  мавриди баррасӣ  қарор  гирифтаанд.  Ҳамчунин аз  ашъори  аввалин  шоирони  порсигӯ аз қабили Абӯҳафси Суғдӣ, Абулаббоси Марвазӣ, Ҳанзалаи Бодғисӣ, Маҳмуди Варроқ, Васифи Сагзӣ, Бассоми  Курд,  Абусалики  Гургонӣ, Фирӯзи  Машриқӣ   намунаҳо  оварда  шуда, нахустин  китобҳои  осори мансур  амсоли «Муқаддимаи  «Шоҳнома»-и  Абумансурӣ, «Гаршоспнома»  ва  «Аҷоиб-ул-булдон»-и Абулмуайяди  Балхӣ,  тарҷумаи  «Таърихи Табарӣ», «Тафсири Қуръон», «Донишнома»-и Майсарӣ, «Шуморнома»-и  Муҳаммад  Аюби Табарӣ, «Ҳидоят-ул-муаллимин фӣ-т-тибб»-и Абӯбакри  Ахавайнии Бухороӣ,  «Таърихи Систон», «Китоб-ул-абния»-и  Муваффақи Ҳиравӣ,  «Синдбоднома»  ва ғайра,  ки  бо забони содаю равони форсии дур аз такаллуфу печидагуфторӣ  таълиф  ва  ё  аз  забонҳои арабӣ  ё  форсии миёна  тарҷума  гардидаанд, ёдрас  шудаанд.  Муаллиф  ҳамчунин  роҷеъ ба  заминаҳои  густариши  забон, вазъи  сиёсӣ ва  мавқеи  он  дар  давраи  истилои  арабҳо  ва баъди  он  изҳори  назар  намуда,  муносибати арабҳоро  бо  мардуми  форсизабон  ва  ба забони  форсӣ  бо  мисолҳои  мушаххас   шарҳ додааст.
    Фаслҳои   минбаъдаи  ин  боб   «Замина ва  омилҳои  ташаккули  забони  адабӣ»  ва «Забони илм ва ташаккули истилоҳот» унвон гирифтаанд.  Пажӯҳишгарон  андеша  доранд, ки забони тоҷикӣ ҳадди ақал ду-се қарн бояд таърих  ва  дар  миёни  мардум  ривоҷ  дошта бошад, то дар асри Х он қудрат ва тавоноиро пайдо кунад, ки шоире чун Рӯдакӣ ба он забон шеър  бигӯяд.  Ин  даста  муҳаққиқон  вуҷуди забони форсии дариро қабл аз ислом, ҳадди ақалл  асрҳои  V-VI-и  милодӣ  медонанд.  Бо вуҷуди  ихтилофи  назар  дар  масъалаи замон ва  макони  пайдоиши  забони  дарӣ  доир  ба таҷаллигоҳ  ва  маҳалли  зуҳури  шеъру  адаб ба  ин забон,  яъне  Хуросону  Мовароуннаҳр, донишмандон  дар  маҷмуъ  иттифоқи назар  доранд.  Зеро  аксари суханварон  ва нависандагони давраи аввали забони тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) аз мардуми ин диёр ва махсусан минтақаи  Балх  бархостаанд.  Шоироне,  ки ашъорашон  дар  «Луғати  фурс»-и  Асадӣ (нимаи  қарни  XII) омадааст,  асосан  аҳли шаҳрҳои  Балх,  Бухоро,  Самарқанд,  Ҳирот, Марв, Тӯс, Сарахс, Систон ва баъзе ободиҳои дигари Хуросон буданд.
    Муаллиф  бо  овардани  иқтибосе  аз муқаддимаи тарҷумаи “Тафсири Табарӣ” ба се нукта таъкид мекунад: “якум, номи забони тоҷикӣ, «форсии  дарии  роҳи  рост» ифода гардидааст,  ки  ин  ном  танҳо  хоси  ҳамин асар буда, дар дигар осори қабливу баъдӣ ба мушоҳида намерасад ва мурод аз истифодаи он  забони  содаву ҳамафаҳми  тоҷикии  аҳди Сомонист;  дуюм,  бо  дастури  амири  сомонӣ ва  фатвои  уламои  Мовароуннаҳр ба  забони тоҷикӣ  тарҷума  шудани  тафсири  Қуръон далели  возеҳи  дараҷаи  манзалату  эътибори ин забон дар олами исломи он рӯзгор будааст; матлаби севум ва аз ҳама муҳимтар ин аст, ки қадима будани ин забон таъйид шуда («к-ин забони  порсӣ  аз  қадим  боз  донистаанд»),  дар иқтибоси  мазкур  аз  замони  қадим забони тоҷикӣ  будани  забони  аҳли  Мовароуннаҳр таъкид  шудааст («Ва  ин  ҷо  бад-ин  ноҳият (яъне, Мовароуннаҳр)забон порсӣ аст»).
    Ба  андешаи  муаллиф,  ташаккули  забони илм ва танзими истилоҳот дар забони модарии мо шаш марҳала ё давраро фаро мегирад:
    Давраи  аввал -  давраи  поягузории истилоҳоти  илмӣ  ба  забони  тоҷикӣ,  ки  аз замони  таълифи қадимтарин  осори  илмии форсӣ  шурӯъ  гардида,  то  ибтидои  ҳукумати Салҷуқиён  (1040-1190)  идома  ёфт. Азбаски бештари осори куҳантарини илмии форсӣ дар рӯзгори  давлати  Сомониён  ва  ё  бо  дархосту ҳидояти  амирону  зердастони  ин  хонавода таълифу  тадвин  шудаанд,  ин  давраро метавон давраи сомонӣ номбар кард. Ҳамин давраи  аввал  воқеан  пурбортарин  марҳила дар  таърихи  ташаккули  истилоҳоти  илмӣ ба  забони  тоҷикӣ  (форсии  дарӣ)  маҳсуб мегардад.
    Давраи  дуюм -  давраи  нуфуз  ва  корбурди истилоҳоти илмии арабӣ дар забони тоҷикӣ мебошад, ки аз зуҳури ҳукмронии Салҷуқиён дар саҳнаи таърих, яъне аз нимаи аввали асри XI ибтидо гирифта, то нимаи дуюми асри XII давом мекунад.
    Давраи  севум -  давраи  сукути  дубораи чандсадсола  аст,  ки  аз  тохтутози  муғул оғоз  шуда,  то  асри XIX,  яъне  то  замони  ба сиёсатҳои  нави  ҷаҳонӣ  кашида  шудан  ва  ба илмҳои ҷадид ошноӣ пайдо кардани мардуми форсизабон идома ёфт.
    Давраи  чорум -  давраи  ошно  шудани мардуми  форсизабон  бо  илмҳои  ҷадид  ва истилоҳоти  нави  илмӣ  буда,  дар  қаламрави фарорӯдии забони тоҷикӣ аз охири асри XIX то  ибтидои  солҳои  сиюми  асри  XX  давом намуд.
    Лозим  ба  ёдоварист,  ки  пас  аз  Инқилоби Октябр  ва  барқарор  шудани  Ҳукумати Шӯравӣ  робитаҳои фарҳангиву  забонӣ  бо кишварҳои  ҳамзабони  Эрону  Афғонистон нисбатан қатъ гардида, истилоҳсозии забони тоҷикӣ ва форсии Эрону Афғонистон бо тарзу усули ҷудогона ҷараён пайдо кард.
    Давраи панҷум ва ё давраи шӯравӣ- давраи вуруди  истилоҳоти  зиёди  русӣ  ва  дигар истилоҳоти «байналмилалӣ»  ё  тарҷумаи таҳтуллафзи дурушту дағали ин истилоҳот ба забони тоҷикист, ки аз солҳои 30-юми садаи XX  шурӯъ  гардида,  то  ибтидои  солҳои  90-и ҳамин сада давом кард.
    Давраи шашум- давраи бозгашт ба усулҳои илмии суннатии истилоҳсозиву истилоҳгузинӣ ва  раҳёфт  ба дастовардҳои  ҳамзабонон  дар ин  ҷода  аст,  ки  аз  нимаи  дувуми  солҳои ҳаштодуми  асри  XX номуташаккилона оғоз  шуда,  бо  қабули  Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар  бораи  забони  давлатӣ” (1989), таъсиси дубораи Кумитаи истилоҳоти Тоҷикистон  (12-уми  сентябри  соли  1990)  ва қабули  Эъломияи истиқлоли  сиёсии  кишвар (9-уми сентябри соли 1991) то андозае танзими қонунӣ пайдо кард ва то имрӯз идома дорад (саҳ.248-249).
    Дар  рушду  нумӯи  илм,  истилоҳоти  илмӣ ва  нигориши  илмии  тоҷикӣ,  ба  андешаи Пешвои  миллат,  ду омил  нақши  бештар  ва муассир  доштаанд.  Омили  аслии  ташаккули истилоҳоти илмӣ ва таълифи нахустин осори илмии тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) бешубҳа, эҳтиёҷу ниёзмандии  худи  мардум  аст.  Яъне,  баъди истилои араб ва густариши дини мубини ислом дар байни аҳолӣ гурӯҳ ва табақаҳое буданд, ки аз забони арабӣ огаҳии комил надоштанд. Аз  ҳамин  хотир  майлу  хоҳиши  онҳо  ин буд,  ки  аз  китобҳои  ба  забони модариашон таълифу тадвингардида илму дониш омӯзанд. Аз тарафи дигар, эътиқоди мардум ба саъду наҳси  ситораву  сайёра  ва  таъсири  гардишу ҳаракати  ситорагону  сайёрагон  дар  кору зиндагии  онон, майлу  рағбати  донистани чигунагии Замину дарозиву паҳнои он, анвои бемориву  дармону  табобат  ва  ғайра  барои ташаккули  забони  илм  ва  дар  заминаи  он таълифу тадвин кардани осори илмӣ замина фароҳам овард.
    Омили  дигари  ташаккули  забон  илм ва  таълифу  тадвини  осори  илмии  тоҷикӣ (форсӣ,  дарӣ)  ташвиқу ҳидоят  ва  сиёсати фарҳангпарваронаи  амирону  ҳокимони он  аҳд  буд.  Минҷумла,  сабаби  таълифи «Донишномаи Алоӣ»-и Абӯалии Синоро яке аз  муосиронаш  Шаҳмардон  ибни  Абулхайр дар  «Нузҳатномаи  Алоӣ»-и  худ  чунин овардааст: «Ва шунудам, ки худованди мозӣ Алоуддавла…  Хоҷаи  раис  Бӯалӣ  Синоро гуфт:  «Агар  улуми  авоил  ба  иборати  порсӣ будӣ, ман тавонистаме донистан». Ва бад-ин сабаб ба ҳукми фармон «Донишномаи Алоӣ» сохт» (саҳ.249-250).
    Таърихи таълифи куҳантарин осори илмии форсӣ, ки то замони мо расидааст, ба нимаи дуюми  асри  даҳи мелодӣ  мувофиқ  меояд. Вале  муҳаққиқон  далелҳои  зиёдеро  шоҳид овардаанд ва ҳамин далелҳо собит мекунанд, ки дар ин давра забони илмии тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) мавҷуд буда, барои ифодаи мафҳумҳои илмӣ имкони кофӣ  доштааст.  Муҳимтарини ин  далелҳоро  Пешвои  миллат   ин  гуна баршумурдааст:
    1.  Шаҳодати  донишмандони  гузашта дар  бобати  мавҷуд  будани  осори  илмӣ  ба забони тоҷикӣ (дарӣ). Масалан, Абӯрайҳони Берунӣ дар асарҳои худ аз китобҳои тоҷикӣ (форсӣ)  дар  илми  нуҷум,  ҳамчунин  аз рисолаи тоҷикӣ (форсӣ)-и Наср ибни Яъқуби Динаварии  Котиб,  ки  дар  бораи  сангҳои қиматбаҳо  ва ҷисмҳои  маъданӣ  навиштааст, ёд мекунад. Муаллифи «Ҳудуд-ул-олам» ҳам аз  мавҷудияти  «кутуби  ахбор»  дар  заминаи ҷуғрофия  ёдовар  мешавад,  ки  бешубҳа,  ба забони  тоҷикӣ  (форсӣ)  таълиф  гардида, маводи онҳо  ҳангоми  таснифи  «Ҳудуд-ул-олам» дастраси муаллиф будааст.
    2.  Шевоию  расоии  гуфтор  ва  пухтагии забони  навиштори  ҳамин  осори  илмӣ  ва осори  илмии  баъдӣ  аз  собиқаи  деринаи забони мо барои таълифи осори илмӣ ба ин забон шаҳодат медиҳад.
    3. Муқоисаи калимаҳою истилоҳоти бархе аз  ин  асарҳо  нишон  медиҳад,  ки  ҳарчанд муаллифон аз асарҳои ҳамдигар бехабаранд, вале гоҳе истилоҳоти ягона ва ҳамгунро дар баёни  матлаб  истифода мекунанд,  ки  ин  аз мавҷуд  будани  истилоҳоти  илмӣ  дар  забон пештар аз таълифи ин осор гувоҳӣ медиҳад. Аз ҷумла, аз муқоисаи истилоҳоти фалсафии «Кашф-ул-маҳҷуб»-и  Абуяъқуби  Сиҷистонӣ бо истилоҳоти  «Донишномаи  Алоӣ»-и Абӯалии  Сино  ва  асарҳои  дигар,  ки  пештар аз  «Донишнома»  таълиф ва  ё  аз  арабӣ  ба тоҷикӣ  тарҷума  шудаанд,  метавон  ба  чунин натиҷа расид, ки баъзе истилоҳоти фалсафии «Донишнома» пеш аз Ибни Сино сохта шуда, мавриди истифода қарор доштаанд.
    4.  Истифодаи  баробар  аз  ислоҳоти  дарию арабӣ,  ки  як  маъниро  ифода  мекунанд, ҳангоми таълифи асари илмии тоҷикӣ далели он  аст,  ки  истилоҳи  он  тарҷумаи  истилоҳи арабӣ  набуда,  балки  муодили  он аст,  ки  то истилои  арабҳо  ва  густариши  забони  арабӣ дар  қаламрави  забони  тоҷикӣ  (форсӣ,  дарӣ) истифода мегардид (251-252).
    Боби панҷуми китоби «Забони миллат – ҳастии  миллат»-и  Пешвои  миллат  «Давраи боландагӣ  ва шукуфоии  забони  тоҷикӣ» ном  дошта,  ба  густариши  забони  модарии мо  дар  давраҳои  Сомониён, Ғазнавиён, Зиёриён (Повандиён) ва Оли Бӯя (Бувайҳиён) бахшида  шудааст.  Он  аз  панҷ  фасл  иборат буда, фаслҳои «Забони модарии мо дар аҳди Сомониён»  ва  «Вижагиҳои  забони  тоҷикӣ дар  аҳди  Сомониён»   ба  рушду  густариши забони тоҷикӣ дар давраи Сомониён ихтисос дода шудаанд ва муаллиф ба таври фишурда онро  чунин  хулоса  кардааст:  «Эҳёи  забони тоҷикӣ  (форсии  дарӣ)  ҳамчун  забони  расмӣ дар замони  Тоҳириён  шурӯъ  гардида,  дар аҳди Саффориён ривоҷу равнақ пайдо намуд ва дар даврони Сомониён ба авҷи аъло расид. Забони тоҷикӣ - форсӣ, ки мояи ифтихор ва василаи сарнавиштсозу ваҳдатофари қавмҳои эронинажод  аст,  дар  давраи  ҳукмронии Сомониён ба сифати забони расмӣ ва омили ҳамбастагии  миллӣ  дар  тамоми  қаламрави Хуросону Мовароуннаҳр ва дигар вилоятҳои тобеи  давлати Сомониён  рушду  боландагӣ ёфт  ва  ба  авҷи  қудрату  шукуфоӣ  расид, зеро  амирони  сомонӣ  мисли Яъқуби  Лайси Саффорӣ  ба  забону  адаби  мардуми  худ муҳаббати  фаровон  доштанд  ва  ба  ҳимояту тарбияти  шоиру  нависандагони  ҳамзабони хеш камари ҳиммат баста буданд (саҳ.270).
Ба  андешаи  муаллиф,  Сомониён  бар хилофи  Тоҳириёну  Саффориён  дарк  карда буданд,  ки  бидуни эҳёи анъанаҳои  қадимӣ ва  ривоҷу  равнақи  забону  адаби  миллӣ истиқлолият наметавонад устувор ва побарҷо бимонад.  Бинобар  ин,  амирони  дурандешу сиёсатмадорони  ин  хонадон  бо  камоли ҳушмандӣ  муносибати  худро  бо  хилофат тавре  ба  роҳ  монданд,  ки  хилофати  Бағдод натавонад фитна ва рақобате бар зидди онҳо барангезад.  Гузашта  аз  ин,  Сомониён  аз забони модарии хеш ҳамчун силоҳи сиёсӣ бар зидди арабҳо барои расидан ба истиқлолияти комил истифода мекарданд. Аз ин рӯ, забони тоҷикии  форсии дариро  забони  расмии давлати паҳновари худ қарор дода, ба адибону олимон  ба  назари  эҳтиром менигаристанд ва  онҳоро  ташвиқ  мекарданд,  ки  китобҳои худро ба ин забон нависанд ва ё осори арабии худ  ва  дигаронро  ба  ин  забон  баргардон намоянд.  Дар  натиҷа  забони  модарӣ  миёни хосу  ом,  яъне  дар  байни  тамоми  қишрҳои ҷомеа мавқеи устувор пайдо карда, ба иҷрои нақши  иҷтимоию  ваҳдатофари худ  шурӯъ намуд ва иҷрои ин рисолатро бо сарбаландӣ то ба рӯзгори мо идома медиҳад.
    Китоби  маъруфи  «Тарҷумаи  Таърихи Табарӣ», ки аслан тарҷумаи озоди «Таърих-ур-расул  ва-л-мулк»-и Муҳаммад  ибни Ҷарири Табарӣ буда, баргардони он аз арабӣ ба тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) ба қалами Абӯалии Балъамӣ  анҷом  пазируфт,  дар  ташаккули таърихнигории  тоҷик  ва  амиқ  рафтани худогоҳии  миллии қавмҳои  эронитабор нақши  назаррас  дорад.  Ҳамчунин  бо ибтикори  амири  сомонӣ  Абӯсолеҳи  Мансур ва ширкати  Абӯалии  Балъамӣ  «Тарҷумаи Тафсири Табарӣ» дар ҳафт ҷилд аз арабӣ ба забони  «форсии  дарии роҳи  рост»  тарҷума гардид, ки ба шарофати он забони тоҷикӣ ба ҳайси  забони  дуюми  одами  ислом расмият пайдо  кард.  Маҳз  тарҷумаи  ин  асар  барои таълифи  осори  зиёди  динӣ  ва  тарҷумаю тафсири Қуръон ба забони тоҷикӣ дар асрҳои баъдӣ роҳро ҳамвор намуд (саҳ.271-272).
    Аҳди  Сомониён  на  танҳо  ба  шукуфоии забони  мо  ва  ривоҷи  фарҳанги  гузаштаи Эрон  мусоидат  кард, балки  ба  пешрафти фарҳанги  исломӣ  ва  забони  арабӣ  ҳам  то ҷойе  созгор  омад.  Бунёдгузори   давлати Сомониён  –  Исмоили  Сомонӣ  (849  -  907) дар  таъмини  бақои  умри  миллату  давлат  ва забону фарҳанги мо, тоҷикон, нақши муассир доштааст (261). Бузургии ӯ ва дигар амирони баъдии  сомонӣ  боз  дар  зоҳир мешавад,  ки онҳо баҳри эҳёи забону фарҳанги пешиниёни хеш  ҳамвора  саъю  кӯшиш  ба  харҷ  доданд, вале ҳаргиз эҳёи забону фарҳанги миллиро ба арзишҳои  динию  фарҳанги  исломӣ  мухолиф нагузоштанд. Воқеан  Сомониён  пас  аз Сосониён  бузургтарин  хонаводаи  эрониасил буданд,  ки  қавму  сарзаминҳои зиёдро  зери парчами  давлати  ягона  муттаҳид  карда, тамаддуни арзишманди пешиниёни худро бо фарҳанги исломӣ омезиш доданд (саҳ.273).
    Забони  тоҷикӣ  дар  рӯзгори  шукӯҳу таҷаммули  давлати  сомонӣ  дар  қаламрави ин  давлати  муқтадир наҳзату  шукуфоии бесобиқа  пайдо  кард  ва  бар  асари  футуҳоти Сомониён  ва  ислом  овардани  қабилаҳои турки  саҳронишин  дар  шимолу  шарқи  ин сарзамин густариш ёфт.
    Таълифу тадвин ва тарҷумаи бештари осори арзишманди аҳли сомонӣ бо дастури амирону вазирони  Оли Сомон  анҷом  гирифтааст. Аз  ҷумла,  осори  рангину  мондагоре  назири «Шоҳнома»-и Дақиқӣ, «Калила ва Димна»-и манзуми  Рӯдакӣ,  «Синдбоднома»,  «Таърих» ва  «Тафсир»-и  Табарӣ,  «ас-Саводу-л-аъзам»-и Абулқосими  Самарқандӣ,  «ал-Абния ани-л-ҳақоиқи-л- адвия»- Абӯмансури Муваффақи  Ҳиравӣ  ва ғайра,  ки дар  ҳамин аҳд  таълифу  тадвин  ва  ё  аз  забонҳои  арабӣ ва  паҳлавӣ  тарҷума  шудаанд.Вижагии  хоси забони  тоҷикӣ  дар  аҳди  Сомониён  дар осори  назму  насри  он  замон,  бахусус,  дар «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ, «Луғати фурс»-и Асадии Тӯсӣ, осори ба забони тоҷикӣ таълифшудаи Абӯалӣ ибни Сино ва дигарон ба  мушоҳида  мерасад  ва  Пешвои  миллат бо  овардани   мисолҳои  мутааддид  бар  онҳо ишора мекунад.
    Дар  фаслҳои  дигари  боби  панҷуми  китоб муаллиф  таъкид  мекунад,  ки  дар  рӯзгори авҷи  азамати  Оли  Сомон  дар  Хуросону Мовароуннаҳр  ва  дар  сарзаминҳои  дигари Эронзамин, аз ҷумла, дар Ҷурҷону Табаристон Оли  Зиёр,  дар  Ироқу  Форс  Оли  Бӯя  ё  Оли Бувайҳ ва дар Хоразм нахуст хоразмшоҳиёни Оли Ироқ,  баъдан  Оли  Маъмун  мақому қудрат ёфтанд. Вале дар ин давлатҳо забони арабӣ бештар расмият дошт ва ҳокимони ин хонадони  ҳарчанд  эронии  асил  буданд,  ба андозаи  Сомониён  ба  забону  адаби тоҷикӣ (форсии  дарӣ)  инояту  муҳаббат  надоштанд, аз  ин  хотир  забони  тоҷикӣ  дар  қаламрави онҳо ба таври шоиста рушду густариш пайдо накард.  Бо  вуҷуди  ин,  шоҳони  ғазнавӣ  ба мисли  Сомониён  ба забони  тоҷикӣ  ва  илму адаб  алоқамандии  зиёд  доштанд,  ҳарчанд баъзеи онҳо дар замони салтанати худ забони коргузории  девонро  аз  тоҷикӣ  ба  арабӣ баргардонида  буданд.  Шоҳони  ғазнавӣ  ба рушду такомули  мазҳаби  ҳанафӣ  ва  бунёди мактабу  мадрасаҳо  низ  мусоидат  намуда буданд  ва   шахсиятҳои зиёди  илмиву  адабӣ дар он давра фаъолияти пурсамар доштанд Дар дарбори бузургтарин подшоҳи сулолаи эронитабори Оли Зиёр ё Зиёриён Қобус ибни Вушмгирд  шоирони  форсигӯй,  аз  ҷумла, Абӯбакри  Муҳаммад ибни  Алии  Хусравии Сарахсӣ,  Абулқосими  Ҷурҷонӣ  ва  дигар фозилон фаъолият доштанд ва Абӯалӣ ибни Сино  ва  Абӯрайҳони  Берунӣ  низ   муддате дар  ин  дарбор  қарор  дошта,  аз  ӯ  ҳимояту меҳрубониҳои  зиёд  дидаанд.  Подшоҳи охирини  зиёрӣ,  ки  дар  гиромидошти  забони адаби  форсӣ  маъруф  аст, Унсуралмаолии Кайковус  мебошад,  ки  пас  аз  падараш Искандар  ба  тахти  подшоҳӣ  нишаст.  Ӯ муаллифи китоби   «Қобуснома»  мебошад, ки  намунаи  беҳтарини  насри  он  аҳд  маҳсуб мешавад.  Дар   қаламрави давлати  Зиёриён забонҳои табарӣ ва тоҷикӣ мавриди истифода қарор  доштанд,  вале  забони  коргузорӣ  ва номанигории ин дарбор арабӣ буд (саҳ.352).
    Ҳокимони  эронитабори  Оли  Бӯя  низ  ба забони  тоҷикӣ  (форсии  дарӣ)  алоқамандии зиёд надоштанд ва забони девонӣ ва адабии дарбори  онон   арабӣ  буд.  Дар  гуфтугӯйи ғайрирасмӣ  бештар  аз  гӯйишҳои табарӣ, дайламӣ  ва  гӯйишҳои  дигари  мутадовили он  рӯзгор  дар  ғарби  Эрон  истифода  бурда мешуд.  Ба назари  баъзе  муҳаққиқон, рақобати  сиёсию  ақидавии  Бувайҳиён  ва Сомониён  боис  гардид,  ки  Бувайҳиён  бар хилофи рақибони сиёсии худ, яъне Сомониён дар  парвариши  забону  фарҳанги  эронӣ  ҳеҷ вокунише  нишон  надиҳанд  ва  ба  забону адаби  арабӣ  содиқ  бимонанд  (саҳ.355).  Дар тӯли  тақрибан саду  бист  соли  мавҷудияти хонадони Оли Бӯя дар қисмати марказу ғарби Эрон  ва  Ироқ  дар  таърихномаю тазкираҳо танҳо  шаш  шоири  форсигӯй  зикр  шудааст ва  бештари  таълифоти  тоҷикии  ин  давра низ  ба тарҷума  аз  забони   арабӣ  шабоҳат доранд. Ба андешаи Пешвои миллат, нуқтаи авҷи  эҷодиёти  Шайхурраис  Абӯалӣ  Сино ба аҳди подшоҳони Оли Бӯя иртибот дорад: «Абӯалии Сино баъд аз он ки даъвати Султон Маҳмудро  барои  ба  дарбори Ғазна  рафтан напазируфт,  муддате  ба  дарбори  Оли  Зиёр ва  баъдан  дар  дарбори  подшоҳии  Оли  Бӯя паноҳ  ҷуст,  ҳарчанд  Маҳмуд  ҳамвора  дар таъқиб ва талаби дидори ӯ буд. Осори форсии Абӯалӣ  ибни  Сино  «Донишномаи  Алоӣ», «Меъроҷнома» ва «Рисола дар набз» низ дар ҳамин конун, дар дарбори ягона сарпарасти забони  тоҷикӣ  (форсии  дарӣ)  аз  подшоҳони Оли  Бӯя  –  Алоуддавла  Кокуя  бо  дархости  ӯ дар Исфаҳон таълиф шудаанд» (саҳ.360).
    Боби  ниҳоии  китоб  (шашум)  «Густариши забони  тоҷикӣ»  ба  сифати  забони байналмилалӣ»  аз  панҷ  фасл  -  «Густариши забони  мо  ба  минтақаҳои  дигари  ҷаҳон», «Забони  тоҷикӣ  дар  аҳди  Салҷуқиён», «Забони  модарии  мо  дар  аҳди  Ғуриён», «Забони  тоҷикӣ  дар  аҳди  Хоразмшоҳиён» ва  «Нуфузи  забонҳои  бегона  ба  забони  мо» фароҳам  омадааст.  Ба  андешаи  муаллиф, густариши  бештари  ин  забон ба  манотиқи дигари  ҳамҷавор  ба  замони  давлатдории ҳокимони  баъдии ғазнавию ғурӣ  ва  салҷуқӣ рост меояд.  Ба  таъбири  дигар, Ғазнавиёну Ғуриён  ва  Салҷуқиён  сиёсати  забонгустарии Сомониёнро  идома бахшиданд  ва  доираи корбурди забони тоҷикиро дар шарқу ҷануб то сарзамини Ҳинду Синд ва дар ғарб то Осиёи Сағиру Сурия густариш доданд (саҳ.361).
    Дар   аҳди  Салҷуқиён  намояндагони бузурги  адабу  фарҳанги  ин  давра  Носири Хусрав,  Хайёми Нишопурӣ,  Муҳаммад ибни  Абдумалик  Муизии  Нишопурӣ, Анварии  Абевадӣ,  Абдулвосеи  Ҷабалӣ, Қатрони  Табрезӣ,  Асадии  Тӯсӣ,  Шервонӣ, Низомии  Ганҷавӣ,  Фаридаддини  Аттор, Ҷалолиддини  Балхӣ  ва дигарон  бо таълифи   осори  пурарзиши   худ  дар  рушду такомули  забони  тоҷикӣ  (форсӣ,  дарӣ) саҳми шоиста  гузоштанд,  инчунин  осори насрие  аз  қабили  «Сафарнома»-и  Носири Хусрав,  «Сиёсатнома»-и Низомулмулк, «Наврӯзнома»-и  Умари  Хайём,  «Кимиёи саодат»  ва  «Насиҳату-л-мулук»-и Муҳаммади Ғазнавӣ,  «Форснома»-и  Ибни Балхӣ,  «Муҷмалу-т-таворих  ва-л-қисас»-и муаллифи  ношинохта,  «Таърихи Бухоро»-и Абубакри  Наршахӣ,  «Тазкирату-л-авлиё»-и Фаридаддини Аттор ва ғайра маҳз бо ҳамин забон навишта шудаанд.
    Дар   аҳди  Ғуриён  бошад,  Низомии Арӯзии  Самарқандӣ,  Муҳаммад  ибни Мунаввар  (абераи  Абӯсаиди Абулхайр), Муиниддин  Чиштии  Ҳиравӣ,  Фахриддин ибни Ҳусайн, Шамсиддин Муҳаммади Сагзӣ, Минҳоҷиддини  Ҷузҷонӣ  ва  дигарон  каломи тоҷикиро ба пояи иззат нишонданд. Қобили тазаккур  аст,  ки  дар  аҳди  Хоразмшоҳиён забони  расмии  дарбор   ва  забони  бештари мардуми  қаламрави  ин  сарзамин забони тоҷикӣ буд ва намояндагони илму адаби ин даврон, аз қабили Рашиди Ватвот, Баҳоуддин Валад, Наҷмиддини  Кубро,  Саид  Исмоили Ҷурҷонӣ  ва  дигарон  шоҳкорҳоеро  бо  ин забон ба силки таҳрир дароварданд. Албатта, ҷойи тардид нест, ки дар ҳамаи ин давраҳо таъсири  забонҳои  бегона,  бахусус, забони арабӣ  ба  забони  тоҷикӣ  чашмрас  аст   ва  он ба  омилҳои  иқтисодӣ,  динӣ,  низомӣ,  сиёсӣ, илмию адабӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ марбут буд.
    Ҳамин  тавр,  забони  тоҷикӣ  (форсӣ,  дарӣ) то  ҳамлаи  муғул  новобаста  аз  ҳаводиси рӯзгор  ва  шебу фарози  таърих  вижагиҳои ноби забони асилро дар худ нигоҳ дошта, дар набарду муҷодила бо забони тавонои диниву идориву  давлатии  ин  замон  –  забони  арабӣ на  танҳо  истодагарӣ  кунад,  балки  тадриҷан дар сарзамини васеъ, аз Ҳинду Чин то Осиёи сағир ба забони байналмилалӣ табдил ёбад.
    Китоби  мавриди  назар  дар  заминаи зиёда  аз  чаҳорсад  манобеъу  осори  таҳқиқӣ таълиф  гардида, бо аксу  тасовири  марбут ба  мундариҷаи  китоб  зинат  дода  шудааст ва таърихи  беш  аз  шашҳазорсолаи забони модариамонро инъикос менамояд. Воқеан то имрӯз перомуни гузаштаи дури забони тоҷикӣ дар забоншиносии  тоҷик  китоби  ҷомеъ  ва асари  мустақиле  ба  табъ  нарасидааст,  то хонандагон  аз  боби таърихи  забони  модарӣ маълумоти  мукаммалу  заруриро  пайдо намуда, мақому мавқеи ин забонро дар байни забонҳои дигари дунё ба гунаи саҳеҳ арзёбӣ кунанд. Дар ин ҷода китоби Пешвои миллат вазифаи роҳнамои  хубу  судмандро  иҷро хоҳад кард.
    Қобили  зикр  аст,  ки  ба  қарибӣ   китоби Пешвои  миллат  Эмомалӣ  Раҳмон  “Забони миллат  –  ҳастии миллат”  ба  хатти  форсӣ баргардон, бо теъдоди муносиб чоп ва ба доираи васеи форсизабонҳои дунё пешниҳод гардид.   Дар   маросими  муаррифии  ин китоб (декабри соли 2019, шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон) андешамандону фарҳангдӯстон   ва   сиёсатмадорони барҷастаи   тоҷику   эронӣ   ва   сафирони чанд  кишвар  дар  Теҳрон  ҳузур  доштанд. Ба андешаи таҳиягари китоб доктор Ҳасан Қарибӣ,  ин   асар   аз  чанд  ҷиҳат  аҳамият дорад; якум,ҷойгоҳи муаллиф аст ва собиқаи навишти  китобҳои  пешини ӯ ва мақому нақши вай дар роҳбарии сиёсатҳои калони фарҳангии  имрӯзи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон аст, ки метавонад амонатдори бузургтарин сармояи миллат, яъне забон бошад. Дар таърихи гузаштагони мо ин суннат, ки амирону   вазирон  аҳли  қалам  бошанд, фаровон  дида  шудааст.  Таълифи  китобҳое чун  «Қобуснома»,  «Марзбоннома», «Бобурнома»  ба  қалами  амирон  аст  ва «Сиёсатнома»-и  Низомулмулк намунаи қалами  вазирон  аст.  Нуктаи  дувум  мавзӯи китоб  аст,  ки  асоситарин  рукн  аз  аркони ҳувияти як миллатро ташкил медиҳад. Ҳар як   миллате   бо   забон   меандешад.   Агар забон суст бошад, абзори андешидан суст хоҳад буд ва дар натиҷа як миллат бо андешаи суст ҳаргиз наметавонад ҳастии худро собит кунад. Севум, равиши таълифи китоб  аст.  Ин  китоб  бар  хилофи  осори ботаассуб  ва  қавмигароӣ, воқеъгароёна, илмӣ  ва  бо  истинод  ба  манобеи ғании гузаштагон  ва  мутолеоти  донишмандони имрӯз барои аҳли илм ва умуми мардум ба қалами равон таҳия шудааст.”
    Дар  ҳамоиши  илмии  мазкур  Сафири Тоҷикистон дар Эрон профессор Низомуддин Зоҳидӣ  зимни  ишора ба  нукоте  дар  бораи ҷанбаҳои  омӯзанда  ва  ҳидояткунандаи китоби  “Забони  миллат  -  ҳастии  миллат” гуфт,  ки  муаллифи  он  мубаллиғи  тақвияти пайвандҳои дерини маънавӣ ва фарҳангӣ аст, ки аз ниёгони бедордил ва огоҳ ба мо мерос расидааст; аз ин рӯбар он таъкид дорад, ки дар ин замони ҷаҳонӣ шудан бояд бикӯшем то ҳамбастагӣ ва робитаҳои сиёсӣ ва иқтисодии худро қавитар кунем ва бинобар асли дерин, бо ёрии  ҳамдигар  истиқлоли  фарҳангӣ ва  забонии  худро  ҳифз  карда  ва  пояҳои пойдории  миллатҳо  ва кишварҳоямонро таҳким бахшем.3
    Китоби   “Забони  миллат  -  ҳастии миллат”  даъват  ба  шинохти  қадру  қимати забони  модарӣ,  посдорӣ ва  ҳимояти  ин мероси  арзишманди  ниёгонамон  мебошад. Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ  –  Пешвои миллат,  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  парчамдори ростини   ҳимоят   аз   забони  давлатӣ, маънавият   ва   фарҳанги   ниёгон   шинохта шудааст  ва  далели  қотеъи  ин  матлаб  ҳамин китоби пурарзиши эшон мебошад.

________________
3 Муҳаммадҷони  Шодӣ,  Муҳаммадиқболи  Нуъмониён.  Рӯнамои  китоби  Пешвои  миллат  дар  Эрон// маҷ.«Маърифати омӯзгор», 2020, №1, саҳ
 P.S.  Замоне ки ин матлаб ба нашр омода мешуд, пайки хуше расид. Ҷилди дуюми китоби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон  таҳти унвони «Забони миллат - ҳастии миллат» ба нашр расид, ки ифодагари таҳаввули  навине  дар  таърихи  забони  тоҷикӣ ва  баёнгари  азамату бузургии ин забону ин миллати куҳанбунёд мебошад. Ин ҷилд бо номи «Забон ва замон» давраи густариши забони тоҷикиро аз замони пурпечу фарози турктозиҳои пурвусъат, ки аз ҳуҷуми муғул шурӯъ шуда, бо аз байн рафтани охирин дудмони туркнажод дар Осиёи Миёна – сулолаи манғитиён  анҷом  меёбад,  фаро  мегирад.  Он  аз  нигоҳи  сохторӣ аз сарсухан, 7 боб - «Забони тоҷикӣва санҷиши замон», «Забони тоҷикӣдар Нимҷазираи Ҳиндустон»,  «Мақоми  иҷтимоии  забони  тоҷикӣ дар  асри ХVI», «Забони тоҷикӣдар асрҳои ХVII-ХVIII», «Забони тоҷикӣдар асри ХIХ», «Вазъияти забони форсӣ ва дарӣдар Эрону Афғонистон», «Забони тоҷикӣдар ибтидои асри ХХ», хулоса ва китобнома иборат буда, барҳақ, доиратулмаорифест, ки бо такя ба сарчашмаҳову марҷаъҳои муътамади илмии ватаниву хориҷӣ, қадимиву имрӯзӣ рӯйи коғаз омадааст.


 

 

  • Дида шуд: 1623

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj