Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

 

 

 

 

                          ҶАШНИ НАВРӮЗ:

                                        РАМЗИ ВАҲДАТ ВА РОЗИ НАҶОТ

                 Наврӯз бадал кард ба дил пиру ҷавонро,
                 Боз ин чӣ ҷавонист заминрову замонро!

   Ба гумони яқин, яке аз паёмбарони шеъри Аҷам Анварии Абевардӣ, ки ҷиҳати донишандешию андешасиголӣ ҳам шуҳрат дорад, дар ин сурудаи манзумаш дар васфи Наврӯз «пиру барно» ва «замину замон»-ро фақат барои ҳамрангу ҳамоҳанг буданашон дар як байт начидааст. Моя ва маслаки ҷашни Наврӯзро метавон бо як калима баён кард: пайванд! Наврӯз хешу табор, як наслро бо насли дигар, наслҳоро бо аслҳо, гузаштаро бо ҳозира ва ҳозираро бо оянда ва дар ниҳояти силсилаи робитаҳо ва нисбатҳо Ҷаҳони Кеҳин (Инсон)-ро бо Ҷаҳони Меҳин (Кайҳон) мепайвандад.
   Пайванди наврӯзӣ маҷозӣ нест, ҳақиқист! Ваҳдатест, ки зербанои маънавиаш суннати зиндаю гӯёст. Дар тасвири ин ҳақиқат ҷомеашиноси намоёни эронӣ Алии Шариатӣ, ки зеҳни фалсафию мазҳабиаш аз сарватгоҳи фарҳанги Ховару Бохтар баҳра бардоштааст, аҷаб суханони ҳакимона ва отифонаро дарёфтааст: «Мо дар ин лаҳза (ҳангоми тулӯи офтоби наврӯзӣ - А.Т.), дар ин нахустин лаҳазоти оғози офариниш, нахустин рӯзи хилқат, рӯзи Урмузд, оташи аҳуроии Наврӯзро боз бармеафрӯзем ва дар умқи виҷдони хеш, ба поймардии хаёл, аз саҳроҳои сиёҳу маргзадаи қуруни тиҳӣ мегузарем ва дар ҳамаи наврӯзҳое, ки дар зери осмони поку офтоби рӯшани сарзамини мо, барпо мешудааст, бо ҳамаи занону мардоне ки хуни онон дар рагҳоямон медавад ва рӯҳи онон дар дилҳоямон мезанад, ширкат мекунем ва бад ин гуна будани «хеш»-ро ба унвони як миллат, дар тундбоди решабарандози замонҳо ва ошӯби гусехтанҳо ва дигаргуншуданҳо хулуд мебахшем ва дар ҳуҷуми ин қарни душманкомӣ, ки моро бо худ бегона сохта ва холӣ аз хеш, бардаи рому туъмаи зудуда аз «шахсияти» ин Ғарби ғоратгар кардааст, дар ин меъодгоҳе, ки ҳамаи наслҳои таъриху асотири миллати мо ҳузур доранд, бо онон паймони вафо мебандем ва амонати ишқро аз онон ба вадиъа мегирем, ки ҳаргиз намирем ва давоми ростини хешро ба номи миллате, ки дар ин саҳрои азими башарӣ, реша дар умқи фарҳанге саршор аз ғанию ҷалол дорад ва бар пояи асолати хеш, дар раҳгузари таърих истодааст, бар саҳифаи олам сабт кунем».
  Пайвандгоҳи аслҳову наслҳо ба ҳамон шаклу мазмуне, ки Шариатӣ баён намудааст, замини барӯманди афсонавиеро мемонад, ки такягоҳу илҳомбахши ҳунарнамоиҳои Антей ном қаҳрамони як устураи машҳури юнонист: ҳар боре, ки ӯ дар ҷанги тан ба тан бемадор мешуд, ба замин, ки тимсоли модараш буд, даст расонда қуввати нав мегирифт. Наврӯз ҳам барои ҳар як фард ва ҳар як халқи некиродаю соҳибтараддуд рӯзи андӯхтани қудрати тозаи рӯҳонию равонист.
                                                                                            I
   Вақте ки муосирони садаи бисту якум, ба вежа хориҷиён, рисолаи Умари Хайём «Наврӯзнома»-ро мехонанд, дар тааҷҷуб мемонанд: чаро муаллиф дар бораи чизҳо ва воқеаҳое ҳикоя мекунад, ки бо мавзӯи асосии китоб, ки «кашфи ҳақиқати Наврӯз» унвон кардааст, алоқа надоранд. Хайём дар баробари зикри таърихи пайдоиши Наврӯз андар ангуштарӣ ва он чӣ воҷиб ояд дар бораи ӯ, тиру камон, шамшер, зар ва қалам, аломати дафина ва манфиати шароб, хосиятҳои рӯйи некӯ, асп ва ҳунари ӯ, инчунин номҳои форсии аспон ва монанди инҳо муфассал сухан меронад. Ва ҳол он ки «Наврӯзнома» аз ҷумлаи «аҷоиб-ул-махлуқот» барин китобҳои оммафаҳм нест: вай навиштаи ҳакимест, ки дар илмҳои риёзиёт ва ҳайатшиносӣ ном бароварда буду дар фалсафа худро шогирди Шайхурраис Абӯалии Сино мехонд.
   Гап фақат болои сабки хоси муаллиф ва ё тариқи рисоланависиҳои асримиёнагӣ (масалан, махлут кардани таърих бо таворих, фарқ накардани воқеа ва афсона ё дида ва шунида) нест; асл дар вежагиҳои талаққӣ ва тафҳими эронии падидаи Наврӯз аст, ки ба наздики аҷдоди қадимамон аз рамзу роз холӣ набуд.
    Ба назари Хайём Наврӯз, воқеаи сирф мавсимие набуд, ки замоне ҳамчун оғози соли хуршедӣ пазируфта, санаашро дар тақвимҳо сабт карда бошанд. Барои наслҳои минбаъда ҳам ҷашни Наврӯз фақат иди Соли нав набуд, ки бо мурури ҳазорсолаҳо маънӣ ва маслаки қудсии худро гум карда, ба як расму таомули урфӣ табдил ёфта бошад. Аз ин ҷост, ки Хайём фақат сабаби ниҳодани Наврӯзро таъбир накарда ва ё бо тавсифи таъриху оини ҷашнгирии он дар дарбори мулуки Аҷам иктифо наварзида, тандиси фарҳангшинохтии идро бозсозӣ кардааст. Тандиси мазкура бошад, бо сангрезаҳои гуногунранге кошинкорӣ шудааст, ки маҳсули илми ҳайатшиносӣ ва саноати танҷим, асотир ва кимиё, ахлоқ ва зебоишиносӣ мебошанд. Яқин бувад, ки ин сангрезаҳои маънавӣ сириштан аз ҳам фарқ мекунанд, вале онҳо дар қолаби тандис ба ваҳдати ботинӣ расида, Наврӯзро ҳамчун як падидаи яклахти табиию фарҳангӣ таҷассум мекунанд.
    Барои тафсиру таъбири мушаххаси ин қазияи куллӣ аввал ба ду саволи умда ҷавоб ҷустан мебояд:
   1. Сабаб чист, ки ҷашни Наврӯз дар низоми фарҳанги суннатии қавмҳои ориётабор ба мартабаи ии қадр баланд расид ва ҳамакнун ба унвони иди хосу ом ваҳдати азалии мардумони эронизабонро таҷассум мекунад?
  2. Чаро Наврӯз дар масири пуртоби таърих на фақат нобуд нашуд ва то замони мо боқӣ монд, балки миёни халқу кишварҳои бегона доман густурда, мақом ва нуфузи байналмилалӣ пайдо кард?
   Суханро аз таъриху таъбири фарҳангшинохтии иди Наврӯз оғозидан мебояд. Дар зимн се ҷиҳати хоси ҷашнро як ба як шарҳу тафсир дода гузаштан даркор аст, ки ба қиёс дар сартосари рубъи маскун беназиранд.
   Аввал ин, ки Наврӯз қадимтарин дар таърихи ҷаҳон ҷашни Соли нав аст; решаи маънавиашро дар қаъри ҳазорсолаҳо ҷустан мебояд. Аз ин рӯ, боиси тааҷҷуб нест, ки ҳатто Абӯрайҳони Берунӣ ва Умари Хайём барин ахтарони осмони баланди илмҳои дақиқ ҳангоми маънидод кардани пайдоиши ин ҷашни бостонӣ ба забони устураю ривояти динӣ ҳарф задаанд. Бино ба ақидаи суннатие, ки Хайём дар «Наврӯзнома» баён намудааст, дар як аҳди таърихан номуайяни бостон «Каюмарс ин рӯзро оғози таърих кард». (Дар асотири эронию туронӣ Каюмарс ҳамчун сараҷдоди одамизод ва ҳам нахустин шоҳ дар рӯйи замин зикр мешавад, ки ӯро «эзади таборак ва таоло» таъйин карда.) Як замони дигар абераи Каюмарс Ҷамшед «чун он рӯзро дарёфт, Наврӯз ном ниҳод ва ҷашн оин овард ва пас аз он подшоҳону дигар мардумон бад-ӯ иқтидо карданд».
   Таърихи иди Наврӯзро аз мавқеи назари тамаддуншиносӣ баррасӣ карда, ба натиҷаи зерин мерасем: ин ҷашн дар ҳошияи як давраи хоси таърихӣ (8-10 ҳазор сол пеш) сурат гирифтааст, ки оғози онро дар илми муосир Инқилоби неолитӣ гӯянд. Сухан аз як табаддулоти куллии иқтисодию иҷтимоӣ меравад, ки симои ҷаҳони онвақтаро ба куллӣ тағйир дода буд. Яке аз дигаргуниҳои умдае, ки дар рафти табаддулоти мазкур ба амал омад, гузаштан аз тақвими қамарӣ ба тақвими шамсӣ буд. Буду шуди ин тағйиротро фақат аз иваз шудани як тариқи солшуморӣ (аз рӯйи даврзании Моҳ) бо дигараш (аз рӯйи ҳаракати Офтоб) иборат донистан нашояд; табаддулоти мазкур аз ҷумлаи он дигаргуниҳои рӯякӣ нест, ки мардум «тағйири исм, тағйири мусаммо надиҳад» гуфта маҳкум кардааст. Тағйироти он давра усулӣ ва қатъӣ буд: худи бунёди ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии одамизод дигаргун шуд.
   Дигар ин, ки Наврӯз дар радифи ҷашнҳои халқӣ ҳамагонитарин дар ҷаҳон аст. Аз назари илми ситорашиносӣ ҳамагонӣ будани иди Наврӯз тамоман равшан бувад: эътидоли баҳорӣ (баробар шудани шабу рӯз), ки Наврӯзи моро ҳусни оғоз бахшида, дар ҳама гуна солшумориҳои шамсӣ  - аз тақвими Майа гирифта то таърихи Ҷалолӣ - мазкур аст. Ин рӯйдоди астрономиро аҷдоди тоҷику эронӣ кашф накардааст. (Онро бори нахуст ситорашиноси Юнони Қадим Ҳиппарх илман шарҳ дода буду ҳайатшиноси араб Собит ибни Курра ҳаматарафа омӯхта.) Сари сол ҳисоб кардани эътидоли баҳорӣ ҳам пешниҳоди ягон фарди ориёӣ набуд. (Инаш хизмати сомиёни аҳди бостон аст.) Лекин маҳз хуросониён буданд, ки эътидоли баҳориро дар таркиби суннати маънавиашон рӯҳонида, ба он ҷомаи зарбофти фалсафию динӣ пӯшониданд.
Албатта, фарҳангу одобе, ки Наврӯзро зодаст, дар чеҳраи маънавии ин ҷашни ориёӣ нақши равшан боқӣ гузошта, манзурам фақат номи ид (Наврӯз) нест. Наврӯз ба сони Ҷоми Ҷам одобу оини мардуми муқиминишину зироатпарварро инъикос мекунад. Дар айни замон, бо вуҷуди ин, ки он яке аз меҳварҳои муҳимми хештаншиносии ориёӣ бувад, ба куллияти хеш қавмгаро нест, андаруни суннати фарҳангии нажоди ҷудогона маҳдуд намондааст. Ҳарчанд дарахти сершоху барги Наврӯз дар паҳнои сукунати ориёиҳо рӯйидааст, худи ҷашн фақат барои мардуми ориётабор таъйин нашуда. Фарҳанги иди сириштан осмонгарои мо бар замини эътиқоде бунёд афкандааст, ки бо забони ҳол мегӯяд: Наврӯзро вакили мутлақи Худованди Некӣ барои ҷумла мардумони некдил, аз ҷумла, ба қавли Хайём, «подшоҳони некаҳд», оин овардааст.
   Дар воқеъ, сабаби умдаи ҳамагонӣ будани иди Наврӯз, боз аз қавли Хайём гӯям, аз он бармеояд, ки ҷашнро «аз баҳри бузургдошти Офтоб» таъсис дода буданд. Ва оинаш ин буда, ки «ҷаҳониён (таваҷҷуҳ кунед маҳз «ҷаҳониён, на ин ки як худи ориён ё эрониён!) чашм бар вай доранд ва андар вай ба ҷалолу таъзим гиранд».
   Яъне, ки Наврӯз ҷашни зодрӯзи Офтоб мебошад, чаро ки бо хости Яздони Гаргар онро дар силсилаи маротиби ҳастӣ волотарин мақом насиб шуда: «Эзади таоло Офтобро аз нур биёфарид ва осмонҳо ва заминҳоро бад-ӯ парвариш дод». Аз ин ҷост, ки ашрофи ақлияи давраи Эҳёи Аҷам (хосса Абӯрайҳони Берунӣ ва Умари Хайём) Хуршеди осмониро бо Меҳри рӯҳонӣ баробар кардаанд, ки дар аҳди ваҳдати ҳинду эронӣ Эзиди фурӯғу рӯшноӣ ва паймоншиносиву дод ба шумор мерафту дар аҳди Зардушт ба дастёру коргузори Аҳурамаздо табдил ёфт.
   Буду шуди худвежагии таърихию фарҳангии иди солинавии мо ҳамин асту бас; Наврӯз ба унвони ҷашни оламшумули мардумӣ дар ягон ҷойи рубъи маскун, миёни ягон халқи дигар назире надорад. Хулосаи калом, Наврӯз дар воқеъ ҳам ҳамагонитарин ҷашни Соли нав аст ва аз ин ҷиҳат ягон иди дигар ба он лофи баробарӣ зада наметавонад!
   Ғайр аз ин, Наврӯз бар пояи арзишҳои маънавие такя мекунад, ки ба арзишҳои соири халқҳои дунё бегона нестанд. Чаро ки Наврӯз бар пояи суннати фарҳангие такя мекунад, ки барояш худбинии гузаро ва ҳамвора нодида гирифтан, иқрор нанамудан ё инкор кардани арзишҳои маънавии дигар халқҳо тамоман бегона мебошад.
  Ин далели таърихӣ аслан боиси тааҷҷуб ҳам нест: мардумони ориётабору эронизабон дар масири таърихи чандинасраашон бо фарҳангу тамаддуни халқу кишварҳои дуру наздик - Бобилу Миср, Ҳинду Юнон, арабу турк дар тамосу таъсири мутақобил буданд. Ин як ҳақиқати баҳснопазири таърихист, ки дигарон ҳам эътироф кардаанд.
   Чунончи, падари таърихнигорӣ Ҳеродот ҳамин ҷиҳати ибратангези одобу оинҳои аҷдоди моро таъриф карда, зимнан гуфтааст: «Эрониён ба қабули урфу одатҳои бегонагон назар ба дигар халқҳои дунё майли бештар доранд». Дар воқеъ ҳам, маҳз ба шарофати ҳамин хислати некӯст, ки мардумони ориётабору эронизабон дар ҷараёни таърихи чандинасраашон бо халқу кишварҳои дуру наздик - Бобилу Миср, Ҳиндустону Юнон, Арабистону Туркистон дар тамоси фарҳангӣ ва таъсири дуҷонибаи маънавӣ буданд.
   Мавқеи ҷуғрофии Эрону Турон (ин ҷо номвожаи нимаустуравию нимҷуғрофии «Турон» ҳамчун муродифи истилоҳи ховаршинохтии «Эрони Шарқӣ» корбаст мешавад) ба густариши алоқаҳои сиёсию тиҷорӣ ва фарҳангии сокинонашон бо хориҷиён мусоидат кардааст. Авлоди ориён дар чорраҳаи серодами Шарқу Ғapб, аз ҷумла, қад-қади Роҳи абрешим, зиндагӣ мекарданд. Ин омил худаш ба вусъати ҷаҳоншиносӣ ва рушди шуури ахлоқии мардум мусоидат кардааст.
    Дар шарҳи ин мушоҳидаи таърихӣ муносибати аҷдоди дуру наздикамонро ба мардумони бегона, хусусан онҳое, ки дину фарҳангашон фарқ мекард, мисол овардан айни муддаост. Агар ба саргаҳи одоби муомилаи бобокалонҳоямон бо дигарон назар афканем, дармеёбем, ки дар бунёди одоби хоси онон дастури маънавие ҳаст ба зоҳир нонавишта, вале ба ботин зода ва парвардаи ахлоқи ғанӣ. Онро метавон муносибати хайрхоҳона ва пурсаброна ба гуфтору рафтору пиндори мардумони ғайр, ба суннатҳо ва одатҳои дигаргуна унвон кард. Нақши ин дастури инсондӯстона дар достони паҳлавизабони «Менуи хирад» ҳувайдост, ки моли давраи пеш аз зуҳури ислом (садаи шашуми мелодӣ) мебошад. Он ҷо «ба ҳар кас некӣ хостан»-ро «меҳтарин кори нек» донистаанд.
   Ин дастур хоҳиши хушку холӣ набуд. Гуфтан кофист, ки ягон арбоби барҷастаи илму фарҳанги Аҷам дар ҳаққи забону маданияти қавму мардумони ғайр бадгӯӣ накарда, урфу одатҳои ягон халқро наҳ назада, аз рӯйи хусумати миллию мазҳабӣ ва ё кини таърихӣ ба иззати нафси мардуми ягон марзу буми бегона нарасидааст. Барои ба ин хулоса бовар кардан як навиштаҳои Абӯрайҳони Берунӣ «Осор-ул-боқия» ва «Мо-л-ил-Ҳинд»-ро варақ зада баромадан кифоя аст. Муаллиф, ки ҷиҳати сахтгирӣ машҳур аст (инро аз оҳанги баҳсҳои ӯ бо Абӯалии Сино пай бурдан осон аст), дар ин китобҳо урфу одат ва ақидаҳои халқҳои мухталифро бо эҳтирому эҳтиёти тамом нақлу нақд кардааст.
   Шаҷараи таърихию фарҳангии ҷашни Наврӯз бозтобе аз чунин тариқи одаму оламшиносист. Наврӯз иди пирӯзӣ бар халқе ва ё соати наҷот аз хатаре нест; хусусан рӯзи қасос аз душмани сохта ё бофта набувад, ки аз маросими хусуматомезона сӯзонидан ё калтаккӯбӣ кардани хӯсааш ва ё лаънат хондан ба аҷдоду авлодаш иборат бошад.
Хусусияти таваҷҷуҳангези фарҳанги Наврӯз ин аст, ки иди солинавии мо ба ягон воқеаи сирф қавмӣ, миллӣ ё маҳаллӣ бахшида нашудааст. Суннати асили халқу кишвар ҷашни Наврӯзро ба воқеаҳои бузурги кайҳонию ҳамосие мепайвандад, ки ба сарнавишти ҳамаи фарзандони Одам нисбат доранд. Офаридани Офтоб, ба ҳаракат овардани фалакҳо ва падид овардани сараҷдоди Одам аз ҷумлаи ҳамон воқеаҳои куллианд, ки Абӯрайҳони Берунӣ бори нахуст рӯйхат карда, як ба як шарҳу тафсир дода буд. Бино ба хулосаи умдаи ӯ, «Наврӯзи нахустин аввалрӯзест аз замона ва бад-он фалак оғозид гаштан».
   Хулосаи калом, барои дарёфти мавқеъ ва мақоми ҷаҳонии ҷашни Наврӯз кунҷи назар ва дастгоҳи пажӯҳишро васеътар гирифтан мебояд: ба масъала фақат аз айнаки таърихи фарҳанг нанигариста, онро дар қарина(контекст)-и назарияи фарҳанг андешидан даркор аст.
                                                                                                   II
    Фарҳангшиносон пайдоиши иди Наврӯзро тавассути устурае андар мурдани табиат дар зимистон ва аз нав зинда шудани он дар баҳор маънидод мекунанд, ки дар қадимзамон ба забони шеъру устура баён мешуд. Чунин тасаввурот дар замини маънавии ориён низ рӯйида буд, вале ҳусну таровати хосе дошт. Дар қадимтарин рӯзгор хештаншиносии одамизод дар ҷумла қитъаҳои рубъи маскун аз парастиши отифонаи табиат оғозид, ки аз ду қисм иборат буд: ғаму ғусса хӯрдан аз пажмурда шудани рустаниҳо дар тирамоҳу зимистон ва шодию хурсандӣ кардан ба муносибати аз нав рӯйидани гиёҳҳову шукуфтани дарахтон дар баҳор. Дар Эрону Турони бостонӣ бошад, қисми дувуми ин маросим шаклан рангинтару мазмунан амиқтар шуд. Чунин таҳаввули назар бар тибқи ахлоқи некбинонаи зардуштӣ буд. Ва чун дар кайҳони маънавии зардуштия ҳаёт бар мамот, кавн бар фасод имтиёз дошт, ситоиши мавлуд ҳам ба накуҳиши мавт тавъам буд.
   Аз ин ҷиҳат як мушоҳидаи Ҳеродот ҷолиб асг: таърихнигори юнонзамин бо тааҷҷуб хабар дода, ки аҳли Эрону Турон зодрӯзашонро ҷашн мегирифтаанд. Ва зимнан расми армуғоноварию туҳфадоданҳои онҳоро бо ҳавас зикр кардааст. Аҷаб  нест, ки бар асари ҳамин одобу суннати қадими эронию туронӣ юнониҳо ҳам минбаъд зодрӯзи бузургонашонро ҷашн мегирифтагӣ шудаанд...
   Дар партави суннати мавлудпарастии тоҷику эронӣ ё васеътар гирем, тавлидгароии ориёӣ, Наврӯз оғози як силсила воқеаҳои кайҳоншумулро таҷассум мекунад, ки ҳар яке дар мурури замон нуқтаи атф аст. Муҳимтарини ин воқеаҳо «таваллуди» Хуршед ва Осмон мебошад, ки айнан дар аввалрӯзи замона офарида шудаанд.
  Акнун андар дине низ як-ду ҳарф бояд гуфт, ки дар қаринаи рӯҳониаш уфуқи маънавии Наврӯз таъйин ва таъмим шудааст. Бино ба дарёфти муаррихон, миёни динҳои ваҳдоние, ки аз тариқи ваҳй талқин шудаанд, зардуштия қадимтарин кеш аст. Вай ба унвони низоми динӣ замоне ба камоли рӯҳонӣ расид, ки ба ибтидои «Замони меҳварӣ» (солҳои 800-200, пеш аз оғози солшумории насронӣ) рост меояд. Аз ин рӯ,  зардуштия қудрати маънавӣ дошт, ки дар давраи бедории ақлонии одамизод ба унвони ҳомилу ҳомии фарҳанги ориёӣ бо дигар фарҳангҳои навхостаи онвақта (юнонӣ, ҳиндӣ, чинӣ ва сомӣ) ба муколамаи ҳамсанг пардозад.
   Аслан зардуштияро ба маънии маъмулӣ дин хондан нашояд; зардуштияро метавон як навъ ҳикмати амалӣ донист. Бо истифода аз қавли Абӯалии Сино гӯям, «фоидаи вай [ҳикмати амалӣ] он аст, ки бидонем, ки моро чӣ бояд кардан, то кори инҷаҳонии мо сохта бошад ва кори онҷаҳонӣ умедвор бувад». Вале дар рафти тамосҳои маънавии «Замони меҳварӣ» ақидаи ахлоқию кайҳоншинохтии аҷдоди бостонии тоҷику эрониёни кунунӣ ба ташаккулу такомули шуури монотеистӣ мусоидат кардааст. Чунончи, осори рӯҳонияти зардуштӣ дар се шохаи суннати рӯҳонии иброҳимӣ - яҳудия, насроният ва ислом бармалост.
    Пас, агар дар миқёси таърихи умумиҷаҳонӣ биандешем, он гоҳ дармеёбем, ки фарҳанги Эрону Турони бостонӣ дар рушду камоли маънавии мардумони Шарқу Ғарб саҳми шоиста гирифтааст.
   Ин  ҷо як масъалаи усулӣ  ва  куллӣ пеш  меояд. Дар адабиёти таърихӣ ва  фарҳангшинохтӣ ҷо-ҷо Наврӯз ҳамчун «ҷашни зардуштӣ» ва ҳатто «иди мусулмонӣ» муаррифӣ мешавад. Оё чунин хулоса ягон бунёди илмӣ дорад? Якбора ҷавоб медиҳам: Наврӯз ба зоти хеш зодаи ягон дин нест, нафақат дини ислом, ки дини нисбатан ҷавон аст, балки инчунин кеши зардуштӣ низ, ки ҳеҷ набуд 1000 сол пеш аз ислом зуҳур кардааст.
  Ба зарурати аз ҳам ҷудо кардани таърихҳои устурию динӣ ва илмии ҷашни Наврӯз Абӯрайҳони Берунӣ низ ишора карда буд. Дар тақвими илмии қиссаи ривоятӣ дар боби он ки бунёдгузори тамаддуни башарӣ Ҷамшед ҷашни Наврӯзро ҷорӣ карда будааст, аллома Берунӣ дар баробари зикри ин қисса барҳақ афзудааст: «Пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд!»
   Ҳақ асту рост аст, ки ҷашни Наврӯз дар домани рӯҳонии маздоясна таъбир ва таъйин шуд. Ин ҷиҳати таърихи Наврӯз маълум ва мафҳум аст. Вале аз назари илмӣ таърихҳои пайдоиши ҷашни Наврӯз ва дини зардуштиро аз ҳам ҷудо кардан даркор аст, ҳарчанд ки аз худи гоҳи бостон cap карда онҳо тавъам меоянд. Дар воқеъ, бо вуҷуди ин ки Наврӯз зотан ҳодисаи табиисту маздоясна воқеаи рӯҳонию фарҳангӣ, онҳо ҳаммакон буданд. Вале таърихи зуҳури ин ду падидаи таърихӣ гуногун аст. Агар ба аслу асоси масъала зеҳн монем, дармеёбем, ки зардуштия падари таъмидии Наврӯз набуд; сарманшаи ҷашни солинавии ориён кеши таърихан қадимтар (то зардуштӣ), ба истилоҳ, оини меҳрпарастӣ буд. (Маҳз ӯст, ки минбаъд аз Эрону Турон ба Осиёи Хурд ва аз он ҷо ба Аврупо паҳн шуда, он ҷо дар аввалҳои солшумории мелодӣ ба унвони митраизм ба пояи як дини бонуфуз табдил ёфта, қариб ҷойи рақиби тавонои худ - дини насрониро гирифта буд.)
  Новобаста ба ин далели таърихӣ хулосаи авестошиносон дар бораи он ки номи Наврӯз дар «Авесто» сабт нашудааст, аслан дуруст нест. Оре, дар китоби қудсии маздоясна ҷашни суннатиамон ба унвони маълуму машҳураш (Наврӯз) зикр нашуда. Вале ҷашни Наврӯз номи дигар низ дошт, ки муқаддастар буд: Рӯзи Ҳурмуз (Ҳурмазд). Ба қавли Берунӣ, дар субҳи Наврӯз «фаҷру сапеда ба мунтаҳои наздики худ ба замин мерасад ва мардум ба назар кардан бар он табаррук меҷӯянд. Ва ин рӯз рӯзи Мухторӣ аст, зеро ки номи ин рӯз Ҳурмузд аст, ки исми худованди таолост». Дар чандин ҷойи «Авесто» айнан ҳамин номи «расмии» Наврӯз зикр шудааст.
   Хулоса, ақидаи илмӣ андар пайдоиши ҷашни Наврӯз чунин аст. Наврӯз зотан ва сириштан табиитарин ва фарҳангитарин ҷашнҳои ҷаҳонист, чаро ки мабдаъаш табиат асту маодаш тамаддун. Аввал ин, ки ҷашни солинавии мо бар замини як ҳодисаи сирф табиию мавсимӣ машҳур ба эътидоли баҳорӣ (баробар шудани шабу рӯз, ки ба 21/22-юми моҳи марти тақвими мелодӣ рост меояд) бунёд афкандааст, ки баҳори ҳар сол бе дахолат ё далолати ягон нерӯи фавқуттабиа ба амал меояд ва аз ин маънӣ ҷанбае мазҳабӣ ё қудсӣ надорад.
   Дигар ин, ки оинҳои ҷашни Наврӯз ҳам дар оғоз замина ё сабабҳои сирф табиӣ ё иҷтимоӣ доштанд ва ё тавассути омилҳои табиӣ ё иҷтимоӣ тафсиру таъбир меёфтанд. Барои мисол, оинҳои машҳури наврӯзӣ - оташдаргиронӣ, обпошӣ ва ба якдигар шакар ҳадя фиристоданро гирем, ки ҳар се ҳам зотан ягон ҷанбаи мазҳабӣ надоштаанд. Барои исбот кардани ин нуқта боз ба осори илмии Абӯрайҳони Берунӣ рӯ меоварем, ки далелҳои аёнӣ ва боварибахш овардааст.
   Аз оташдаргиронӣ cap кунем. Ин одат аз рӯйи таърихи ривоятиаш бо оини оташпарастӣ робитаи бевосита надоштааст. Берунӣ мегӯяд: «Сабаб ин ки дар ин шаб оташ бардошта мешавад, ин аст, ки чун Заҳҳок қарор гузошта буд, ҳар рӯз ду нафар биёваранд ва барои море, ки ба дӯши ӯ буд, димоғи онҳоро ғизо қарор диҳанд. Ва шахсе, ки пас аз омадани Заҳҳок ба Эрон муваккал ба ин кор буд, Измоил ном дошт. Ва ин муваккал яке аз ин дуро озод мекард ва тӯшае мебахшиду ӯро амр мекард, ки ба қисми ғарбии кӯҳи Дамованд сокин шавад. Ва дар он ҷо бираваду барои худ хонае бисозад. Ва дар ивази ин шахси озодшуда ба ду мори сари китфи Заҳҳок димоғи  қӯчқоре мехӯронид. Ва ин димоғро бо димоғи як нафари дигар, ки кушта мешуд, махлут мекард. Ва чун Фаридун Заҳҳокро гирифт, Измоилро ҳозир кард ва хост, ки ӯро «подош бахшад». Измоил ашxocepo, ки аз катл боздошта буд, Фаридунро хабардор кард. Ва як расул аз Фаридун хост, ки ба кӯҳи Дамованд биравад, ки то ҳақиқати масъаларо ба Фаридун бирасонад. Ва чун Измоил ба кӯҳи Дамованд расид, озодшудагонро амр кард, ки бар пушти бомҳои худ ҳар яке оташе биафрӯзанд, то шумораи эшон зиёд ба назар ояд. Ва ин воқеа дар шаби даҳуми баҳманмоҳ буд».
   Берунӣ дар дигар китобаш ҳангоми маънидоди оини оташафрӯзӣ ба сабаби сирф физикӣ ишора карда, ба забони ривояти халқӣ мегӯяд: писари Шопурпаҳлавон Ҳурмуз рӯзи иди Наврӯз оташро ба ҷойҳои баланд қарор дод, то ки «ҳарорати он ҷавро пазонад ва ашёи касифаро бисӯзонад. Ва мояи фасодоварро ин ҳарорат нобуд намояд».
Пайдоиши одати обпоширо низ Бӯрайҳон ба забони омилҳои сирф табиӣ маънидод кардааст: «Сабаби ин ки эрониён дар ин рӯз об ба ҳам мепошанд, ин аст, ки чун дар зимистон тани инсонӣ ба касофати оташ аз қабили дуду хокистар олуда мешавад ва ин обро барои тоза кардан аз он касофат ба ҳам мерезанд. Ва дигар ин ки ҳаворо латифу тоза мекунанд ва намегузоранд, ки дар ҳаво тавлиди вабо ва бемориҳо бишавад».
   Одати дар рӯзи Наврӯз ба якдигар шакар фиристоданро ҳам Берунӣ ба забони ривояти ғайримазҳабӣ маънидод менамояд: «Ҷамшед рӯзе наеро дид, ки каме обҳои даруни он ба берун таровиш карда буд. Ва чун Ҷамшед дид, ки он ширин аст, амр кард, ки оби ин найро берун оваранд ва аз вай шакар созанд. Ва он гоҳ дар рӯзи панҷум шакар ба даст омад ва аз роҳи табаррук ба он мардум барои якдигар шакар ҳадя фиристоданд».
   Халифаҳои араб дар оғози ҳукумати сиёсию рӯҳониашон дар Аҷам ҳар дуи ин оинро манъ карда буданд. Вале муҳаққиқони таърихдон мегӯянд, ки истилогарон бо андеша аз вокуниши зердастонашон ба  зудӣ аз номи Ҳазрати Муҳаммад(с) эълон карданд, ки Амиралмуъминин оташ афрӯхтан ва ба ҳам об пошидан дар рӯзи Наврӯз раво донистаанд.
                                                                                     III
    Иморати хештаншиносии тоҷику эронӣ ду шаҳсутун дорад: яке забони тоҷикӣ (форсӣ)-сту дигар ҷашни Наврӯз. Аввалӣ ба унвони ҳомилу ҳомии осори фарҳангӣ ҳофизаи таърихиро таҷассум мекунад, охирӣ бошад, ба симмати суннати зиндаи халқ замонати бақои рӯзгори ӯст. Вале дар илми муосир, хосса инсоншиносӣ ва фарҳангшиносӣ дар масъалаи робитаи қавмият ва забон як навъ нодидагирии нақши созандаи забон дар ташаккули қавму миллат ба чашм бармехӯрад. Вале дар ин маврид таърихи халқҳои мухталифро ба қолиби танги як ақидаи ҳамагонӣ кашидан нашояд.
    Дар оғози асри XIX, замоне ки олмониён ҳанӯз дар қаламрави як давлати мутамарказ муттаҳид нашуда буданд, ҳамватани машҳурашон Фихте аз хусусиятҳои таърихию фарҳангии ҳамқавмонаш гап кушода гуфта буд, ки онҳо воқеан «миллати забон» ҳастанд, на «миллати нажод». Мо, тоҷикону эрониёни кунунӣ, ҳам бо як ҳисоб «миллати забон» ҳастем. Барои ба ин ҳақиқати таърихӣ эътимод пайдо намудан ба як мисраъ шеъри Фирдавсӣ зеҳн мондан кофист, ки гуфта: «Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ». Зимнан, устод Садриддин Айнӣ забон ва қавмиятро ба ҳам мусовӣ дониста мегуфтанд, ки «Сомониён... ирқан форсизабон ҳастанд».
   Ҳар ду унсури худшиносии тоҷику эронӣ - забони муштарак ва ҷашни Наврӯз калид ва рамзи ваҳдати ҳам миллӣ ва минтақавии онҳост.
    Аз ин рӯ, ҳар истилогаре, ки қисмати тоҷикнишини Ориёзаминро забт карду мардуми зодсарвашро таҳти итоати худ нигоҳ доштан хост, пеш аз ҳама ин ду рукни ҳастии таърихии Аҷамро шикастанӣ шуд: ё забони тоҷикиро хонабанд кард ё ҷашнгирии Наврӯзро боздошт ва ё баробар ҳар дуро барбод доданӣ шуд.
     Юнониёни мақдунӣ ҳамин ки Эронро забт карданд, Тахти Ҷамшедро оташ заданд, лекин ин оғози истилои низомӣ буд. Дар анҷоми он мебоист сутунмуҳраи маънавии эрониёнро шикастан...
     Искандарпарастони ҳазораи сонӣ афсонае бофтаанд, ки гӯё Александр дастхати «Авесто»-ро дар оташ насӯхта, ба Юнон бурда тарҷума кунондааст. Э кош, ҳамин тавр мебуду матни пурраи «Авесто»  ҳам мисли «Таврот» дар тарҷумаи юнонӣ боқӣ мемонд! Мутаассифона, ин ба воқеият ва мантиқи таърих рост намеояд; шогирди Арасту будан, ҳанӯз нишони хирадмандӣ нест! Хусусан худи Арасту, ки ӯро Абӯалии Сино «Муаллими аввал» мехонд, дар дилу зеҳни Искандари ҷавон нисбат ба эрониёну турониён кин парварда будааст! 
    Абулқосими Фирдавсӣ бе ишора ба фоҷиаи таърихии пойтахти Ҳахоманишиён гуфта, ки «Каёнро бад-он ҷойгаҳ фахр буд». Яқинан муродаш фақат ин набуд, хабар диҳад: «нишастангаҳ он гаҳ Истахр буд». Оре, Истахр суннати сиёсии Эрони Бостонро таҷассум мекард. Онро маҷозан Тахти Ҷамшед ҳам гуфтандӣ, ки бесабаб нест: нишастангоҳи рӯҳу равони ориёӣ низ ҳамон ҷо буд. Ва маҳз ӯст, ки бандҳои гусастаи занҷири замонро ба ҳам васл намуда, ваҳдати маънавии аҷдоду авлодро бақои абад мебахшид. Пас барои ҳокимияти юнониён ё арабҳои ғолибро дар Эрону Турон устувор намудан Искандар ва сонӣ Қутайба даставвал аз пайи шикастани сутунмуҳраи ҳувийяти аҷдоди мо шуданд.
   Вале ин кори таърихсӯз аз дасти ягонтои онҳо наомад! Истилогарони асрҳои сонӣ турку муғул бошанд, ба ҷуз пазируфтани ҳар ду рукни фарҳанги суннатии тоҷикон - забони тоҷикӣ (форсӣ) ва ҷашни Наврӯз дигар илоҷе надоштанд!
Ҳақиқати таърихист, ки пас аз истилои араб дар Эронзамин, ба қавли Абулҳусайни Зарринкӯб, «ду қарни сукут» фаро расид, ки дар арзи он нерӯҳои таърихию фарҳангӣ дар ҳоли хомӯшӣ қарор доштанд. Аммо баъд… Аҷам бо тамоми шавкату шукӯҳаш дар Туронзамин аз нав ба по хеста, сартосари гетӣ ғулғула афканд. Хитобаи манзуми ҳаким Фирдавсӣ «Аҷам зинда кардам бад-ин порсӣ», фақат каломи мавзуне нест, ки шоир ба унвони фахрия гуфта бошад; садои хурӯши оламгири тамаддунест, ки шаш қарни тамом (X-XV) вулқонвор шуълаафшонӣ карда, шуҳраи офоқ гашт.
   Хитобаи машҳури Абулқосими Фирдавсӣ маънӣ ва маслаки муҳимму мубрами културологӣ низ дорад. Вай аз се ҷихат рамзист. Нахуст, ҳамчун ифодагари аслу усули хештаншиносии қавмӣ (тазоди Арабу Аҷам, ки зуҳури ҷузвии муқобилгузориҳои гурӯҳии «мо» ва «онҳо» мебошад). Баъдан, ҳамчун аломати меъёри асосии ҳувийяти қавмӣ будани забон. Сониян, ҳамчун тасдиқи таърихан бефосила будани суннати фарҳангии халқ.
   Сарчашмаи илҳоми ин ҷунбиши эҳёи таърихию фарҳангие, ки Фирдавсӣ ҳамчун яке аз аламбардони маъруфи он шинохта шудаст, як навъ гуфтугӯи ғоибонае буд бо гузаштаи дур; замонае, ки ба «ду қарни сукут» сабаб гардид, пули таърихиро миёни гузаштаву ҳозираи Аҷам, байни «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ ва хонандагони кунунии он сӯзонданӣ шуд. Вале занҷири пайвастагии маънавиро кандан амри муҳол аст: аз қавли Фирдавсӣ гӯям, «на гашти замона бифарсоядаш» ва «на чун мо табоҳӣ пазирад ҳаме»!
   Ҳампайвандии наслҳову аслҳо қалби фалсафаи таърихи Аҷам бувад. Аз ин маънӣ истимрор маркази табаллури суннати фарҳангиест, ки ба унвони мабдаъ ва маоди тамаддуни тоҷику эронӣ кафили бақои таърихии ӯст. Аз қудрату нуфузи ҳамин омили маънавист, ки тамаддуни бостониамон дар масири таърихи пурпечутоб мисли тамаддунҳои қибтиён ё бобилиҳо нобуд нашуд, баръакс зинда монд! Аз ин ҷиҳат хусусан таърихи ҳифз шудани асолати фарҳангии эрониёни шарқӣ мавсум ба тоҷикон ҷолиб аст, ки Наврӯз рамзи бармалои ҷонсахтии таърихии онҳост. Охир, дар арзи ҳазор соли охир тоҷикон дар иҳотаи амвоҷи торафт қувватгирандаю вусъатёбандаи қавмҳои саҳронишин монда, ҳокимияти сиёсиашонро аз даст дода буданд.
    Мақому нуфузи ҷашни Наврӯзро дар қаринаи фалсафаи таърих арзёбӣ намуда, пеш аз ҳама бояд гуфт, ки ҷашни Наврӯз ҳамчун муҷассамаи рӯҳонияти асрҳо ва наслҳо таҷассуми амалии ҳампайвандии таърихию фарҳангии аҷдоду авлоди аҷамиён бувад. Истимрори таърихӣ бошад, маркази булӯрбандии суннати маънавиест, ки дар таърихи тамаддуни Аҷам омили муассир ва муҳофизи бақои худвежагии ӯст.
    Сабаби умдаи миёни қадимтарин тамаддунҳои ҷаҳонӣ зинда мондани тамаддуни ориётаборони эронизабон, ки Наврӯз ҷузви таркибии суннати зиндаи ӯст, низ аз шарофати ҳамин омили қудратманди рӯҳонист. Аз ин ҷиҳат хусусан таърихи бақои худвежагии фарҳангии аҷдоду авлоди тоҷикон ҷолиб аст. Дар арзи ҳазор соли охир тоҷикон дар иҳотаи амвоҷи торафт қувватгирандаю вусъатёбандаи кӯчиёни турку муғул монда, аз ҳокимияти сиёсӣ маҳрум шуда бошанд ҳам, давлаташонро аз даст надодаанд, айнан монанди Эрон, ки низ беш аз 900 соли тамом таҳти ҳукумати сиёсии туркон мезист, вале дар ягон китоби таърих нанавиштаанд, ки эрониён дар ин муддати тӯлонӣ давлати миллӣ надоштанд...
                                                                             IV
    Азбаски акнун Наврӯз мувофиқан ба миқёси азаливу мартабаи аслиаш ба арсаи ҷаҳони мутамаддин баромада, ба ҷодаи тамоюли ҷаҳонисозӣ ворид шуд, айни муддаост, ки камоли матлуби муассисони ҷашни бостониамонро дар хилоли арзишҳои ҳамагонии ҷомеаи байналмилалӣ баррасӣ намоем.
     Аз ин мавқеи назар ду унсури оини ҷашни Наврӯз ҷолиб аст, ки ба фаъолияти хоси иҷтимоию фарҳангӣ даъват мекунад. Бино ба ақидаи урфӣ, дар рӯзҳои ид фариштагони некӯкор аз осмон ба замин мефароянд. Ва аммо қосидони фалакӣ ба хонаҳое ташриф намеоваранд, ки (1) онҳоро рӯбучин накардаанд ва ё (2) миёни аҳли хонавода сулҳу салоҳ нест.
Ба ҷамъбандии куллии ин ду оини наврӯзӣ пардохта метавон гуфт, ки онҳо ба шуури чаҳоншумули асри мо роҳ ёфта, аҳамияти хоси инсондӯстӣ пайдо карда метавонанд. Чунончи, ҳудуди хонаро то ҳаҷми дунё васеъ намуда, зарурати рӯбучини идонаро бо даъвати экологияи муосир қиёс кардан шояд, ки ифлос накардани муҳити зистро тақозо менамояд. Гузашта аз ин, дар хилоли аркони ахлоқии одобу оини Наврӯз (парастиши покӣ, хосса парвариши муносибати таҳаммулнопазирона ба дурӯғу дурӯягӣ) худи мафҳуми экологияро тавсеа ва такмил додан мумкин аст. Манзур аз ҳисоби масъалаҳои ҳифзи муҳити маънавӣ васеъ кардани мавзӯи экологияи ҳозира мебошад, ки алҳол танҳо тарзу тариқи ҳифз кардани муҳити табиии зистро баррасӣ мекунад.
    Дар шароити    кунунии густариши ҷахонисозӣ аҳамияти экологияи фарҳанг аз экологияи табиат бештар набошад ҳам, камтар нест. Ҳар ду ба ҳам робитаи ногусастание низ доранд: ифлос ва вайрон шудани табиат дар басе мавридҳо натиҷаи касифию харобии фарҳанг аст. Пас таъсири мутақобили тамаддуну табиатро аз ҷиҳати маънавӣ танзим кардан аз вазифаҳои муҳимму мубрами замони мост. Дар баробари ин дар замони ҳозира, ки айёми ҷаҳонисозист, ҳифзи худвежагии фарҳангҳои миллӣ аз тариқи пешгирӣ кардани нуфузи маданияти оммавӣ ба яке аз масъалаҳои доғи рӯз табдил ёфтааст.
Дар ҳуҷҷатҳои бунёдгузори Созмони Милали Муттаҳид - аз Эъломияи ҳазорсолаи Маҷмааи Куллӣ гирифта то тавсияномаҳои сершумори ЮНЕСКО даъват ба муколама дар ҳама сатҳу савияҳои муносибати байналмилалӣ бо талқину таъкиди зарурати расидан ба ҳусни тафоҳуми фарҳангӣ, вусъат додани таълиму тарбияи таҳаммули динӣ ва пешгирӣ кардани тамоюлҳои бегонаситезӣ ва қавмпарастию миллатгароии ифротӣ тавъам меояд...
   Маҳз Саъдии Шерозӣ буд, ки фарзандони Одамро аъзои як пайкараи воҳид дониста, аввал ба онҳо ҳамбастагии азалиашонро талқину таъкид намудааст:
             Чу узве ба дард оварад рӯзгор, 
             Дигар узвҳоро намонад қарор.

Ва сонӣ ба муосир ва вориси бепарвояш андешамандона хитоб кардааст:
              Ту, к-аз меҳнати дигарон беғамӣ. 
              Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ!

   Дар шарҳи маънию маслаки хоси ин манзумаи фалсафӣ, ки ба камоли матлуби Созмони Милали Муттаҳид ҳамсангу ҳамоҳанг аст, аз мақулае ёд мекунам, ки ба ҳама шинос бошад ҳам, дар Аҷам ба маънии худвежае меояд, ки ба дигар фарҳангу тамаддунҳо xoc нест. Манзурам мафҳуми башарият мебошад. Ба наздики уламою удабои бедормағзи давраи Эҳёи Аҷам, ки худаш як баҳори пуррангу пурнаими таърихи ориёнзамин буду оғозаш Наврӯзи гулхези ховарон, башарият нафақат аҳли замона, яъне муосирон, балки инчунин аҳли адам, яъне аҷдоди гузашта ва авлоди ояндаро баробар фаро мегирад. Аз ин рӯ, ҳамон фармудаи Саъдии Шерозӣ («Банӣ-одам аъзои як пайкаранд»), ки шакли манзуми яке аз ҳадисҳои Паёмбари ислом Муҳаммад (с) будааст, дар тасаввури ворисони яке аз паёмбарони шеъри тоҷикӣ (форсӣ) мазмуни таърихӣ ҳам дорад. Ба ҷамъбандии куллии фалсафӣ пардохта гӯям, дар қаринаи ҷаҳонбинии бостонии эронию туронӣ маъқулаи «замони иҷтимоӣ» маънию маслаки нодире пайдо карда буд, ки то замони мо ҳифз шудаст: вақт ба сони рӯди кӯҳсор якҷониба ҷорист, вале ҳар як лаҳзааш буду шуди ҳофизаи таърихиро мисли Ҷоми Ҷам инъикос мекунад. Бинобар ин ҳар як насли тоҷику эронӣ Рӯдакию Фирдавсӣ, Бӯалию Берунӣ, Румию Ҷомӣ, Саъдию Ҳофиз, Иқболу Айниро ҳамчуи муосиру мусоҳиби зинда мепазирад. Хусусан ки ҳомилу ҳомии ин фарҳанги воло - забони муштараки мову он бузургон мавсум ва маъруф ба се ном (порсӣ, дарӣ ва тоҷикӣ) бо вуҷуди он ҳама баҳрае, ки аз дигар забонҳо, бахусус арабӣ, бардоштааст ва басе мавриди тазъиқу таъқиб ҳам қарор гирифта, ба куллияти хеш усулан тағйир наёфта ва худвежагиашро ҳифз карда ва бад-ин сабаб ба форсизабонони Тоҷикистону Ӯзбекистон ва Эрону Афғонистони кунунӣ куллан мафҳум бувад.
                                                                                V
    Ҷашни Наврӯз ҳикмате дорад, ки аз саволи зерин оғоз мешавад: чаро шаҳриёри пешдодӣ Ҷамшед ҳангоми таъсиси ҷашни Наврӯз эътидоли шабу рӯзро ба унвони пешонии сол пазируфта бошад? Сабаби умда ин аст, ки тамоми ҷахонбинӣ ва тафаккури суннатии эронию туронӣ дар замини ахлоқи эътидолдорӣ бунёд афкандааст. Инро Умари Хайём дар рисолаи «Наврӯзнома» талқину таъкид кардааст: «Ин олам, ки ба пой бувад, бо эътидол бар пой бувад, оростагӣ ҳамвор бо эътидол аст».
    Минбаъд дар чаҳорчӯби рӯҳонию равонии тасаввуф эътидолдорӣ ба андозадорӣ гузашта, ба яке аз мақулаҳои рукнгузори ахлоқ (этика), зебошиносӣ (эстетика) ва мантиқ ба унвони меъёру маҳаки тафаккур табдил ёфт. Дар мавриди одоби ҷашни Наврӯз бавежа этикаи андозадории суфия ҷолиб аст. Моҳияти маънавии он аз тақозои зерини ахлоқӣ иборат бувад, ки ба ҳукми ҳикмати халқӣ даромадааст:
             Андоза нигаҳ дор, ки андоза накӯст,
             Ҳам лоиқи душман аст, ҳам лоиқи дӯст!

    Меъёри эътидол дар меъмории исломӣ низ риоя мешавад: эътидол меъёри ҳам устуворӣ ва ҳам зебоӣ ба шумор меравад. Зимнан ба як нуқтаи Хайём таваҷҷуҳ кунед, ки мефармояд: «Оростагӣ ҳамвор боэътидол аст».
    Чун меъморӣ дар ҳама макону замонҳо рамзи бунёдкорӣ буд, дар қаринаи ин навиштор боз як унсури умдаи фалсафаи Наврӯзро ба ёд овардан айни муддаост. Дар луғати «Наврӯзнома»-и Хайём «обод» ва «ободонӣ» аз ҷумлаи маъмултарин истилоҳҳо мебошанд, ки ба зодаи тамаддуни зироатӣ ва парвардаи маданияти шаҳрзод будани ҷашни Наврӯз ишора мекунанд. Берунӣ эътиқоди аҳли Форсро дар қалам оварда мегӯяд, ки «Каюмарс нахустин касест, ки тамаддунро ба эрониён омӯхт».
    Ҳарчанд ки гуфтаи эшон қазияи илмӣ набуда, балки тасаввури асотирист, дақиқтар мебуд, агар онро бо фармудаи Хайём қиёс карда бигӯем: амру амали тамаддунсозиро Ҷамшедшоҳ cap карда буд. Ҷамшедро фақат муассиси ҷашни Наврӯз хондан кам аст; тамаддуни Аҷамро маҳз ҳамин шоҳи пешдодӣ бунёд афкандааст, ки метавон ҳамчун ҳадяи наврӯзии ӯ пазируфт. Ба қавли Хайём, Ҷамшед «ҷавоҳир аз маъодин берун овард ва силоҳҳову перояҳо ҳама ӯ сохт ва зарру нуқраву мису арзизи сурб аз конҳо берун овард ва тахту тоҷу тавқу ангуштарӣ ӯ кард ва мушку анбару кофуру заъфарону уду дигар тибҳо ӯ ба даст овард». Фаъолияти созандаи Ҷамшед, агар ин дафъа аз қавли манзуми Фирдавсӣ гӯям, ба ҳадде ва миқёсе будааст, ки ҳатто
         Бифармуд девони нопокро 
         Ба об андар омехтан хокро.

  Андешаҳои фарҳангшинохтии Берунӣ, Фирдавсӣ ва Хайёмро ба забони фалсафа баргардонида метавон гуфт, ки дар тимсол ё архетипи маънавии ҷашни Наврӯз парастиши бунёдкории рӯҳбаландона нақш бастааст. Наврӯз вақту соати таквини олам буд, ки бе иштироки одам ба амал омадааст. Валекин минбаъд бар асари муқобилати тезутунди мабдаи бадӣ ба бунёдкориҳои мабдаи некӣ ширкати бевосита дар таъмиру таҷдиди олам ба вазифаи аввалиндараҷа ва ҳадафи хешкории инсон табдил ёфт. Илҳомбахши фаъолияти бунёдкоронаи одам дар олам бошад, худи Худост, ки ӯро ба унвони ҳамкор пазируфта. Ҳадафи ниҳоии ҳамкории халлоқонаи Яздону Инсон - дигаргунсозии бунёдии Коинот будааст. Ва тибқи мантиқу мароми эзидии ин навъи фаъолияти кайҳонӣ буд, агар пирӯзии ниҳоии мабдаи хайр аз болои мабдаи шарр ҳам ба айёми Наврӯз рост ояд!
    Барои собит кардани чӣ қадар қавию ғанӣ будани қуввату қудрати инсондӯстонаи ин назарияи ирфонӣ бояд низ афзуд, ки дар замони мо Иқболи Лоҳурӣ, ба қавли Саиди Нафисӣ, «барҷастатарин суфии қарни XX», бо истифода аз он (хосса осори фалсафию ахлоқии Мавлавӣ Ҷалолуддини Балхӣ ва Абулмаонӣ Абдулқодири Бедил) консепсияи нави инсонро танзим кард: агар дар омӯзаи зардуштия Инсон ба унвони ҳамкори Яздон васф шуда бошад, дар ирфони кайҳонии Иқбол мақоми одам аз ин ҳам болост:
          Ҷаҳон Ӯ офарид, ин хубтар сохт,
          Магар бо Эзид анбоз аст Одам?!

 

 

  • Дида шуд: 1619

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj