Маҷаллаи Маърифати омӯзгор

Аз замони тантанаи истиқлолияти миллӣ 27 сол сипарӣ гашт. Ба шарофати ин воқеаи тақдирсоз барои беҳдошти забони тоҷикӣ шароит ва имкониятҳо фароҳам омад. Дар ин муддат бо роҳбарӣ ва тавсияҳои Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як қатор санадҳои дахлдори давлатӣ қабул гардиданд, ки онҳо баҳри густаришу инкишофи забони тоҷикӣ низ мусоидат намуданд. Ҳамчунин, олимону мутахассисони соҳа мақолаву монография ва китобу фарҳангҳои ашъори классиконро барои беҳбудии забон рӯйи чоп оварданд ва ин амал идома дорад.

Оид ба тозагӣ ва суфтагии забон ҷаҳду талоши бештаре бо қадри имконият ва зарурат сарф гардид, ки ин омил то андозае натиҷа ҳам дод. Акнун мардуми тоҷик, чи дар муассисаҳои давлатӣ ва чи берун аз он, бо ҳадди тавоноӣ байни худ бо забони тоҷикӣ озод ҳарф мезананд, муошират мекунанд, ки ин меъёри такаллум нисбат ба давраи Шӯравӣ ба маротиб беҳ гардида, вале он, мутаассифона, на дар сатҳи асли хеш. Албатта, барои ба сатҳи «тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст» расидан ҳанӯз барвақт аст. Зеро ин «захмҳо» бо гузашти айём ба «исму ҷисм»-и забон чунон чуқур реша давондаанд, ки барои дармонбахшии онҳо кӯшиши зиёду пайваста бояд ба харҷ дод. Бинобар ин, баҳри беҳдошти забонамон ин мавриду ин шароит ва ин имкониятро истихора намудан нашояд.

 Пеш аз он ки ба ибрози асли мақсад шурӯъ намоем, маълум намудани асрори мафҳуми забони дариро барои хонандагони иззатманд муҳим мешуморем. Ин мафҳумро мутахассисони соҳа чунин тафсир додаанд: «Дарӣ-забони форсию тоҷикии адабӣ, ки аз асрҳои 8-9 сар карда, дар Мовароуннаҳр ва Хуросон нашъунамо ёфт ва дар давраҳои баъд ба дигар сарзаминҳо паҳн шуда, асос ва намунаи забони адабии тоҷикӣ гардид; беҳтарин намунаҳои ин забон асарҳои адибони асрҳои 9-11, ҳамчун Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Балъамӣ, Ибни Сино ва дигарон ҳисоб шуда, дар давраҳои баъдина устодони каломи бадеъ, монанди Саъдӣ, Ҳофиз, Камол, Ҷомӣ ва дигарон низ забони осори худро забони дарӣ номидаанд ва ба такмил ва ғанӣ гардонидани он кӯшидаанд; имрӯз яке аз ду забони расмии Давлати Исломии Афғонистон забони дарӣ номида мешавад. («Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», Душанбе-2008, қ.1, саҳ.415).

Яке аз олимони маъруфи Эрон Маликушшуаро Баҳор оид ба ин мавзӯъ чунин мегӯяд: «Забони форсии дарӣ, аслан, лаҳҷаи аҳолии Мовароуннаҳр, Самарқанд ва Бухоро аст, ки дар ин ҷойҳо тоҷикон зиндагӣ мекунанд».

Пас, маълум мегардад, ки забони дарӣ ҳамоно асос ва намунаи забони адабии тоҷикии аҷдоду авлоди гузаштагони мо буда, дар мавзеъҳои тоҷикнишин-Мовароуннаҳру Хуросон қарор дошта ва аз диди мусаннифон то кунун дар сарзамини Афғонистон ба ҳайси забони расмӣ боқӣ мондааст. Аҷабо! Чаро дар ФТЗТ аз мавҷудияти забони дарӣ дар қаламрави кишвари имрӯзаи забони тоҷикӣ, ақаллан ба шакли пароканда будани он, зикр нашудааст? Олими маъруфи Эрон Маликушшуаро Баҳор низ ҳудуди марзҳои Моваруннаҳру Бухорову Самарқандро ном бурда, макони асосии забони дарӣ будани ин мавзеъро таъкид намудааст. Ин андешаи олимро мо имрӯз дар забони халқи хеш, хусусан, дар забони мардуми кӯҳистон баръало мушоҳида карда метавонем. Агар ба гӯйиши онҳо диққат диҳем, дармеёбем, ки намунаҳои забони дарӣ дар забони имрӯзаи мо- тоҷикон низ мавҷуд будааст, фақат он бо лаҳҷа ва гӯйиши гуногуни мардуми имрӯзаи тоҷикзабон махлут буда, бо чанде тағйироту таксироти нав (ин тағйирот дар асри 20 хурӯҷ карда, то ба имрӯз, хусусан дар водиҳои он бетаъсир нест) арзи вуҷуд дорад. Ин як. Дувум, ин ки мо забони ононро (ниёгонро) аз меросу осорашон дидан намуда, мазмуни онҳоро бе ягон душворӣ мефаҳмем, мехонем, ҳатто меомӯзем.

Хулоса, аз давраи садаи 9 то асри 20 забони онҳо барои мо на танҳо фаҳмо, балки содаву равону форам ва дилчасп аст. Фақат гап дар сари он аст, ки аз солҳои 20-и қарни 20 он тарзи гуфтори шевою муҳтаво бо сабабҳои «омади рӯзҳои наҳси таърихӣ» оҳиста-оҳиста рангу оҳангу савту бӯйи худро тағйир дода, то ба дараҷае расида, ки имрӯз мо он иллатро ба куллӣ пайхас намекунем ва билохир, бо ин ҳама нуқсонаш фориғболона байни худ муошират мекунем. Ин иллат то он андоза имрӯз реша давонда, ки ҳатто он ба меъёри забони мо роҳ ёфта, мавриди истифодаи доимӣ пайдо кардааст. Қариб як аср мешавад, ки мо бо ин забони «маҷрӯҳ» муносибат ва муошират дорем ва гӯё бо он хӯ гирифта бошем, ба асли воқеии он акнун кам аҳамият медодагӣ ҳам шудем. Мо ин ҷо кӯшидем, ки ба тарзи талаффузи дурусти калимаҳои забони тоҷикӣ таваҷҷуҳ намоем. Имрӯзҳо тарзи такаллум низ яке аз «захм»-ҳои забони тоҷикӣ маҳсуб меёбад.

 Зиндаёд, олими барҷаста ва мутахассиси соҳа, доктори илми филология, профессор Д.Саймуддинов соли 2011 китобе ба ном «Фарҳанги имлои забони тоҷикӣ»-ро рӯйи чоп овард, ки он дар баробари илова ва тағйирот дар имло, ҳамчунин, ба тарзи дурусти талаффузи баъзе калимаҳои забони тоҷикӣ асос гузошт. Бояд зикр намуд, ки дар беҳбуди талаффузи калимаҳои забони тоҷикӣ мавсуф дар баробари даҳҳо забоншиносони шинохтаи тоҷик саҳми арзанда дорад. Мутаассифона, умр вафо накард ва марги бармаҳал ӯро аз ин иқдоми нек боздошт ва ҳамин тавр, ин мавзӯи мубрами рӯз мавриди ҳалли пурраи худро наёфта, рӯзҳои охир каме коҳиш ҳам ёфт (то ҳанӯз риоя нашудани имло дар баъзе ҳолатҳо мушоҳида мешавад). Беҳтарин амале буд, агар нафароне рӯйи майдони кор меомаданду дар ин самт саҳмгузорӣ менамуданд.

Чунин андеша қоим аст, ки гӯё баҳри такмили забони тоҷикӣ хатти кирилик монеъ бошад. Барои беҳ гардонидани забони тоҷикӣ шарт нест боз аз нав мушкилот эҷод кунем, аз нав ба хатти ниёгон бозгардем (бе он ҳам ду маротиба табадулоти алифборо миллати тоҷик дид ва азобу уқубати онро бо чандон заҳмату ранҷурӣ паси сар намуд), алифбои кириллӣ ба ҳама ниёзмандиҳои мо мувофиқ аст ва кори моро осон мегардонад.

Аз 35 ҳарфи забони тоҷикӣ танҳо бо ду ҳарфи он-«у» ва «и» машғул шуданамон кофист. Зеро ин ҳарфҳо, чи аз ҷиҳати шакл ва чи аз хусуси талаффуз, ба ду ҳарфи наве, ки ин лаҳза дар маркази диққати моанд, монандӣ ва наздикӣ доранд, яке, «и»-и кӯтоҳ ва дигаре, «у»-и кӯтоҳ. Бо иловаи ин ду ҳарф («и»-и кӯтоҳ ва «у»-и кӯтоҳ) ба алифбои забони тоҷикӣ мо на танҳо имлои забони тоҷикиро, балки тарзи дурусти талаффузи калимаҳои онро ба забони аҷдодонамон-дарӣ андаке наздиктар карда метавонем. Манзур аз қабули ин ду ҳарф он аст, ки дар гӯйиши мардуми кӯҳистон, инчунин, дар каломи намояндагони классик ҳарфҳои «у» ва «и» мавридҳои гуногуни талаффузро доро буда, бо оҳанги хоси худ куллан аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Ин ҳарфҳо дар калима дар мавриди талаффуз гоҳе кӯтоҳ, гоҳе муътадил ва гоҳе дароз кашида мешаванд. Месазад зикр намуд, ки ҳамин гуногунии овозии ин ду ҳарф дар калимаҳо ба забони имрӯзаи тоҷик тобиши ҷолиб зам намуда, ҳусни забони дариро қадре меафзоянд. Дар давраи «бозсозии забони тоҷикӣ» (нимаи аввали асри 20) ба вазифа ва овози ин ду ҳарф, аслан, бетафовутӣ зоҳир намуда, оид ба у-и кӯтоҳ («вов»-и бо замма), у-и маъруф («вов»-и маъруф»), ӯ-и маҷҳул («вов»-маҷҳул) ва нисбат ба ҳарфи «и» ва мавридҳои гуногуни талаффузаш беэтиборӣ намуда, ҳамаро бо ду шакли «у»: «у» ва «ӯ» ва бо ду шакли «и»: «и» ва «ӣ» раво донистанд. Ва мебинем, ки дар гурӯҳи ин ҳарфҳо ду ҳарфи муҳиму зарурро аз назар дур сохтаанд, ҳол он ки талаффузи дурусти ин ду ҳарф ба оҳанги гуфтори забони тоҷикӣ чӣ андоза ҳусн зам мекунанд ва ба гӯш таъсирбахшанд…

 Бо сабаби ба эътибор нагирифтани ҳарфҳои «у»-и кӯтоҳ ва «и»-и кӯтоҳ оҳанги талаффуз дар калимаҳо ноҷӯр гашт ва дар тӯли чандин сол тағйир ёфтан гирифт, то он дараҷа ки имрӯзҳо дар суханронӣ он бештар мушоҳида мешавад, ки пасон бо мақсади қиёс чанд намунае хоҳем овард. Ҳоло бошад, гумон дорем, дер нашудааст, агар ба алифбои забони тоҷикӣ ин ду ҳарф: «у»-и кӯтоҳ ва «и»-и кӯтоҳро ворид созем. Барои қабули ин ҳарфҳо ин ҳолат ягон ҷойи душворӣ надорад, зеро шаклҳо яксонанд, ба хонандаи мактаб шиносанд ва ба қабули зеҳни шогирдон машаққат намеорад. Фақат шакли «и»-и кӯтоҳро ба тариқи «и» ва «у»-и кӯтоҳро ба тарзи «у» интихоб менамоем, яъне ба болои ин ду ҳарф ба ҷои хатчаи уфуқӣ хатчаи амудӣ бигузорем, кофист.

                                  

 

 

Инак, барои талаффузи дурусти калимаҳо ин маврид якчанд намуна меорем, ки қиёсан аз савтиёту салоҳияти талаффузи онҳо хулоса баровардан на он қадар заҳмати зиёдро талаб мекунад:

 Чи тавре ки мушоҳида шуд, ҳангоми талаффузи калимаҳои қатори дуюм бо риояи садонокҳои кӯтоҳ оҳанги аҷиб ва фораме бар гӯш мерасад, ки он гувоҳ аз ширинии забони ниёгони мо аст.

                                   

 

Аз идора: Мақолаи боло мавқеи муаллифон буда, таваҷҷуҳи ҷиддиро аз алоқамандон интизор аст. Умедворем, дар робита ба пешниҳоди муаллифон ба мо андешаҳои бикр ирсол мегарданд.

 

Муҳаммадҷон ШАРИФОВ -

 директори ФДҶТИБКСМ,

 Асомиддин АСОЕВ -

 мутахассиси ФДҶТИБКСМ- и

шаҳри Бохтар, вилояти Хатлон

№1, 2019.

  • Дида шуд: 1638

ТАВАҶҶУҲ

Обуна-2022

Хонандагони азиз!

Шумо чиро донистан мехоҳед:
Истифодаи беҳтарин роҳу усули таълиму тадрис? 
Ташкили дарс бо роҳҳои инноватсионӣ?
Такмили маҳорати касбӣ?
Маводи хуби методӣ?...

ТАҚВИМ



ДшСшЧшПшҶмШбЯш

Назарпурсӣ

Нигоҳи шумо:

-Маҷалла хуб, сомона хубтар;
-Барои ман фарқ надорад;
-Пурмуҳтавост, вале боз ҳам такмил мехоҳад;
-Бисёр хуб!
Маҷаллаи "Маърифати омӯзгор"-и
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суроға:
734024,ш.Душанбе,
кӯчаи Айнӣ-126
Телефон:
(+992 37) 225-82-39
Email:
m.omuzgor@mail.ru
Коркард: Barnomasoz.tj