Сокини Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор барои 640 хонанда мактаб месозад

Ба ифтихори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор Маҳмуд Сайфиддинов тасмим гирифтааст, ки ҳамроҳ бо фарзандонаш барои 640 хонандаи ин деҳа мактаби иборат аз 20 синфхонаро барои таҳсил дар ду баст сохта, туҳфа намояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Тӯда аз калонтарин деҳаҳои шаҳри Ҳисор буда, аҳолияш беш аз 7 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Солҳои охир ҳудуди деҳа аз ҳисоби бунёди хонаҳои нави истиқоматӣ дар шимолу ғарб васеъ гардида, фарзандон барои таҳсил беш аз 2 километр роҳро тай намуда, ба Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6 мераванд. Бинобар, ин марди маорифпарвари деҳа Маҳмуд Сайфиддинов зарур донист, ки мактаби навро барои 640 хонанда сохта, ба фарзандони ин деҳа туҳфа намояд.
Иқдоми сокини деҳаи Тӯдаи Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризо қобили дастгирӣ аст, зеро бунёди мактаб ва рушди соҳаи маориф яке аз самтҳои афзалиятноки Ҳукумати Тоҷикистон мебошад.
Чанде қабл иҷрокунандаи Раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки ҳоло сохтмони муассисаҳои таълимӣ барои 420 хонанда дар маҳаллаи 8-уми шаҳри Ҳисор, барои 168 хонанда дар деҳаи Зиракӣ ва барои 168 хонанда дар деҳаи Тутака идома дорад.
Инчунин дар Ҷамоати деҳоти Ҳисор сохтмони муассисаи томактабии хусусӣ оғоз гардидааст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *