Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

МОДАР УСТОДУ РОҲНАМОИ МАН АСТ

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №4 яке аз нахустин муассисаҳои таълимии ноҳияи Фархор ба ҳисоб меравад. Аз нимаи дуюми солҳои сиюми садаи XX, вақте аввалин муҳоҷирон аз деҳоти кӯҳистони Балҷувону Сарихосору Ховалинг ба ин мавзеъ кӯчида омаданд, мактабро ҳам дар ҷойи ҳозирааш бунёд намуданд. То аввали солҳои панҷоҳум толибилмони деҳоти Аловуддин, Туғул, Ситора, «Якуми май», Комсомол, Шафтолубод, Меҳнатобод, як қисми шаҳраки Фархор дар ҳамин ҷо маълумоти ибтидоӣ мегирифтанд. Минбаъд ба тадриҷ дар чанде аз ин деҳаҳо мактабҳо бунёд ёфтанд.
Ҳоло дар ҷои бинои куҳнаи мактаби мазкур бо кӯмаки Бонки Осиёии Рушд бинои сеошёна месозанд, ки он дар соли таҳсили 2020–2021 мавриди истифода қарор хоҳад гирифт. Аз бинои куҳнаи мактаб хиште ҳам ба ёдгор намондааст. Модарам ҳар гоҳ ба аёдати хешовандон ба деҳаи Аловуддин меравад, бо меҳри зиёд ба ин даргоҳи барояш муқаддас назар медӯзаду ёди айёми бачагӣ мекунад, ки дар солҳои ҳафтодум қатори 35 нафар ҳамсинфон аз чанд деҳа бо шурӯ шавқ аз устодон сабақ мегирифт. Устодон А.Маҷидов, С.Файзов, С.Шарифов, С.Исмоилов ва чанде дигар ҳар кадом дар фанни худ омӯзгори беназир буданд ва нисбат ба шогирдон сахтгирӣ мекарданд. Модарам Бибиниссо Назарова ба забон ва адабиёт бештар шавқ дошт ва узви фаъоли китобхонаи мактабӣ буд. Доим аз он ҷо асарҳои классикони адабиёти тоҷику ҷаҳонро гирифта мехонд. Повесту роман, қиссаву ҳикоя ва шеъру достонҳои шоирону нависандагони муосир ҳамеша дар бараш буданд.
Ҳамин шавқу рағбат ӯро баъди хатми мактаби миёна ба факултаи забон ва адабиёти тоҷики Институти давлатии педагогии шаҳри Кӯлоб овард ва чор соли давраи донишҷӯиро бо шарикдарсон аз пайи омӯзиш гузаронд. Адабиёти иловагии тавсиянамудаи устодон Ш.Саидҷаъфаров, А.Кӯчаров, Ш.Тамлихоев, С.Сангов, С.Саидов ва дигаронро аз китобхонаи донишкада меёфту мутолиа менамуд, дар семинару конфронсҳои донишҷӯён маърӯзаҳои илмӣ карда, сазовори баҳои баланди устодон мешуд.
Модарам Бибиниссо соли 1981 донишкадаро хатм намуда, ба зодгоҳаш деҳаи Аловуддини ноҳияи Фархор омад ва дар мактаби хатмкардааш ба кор оғоз кард. Дар андак муддат маҳорати кордонию ташкилотчигиашро пай бурда, дар симояш кадри болаёқату роҳбарро дарёфтанд. Аввал вакили Шӯрои ҷамоат, сипас соли 1983 муовини раиси кумиҷроияи Шӯрои деҳоти Фархор интихоб карданд. Он вақт ҳудуди ҷамоат аз ду хоҷагӣ - «Роҳи Ленин» ва ба номи Калинин иборат буд. Аз рӯи тақсимоти вазифа роҳбарӣ ба муассисаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг ва иҷтимоиёт ба уҳдаи Бибиниссо гузошта шуда буд. Ба фаъолияташ дар ин давра (1983–1987) ҳам дар кумиҷроияи ноҳиявӣ ва ҳам дар кумитаи ҳизбӣ баҳои сазовор доданд.
Минбаъд ӯ пешаи омӯзгориро дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №27–и ноҳияи Ҳамадонӣ идома дод. Даҳ соли расо дар мактаби мазкур омӯзгорӣ карда, шогирдони зиёде тарбия намуд ва ҳамчунин соҳиби се шоҳдухтар шуд. Бо амри тақдир падарам соли 1996 аз олам гузаштанд ва саробонии се фарзанд ба уҳдаи модар афтод. Ӯ тавонист, ки духтаронро ҳам тарбия кунаду ҳам хононад. Ҳамин тавр аз соли 1996 то кунун  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Душанбе фаъолият мекунад. Интизоми баланди меҳнатӣ ва серталаб будан дар касб ӯро дар ин ҷомеаи меҳнатӣ соҳибэҳтиром гардондааст. Инро ман зимни суҳбат бо ҳамкоронаш Робия Муҳиддинова, Шарофат Бадалова, Рӯзимоҳ Толибова, Соҳибсултон Хоникова, Маҳбуба Ғайратова дарк намудам.

Бо кумаки модар ман дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ ва хоҳарам Мавзуна дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон таҳсил намудем, хоҳари хурдиам Миҷгона ҳунармандӣ ва пухтупазро омӯхт. Мо аз модарамон хеле розӣ ҳастем ва то ба имрӯз аз ӯ меомӯзем. Аз ҳама муҳимаш мехоҳам чун модар босавод бошам, то тавонам ҳамеша ҳамсуҳбатону шогирдонро қонеъ гардонам.
Мо-омӯзгорон ташаббусҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро хуб дарк месозем, ки барои тозагии забони тоҷикӣ чӣ гуна кӯшишҳо мекунанд. Ҳар гоҳ бо модарам сари масъалаи забон ва такмили маҳорати омӯзгорӣ баҳс мекунем, ӯ таъкид мекунад, ки ҳомиёни асосии қонуни забон аҳли маорифанд. Мактаб ва умуман муҳити аҳли маориф ҷавлонгаҳи забони адабист. Забондониву забономӯзӣ ва эҳтиром ба забони модарӣ аз мактаб оғоз меёбаду шакл мегирад.
Модарам тайи фаъолияти 35-солаи омӯзгорӣ ба гирифтани дараҷаи олӣ мушарраф шуда, бароям чун устод роҳнамоӣ мекунад, то ба қадри касби интихобкардаам бирасам. Алабатта, мо-фарзандон орзуҳои модарро амалӣ хоҳем кард.

• Дида шуд: 1894

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj