Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

 

Қулӣ ҒАФУРОВ ,
омӯзгори калони Коллеҷи ҳунарҳои
мардумии шаҳри Истаравшан

     

“ТАВРЕ КИ ДАР БОЛО ГУФТЕМ...”

     Бисёр вақт (аниқтараш, қариб ҳар рӯз) ҳангоми шунидани радио ва тамошои барномаҳои телевизионӣ, маърӯзаҳои хусусият ва мартабаи гуногундошта дар ҷаласаҳои мухталиф шоҳиди он мегардем, ки гӯяндагон ибораҳои “Тавре ки дар боло гуфтем” ё “Чи хеле ки дар боло қайд кардем”- ро мавриди истифода қарор медиҳанд. 
      Инҷониб ибораҳои номбурдаро зиёда аз панҷоҳ сол боз мешунавам ва истифодаи онҳоро дар вақти гуфтор ғалат меҳисобам. Азбаски ин тарзи гуфтор дар замони мо ҳам идома дорад, мантиқан ба хулосае омадан мумкин аст, ки дар ин хусус забоншиносони мо муҳри хамӯшӣ бар лаб задаанд. 
       “ Боло” ё “поён” ишора ба самт, макон аст ва онро танҳо дар нутқи хаттӣ, яъне дар матн, рӯзномаву маҷалла, китобҳо ва дигар навиштаҷот истифода бурдан ҷоиз аст. Лекин вақте ки ин калимаҳо ҳангоми нутқи даҳонӣ истифода мешаванд, норавоянд, зеро ки гуфтор бо мурури вақт сурат мегирад ва вақт бо макон не, балки бо замон алоқамандӣ дорад.
     Вақт “боло” ё “поён” надорад. Хуб мебуд, ки нотиқону ровиёни радиову телевизион чунин қайд мекарданд: “Тавре ки пештар гуфта будем” ё “арз карда будем” ва “Дар ин хусус дертар (ё баъдтар) нақл хоҳем кард” ё “намоиш хоҳем дод”. 
      Хулоса, ҳангоми гуфтор (нутқи даҳонӣ) истифодаи калимаҳои “пештар” ва “дертар, баъдтар”-ро истифода бурдан ба мақсад мувофиқтар аст, чунки яке замони гузашта ва дигарӣ замони ояндаро ифода
мекунад.
  • Дида шуд: 1598

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj