Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Шодӣ ШОКИРЗОДА

ГАНҶИ БЕПОЁНИ МО

    Ватан, миллат ва забон се рукни муқаддасе ҳастанд, ки кулли афроди соҳибназари гетӣ онҳоро гиромӣ медоранд ва ҳамвора баҳри рушду такомулашон бедареғ саъю талош мекунанд. Забони тоҷикӣ дар давлати соҳибистиқлоли моТоҷикистон расман мақоми давлатиро соҳиб аст ва аз унсурҳои аслии ҳастиву бақои миллату сарзаминамон маҳсуб меёбад. Қобили тазаккур аст, ки баъд аз замони Сомониён тоҷикон дар тӯли қариб ҳазор сол соҳибдавлат набуданд, вале тайи ин муддат забони тоҷикӣ ба ҳайси забони коргузорӣ ва девону дафтар дар садри маҳфилу анҷуманҳо қарор дошт.

    Ба ифтихори Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (5-уми октябр) дар толори Кохи Борбади пойтахт ҷамъомади тантанавии бисёр хотирмону пурсуд баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣПешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.   

    Пешвои миллат дар оғоз таъкид намуданд, ки забони тоҷикӣ «гӯётарин далели ҳастӣ ва мақоми ҳаётбахши он дар сарнавишти таърихии миллати мо ба ҳисоб меравад. Яъне миллати шарафманди тоҷик таъриху фарҳанги камназири худро бо ҳамин забон иншо ва ба ҷаҳониён муаррифӣ кардааст. Забони тоҷикӣ дар шумули қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёистРешаҳои забони мо ба садсолаҳои пеш аз мелод ва асрҳои аввали солшумории нав, бахусус, ба даврони мавҷудияти забонҳои суғдӣ, бохтарӣ, портӣ ва паҳлавӣ рафта мерасанд». Роҳбари давлат зарурати омӯзишу таҳқиқи ҳамаҷонибаву мукаммали таърихи забони тоҷикиро ёдрас шуда, омода кардани мутахассисони баландсавияи таърихи забон, бахусус, донандагони забонҳои бостониамон ва шевашиносону хатшиносонро ба миён гузоштанд. Бидуни тардид, «забони тоҷикӣ дар раванди ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутобро тай карда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахту сангини таърих гузаштааст ва имрӯз, яъне дар даврони соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати миллӣ низ рисолати худро ба сифати яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва омили ҷомеасозу ваҳдатофарин идома дода истодааст».

     Дар ҳақиқат, тавре ки аз ҷониби Пешвои миллат низ зикр шуд, мо бояд ин ҳақиқатро пазиро бошем, ки солҳои бистуми асри гузашта, яъне дар шароити барои халқи тоҷик басо ҳассосу тақдирсоз забони мо расман тоҷикӣ номида  шуд ва яке аз далелҳои ҷиддии ташкил ёфтани давлати миллиамон гардид.  Имрӯз аҳли олам миллати моро бо номи «тоҷик», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд. Бо ин забон бузургмардону нобиғагони машҳур дурри сухан суфта, осори безаволу мондагореро дар густураи тамаддуни башар ба  мерос гузоштаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мо мебошад. Пешвои миллат аз сулолаи наҷибу бошарофати Сомониён бо эҳтироми афзун ёдовар шуда, таъкид карданд, ки агар дар таърихи миллати мо ин давлати тоҷикибунёд арзи ҳастӣ намекард, шаке набуд, ки забони мо дигаргун мешуд, яъне имрӯз ба забони арабӣ ҳарф мезадем. Ин аҷдодони накӯноми мо дини мубини исломро пазируфтанд, вале ғуруру шарафи миллиашон иҷоза надод, ки забони  арабиро ба сифати забони расмии дарбор ва муколамаву китобат қабул намоянд, зеро онҳо аз имконоту тавоноии забони модарии худ огоҳии комил доштанд ва ба он арҷ мегузоштанд.

    Боиси хушнудист, ки имрӯз ҳам мотоҷикон осори нобиғагонеро амсоли Рӯдакиву Фирдавсӣ  ва дигар бузургмардони илму адабро бидуни шарҳи луғот ба осонӣ мефаҳмем ва онҳо ғизои маънавӣ мегирем. Масалан, чанде пеш зарурате афтод, ки байтеро аз «Шоҳнома»-и  Ҳаким Фирдавсӣ бо матни форсии он муқоиса намоем ва ба ин нукта таваҷҷуҳ кардем, ки муҳаққиқони эронӣ қариб дар поварақи ҳар саҳифаи ин асари безавол калимаҳои мавриди истифодаи Донои Тӯсро  барои ҳамдиёронашон шарҳ додаанд, ҳол он ки ин вожаҳо ҳатто барои хонандаи мактаби тоҷик низ комилан  ошнову худӣ  мебошанд ва зарурату эҳтиёҷе барои ин навъ тафсиру маънидод вуҷуд надорад. Бидуни тардид, ин мояи  саодату ифтихори мо – ворисони ин мероси бузурги маънавӣ мебошад.

    Дар таърихи  22-юми июли соли 1989 дар Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» қабул гардида буд. Пешвои миллат зимни суханрониашон зикр намуданд, ки он айём ба ҳайси намояндаи мардумӣ шоҳиди қабули  қонуни мазкур буданд ва аз заҳмату талоши бедареғи вакилони дилсӯзи миллату сарзамин ва забони тоҷикӣ ёдовар шуданд. Албатта, дар он давра қабули чунин қонун кори осон набуд ва мухолифони зиёде ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам кишвари паҳновари шӯравӣ дошт. Ҳатто бисёр намояндагони мардумӣ он вақт моҳияти калимаву ибораҳои  забони тоҷикиро намефаҳмиданд ва дар байни аҳли ҷомеа низ дар ин замина  нофаҳмиҳо хеле зиёд буданд. Дар солҳои навадуми асри гузашта зимни сафар ба шаҳру ноҳияҳои кишвар мушоҳида мекардем, ки ягон овеза ба забони тоҷикӣ вуҷуд надошт.

    Чун сухан аз боби манзалати забон дар кишвари соҳибистиқлол рафт, Пешвои миллат бо наҷобату самимияти ба худ хос ёдовар шуданд, ки дар давраҳои аввали фаъолияташон ба ҳайси Роҳбари давлат бисёр мушовирон тавсия медодаанд, ки бо мардум бо забони ғайр суҳбат кунанд. Вале ҷаҳду талоши эшон аз ҳамон оғоз ба тахти манзалат нишондани забони тоҷикӣ буд ва хушбахтона, дар ин мавқеъ устувору пойбарҷо ҳастанд. Ба андешаи эшон, забон ва модар тавъам ҳастанд. Агар онҳоро дӯст надорӣ, оҷизу гумроҳ мешавӣ. Пешвои миллат ёдовар шуданд, ки дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарони яке аз вазоратҳо маҳз аз сабаби нофаҳмидани забони давлатӣ  толорро тарк кард.

     Албатта, забон ҳам як мавҷуди зинда аст ва қонун ҳам чизи шахшуда нест. Пас аз бист соли амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» иддае аз  муқаррароту меъёрҳои он, ки дар замони шӯравӣ қабул шуда буд, ба ниёзу талаботи давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҷавобгӯ набуданд ва зарурати таҳия ва қабули қонуни нави забони давлатӣ ба миён омад.  Аз ин рӯ,  5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ» дар таҳрири нав ба тасвиб расид ва ин сана расман рӯзи забони давлатӣ эълон гардида, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид карда шуд.  Тавассути  ин санади муҳими ҳуқуқӣ забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва коргузориву муошират эътироф гардид. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодаи забони давлатиро муайян намуда, дурнамои рушди онро дар замони истиқлоли давлатӣ ва дигаргуниҳои бузурги сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ ба танзим медарорад.

    Пешвои миллат вазорату идораҳо, ташкилоту муассисаҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияи кишварро вазифадор намуданд, ки иҷрои ҳатмии талаботи қонуни мазкурро дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда, барои риояи меъёрҳои он ва рушди бемайлони забони тоҷикӣ мусоидат намоянд. Ҳамзамон бо ин эшон аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки як қатор бандҳои дар “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2012-2016” пешбинишуда бо сабабҳои номаълум аз ҷониби вазорату идораҳои дахлдор то ҳанӯз амалӣ нашудаанд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати устувор намудани пояҳои забони давлатӣ ба Кумитаи забон ва истилоҳот, Академияи илмҳо ва Вазорати маориф ва илм дастур доданд, ки “Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 - 2030” таҳия ва ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод карда шавад.

     Зимни суҳбати озоду ошкоро Пешвои миллат гуфтанд, ки дар ноҳияи Зафаробод бо соҳибкори австралиягӣ Ҷеври Диллон, ки ба парвариши чорвои хурди шохдор - бузи зоти аврупоӣ машғул аст, шинос шуда, аз суҳбати ӯ хеле ҳаловат бурдаанд. Ӯ чандин сол боз ин ҷо кор мекунад, забонҳои тоҷикӣ ва суғдӣғнобиро омӯхта, бо ин забонҳо озодона ҳарф мезанад ва афзун бар ин, шеваи зиндагии тоҷиконаро ихтиёр кардааст. Чун аз Австралия ба ин ҷо омад, 2 фарзанд дошт, ҳамакнун соҳиби 6 фарзанд аст. Фарзандонаш бо ҳамсолони тоҷикашон унс гирифта, забони моро  хеле хуб омӯхтаанд ва ҳатто ҳамроҳи онҳо ба навбати пода мераванд. Ҷеври Диллон  истилоҳоти кишоварзиро ҳам ба забони тоҷикӣ хеле хуб медонад. Ин албатта, мояи ибрату ифтихору пайравии мо - соҳибзабонон мебошад.

    Пешвои миллат танзим ва ҳамгунсозии истилоҳотро яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ва  таҳияи истилоҳ ё истилоҳсозиро омили тавонбахши забон дар ҷомеаи мо номиданд. Ба таъкиди эшон, «мо бояд аз иқтибосҳои бемавқеъ худдорӣ карда, истилоҳоти иқтибосиро ба табиати забон, сохтори сарфию наҳвӣ ва низоми овозии он мутобиқ гардонем. Дар айни ҳол дар ин самт то андозае бесарусомонӣ ба назар мерасад, яъне дар мавриди ифодаи як мафҳум истилоҳу калимаҳои мухталиф истифода шуда, хонанда ё шунавандаро ба раҳгумӣ мебарад». Аз ин рӯ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Кумитаи забон ва истилоҳотро вазифадор намуданд, ки якҷо бо Академияи илмҳо, вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг доир ба таҳия, қабул ва татбиқи истилоҳоти ягона дар ҳамаи соҳаҳо тадбирҳои иловагӣ андешад. Дар раванди таҳияи дастурҳои истилоҳсозӣ ба лаҳҷаву шеваҳои забони тоҷикӣ, бахусус аз забони яғнобӣ,  ки ганҷинаи пурфайзи забони модарӣ ба ҳисоб меравад, бояд таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шавад.

     Пешвои миллат аз ихтилофи баъзе бандҳои «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ», ки муайянкунандаи шакли хаттии забон мебошад, ёдовар шуда, ба сохторҳои дахлдор супориш доданд, ки онро бо назардошти ислоҳи камбудиву мушкилоти  ҷойдошта то моҳи январи соли 2020 барои тасдиқ ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд. Масъулини Институти забон ва адабиёти ба номи устод Рӯдакии Академияи илмҳои Тоҷикистон вазифадор карда шуданд, ки бо ҷалби мутахассисони соҳа «Луғати имлои забони адабии ҳозираи тоҷик»-ро то нимаи дуюми соли 2020 такмил дода, ба чоп пешниҳод  созад. Ҳамчунин Пешвои миллат ба Академияи илмҳои кишвар супориш доданд, ки асари ҷомеъи «Грамматикаи забони адабии тоҷик»-ро, ки чил-панҷоҳ сол пеш таҳия шуда буд, бо назардошти талаботи илм ва ҷомеаи имрӯза ба нашр омода созанд ва бо ин мақсад барномаи мушаххас ва дақиқро манзур намоянд.

    Нуктаи муҳиме, ки дар суханронии Пешвои миллат садо дод, ин буд, ки «ба хотири дастрасии ҳарчи бештар ба сарчашмаҳои дасти аввал бояд шакли электронии фарҳангҳои муътамад аз қабили «Луғати фурс», «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-уллуғот», «Фарҳанги Ҷаҳонгирӣ», «Фарҳанги Рашидӣ», «Баҳори Аҷам», «Фарҳанги Онандроҷ», «Фарҳанги забони тоҷикӣ», «Луғатнома»-и Деҳхудо ва дигар фарҳангу истилоҳномаҳои соҳавӣ бо алифбои имрӯзаи тоҷикӣ ба шабакаҳои иттилоърасонӣ ворид карда шавад». Дар ҳақиқат ин амал иқдоми басо наҷиб, коромад ва пурманфиат хоҳад буд. Хушбахтона, то кунун фарҳангҳои маъруфи «Бурҳони қотеъ», «Ғиёс-ул-луғот», «Луғати фурс»  бо кӯшиши донишмандони варзида А.Нуров ва Н.Ғиёсов ба хати имрӯзаи тоҷикӣ баргардон ва чоп шуданд ва баҳри таҳияи дигар фарҳангҳои муътабар бояд гурӯҳи донишмандони варзидаи саршинос ҷалб гарданд. Бамаврид мебуд, ки «Луғати нимтафсилии забони тоҷикӣ»-и устод Садриддин Айнӣ, «Фарҳанги ашъори Рӯдакӣ» ва «Фарҳанги ашъори Абдураҳмони Ҷомӣ»-и фарҳангнигори маъруф Амон Нуров ва луғатҳои машҳури таҳиякардаи ӯ «Чароғи ҳидоят» ва «Мунтахаб-ул-луғот» низ ба шабакаҳои иттилоърасонӣ ворид карда шаванд, то доираи васеи мардум имкони баҳраёбӣ аз ин сарчашмаҳои муътамадро дошта бошанд.

    Дар ҳақиқат беҳуда намегӯянд, ки «Номи зебо ними ҳусн аст». Пешвои миллат ҳам зикр карданд, ки «асолати миллӣ доштани номи инсон омили нерӯманди ташаккули шахсият ва эҳсоси худогоҳиву хештаншиносии ӯ ба шумор меравад». Бо таассуф зикр гардид, ки алъон қариб навад дар сади  кормандони давлатӣ насаби тоҷикӣ надоранд. Ҳоло ҳам ному насабҳое чун Теша, Табар, Санг, Кулӯх, Девонаев, Ҷангиев ва амсоли инҳо фаровон мебошад. Мо, албатта, аз ҷанг безорем, вале имрӯз ҷаҳону замон дигар шуд, мо низ бояд тағйир ёбем, дар ҳама ҳолат рафтору кирдорамон ҳамсон бошад. Ҳар як шаҳрванди ин марзу бум бояд ҳисси баланди милливу ватанпарастӣ дошта бошад ва меҳри онҳо дар дилаш ҷӯш занад. Мо истиқлол ба даст овардем, ҳисси миллатдӯстии мардумро бояд бедор кунем ва иқдомоти неки ниёгони барӯмандамонро шарафмандона идома диҳем. Агар ин корро накунем, наҳангҳои бузург моро фурӯ мебаранд. Ҳеч гоҳ дурӯя будан лозим нест, аз саҳифаҳои таърих медонем, ки ҳамон дурӯяву духӯраҳо буданд, ки борҳо миллатфурӯшиву ватанфурӯшӣ карданд.    

    Пешвои миллат дар баробари ба танзим даровардани номи одамон танзими номҳои маҳаллу деҳот ва шаҳру ноҳияҳоро низ амри зарурӣ дониста, рӯи ин нукта таъкид карданд, ки  мо - зодагони Шарқ мардуми бисёр хунгарму эҳсосӣ ҳастем ва нобасомониҳои солҳои навадуми қарни бистум  дар кишвари мо маҳз бо кандани ҳайкали Ленин оғоз ёфтанд, зеро дар он замон аҳли ҷомеа ба қабули ин воқеият омода набуданд. Агар мо он вақт мегуфтем, ки номи вилояти  Ленинободро тағйир диҳем, намедонем чӣ мешуд? Дар солҳои соҳибистиқлолӣ бо расидани фурсату замони муносиб мо номи ин вилоятро ба исми таърихии Суғд иваз намудем ва минбаъд ҳам дар харитаи кишвар номҳои Хатлон, Истаравшан, Рашт, Бохтар, Леваканд, Сайҳуну Ҷайҳун ва даҳҳо номи дигаре, ки асолати тоҷикӣ доранд, пайдо шуданд ва аз ҷониби мардум бо хушнудӣ истиқбол гардиданд.  Дар вақташ Анварпошшои турк ба ҳар куҷо, ки пояш расид, номҳои туркиро ба ёдгор гузошт ва мутаассифона, ҳоло ҳам дар гуфтугузори ҳаррӯзаи мардум маҳаллаву деҳоти  Чапаеву  Андреев вуҷуд доранд. Ин дар ҳолест,  ки аксарияти ин номҳо бо исмҳои шинаму зебои тоҷикӣ иваз карда шудаанд. Мо миллатгарои ашаддӣ нестем, вале миллату забони худро самимона дӯст медорем, ки ин як амри воқеист. Аз  ҷониби дигар, кӣ гуфта метавонад, ки  миллату забонашро дӯст намедорад?

    Сардори давлат бо исмҳои Паскал, Пушкин ва дигар ашхоси варзида гузоштани номи мавзеъҳоро ҷонибдорӣ карда гуфтанд, ки  ин кор мантиқан саҳеҳ аст, зеро онҳо  шахсиятҳои сатҳи ҷаҳонӣ мебошанд. Ҳамчунон зикр шуд, ки агар мавзеъ ё иншооте номи шахси баргузидаеро гирифта бошад, бояд дар он ҷо осорхонаи он шахсият ҳам мавҷуд бошад, то мардум аз кору фаъолияти ибратомӯзи ӯ  огоҳ бошанд  ва  сабаби ин номгузориро бидонанд. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъсиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Точикистонро падидаи замони истиқлол номида, изҳори умед карданд, ки ин иқдоми ватанпарварона дар амри тақвияту тавсеаи имкониятҳои забони тоҷикӣ дар соҳаи илм муассир хоҳад буд. Дар баробари ин, забономӯзӣ алалхусус, барои насли ҷавон омили муҳими рушди босуботи миллату сарзамин арзёбӣ гардид: «Дар ҷаҳони мутамаддин имрӯз шаш забони фаъоли муоширати байналхалқӣ ҳамчун забонҳои расмии Созмони Милали Муттаҳид қабул шудааст, ки мо низ бояд насли ҷавонро барои донистани онҳо раҳнамоӣ созем ва дар созмонҳои бонуфуз бо ин забонҳо аз манфиатҳои милливу давлатии худ дифоъ кунем. Ман ҳамеша таъкид мекунам, ки дар замони имрӯза ҳар як шахси бомаърифат, махсусан, ҷавонон баробари дар сатҳи аъло донистани забони модарии худ се-чор забони хориҷӣ, аз ҷумла забонҳои русӣ ва англисиро бояд омӯзанд, ки ин талаботи ҷаҳони муосир аст».

    Дар ҷаҳон миллатҳое ҳастанд, ки даҳҳо баробар бештар аз мо ҷамъият доранд, вале Ватан надоранд. Хушбахтона, дар хотираи сиёсии ҷаҳон дар як ҳиссае аз ватани аҷдодии тоҷикон давлати соҳибихтиёру соҳибистиқлоле бо номи Тоҷикистон арзи ҳастӣ дорад ва чашми умеди ҳамаи тоҷикони ҷаҳон ҷониби он дӯхта шудааст. Аз ин рӯ, мо насли навро бояд тавре тарбия кунем, ки миллатсоз бошанд ва ҳамеша обрӯи давлати Тоҷикистонро баланд бардоранд. Зимни мулоқот зикр шуд, ки мутаассифона, имрӯз сатҳи сухандонӣ, шеърдонӣ ва китобхонии наврасону ҷавонон ташвишовар мебошад: «Мо ҳангоми сафарҳо ва мулоқот бо наврасону ҷавонон эҳсос мекунем, ки онҳо кам мутолиа мекунанд, асарҳои бадеиро бо завқ намехонанд, аз осори гузаштагону муосирон, санаҳои таърихиву фарҳангӣ хуб огоҳ нестанд ва ба омӯзиши илмҳои табиатшиносиву дақиқ беэътиноӣ зоҳир менамоянд». Ба андешаи Роҳбари давлат, ин ҷо айб дар хонандагон нест, балки дар барномаҳои таълимӣ ва сатҳи пасти касбияти омӯзгорон аст. Эшон ёдовар шуданд, ки зимни ифтитоҳи мактаби нав дар шаҳри Ваҳдат яке аз толибаҳои  синфи 11 суханронии зебое карда, ашъори Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Файзалиро  дар сатҳи хеле баланд қироат кард. Ин гуна соҳибистеъдодҳо зиёд дорем ва бояд баҳри рушду такомули ҳамаҷонибаи онҳо бикӯшем. Ҳама чиз вобаста ба китоб хондан аст, вале мутаассифона, дар замони мо ба он аҳамияти камтар дода мешавад. Мо се моҳ таътили тобистона дорем, вале хонандагон дар ин давра  китоби бадеӣ намехонанд, зеро ба онҳо вазифагузорӣ намекунем. Як сухани омӯзгор ба кори якрӯзаи падару модар дар ҷодаи таълиму тарбия баробар аст. Муаллимони ҳамаи фанҳо баҳри афзудани савияи донишу маърифат ва ҷаҳонбинии  хонандагон масъул мебошанд. Дар мавсими тобистон мактабиён бояд ақаллан се китоби бадеиро мутолиа кунад ва баъдан мазмуни онҳоро дар мактаб, назди омӯзгор ва ҳамсинфон нақл намояд. Аз ин рӯ, ба Вазорати маориф ва илм, дигар вазорату идораҳое, ки дар сохторашон муассисаҳои таълимӣ доранд, супориш дода шуд, ки дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот, сарфи назар аз шакли моликият, ҳангоми таътилҳои мавсимӣ омӯзишу мутолиаи асарҳои илмиву адабиро ба роҳ монанд ва бо мақсади қавӣ гардонидани ҳофизаи хонандагону донишҷӯён барои азхудкунии порчаҳои назмиву насрӣ ва қоидаву асосҳои фанҳои риёзиву табиӣ меъёру талаботи зарурӣ муқаррар намоянд.

    Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ карданд, ки солҳои охир фарҳанги муоширати қисме аз наврасону ҷавонон коҳиш ёфта, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла, боғу гулгаштҳо, нақлиёти мусофиркаш ва қасру толорҳои фарҳангӣ алфози қабеҳу дағал ба гӯш мерасад, ки ин амали нораво аз доираи фарҳанг ва расму оини мо берун мебошад. Айб аст, ки баъзе ҷавонон дағалиро нисбат ба духтарон раво мебинанд. Ҳар шаб 45-50 нафар ронандаи ҷавонро дар Душанбе кормандони мақомоти қудратӣ боздошт мекунанд, ки аксаран фарзандони соҳибмансабҳо мебошанд. Мошинҳои 80-100-ҳазордоллара дарди сари падару модар ва  фарзанди эрка балои ҷон аст. Ҷавононро тарбия кардан лозим аст, зеро ҳеч кадоми мо ба сарамон оҳан намегирем. Онҳоро бояд тавре ба воя расонем, ин миллату ин ватани азизамонро соҳибӣ намуда, ба қуллаи иззат расонанд. Чанде пеш воситаҳои иттилоърасон хабар доданд, ки ҷавони тоҷик Сайидносеҳ Толибов дар Эквадор 35 давлати аврупоиро бо гули садбарг таъмин мекунад. Ин боиси ифтихор аст. Тоҷикписаре бо исми Ҷомӣ дар эҷоди филме дар Амрико муваффақ аст. Дар маҷмуъ, 50 ҳазор нафар тоҷикон дар дунё фаъолият мекунанд ва онҳо бешак, муаррифи миллат ва фарҳангу тамаддуни деринсоли мо мебошанд.

    Зимни мулоқот Пешвои миллат таъкид намуданд, ки масъулияти аҳли қалам баҳри гиромидошти забони миллиамон хеле бузург аст ва ҳар чизе, ки тавассути матбуот ва расонаҳои иттилоотӣ пахш мешавад, бояд самимӣ бошад ва аз ҳама муҳимаш,  рафтору кирдорамон ба навиштаамон мутобиқат кунад. Дар давлатҳои дигар барои наттоқи телевизион шудан озмунҳои хеле пурҷамъият баргузор мешаванд ва дар кишварҳои арабӣ аксаран наттоқонро аз Лубнон даъват менамоянд.Бисёр муҳим аст, ки нутқамонро чӣ тавр ба бинанда мерасонем. Вале боиси нигаронист, ки забони аксари барандагони телевизионҳои Тоҷикистон ҷавобгӯи талаботи имрӯза нест, онҳо дар барномаҳои иттилоотӣ зуд-зуд хабарҳоро бидуни эҳсос мехонанд ва баъд сар мешавад рекламаҳои дурударозу дилбазан. Забони наттоқ бояд хеле ширадору ҷолиб бошад ва таваҷҷуҳи тамошобинро ба сӯи худ моил созад.

      Ҳамин тариқ, аз суҳбати самимиву ошкорои Пешвои миллат дар арафаи Рӯзи забони давлатӣ бо аҳли зиё бори дигар собит гашт, ки мақомоти олии роҳбарии кишвар нисбат ба дирӯзу имрӯзу фардои  забони тоҷикӣ ҳамвора эҳсоси масъулият мекунанд, аз мушкилоти мавҷудаи он огаҳанд ва баҳри покизагии ин мероси бегазанд пайваста талош меварзанд. Ба қавли нависандаи пурталош Равшани Махсумзод, «ҳар як соҳибзабонро низ лозим аст, ки мисли Пешвои миллат забони модарии хешро дӯст дорад ва барои покизагию ғанӣ гардонидани он саҳм бигирад. Зеро мо як забон дорем, ки аз ниёгонамон мерос мондаасту имрӯз ҳуҷҷати боэътимоди миллати мо дар ҷаҳон аст».[1] Дар ҳақиқат, агар мо хоҳем, ки забони тоҷикӣ рисолати деринсоли худро  дар минтақа ва ҷаҳон ҳифз намояд, сатҳи забондонии ҳамватанонамонро боло бардорем ва рушду такомули азалию амалии забонамонро таъмин созем, эъҷози ин забони малакутиро бо чашми сару дил бубинем, бояд ҳар рӯзамон рӯзи забон бошад ва онро чун сарвати бебаҳо ва муқаддасоти миллӣ гиромӣ дорем.


[1] Равшани Махсумзод. Рўзи ноободиаш тољик забон обод кард// «Адабиёт ва санъат», №41(2012), аз 10-уми октябри соли 2019, сањ.5.

    

    

  • Дида шуд: 1898

ТАВАҶҶУҲ

<h2 style="text-align:center">Обуна-2022</h2> <h2 style="text-align:center">Хонандагони азиз!</h2> <p><em><strong><span style="font-size:16px">Шумо чиро донистан мехоҳед:<br /> Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? <br /> Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?<br /> Такмили маҳорати касбӣ?<br /> Маводи хуби методӣ?...</span></strong></em></p>

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj