Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

ЗАН – НИГАҲДОРАНДАИ НОРИ ҲАЁТ

Беҳуда нест, ки бузургони олам дар назди қадру манзалати зан – модар сари таъзим фуруд оварда, эътироф кардаанд, ки ӯ воқеан бо як даст  гаҳвора ва бо дасти дигар сайёраро меҷунбонад. Дар ҳақиқат, мақому мартабаи зан дар ҷомеае, ки худро пешрафтаву мутамаддин мешуморад, басо арзанда ва баланд аст.
Эмомалӣ РАҲМОН

Зан дар луғат ба маънои «зиндагӣ» ва «зояндагӣ» омадааст. Дар таърихи бостонии тоҷикон зан мақоми арҷмандеро доро буда, дар тамоми паҳлӯҳои ҳаёт бо мард баробар будааст. Дар китоби динии зардуштиён «Авесто» ҳама ҷо номи зан бо мард дар як радиф зикр шуда, ҳуқуқу уҳдадории онҳо баробар дониста шудааст. Ҳарчанд роҳбарии ҷомеаро дар тӯли таърих асосан мардон ба уҳда доштанд, нақши бонувон низ дар ҷомеаи он рӯзгор муассир будааст.
Дар таърих ҳикоятҳои зиёде дар хусуси иқтидори сиёсии занон ва манзалати онон дар амириву шоҳӣ вуҷуд дорад. Аз ҷумла, Бӯрондухт - духтари Хусрави Парвиз дар Исфаҳон тоҷи шоҳӣ бар сар ниҳод ва Динаг, ки модари Ҳурмузи севум Парвиз аст ва дар Исфаҳон салтанат мекард. Хотуни Бухоро 15 сол ҳукмронӣ намудааст. Ҳузури чунин чеҳраҳои таърихӣ мӯҷиб шуд, ки то фарҳангу ҷомеаи он рӯзгор мақоми занро дар таърихи фарҳанги мо сабт намояд.
Ҳуқуқи зан ва мард дар китоби муътабари Қуръон низ баробар ва яксон мебошад. Яъне, сиришти зан ва мард аз як нақш падидор гаштааст ва ин боиси он шуда, ки ҳеҷ кадоме аз онҳо нисбат бар дигаре бартарӣ надоранд.
Нақши модарону занон дар таҳким ва рушди ҷомеа, бунёди оилаи хушбахт, таълиму тарбияи фарзандон ва афзоиши эътибори хонадон ниҳоят муҳиму арзишманд мебошад. Имрӯзҳо бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои неки созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо месозанд. Ҳамчунин онҳо бо меҳри модаронаашон баланд бардоштани мақому манзалати хонадонро  шараф ва номуси хеш мешуморанд ва бо самимият, лутфу муҳаббат ва садоқату шарофати худ номи зан – модарро муқаддас ва гиромӣ медоранд, бо дастони пурмеҳри худ навниҳолони фарҳандӯсту адабпарвари боғи маърифати миллат, яъне  созандагони ояндаи неки давлат ва  ҷомеаро ба камол мерасонанд.
Зан дар оила на танҳо ҳамчун модар ҷойгоҳи хосро соҳиб аст, инчунин тарбиятгари асосии насли башар маҳсуб мешавад, зеро инсон аввалин тарбияро аз модар мегирад. Волотарин ва болотарин мартабае, ки зан дар оила ва ҷомеа пайдо мекунад, аз дуруст тарбия намудани фарзандони фарзона, бонангу номус мебошад. Бояд зан мавқеи вежаро дар оила дошта бошад. Ин дар навбати аввал кафолате барои ҳамчун роҳбар, сарвар ва ё сиёсатмадор миёни мардум мақом ва обрӯ пайдо кардани ӯ мебошад.
Истиқлолияти давлатӣ, ки ба шарофати он ҷаҳониён моро чун миллати тамаддунофар шинохтаанд, аз дастовардҳои беназири халқи тоҷик аст, ки дар масири расидан ба ин саодати бузург гузаштагони мо ҳазорсолаҳо муборизаву ҷонбозиҳо нишон додаанд. Дар радифи даҳҳо дастоварду комёбиҳои бузурги даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон зан-модари тоҷик дар ҷомеа ва ҳам арсаи сиёсат ҷойгоҳи арзандаи худро соҳиб гардид.
Истиқлолияти давлатӣ, пеш аз ҳама, ба шинохти чеҳраи сиёсии зани тоҷик мусоидат намуд. Зеро маҳз дар шароити соҳибистиқлолӣ онҳо тавонистанд собит созанд, ки дар баробари рисолати модарию ҳамсарӣ рисолати роҳбариро низ метавонанд бо сарбаландӣ иҷро намоянд.
Ин шинохти қудрати фитрии зани тоҷик имконият дод, то ҷомеа ҳам инро эътироф намояд. Истиқлолияти давлатӣ барои таъмини мавқеи устувори зан - модар дар ҷомеа ҳамаи имкониятҳоро фароҳам овард ва занони қавиирода ва боҷасорати моро ба арсаи васеъи сиёсат ворид намуд. Дар баробари ин, мавқеи занонро дар рушди иҷтимоиёт ва иқтисоду фарҳанги мамлакат таҳким бахшида, барои истифодаи нерӯи ватанхоҳӣ ва бунёдкоронаи онҳо заминаи устувор гузошт.
Бинобар ин, нерӯву ҷасорати занонро ба инобат гирифта, бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» ба имзо расид ва он барои боз ҳам фаъолтар шудани занон заминаи мусоид фароҳам овард. Ин ҳуҷҷати муҳим роҳнамое барои таҳия ва қабули даҳҳо санадҳои ҳуқуқии дигар гардида, дар беҳдошти вазъи иқтисодӣ-иҷтимоии занон, таъмини иштироки фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, тайёр намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон ва беҳгардонии вазъи сиҳатии модару кӯдак замина гардид. Минбаъд низ ба хотири дастгирии занон силсилаи барнома ва стратегияҳои давлатӣ ба тасвиб расиданд, ки ҳар кадоми онҳо баҳри баланд бардоштани мавқеи занону духтарон нақши муҳим бозиданд, ки ин дар арсаи ҷаҳон дунявӣ будани Тоҷикистонро бори дигар таъкид сохт. Бо амалӣ шудани ин қонуну санадҳо дар давоми ин солҳо ба рӯзгори бонувон беҳбудӣ  ворид гардид, ки яке аз онҳо ба тариқи квота дохил шудани духтарони деҳоти дурдаст ба муассисаҳои таълимии олии ҷумҳурӣ мебошад. Ин раванд дар солҳои истиқлолият барои таҳсили  духтарон шароити муносибро муҳайё кард. Ин ҳама дастовардҳои замони Истиқлолият мебошад, ки натиҷаи дилхоҳи он сол ба сол бештар мушоҳида мегардад. Додани грантҳои Президентӣ барои рушди соҳибкории занон аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ба касбомӯзӣ ҷалб намудани занону духтарон, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии онҳо ва фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ асос мегардад ва ин ғамхории Сарвари давлат маҳз ба хотири дастгирии бонувони кишвар мебошад.
Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар таъмини зиндагии шоиста ва рушду ташаккули зеҳнии зан-модари тоҷик аз мавзуъҳоест, ки атрофи он ҳар бонуи худогоҳ андешаву таассуроти ҷолиб дорад.  Метавон бо боварию эътимод изҳор дошт, ки бонувони Тоҷикистон дар партави истиқлолият тавонистанд ҳамон асолати оташ будани худро дарёбанд, ки шоири бузурги миллат Мирзо Турсунзода дар васфашон гуфта буд: «Зан агар оташ намебуд, хом мемондем мо».
Ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад ва дар ин амали хайр нақши оила ниҳоят муҳим мебошад. Агар оила дар тарбияи фарзандон ва дар ташаккули шахсияти онҳо  аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзандон ҳатман дар ҷомеа мавқеи худро пайдо карда метавонанд. Дар ин бобат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати Рӯзи модар чунин қайд намуданд: «Аз қадим тарбияи фарзанди солим, некиродаву солеҳ ва ватандӯст дар таърихи халқи тоҷик яке аз вазифаҳои муқаддаси оила ва ҷамъият ба шумор мерафтааст. Ба ин масъала ҳам дар тамаддуни ориёӣ, ҳам дар фарҳанги исломӣ ва ҳам дар адабиёти оламшумули мо таваҷҷуҳи бисёр ҷиддӣ зоҳир шудааст». Пойдориву устувории оила, барпо намудани он ва одоби оиладорӣ яке аз мероси бузурги ниёгони мо ба шумор мераванд. Устувории оила, фазои солим ва муносибати дӯстонаи байни аъзои оила омилҳое ҳастанд, ки пойдориву устувории давлат, фазои осудаву ором ва пешрафти ҷомеа аз онҳо вобаста мебошад.
Бояд зикр намуд, ки мо - маорифчиён барои арҷ гузоштан ба анъанаи ниёгони худ ва барои пешгирӣ намудани тамоюли бегонапарастӣ чораҳои зарурӣ меандешем, баҳри он саъю кӯшиш менамоем, ки насли ҷавони кишварамон ҳамеша саодатманд ва соҳибмаърифат бошанд.
Бо боварӣ гуфта метавонем, ки бонувони  тоҷик дар ҳалли мушкилоти имрӯзаи ҳаёти  ҷомеа саҳми арзанда мегузоранд. Барои пешрафт ва шукуфоии кишвари азизамон Тоҷикистон, барои солимии ҷомеа ва барои сазовор пешвоз гирифтани 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатӣ тамоми нерӯ ва заковати хешро сафарбар намуда, дар рушди маърифати оиладорӣ, таҳкими пояҳои хонавода ва устувор намудани ҳаёти оилаҳои ҷавон саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Истиқлолият ба занону духтарони тоҷик мустақилияту боварӣ овард. Таърих гувоҳ аст, ки дар ягон давру замон зан - модари тоҷик ин гуна озод ва дар кору фаъолиятҳои ҷамъиятӣ соҳибихтиёр набуд. Имрӯз   мо дар фазои тинҷу осуда зиндагӣ дорем ва ҳар яки мо, сарфи назар аз қавму миллат, вазифадорем, ки ҳамчун фарзанди бонангу номуси ватан ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ тарбия намоем.

• Дида шуд: 1915

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj