Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

ХИРАД МОЯИ ЗИНДАГОНӢ ШИНОС

Паёми роҳнамои созандагӣ ва бунёдкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳақиқати одӣ ва комили инсониро бори дигар исбот намуд: «То илм наомӯзӣ, некӣ натавон кард». Ин каломи муносиб, қабл аз ҳама, ба аҳли мактабу маориф ва илму маърифат, ки равшанибахши ҷомеа ҳисоб меёбанд, дахл дорад. Бад-ин маънӣ, мақсаду мароми Ҳукумати ҷумҳурӣ яқин аст: ҳеҷ кас инкор карда наметавонад, ки василаи муҳимтарини тарбия ва камолоти инсон таълиму тадрис ва омӯзонидани ҳунар ба шумор меравад. «Ман дар сиёсати худ маорифро дар ҷои аввал мегузорам», -сухани таърихӣ ва ифодагари самимияту ихлоси Пешвои миллат солҳост, ки дар хотири насли фаъолу ҷӯяндаи омӯзгорони тоҷик нишаста, кулли мураббӣ ва маърифатбахши мардумро баҳри ободонӣ ва якпорчагии кишвар даъват менамояд. Воқеан, дар тӯли 29-соли истиқлолияту худшиносӣ афзалияти маорифро дар ҷои аввал гузоштани Пешвои миллат ва таъкидҳои паёпайи эшон дар хусуси забони модарӣ, муқаддасоти миллӣ, расму русуми неки ниёгон ва густариши фарҳанги миллӣ ҳикмати бузурги Фирдавсии покзодро ба хотир меоварад:
Гуҳар бо ҳунар зору хор асту суст,
Ба фарҳанг бошад равон тандуруст.

Хушбахтона, дар Паёми Пешвои миллат ба равнақи илму маориф, рушди муассисаҳои томактабӣ ва усулҳои фаъоли таълим, сатҳу сифати таълим, баланд бардоштани сифати дониш эътибори аввалиндараҷа дода шудааст. Ҷомеаи педагогии мо нуктаҳои судманди ба илму маориф, технология ва ҳунар, баланд бардоштани сатҳу сифати таълим бахшидашударо ба роҳбарӣ гирифта, такмили ихтисос ва касбу маҳорати педагогиро хеле муҳим мешуморанд. Таваҷҷуҳ намоед: «Агар омӯзгор сатҳи баланди касбият надошта бошад, мо ҳеҷ гоҳ ва бо ягон восита сифати таълиму тарбияро беҳтар карда наметавонем», -таъкид шудааст дар Паём. Бояд гуфт, ки беҳтарин омӯзгорони таълимгоҳи мо       маҳз тавассути курсҳои такмили ихтисос ва баланд бардоштани касбияти хеш ба комёбӣ расидаанд. Бад-ин маънӣ, агар Рӯдакии бузургвор илму дониш сипеҳри одам ва ҷавшани ӯст, гуфта бошад, донишманди асрҳои минбаъда И.Киплер мегӯяд: «Шахсе, ки сидқан ба омӯхтани илму дониш машғул мешавад, озодатарин фарди ҷомеа ва маҳбубтарин каси диёр мегардад».

Магар донишнома, панднома, китобу рисолаҳои ахлоқии бузургони гузашта ва мутафаккирони халқамон саршор аз тарғиби илму дониш ва хираду маърифат нестанд? Як мисоли одӣ далели гӯёест дар ин хусус:
«-Чист, ки ба дилҳо равшанӣ мебахшад?
-Дониш, танҳо дониш.
Чист, ки ҳамсафари доимии одам бошад ва аз ҳама хавфу хатар ӯро наҷот бахшад?
-Дониш, хирад, ақл, маърифат, ки инсонро ба қуллаи баланд бирасонад».
Аз ин рӯ, аҳли илму дониш ва хираду маърифатро азизу гиромӣ доштани ҷомеа ва давлати мо тамоман табиист. Бесабаб нест, ки Пешвои миллат дар ҳар як мулоқоташон ба таҳким бахшидани иқтидори илмии ҷумҳурӣ, кашфиёту ихтироъ, ҳавасманд намудани муҳаққиқони ҷавон, ривоҷи истеҳсолот, ки гунҷоиши илмӣ дошта бошад, парвариши истеъдодҳои ҷавон, ки сарвати хоси миллианд, омӯзиши технологияи муосир, инкишоф додани илмҳои дақиқ ва фанҳои табиатшиносӣ ишора менамоянд.  «Инҳо ҳама вазифаи муҳимтарини соҳаҳои илму маориф мебошанд»,
-таъкид гардидааст дар Паёми раҳнамои миллат.
Шахсе ба Абулаъло - донишманди араб савол медиҳад: -Инсон бояд то чӣ замоне илм омӯзад?
Марди донишвар посух дод: -То замоне ки шахс дар ҳаёт аст, бояд аз омӯхтан даст накашад.
Дар Паёми Пешвои миллат аҳамияти илму фарҳанг, китобу ҳикмат ва ҳунару касби инсонӣ борҳо таъкид гардидааст. Ҳамчунин сарҷамъӣ, муттаҳидӣ, якдилии тамоми халқҳои Тоҷикистон, ваҳдати комили миллӣ, иттифоқу ҳамраъӣ ва муттафиқӣ махсус таъкид шуда, ки пешрафти ҷумҳурӣ ва инкишофи фарҳангу иқтисод ба онҳо иртибот дорад. Воқеан таърихи давлатҳои пешрафтаи олам – ИМА, Англия, Фаронса, Италия, Испания, Олмон, Белгия, Чехия, Лаҳистон, Булғория, Руминия, Ҷопон, Малайзия, Сингапур, Гонгонг, Нидерландия, Шветсия, Шветсария шаҳодат медиҳад, ки якдилии халқу давлат ва эътибори ҷиддӣ додани онҳо ба илмҳои дақиқ ба пешрафту тараққиёт оварда мерасонад. Барҳақ,
Хирад афсари шаҳриёрон бувад,
Хирад зевари номдорон бувад.
Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос,
Хирад мояи зиндагонӣ шинос.
(Ҳаким Фирдавсӣ)

• Дида шуд: 1908

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj