Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

МУТОЛИА КОРИ ҲАМАРӮЗА БОШАД

Китоб дар ҷаҳони маънавии инсоният ҷойгоҳи муҳим дорад, чун тамоми донишу донистаниҳои ӯ аз ҳар гуна илму маърифат дар китоб ҷой мегиранд. Адабиёт ба унвони воситаи тарбияи маънавии инсон, раҳнамо ва адабомӯз шинохта шудааст ва маҳз ба воситаи офаридани образҳои бадеӣ адибон дар тарбияи ҷомеа нақши муҳим ва носутуданӣ мегузоранд. Ҳақиқати ин амр дар он таҷассум меёбад, ки маҳз хонандагон тавассути мутолиаи асарҳои бадеӣ дар симои қаҳрамонони онҳо шахсиятҳои ормонии хешро дарёфта, ба эшон пайравӣ мекунанд. Вақте сухан дар мавриди диловарӣ, ҷасорат, паҳлавонӣ, ватандӯстӣ меравад, ҳамеша хонандагон дар пеши назари хеш симои Рустами паҳлавонро меоваранд. Аммо баҳсе ба миён меояд, ки оё ҳақиқатан дар зиндагии  воқеӣ шабеҳи Рустам инсоне зиста? Худ Фирдавсӣ ба ин суол посух гуфтааст:
Ки Рустам яле буд дар Систон,
Манаш кардаам Рустами достон.

Пас маълум мешавад, ки аслан Рустам як паҳлавони одӣ будааст, ки аз он Ҳаким Фирдавсӣ шахсияте ба сони Рустам дастон, паҳлавони нотакрор офаридааст, ки бо маҷмӯи сифатҳояш ба дили хонандагон роҳ ёфта, дар роҳи тарбияи маънавии хонандагон саҳми барҷаста гузошта меояд. Аз ин образи офаридаи Фирдавсӣ баъдан дар адабиёти мо суханварон пайравӣ намуда, образҳои фаровоне офаридаанд, то аз ин роҳ дар тарбияи наслҳои ҷомеаи худ нақш гузоранд.
Мутолиаи осори бадеӣ аз ҳар ҷиҳат метавонад барои боло бурдани тафаккури хонандагон, ҳисси ватандӯстӣ ва дигар фазилатҳои ахлоқии онҳо таъсиргузорӣ кунад. Боз ҳам бармегардем ба як вежагии муҳимми «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ, ки дар он ғояҳои ватандӯстӣ саршоранд ва дар тамоми даврони таърихӣ аз ин асари бузург ба унвони як китоби муассир дар эҳсоси ватандӯстии ҷомеа истифода шудааст. Ҳатто пасовандони Фирдавсӣ роҷеъ ба ин асар фармудаанд:
Ҳар он кас, ки шоҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.

Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо кӯшиши академик Бобоҷон Ғафуров як гурӯҳи адибони тоҷик барои навиштани асарҳо баҳри  баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ҷалб шуданд ва устод Айнӣ китоби маъруфи хеш «Қаҳрамони халқи тоҷик - Темурмалик»-ро дар ҳамин давра ва бо ҳамин мақсад эҷод намуд. Достони «Писари Ватан»-и устод Мирзо Турсунзода низ маҳз ба ҳамин хотир навишта шудааст. Ашъори дар мавзӯи ватан навиштаи шоири маъруфи ҷанговар Ҳабиб Юсуфӣ беҳтарин ғояҳои ватандӯстиро талқин мекунад.
Дар шароити нави таърихӣ ва бо назардошти зарурати баланд бардоштани худшиносии миллӣ дар ҷомеа силсилаи осори марбут ба таъриху фарҳанги миллат ба қалам омаданд. Ба шарафи бузургдошти 1100-солагии давлати Сомониён чандин повесту романҳо иншо шуданд, ки яке аз онҳо «Девори Бухоро»-и Муҳаммадзамони Солеҳ мебошад. Асари «Куруши Кабир»-и Бароти Абдураҳмон бошад, дар ҳошияи бузургдошти “Соли тамаддуни ориёӣ” ба қалам омад. Романи «Рухшона» ва повести «Ситораи Рӯдак»-и Сорбон низ дар заминаи чунин ҷашнвораҳои миллӣ ба қалам омаданд, ки ҳамагӣ дар назари аввал ғояи боло бурдани ҳисси худшиносии миллиро  дар пай доштанд.
Китоб василаест, ки дар он донишу хиради чандинасраи инсоният маҳфуз аст. Бо хондани китоб нутқи хонанда ва хаёлоти ӯ ғанӣ мегардад. Аммо тайи солҳои ахир бо рушди технологияи иттилоотии ҷаҳони муосир дур шудани ҷавонон аз китоб ва костани шавқу ҳаваси онон нисбат ба китобхонӣ мушоҳида мегардад. Пасомади ин, албатта, коҳиши нутқ, саводнокӣ, маърифат, тарбияи ахлоқӣ мебошад, ки падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир шоҳиди он аст. Беҳуда олими юнонӣ Суқрот нагуфта: “Ҷомеа замоне ҳикмат ва саодат меёбад, ки мутолиа кори рӯзонааш бошад”.
Бино ба кашфиёти муосири илми равоншиносӣ муқаррар гардидааст, ки мутолиаи адабиёти бадеӣ дар хонанда равандҳои маърифатӣ, аз ҷумла, нутқ, хотира, диққат, идрок, тахайюл ва тафаккурро нерӯ мебахшад. Аз натиҷаи таҳқиқи илмие, ки аз ҷониби донишмандони Донишгоҳи Суссекси Англия гузаронида шуд, маълум гардид, ки 6 дақиқа машғул шудан ба мутолиаи осори бадеии баландмазмун садамаи рӯҳӣ (стресс)-ро дар инсон бештар аз 2 маротиба коҳиш медиҳад, ки ин раванд аз шунидани мусиқӣ ва сайругашт тезтар аст. Зикри сухани маорифпарвари бузурги англис Ҷозеф Аддисон ин ҷо бамаврид аст, ки гуфта: «Китоб барои ақл он нақшеро дорост, ки варзиш барои тан».
Ҳамчунин равоншиносон хулоса менамоянд, ки мутолиаи адабиёти бадеӣ дар даврони кӯдакӣ ва наврасию ҷавонӣ нисбат ба айёми калонсолӣ муассиртар ва муфидтар аст, зеро дар ин даврон шахсияти инсон ташаккул меёбад. Хонандаи осори бадеӣ якҷоя бо қаҳрамони асар андеша меронад, дар мавридҳои гуногун садама ва бархӯрдҳои равониро паси сар мекунад, хулоса мебарорад ва қобилияти баҳодиҳӣ ҳосил менамояд. Ин раванди мураккабест, ки дар ин ҷода шахсият ва ҷаҳонбинии хонанда ташаккул ёфта, нуқтаи назари ӯ доир ба падидаҳои ҳаётӣ пайдо мешавад.
Бо мутолиаи ашъори баландмазмун ва осори гаронмоя хонанда ба дунёи пур аз зебоӣ ва андешаву эҳсоси инсонӣ ворид мешавад, ки ин дар намуди таҷриба ва малака дар давоми ҳаёти ӯ ба кор хоҳад омад.
Ҳамин аҳамият ва зарурати мутолиаи китоб аст, ки бо ҳидоят ва раҳнамоиҳои Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ…» ҷараён ёфт, ки доираи васеи хонандагонро фаро гирифт. Ин озмун минбаъд ҳамасола баргузор мегардад ва афзудани шумораи аҳли мутолиа аз ҳисоби наврасону ҷавонон метавонад баробари афзудани дониши онҳо ба ташаккули тафаккури маънавӣ, боло рафтани ахлоқ ва фазилатҳои неки онон, инчунин баланд гардидани ҳисси худшиносӣ, худогоҳӣ, ватандӯстӣ ва монанди ин нақши созанда гузорад.

• Дида шуд: 1901

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj