Таҳияи Ҳасан АЗИЗОВ,
“Маърифати омӯзгор”

Як гурӯҳ хонандагони соҳибэҳтироми маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” аз роҳбарият ва кормандони маҷалла хоҳиш намуданд, ки дар бораи жанри эссе ва тарзи дуруст навиштани он маълумоти муфассал навишта, нашр намоянд. Чунки хонандагону донишҷӯён, бархе аз омӯзгорон ва дигар сокинони мамлакат ҳангоми иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” вақти навиштани эссе аз сабаби он ки маълумоти кофиву дуруст дар бораи ин жанр надоранд, ба хато роҳ медиҳанд. Дар ҳақиқат, дархости онҳо бамаврид ва мақсаднок аст.
Ҳамагон огоҳанд, ки яке аз талаботи боби 6 (оид ба талабот ва довталабони озмун) банди 36 Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ин аст: “Аз довталаби номинатсияи эҷоди наср таълифи 5 ҳикоя, 5 афсона, 2 эссе (барои хонандагони синфҳои 9-11), 5 ҳикоя, 5 афсона, 2 эссе, 1 повест, 1 драма (барои гурӯҳҳои дигар) талаб карда мешавад. Барои пешниҳоди роман афзалият дода мешавад”.
Дигар ин ки масъалаи ҷорӣ намудани эссе (кори хаттӣ) ҳангоми супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳанӯз соли 2011 ба миён омада буд. Барои муайян намудани шакли кори хаттӣ Маркази миллии тестӣ давоми солҳои 2011-2013 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ чанд маротиба озмоиши кори хаттӣ (навиштани диктант ва иншо) доир намуд. Натиҷаҳои озмоиш дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид. Аз рӯйи ин натиҷаҳо қарор қабул карда шуд, ки кори хаттӣ ба тарзи эссе – иншои мухтасар роҳандозӣ шавад. Пас аз он навиштани эссе (кори хаттӣ) барои ҳамаи гурӯҳи ихтисосҳо ҳатмӣ мебошад.
Ба ақидаи мутахассисони соҳа, ҳадаф аз ҷорӣ намудани навиштани эссе гузариш ба стандартҳои фаннии нав дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки истифодаи модули сифатан нави таҳсилот — муносибати босалоҳиятро дар таълим талаб мекунад, инчунин, ба низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ворид намудани эссе (кори хаттӣ) амри зарурӣ буда, тавассути он маҳорати дуруст ва мураттаб баён кардани фикр, саводнокӣ ва рушди нутқи хаттии хонандагон (хатмкунандагон)-и муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ санҷида мешавад.
Вобаста ба ин, мо ҳам тасмим гирифтем, ки оид ба жанри эссе ва тарзи дуруст навиштани онро ба хонандагони муҳтарами маҷаллаи “Маърифати омӯзгор” маълумоти муфассал таҳия карда, пешниҳод намоем.
Эссе чист ва чӣ тарз навишта мешавад?
“Эссе” аз калимаи лотинии «exagium» (санҷиш) ва фаронсавӣ «essai» (кӯшиш, ҷустуҷӯ, таҳлил, таҷриба, санҷиш, қайдҳои алоҳида) гирифта шуда, ба маънои очерк ва иншои мухтасар фаҳмида мешавад. Яъне, эссе як навъи очерки хурд ё иншои мухтасар буда, дар он баёни фикр озод аст. Дар эссе муаллиф андешаи худро доир ба мавзуи пешниҳодшуда мухтасар ва асоснок баён карда, аз рӯйи он ҷаҳонбинӣ ва андешаҳои шахсии эссенавис муайян мегардад. Эссенавис метавонад, дар мавзуъҳои ахлоқӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, таърихӣ, сиёсӣ ва ғайра эссе таълиф кунад. Мақсад аз навиштани эссе дар Озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” ва имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ муайян кардани нутқи хаттии довталабон, маҳорати андешаронӣ, хулосабарорӣ, баёни дуруст ва мураттаби фикри онҳо мебошад.
Муаллиф ҳангоми таълифи эссе ба масъалаҳои зерин диққат медиҳад:
— орзу ва хостаҳои шахсии худро бо пайдарпайии мантиқӣ ва бадеият баён мекунад;
— дар бораи ягон ғоя ё мазмуни асар, назару андешаи олимон, шахсиятҳои маъруфи сиёсӣ ва ё воқеаву рӯйдодҳои фарҳангӣ, таърихию иҷтимоӣ ва монанди инҳо изҳори назар мекунад.
Дар эссе мавзуъ ва масъалаи баррасишаванда мушаххас мебошад. Дар он танҳо тарҷумаи ҳоли шахсият таҳлил карда намешавад. Эссе метавонад хусусияти публитсистӣ, таърихӣ, шарҳиҳолӣ, адабӣ-интиқодӣ, фалсафӣ ва ё тахайюлӣ дошта бошад.
Дар эссе ҳиссиёт, ҷаҳонбинӣ ва назару андешаи муаллиф таҷассум меёбад.
Эссенавис дар инъикоси мавзуи эссе аз истифодаи калимаю ибораҳои мушкилфаҳм ва таъбиру ибораҳои шевагӣ, калимаю ифодаҳое, ки ба меъёри забони адабӣ мувофиқат намекунанд, худдорӣ менамояд. Ӯ метавонад аз воситаҳои тасвири бадеӣ, ибораҳои фразеологӣ, санъатҳои маънавӣ ва лафзӣ (тавсиф, маҷоз, ташбеҳ, муболиға, таҷнис, такрор), савол ва нидои риторикӣ, ибораву ҷумлаҳои ҳамвазну ҳамқофия ва монанди инҳо ба таври васеъ истифода кунад.
Сохтори эссеро аз рӯйи мавзуъ ба се қисм ҷудо мекунанд:
-сарсухан:
-қисми асосӣ:
-хулоса.
Дар сарсухан муаллиф фикрашро доир ба мавзуи эссе кӯтоҳ ифода менамояд. Ӯ дар якчанд сархат барои дурустии фикраш далелҳои мантиқӣ оварда, мақсадашро оид ба интихоби мавзуъ ифода мекунад. Далелҳое, ки ҳангоми баён (иқтибос аз суханҳои бузургони илму адаб, асарҳои бадеию таърихӣ ва сиёсӣ, овардани мисолҳо аз рӯзгори шахсиятҳои маъруф ва ё дидаю шунидаҳои худи муаллиф) барои исбот ва ё тақвияти ғоя ё фикри асосӣ оварда мешаванд, бояд саҳеҳ, равшан ва асоснок бошанд. Агар барои андешаҳои баёншуда як ё чанд далел оварда шавад, онҳо бояд ба мавзуъ алоқаманд гардонида шаванд. Дар сарсухан риояи пайванди мантиқии таркиби баён яке аз шартҳои асосии таълифи эссе мебошад.
Ҳангоми навиштани сарсухани эссе ба назар гирифтани баъзе нуктаҳо, аз ҷумла, масъалагузорӣ дар сарсухан, пайдарҳамии мантиқии фикру андеша зарур аст.
Дар сарсухан масъалаи гузошташуда бо тартиб таҳлил гардида, бо далелу иқтибосҳо аз гуфтор ё осори шахсиятҳои маъруф асоснок карда мешавад. Далелҳо бояд равшану фаҳмо, мулоҳизарониҳо мантиқӣ ва саҳеҳ бошанд.
Дар қисми асосӣ мақсади муаллиф бояд бо ҷумлаҳои сода возеҳ ва равшан ифода ёбад. Дар ин қисм матлаби эссенавис муфассал шарҳ ёфта, маҳорат ва малакаи эҷодии муаллиф аз рӯйи он равшан мегардад. Дар қисми асосӣ мавзуъ пурра таҳлил шуда, мақсаду мароми эссенавис муфассал ифода меёбад. Дар ин қисмат баёни андеша, тарзи тахайюл, маҳорату ҷаҳонбинии муаллиф ошкор мешавад.
Дар хотима муаллифи эссе хулосаҳои худро доир ба интихоби мавзуъ, ҳалли он ба таври кӯтоҳ дар якчанд сархат баён месозад.
Бо тартиби муайян баён кардани андешаю матлаб дар жанри эссе шарти асосӣ мебошад. Аз такрори зиёд, суханбозиҳои беҳуда худдорӣ намудан ба манфиати эссенавис аст.
Он дорои мавзуъ ва ғояи бисёр буда наметавонад, дар он танҳо як вариант ва як фикр инъикос меёбад. Эссе ҷавоб ба як савол аст. Дар эссе бисёрсуханӣ ҷоиз нест, он чунон ки дар боло зикр шуд, бояд мухтасару пурмаъно ва беғалату тезисҳо бо далелҳо собитшуда бошанд.
Варақаи эссе
Варақаи эссе аз сиёҳнавис ва тозанавис иборат аст.
Дар варақаи сиёҳнавис номи мавзуе, ки эссенавис аз панҷ мавзуи пешниҳодшуда интихоб мекунад, навишта мешавад. Ҳаҷми варақаи сиёҳнависи эссе бояд на камтар аз 1,5-2 саҳифа бошад. Шакли варақаи эссе аз ҷониби Маркази миллии тестӣ муайян карда мешавад.
Довталаб пас аз эссеро дар сиёҳнавис навиштан, бояд онро ба варақаи тозанавис рӯбардор намояд (Намунаи варақаи тозанавис дар замимаи 1 дода шудааст).
Дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ барои навиштани эссе 90 дақиқа вақт муқаррар шудааст. Дар ин муддат довталаб бояд андешаашро дар ҳаҷми то 2 саҳифа дар варақи андозааш А4 (21х29,7 см) баён намояд.
Тарзи тафтиши эссе ва холгузорӣ ба он
Тафтиши эссе аз рӯйи талабот ва меъёрҳои муайянкардаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
Ҳангоми тафтиш ва холгузории эссе ба мазмуну мундариҷаи он ва риояи имло, аломати китобат ва услуб эътибор дода мешавад.
1. Ба мазмуну мундариҷаи эссе аз рӯйи 4 меъёр хол гузошта мешавад. (Замимаи 2)
• мувофиқати пурраи мазмун ба мавзуи интихобнамуда;
• мукаммал ва муътамад будани далелҳои баёншуда (иқтибос аз суханҳои бузургони илму адаб, асарҳои бадеию таърихӣ ва сиёсӣ, овардани мисолҳо аз рӯзгори шахсиятҳои маъруф ва ё дидаю шунидаҳои худи муаллиф);
•риояи комили мантиқ ва тартиби бонизоми баён;
• ҷамъбаст ва хулоса.
Агар эссеи навиштаи довталаб ба меъёрҳои муқарраршуда ҷавобгӯ бошад, ба он 30 хол гузошта мешавад (18 хол барои мазмуну мундариҷа ва 12 хол барои риояи қоидаҳои имло, аломати китобат ва услуб).
Аз тарафи эссенавис саҳеҳ ва пурра таҳлилу баррасӣ шудани мавзуъ баёнгари дарки дурусти қоидаҳои навиштани эссе аз ҷониби муаллиф мебошад.
Риоя накардани қоидаҳои имло, аломати китобат ва услуб дар ҳошияи варақаи эссе бо аломатҳои шартӣ ишора гардида, теъдоди онҳо дар хоначаи пешбинишуда нишон дода мешавад.
Дар сурати риоя нагардидани қоидаҳои имло, аломати китобат ва услуб аз ҷониби довталаб аломатҳои шартии зерин гузошта мешавад:
• риоя нагардидани қоидаҳои имло. Дар зери чунин калимаҳо як хатти рост кашида мешавад. Мисол: милат (шакли дурусташ – миллат); омузгор (шакли дурусташ — омӯзгор)…
Дар ҳошияи варақа риоя нагардидани қоидаҳои имло бо аломати шартии Ι ишора мешавад;
• риоя нагардидани аломати китобат. Дар зери чунин калимаҳо ё аломатҳои китобат (ки гузошта нашудааст ё ноҷо гузошта шудааст) як хатти рости бурида кашида мешавад. Мисол: романи Дохунда (шакли дурусташ – романи “Дохунда”); мо хонандагон (шакли дурусташ – мо — хонандагон); вақте, ки (шакли дурусташ – вақте ки).
Дар ҳошияи варақ риоя нагардидани аломати китобат бо аломати шартии V ишорат мешавад;
• риоя нагардидани қоидаҳои услуб. Дар зери ҷумлаҳое, ки қоидаҳои услуб риоя нашудаанд, хатти кӯтоҳи мавҷнок кашида шуда, он дар ҳошияи варақ бо аломати шартии ʃ ишора мегардад.
Эссенавис бояд қоидаи гузоштани сархат (абзатс)-ро риоя намояд. Дар сурати риоя нагардидани қоидаи мазкур он дар варақи эссе бо аломати махсус (z) ишора гардида, вале ҳангоми холгузорӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.
Барои баҳогузорӣ (холгузорӣ)-и дуруст ва воқеӣ як эссеро ду мутахассис (дар алоҳидагӣ) месанҷанд. Ҳар як мутахассис рамзи худро дорад ва теъдоди риоя нагардидани қоидаҳои имло, аломати китобат ва услубро, ки онҳо дар натиҷаи санҷиши эссе муайян намудаанд, дар катакчаҳои дахлдори варақаи кори хаттӣ ишора мекунанд. Агар холҳои ба мазмуну мундариҷаи эссе гузошта ва теъдоди риоя нагардидани қоидаҳои имло, аломати китобат ва услуб, ки аз ҷониби ду мутахассис муайян гардидаанд, ба ҳам мувофиқат накунанд, корро мутахассиси сеюм месанҷад.
Варақаи тозанавис барои тафтиш ва холгузорӣ гирифта мешавад ва варақаи сиёҳнависро довталаб бо худ мебарад.
Хулосаи мутахассиси сеюм ниҳоӣ ва ҳалкунанда мебошад.
Пас аз тафтиш барномаи махсуси компютерӣ аз рӯйи холҳои ба мазмуну мундариҷаи эссе гузошта ва теъдоди риоянашудаи қоидаҳои имло, аломати китобат ва услуб дар эссе холи умумии ба дастовардаи довталабро ҳисоб мекунад.
Ҳангоми холгузорӣ ҳаҷми эссе низ ба назар гирифта мешавад.
Ҳаҷми пурраи кори хаттӣ, тавре ишора гардид, аз рӯйи талабот ва вақти барои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ҷудогардида, 2 саҳифаи варақи андозааш А4 (21х29,7 см) мебошад.
Аз рӯйи меъёри муқарраргардида ҳаҷми эссе ба ду бахш (0 ва 1) тақсим гардида, дар ҳошияи варақаи кори хаттӣ аломатгузорӣ мешавад. Вобаста ба ин агар ҳаҷми эссе 0 бошад, ба он аз рӯйи ягон меъёр хол гузошта намешавад.
Агар эссе дар ҳаҷми ду саҳифа бо риояи комили қоидаҳои имло, аломати китобат ва услуб таҳия шуда бошад ва ё то дар 2 ҳолат риоя нашудани имлою аломати китобат ва дар 1 ҳолат риоя нагардидани услуб навишта шуда бошад, мувофиқи меъёр холи ҳадди аксари ба он гузошташаванда ба 12 баробар мешавад (замимаи 3: Холгузорӣ ба эссе тибқи риояи қоидаҳои имло, аломати китобат ва услуб).
Агар риоя нагардидани қоидаҳои мазкур дар эссе аз ин зиёдтар бошад, холҳо камтар мешаванд.
Миқдори умумии холи бадастовардаи довталаб бо ҷамъи холҳо мувофиқи ҳар меъёр (вобаста ба мазмуну мундариҷа ва дараҷаи риояи қоидаҳои имло, аломати китобат ва услуб) ҳисоб карда мешавад.

Масалан, агар ҳаҷми эссеи довталаб (расми 1) ба 2 саҳифа баробар бошад, он чунин холгузорӣ карда мешавад:

Расми 1. Намунаи холгузорӣ ба эссеи хонанда
1) Барои мазмуну мундариҷаи кори хаттӣ:
• мувофиқати мазмун ба мавзуъ – 4 хол;
• мукаммал ва муътамад будани далелҳои баён – 2 хол;
• риояи комили мантиқ ва тартиби бонизоми баён – 2 хол;
• ҷамъбасти пурраи андешаи эссенавис ва хулосабарорӣ – 2 хол.
2) Вобаста ба дараҷаи риояи қоидаҳои имло, аломатҳои китобат ва услуб:
• дар 4 ҳолат риоя нагардидани қоидаҳои имло – 4 хол;
• дар 7 ҳолат риоя нагардидани қоидаҳои аломати китобат – 2 хол;
• дар 5 ҳолат риоя нагардидани қоидаҳои услуб – 2 хол.
Дар натиҷа холи умумии хонанда ба 18 баробар мешавад:
4 + 2 + 2 + 2 + 4 + 2 + 2 = 18 хол.
Намунаи эссе
Мавзуъ: Китоби дӯстдоштаи ман
Одамони бомаърифат дӯстдорони илму донишанд. Онҳо пайваста мутолиа мекунанд, китоби дӯстдоштае доранд, ки аз андешаронӣ, гуфтору рафтори қаҳрамонҳои он баҳра мегиранд ва дар зиндагӣ ба кор мебаранд. Мехоҳам, доир ба ин мавзуъ андешаи худро баён намоям.
Китоб сарчашмаи дониш аст, моро бо гузаштаи дуру наздик мепайвандад, бо ҳаёти имрӯз, бо фарҳанги мардумони гуногун ошно месозад. Китоб моро дарси мардонагӣ ва одамият меомӯзад. Аз ин рӯ, китоб дӯсти беҳтарини инсон ва роҳнамои зиндагист. Ба гуфтаи Абдураҳмони Ҷомӣ:
Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,
Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст.
“Аниси кунҷи танҳоӣ”-и ман китоби дӯстдоштаам “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ мебошад.
Дар ин асари безавол инсонпарварӣ, худшиносӣ ва ватандӯстӣ аз мавзуъҳои асосӣ ба шумор мераванд. Дар ин достони қаҳрамонӣ хирадпешагию фарҳангпарварии Ҳушангу Ҷамшед, Кайхусраву Анӯшервони одил, донишдӯстиву зиракии Бузургмеҳри ҳаким, қаҳрамонию ватанпарастии Рустами Дастону Сиёвуш барин мардони бузург ва ватандӯстии Гурдофариди далер хеле возеҳ ва равшан тасвир шудаанд. Дар асоси мутолиаи достон фарҳангдӯстиву ватанпарварии фарзандони гузашта равшан мешавад. Сухани Бузургмеҳри ҳакимро шоири ватандӯст чунин ифода намудааст, ки “Ба мардумон беҳтарин ҳунар доноӣ ва хирад аст”.
Ин таъкиди шоир ба ман писанд омад, ки ӯ ва қаҳрамонаш доноӣ ва хирадро ситоиш намудаанд. Имрӯз дар пайравӣ аз ин сухан мо илму дониш меомӯзем, техникаю технологияи замони муосирро аз худ мекунем. Медонем, ки танҳо бо илму дониш, бо рӯй овардан ба фарҳанги миллӣ мо ба худшиносӣ мерасем ва инсондӯсту ватанпарвар мешавем.
Китоб бузургтарин сарвати маънавии инсоният аст ва маҳз китоб аст, ки дар натиҷаи мутолиаи он инсон тарбия меёбад ва ба камоли маънавӣ мерасад.
Бояд гуфт, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём китобдӯсту китобнавис мебошад. Агар таъкид созем, ки мардуми моро аз гаҳвора то турбат китоб ҳамрозу анбоз аст, муболиға нахоҳем кард. Модарони тоҷик дар зери сари кӯдакон девони Ҳофизу Мавлавӣ ва Бедилро мегузоштанд, то ки бо шарофати ин гуна китобҳои арзишманд фарзандонашон фарҳангдӯсту маърифатпарвар шаванд. Хушбахтона, ин анъанаи нек то ба ҳол идома дорад ва бояд ин суннати наҷибро мо ба ояндагон ба мерос гузорем.
Хулоса, “Шоҳнома” ва асарҳои ба он монанд роҳнамои инсонҳо дар ҷодаи ҳаёт мебошанд. Маҳз аз мутолиаи чунин китобҳо роҳи худро равшан менамоем ва ба худшиносӣ мерасем. Дӯст доштани халқу Ватан, эҳтиром гузоштан ба гузаштаву имрӯза аз мутолиаи китобҳо сарчашма мегирад. Дар ин робита, мехоҳам, сафи дӯстдорони китоб зиёд бошад, китобро чун обу нон ва ҳавое, ки нафас мегирем, ҳама азизу гиромӣ доранд.

Маводи иловагӣ оид ба таълифи эссе
1. Маълумоти иловагӣ оид ба жанри эссе
Эссе бо наср навишта мешавад ва ҳаҷман хурд буда, банду баст ё таркиби озод дорад. Ҳадаф аз навиштани эссе доир ба мавзуъ ё вазъияти муайян иброз намудани андешаи шахсӣ аст, ки бидуни шарҳу тавзеҳи ниҳоӣ ва бебаҳс анҷом дода мешавад.
Дар «Донишномаи мухтасари адабӣ» (Краткая литературная энциклопедия) қайд гардидааст: «Эссе шакли насрии иншои ҳаҷман хурд ва таркибан озод аст, ки масъалаи шахсӣ, кӯшиши интиқоли таассуроти фардӣ ва ҳар чизи ба он вобастаро шарҳ медиҳад».
Баъзе нишонаҳои эссе инҳоянд:
— ҷой доштани мавзуъ ва масъалаи мушаххас. Дар жанри эссе асари адабӣ, илмӣ ва оммавӣ ба таври умумӣ таҳлил мешавад;
— эссе таассурот ва тасаввуроти фардиро оид ба мавзуъ ва масъалаи муайян ифода менамояд;
— эссе сухани наву огоҳона буда, метавонад мазмуни адабӣ-танқидӣ, фалсафӣ, таърихӣ-тарҷумаиҳолӣ, публитсистӣ, илмӣ-оммавӣ ва соф тахайюлӣ дошта бошад;
— дар мазмуни эссе аҳволу осори нависанда кӯтоҳ баён гардида, бештар ҷаҳонбинӣ, андеша ва хидматҳои ӯ дар рушди адабиёт баҳогузорӣ мешавад.
Эссе барои муайян кардани ҷаҳонбинӣ, баёни андеша ва сатҳи саводи навиштории довталабон ҳангоми дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ва қабул шудан ба кор истифода мешавад. Озмуни эссе барои интихоби дурусти довталабон мусоидат менамояд.
Эссе барои муайян кардани маҳорат, малака, тарзи тафаккури мустақилонаи эҷодӣ ва ифода намудани андешаҳои шахсӣ нақши асосӣ мебозад.
Навиштани эссе хеле муҳим буда, имкон медиҳад, ки эссенавис андешаашро возеҳ ва дурусту босаводона ифода намояд.
Дар эссе андешаҳои муаллифи эссе оид ба мавзуъ дар шакли мулоҳизаҳои мухтасар нигошта мешаванд. Онҳо бояд бо далелҳо исбот карда шаванд.
Далелҳо аз худи мавзуъ сарчашма гирифта, зуҳуроти ҳаёти иҷтимоӣ, вазъият ва таҷрибаҳои ҳаётӣ, исботи илмӣ, истинод ва андешаҳои олимонро дар бар мегиранд. Барои исботи мақсад муаллиф агар далели қотеъ оварда тавонад, кифоя мебошад. Овардани далелҳои дигар зиёдатӣ аст, зеро талаботи ин жанр, ки равшанӣ ва мухтасарбаёниро тақозо дорад, халалдор мегардад.
Ҳангоми навиштани эссе омилҳои зерин низ муҳим дониста мешаванд:
1. Сарсухан ва хулоса ба мазмуни масъала нигаронида мешавад. Дар сарсухан масъалагузорӣ ва дар хулоса ҷамъбаст сурат мегирад.
2. Гузоштани сархат, ишора кардани сатрҳои муҳим ва нигоҳ доштани пайванди мантиқии сархатҳо ҳусни кор ба шумор меравад.
3. Сабки эссе. Сабки эссе равону сода буда, дар он андеша возеҳу равшан ифода мешавад. Дар эссе унсурҳои бадеӣ истифода шуда, матлаб пурра тасвир мегардад.
2. Таснифоти эссе
Вобаста ба мазмун жанри эссе ба шаклҳои зерин ҷудо мешавад:
— эссеи фалсафӣ
— эссеи адабӣ
— эссеи таърихӣ
— эссеи бадеӣ
— эссеи бадеӣ-публисистӣ ва ғайра.
3. Талабот ба эссе
Талаботи умумӣ ба жанри эссе аз инҳо иборатанд:
1. Ҳаҷми хурд. Ҳаҷми эссе набояд аз 2-5 саҳифа зиёд бошад.
2. Мавзуи мушаххас ва шарҳу тавзеҳи он. Мавзуи эссе мушаххас буда, наметавонад аз якчанд мавзуъ ва идеяву андешаҳои зиёд иборат бошад. Он доир ба як паҳлуи мавзуъ ибрози фикру андешаро тақозо мекунад.
3. Таркиби озод. Эссе шеваи озоди нигоришро пазируфта, дар шакли нақлӣ, таҳлилӣ навишта мешавад. Муаллиф сабки муносиб интихоб карда, назари хешро возеҳу равшан иброз менамояд.
4. Ягонагии маъноӣ. Эссе таркиби озод дошта, муҳокимаҳои муаллифро пурра ифода менамояд.

4. Қоидаи навиштани эссе
— Аз қоидаҳои маъмулии расмӣ танҳо гузоштани сарлавҳа мумкин аст.
— Сохтори дохилии эссе озод аст. Он шакли хурди кори хаттӣ меошад.
5. Риоя нагардидани талабот ҳангоми навиштани эссе
Вақти навиштани эссе маҳдуд буда, мусанниф бояд кӯшиш намояд, ки дар вақти ҷудошуда корро ба анҷом расонад.
А. Дуруст насанҷидан
Пас аз навиштани эссе онро бодиққат хонед, то боварӣ ҳосил намоед, ки дар он ифодаҳои номафҳум ба кор нарафтааст.
Б. Сарсухани дилгиркунанда. Кофӣ набудани ҷузъиёт. Сарсухан бояд дароз набошад ва якчанд сархатро дар бар гирад. Мақсади муаллиф бояд дар он возеҳ ифода ёбад.
В. Ифодаҳои дароз. Дар жанри эссе баёни ҷумлаҳои сертаркиба ҷоиз нест. Ифодаву ҷумлаҳо бояд дар эссе кӯтоҳ бошанд ва мақсадро возеҳ ифода намоянд.
Г. Бори эссе набояд вазнин бошад. Ҳангоми навиштани эссе калимаҳоро аз луғатномаҳо истифода набаред. Истифодаи нодурусти баъзе калимаҳо таваҷҷуҳи муаллифро коҳиш дода, аҳаммияти эссеро заиф мекунад.
6. Худсанҷишии эссе. Ҳангоми навиштани эссе санҷиши варианти аввали он муҳим мебошад. Ҳангоми сиёҳнавис кардан вазифаи асосии шумо баёни пайдарҳами андешаҳоятон мебошад. Пас аз навиштани варианти аввал онро як бор аз назар гузаронида, сипас ба таълифи варианти ниҳоии он оғоз намоед.
Адабиёт:
1. https://www.maorif.tj
2. Дастур доир ба тарзи таълифи Эссе, Душанбе: Маориф-2018.
3. С. Аминов, Забони тоҷикӣ, китоби дарси барои синфи 8 мактаби таҳсилоти умумӣ, “Собириён” Душанбе 2007.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *