Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

ЧУ БАР ПЕШАЕ БОШАДАш ДАСТРАС...

Воқеан, фаъолияти ибратангез ва пайроҳаи зиндагӣ, талошу муборизаи ислоҳотхоҳони мактабу маорифи тоҷик, саромадони адабиёти муосири миллӣ ва матбуоти тоҷик аз Аҳмади Дониш то устодони суханвар - Садриддин Айнӣ ва Сотим Улуғзода далолат менамояд, ки такомули маънавиёти инсон, илму дониш андӯхтани насли наврас, кору шуғли муфид пайдо намудани одамон ва рушди масоили иҷтимоӣ, хусусан, ривоҷи ҳаёти деҳот, бедории коргару деҳқон дар маркази таваҷҷуҳи равшанфикрони айём будааст. Умуман, касбу ҳунарҳои мардумӣ амсоли чӯпонӣ, оҳангарӣ, дуредгарӣ, косибӣ – устои мӯзадӯз, сангиосиёбтарош, кӯҳнадӯз, гулкору наққошу наҷҷор, мутрибу дарзӣ, деворзану сандуқсоз, ки бештар дар деҳот маъмуланд, солҳои дароз мавриди таваҷҷуҳи аҳли қалам қарор доштанд. Аз ҷумла, дар асарҳои безаволи устод Садриддин Айнӣ, махсусан «Ёддоштҳо»-и ӯ, ҳунарҳои халқие чун дуредгарӣ, деҳқонӣ, устоҳои сандуқсозу чармгар ва ҳунармандони касбӣ - дуторнавозу дорбозон бештар тавсиф гардидаанд.
Хушбахтона, бузургони маърифатпарвари мо бекорӣ, танбалӣ, беҳунарӣ, танбалӣ, дур аз илму дониш монданро сахт мазаммату сарзаниш кардаанд. «Бидон ва огоҳ бош, эй писар, ки мардуми беҳунар доим бесуд бошад чун хори мағелон, ки тан дораду соя надорад, на худро суд кунад ва на ғайрро» («Қобуснома»). Ҷолиб он аст, ки дар талаби рӯзии ҳалол ҷаҳд намудан ва касби маош кардан, илму ҳунар омӯхтанро вазифаи ҳар шахси болиғ ҳисобидаанд. Ҷалолуддини Балхӣ ба ин маънӣ нигоштааст:
Гар таваккул мекунӣ дар кор кун,
Касб кун, пас такя бар Ҷаббор кун.
Ин ҳикоят гувоҳ аст, ки пайи касбу кор, рӯзии ҳалол ва шуғлу пешаи муносиб шитофтани шахсро ниёгонамон мақбул шуморидаанд. Шайх Саъдии бузургвор дуруст мегӯяд, ки беҳунар ҳар ҷо равад, он ҷо торик аст, ҳунарманд бошад, асло хор намешавад. Соҳиби касбу ҳунар будани фарзандон хотири падарро ҷамъ месозад, аз ояндаи онҳо ғам намехӯрад ва осуда мегардад.
Чу бар пешае бошадаш дастрас,
Куҷо дасти ҳоҷат барад пеши кас.
Имрӯз ҳикмати пойдори ниёгонро дар мисоли пешрафти деҳоти тоҷик, илму ҳунар омӯхтани фарзандони мардум ва талқини дурусти волидон, ки наврасони хешро аз хурдсолӣ ба шогирдии устодони касбу пешаҳои мухталиф месупоранд, дида метавонем. Бобои Абдулло ҳикоят карда буд, ки баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон, ки мактаби ҳафтсолаи Хуҷандро хатм намуда, пайи ризқу рӯзӣ рафтанӣ буд ва падари  ояндабин вайро ба назди устои дуредгари маҳаллаи Исфисор бурд ва дасти ӯро ба дасти усто ниҳода гуфт:
-Пӯсту устухонаш аз мо, гӯшташ аз шумо. Хоҳиши мо ин, ки ба вай ҳунар омӯзед, то мисли шумо ҳунарманди номӣ шавад. Барака ёбед, усто.
Аз рӯи нақли бобои Абдулло, солҳо сипарӣ шуданд, вай ҳунари дуредгарӣ - дару тирезасозиро хуб омӯхт. Солҳои панҷоҳу ҳафтодуми асри гузашта дар шаҳраки имрӯзаи Гулистон чун корхонаи сохтмонӣ кушоданд, мардуми зиёд ба кор омаданд ва ҳунари устои комёби маҳаллӣ Шокирбой лозим шуд. Вай ба чандин ҷавони хатмкардаи омӯзишгоҳи касбӣ-техникӣ асрори пешаашро омӯзонид ва чун устои кордон шинохта шуд, обрӯ ёфту соҳибэҳтиром гардид.
-Ҳамааш натиҷаи тарбияи устодҳост, -мегӯяд устоди соҳибкасб Шокирбой, дар ҷавонӣ илму ҳунар омӯхтан чун нақш дар санг гузоштан аст, гуфтаанд пирони гузашта, ҳақ будаанд онҳо.
Солҳои 2019-2021 солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидаанд. Ин ҷо сухан дар хусуси рушди ҳунарҳои мардумӣ дар деҳот ва ривоҷи касбу пешаҳо аз тарафи занҳо, ба ҳунаромӯзии духтарони хеш мусоидат намудани волидон ва ба ҳаёти оилавӣ омода намудани онҳо меравад. Алҳол чун дар шаҳру маркази ноҳияҳо  дар деҳот низ коргоҳҳои хурди ҳунармандӣ, сартарошхона, коргоҳҳои дуредгарӣ бештар шудаанд ва занону духтарони ҳунарманд ба  меҳнати муносиб машғуланд, ки лоиқи дастгирӣ мебошад.

• Дида шуд: 1902

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис?
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ

ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj