Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

САЛОҲИЯТНОКӢ - ОМИЛИ АСЛИИ ДОНИШ, МАЛАКА ВА МАҲОРАТ

Калиди  ҳама гуна дастоварду пешравӣ ва истиқлолияти фикрӣ муаллим-омӯзгор ва хазинаи маънавию илмии ӯ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранок ба роҳ мондани корҳои таълиму тарбия аз ҷониби омӯзгор имкон фароҳам меорад, ки сатҳи мафкура ва донишу ҷаҳонбинии толибилмон боло равад ва онҳо ҳамқадами замон гарданд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Дар шароити имрӯза хонандагон бояд мазмуни маводи таълимиро на танҳо ба воситаи омӯзгор, балки бо роҳи дастрас намудани иттилоот низ азхуд намоянд ва ин боиси дар амал истифода бурдани дониш ва маҳорату малакаҳо хоҳад шуд.
Дар татбиқи стандарти нав на танҳо малакаву маҳорати касбии омӯзгор, балки натиҷаи таълими хонандагон низ ҳамчун нишондиҳандаи раванди таълим шинохта мешавад. Дар низоми нави таълим масъулияти омӯзгорон барои беҳтар гаштани натиҷаҳои таълимии хонандагон ба маротиб зиёд мегардад.
Дар татбиқи стандарт ва барномаҳои таълимӣ омӯзгор шахси асосӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ, самаранокии татбиқи стандартҳои ин ё он фан ба маҳорати эҷодии омӯзгор вобаста аст.
Дар низоми таълим ба дониш, малака ва маҳорати хонандагон диққати хосса дода мешавад. Яъне салоҳиятнокӣ қобилияти баланду босифат дар амал татбиқ намудани донишу маҳорат ва малакаи омӯхташуда мебошад. Калиди муваффақият дар он аст, ки хонанда то чӣ андоза маводи таълимиро азхуд намудааст, дарсро ҷамъбаст ва хулоса карда метавонад.
Дар муносибати салоҳиятнок диққати асосӣ барои дар амал ҷорӣ намудани дониш дода мешавад, яъне хонанда дониши гирифтаашро дар амал татбиқ карда метавонад. Бояд қайд кард, ки омили  муваффақияти омӯзгор ин пеш аз ҳама дуруст ба нақша гирифтани маводи таълимӣ ва минбаъд дар асоси он ҷараёни дарсро ба роҳ мондан мебошад.
Мо дар зер нақшаи як соат дарси забони модариро дар синфи 3 тибқи муносибати салоҳиятнок пешниҳоди ҳамкорон менамоем.
Таърихи рӯз:
Фан: Забони модарӣ.
Синф: 3.
Мавзӯъ: Витаминҳо.
Салоҳиятҳо: 3.3.1. Қоидаҳои хонданро медонад ва риоя мекунад.
3.3.2. Стратегияҳои мувофиқро истифода бурда, матнҳои ношиносро мехонанд.
3.4.2. Стратегияҳои мувофиқи навиштанро истифода бурда, матнҳои ҳаҷман калон менависад.
3.3.1. Қоидаҳои бештари навиштанро риоя мекунад.
Мақсадҳои дарс: Хонандагон бояд:
- қоидаҳои хонданро риоя кунанд;
- калимаҳои душвори матнро шарҳ дода тавонанд;
- мазмуни матнро муайян карда тавонанд;
- калимаҳоро тибқи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ   навишта тавонанд.
Маводи таълим: китоби дарсӣ, расми сабзавоту меваҳо, матнҳо вобаста ба мавзӯъ аз рӯзномаву маҷаллаҳо.
Равиши дарс
1.Ташкили дарс: а) риояи одоби салом;
б) шунидани ахбори навбатдори синф;
в) тайёр намудани синф ва хонандагон ба дарс.
2. Мақсадҳои таълимии дарси имрӯзаро ба хонандагон мефаҳмонем.
3. Ангезиши зеҳн: Калимаҳои «витамин», «микроб» ва «вирус»-ро дар тахтаи синф нависед ва аз хонандагон  пурсед, ки ин калимаҳоро ягон маротиба шунидаанд. Дар бораи ин калимаҳо чизе медонанд ё не?
Фикру андешаи хонандагонро мешунавем ва сипас тести мувофиқаро пешниҳод мекунем.
Мувофиқа намоед (Ҷавоби дурустро аз сутуни рост ёбед).
Вазифаи витаминҳоро муайян кунед.
1. Витамини А:     Ба системаи асаб оромӣ мебахшад   ва мушакҳоро қавӣ мегардонад.
2. Витамини В:  Барои қадкашӣ, пӯсти солим ва босира зарур аст.
3. Витамин С:      Инсонро аз вирусу микробҳо муҳофизат мекунад ва аз бемориҳо   шифо мебахшад.
Ҷавобҳо: 2-В, А;  1-А, В;   3- С, В.
4. Шиносоӣ бо матн.
Аз хонандагон хоҳиш менамоем, ки матнро мустақилона хонанд ва калимаҳои ношиносу мураккабро муайян созанд ва онҳоро дар дафтарашон нависанд. Бо ёрии онҳо калима ва ибораҳоро шарҳ медиҳем.
5. Кор бо луғат:
беҳол – сустӣ, беқувват
болида – хурсанд
ғизо – хӯрок
хаставу афгор – монда шудан
иштиҳо – майлу рағбат ба хӯрок
шифо – сиҳат шудан.
6. Хониши дунафарӣ: Хонандагон ба гурӯҳи дунафарӣ ҷудо шуда, бо навбат як ҷумла мехонанд. Масалан, хонандаи якум ҷумлаи якум ва хонандаи дуюм ҷумлаи дуюм ва боз хонандаи якум ҷумлаи сеюм ва ғайра. Бояд фаҳмонед, ки онҳо ҳангоми хондан ба тарзи хондани ҳамнишин диққат дода, ғалатҳоро ислоҳ намоянд. Дар рафти хондан аз болои онҳо назорат карда,  кӯмак мерасонем.
7. Ташкили саволу ҷавоб: Доир ба мазмуни матн хонандагон байни худ саволу ҷавоб мекунанд.
Намунаи саволҳо:
- Витамини А дар таркиби кадом меваю сабзавот дида мешавад?
- Витамини В чӣ фоида дорад?
- Витамини С чӣ манфиат дорад?
8. Корҳои гурӯҳӣ: Хонандагонро ба се гурӯҳ ҷудо карда, ба онҳо чунин супориш медиҳем: Аҳамияти витаминҳоро нависед. (Вақт барои иҷрои ин супориш 3-4 дақиқа). Сардорони гурӯҳҳо корашонро муаррифӣ мекунанд. Кори ҳар як гурӯҳро гурӯҳи дигар баҳогузорӣ мекунад.
9. Лаҳзаи дамгирӣ: Бозии «Ҳаммаъно».
10. Аз хонандагон хоҳиш менамоем, ки матнро хонда, ҷадвали зеринро пур кунанд:

Сипас хонандагон кори якдигарро месанҷанд ва баҳо медиҳанд.
11. «Кори дунафарӣ: Ба хонандагон супориш диҳед, ки доир ба калимаҳои «вирус», «витамин» ва «микроб» яктоӣ ҷумла нависанд. Сипас дафтарҳои худро ба ҳамдигар иваз карда, ғалатҳоро ислоҳ намоянд.
12. Бозии «Маслиҳати дӯст». Як нафар хонандаро ба назди тахтаи синф даъват кунед. Аз ӯ хоҳиш кунед, ки дар нақши писар ё духтаре, ки ба қоидаҳои беҳдошт (гигиена) риоя намекунад, бозӣ кунад. Ӯ аввал камтар дар бораи худ ва риоя накардан  ба қоидаҳои беҳдошт нақл мекунад. Сипас дигар хонандагон барои чунин рафтораш насиҳат мекунанд. Ин амалро бо чанд хонандаи дигар давом диҳед.
13. Сипас хонандагон қоидаҳои беҳдошт (гигиена)-ро ба дафтарашон менависанд.
14. Имлои «Худамро месанҷам». Ибораҳои «мушакҳои қавӣ», «тани солим» ва «одами беҳол»-ро дар тахтаи синф нависед. Ба хонандагон таъкид бояд кард, ки онҳоро хонанд ва дар хотир нигоҳ доранд. Сипас рӯйи навиштаҳоро пӯшонед. Хонандагон аз рӯйи хотир ибораҳоро менависанд. Баъд рӯйи навиштаҳоро кушоед ва имконият диҳед, ки хонандагон навиштаи худро бо тахтаи синф муқоиса кунанд ва ғалатҳояшонро ислоҳ намоянд.
Дафтари хонандагонро санҷед, дурустии кори онҳоро муайян намоед.
15. Машқҳои интихобӣ:
Ҷумларо пурра кунед. (Калимаи партофташударо ёбед.)
Боиси аз як шахс ба шахси дигар гузаштани беморӣ  ________мебошад.
(Ҷавоб: микроб)
Баъзе микроорганизмҳои зараровар касро ба _______ гуногун гирифтор мекунанд.
(Ҷавоб: бемориҳои)

16. Арзёбӣ:
1. Чиро омӯхтед?
2. Оё мавзӯъ ба шумо маъқул шуд?
3. Чӣ савол доред?
4. Оё дарс ба шумо маъқул шуд?
17. Ҷамъбасти дарс ва баҳогузорӣ
18. Супориши вазифаи хонагӣ:
Ба саволҳо ҷавоб нависед.
а) Истеъмоли сабзавот барои инсон чӣ аҳамият дорад?
б) Дар ҳавлии шумо кадом намуди сабзавотро мекоранд?
в) Номи сабзавотҳоро бо тартиби алифбо нависед.

• Дида шуд: 1946

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj