Фараҳноз МУКАММАЛЗОДА,
Зайнабой ХОЛОВА,
омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷамъиятшиносии
коллеҷи тиббии шаҳри Панҷакент
Масъалаи пиряхҳо ва захираҳои обии ҷаҳон яке аз маъалаҳои калидӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ буда, тибқи таҳлилҳо дар ояндаи наздик ба проблемаи глобалии сайёра мубаддал мешавад. Ин масъалаҳо боис шудааст, ки кишварҳои ҷаҳон аз имрӯз масъалаи гузариш ба иқтисоди сабзро пеш гирифта, усулҳои сарфакоронаи обро рӯйи кор баровардаанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дорои захираҳои фаровони обӣ буда, зиёдтар аз 60 фоизи оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккул ёфта, сарчашмаи асосии онро захираҳои пиряхии кишвари мо ташкил медиҳанд.
Пиряхҳо захираи асосии оби соф мебошанд. Мутаассифона, бар асари тағйирёбии иқлим ин пиряхҳо бошиддат об шуда истодаанд. То имрӯз зиёда аз як ҳазор пиряхи Тоҷикистон комилан об шуда, аз байн рафтанд. Мутаассифона, обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боиси баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардидааст. Ин омил дар навбати худ метавонад, ба ҳаёт ва некуаҳволии садҳо миллион сокини Замин, хусусан, дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, таҳдид ба бор орад.[1]
Миллати мо ифтихор аз он дорад, ки Сарвари башардӯсти он ҳанӯз аз соли 2009 талоши худро барои ҳифзи иқлим ва об оғоз карда буданд. Соли 2009 дар Копенгаген, дар ҷаласаи тарафҳо оид ба тағйирёбии иқлим ва баъдан, дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Швейтсария, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, баъдан моҳи марти соли 2021 зимни ҷаласаи нахустини Сарони давлатҳо оид ба иқлим ва об Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд: “Обшавии босуръати пиряхҳо дар муқоиса бо афзоиши истеъмоли об, ки ба афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобаста аст, метавонад боиси оқибатҳои манфӣ гардад”.
Инчунин, Роҳбари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Ҳамоиши чоруми оби кишварҳои минтақаи Осиё ва уқёнуси Ором 23 апрели соли 2022 таъкид доштанд, ки Тоҷикистон низ дар доираи таъсири тағйирёбии иқлим тайи чанд даҳсолаи охир беш аз ҳазор пиряхро аз даст дода, ҳамасола аз обхезӣ, хушксолӣ ва камшавии ҳосил, ки бо ин раванд вобаста аст, азият мекашад.[2]
Бо дарназардошти ин, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуданд, ки барои таваҷҷуҳ ба ин масъала дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шуда, Хазинаи махсуси байналхалқии муҳофизати пиряхҳо ташкил карда шавад. Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи имрӯзаи пиряхҳои Тоҷикистон андешаронӣ карда, таъкид доштанд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ — пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад. Пажуҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар тӯли 70-80 соли охир пиряхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст.
Зимнан, ҳамаи кӯшишҳои арзандаву мондагори Сарвари давлат ва Ҳукумати кишвар натиҷа доданд. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутерриш ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқия ирсол карда, дар он Президенти кишварро ба муносибати эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо шодбош намуда, афзуд, ки Тоҷикистон имрӯз дар пешбурди рисолати ҳифзи пиряхҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳамзамон, ҷонибдори фаъоли ҳалли масъалаҳои таъмини мардум бо оби тоза ва мубориза бо тағйири иқлим мебошад.
Боиси хушнудист, ки дар асоси ин қатънома пешниҳодҳои Президенти кишвар аз ҷониби давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид дастгирӣ ёфтанд, аз ҷумла:
— Эълони 21 март — Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
— Эълони соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо;
— Таъсиси фонди байналмилалӣ дар назди Созмони Миллали Муттаҳид барои мусоидат ба ҳифзи пиряхҳо;
— Баргузории Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар соли 2025.[3]
Ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати роҳандозии ҳамкории бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ дар роҳи расидан ба рушди устувор дар соҳаи об заминаи мусоид фароҳам меоранд. Дар шароити имрӯза маҳз мавқеъгирии маҷмуӣ метавонад барои ҳалли мушкилоти рӯзмарра, рушди «иқтисоди сабз» ва пешрафти босубот заминаи боэътимод гузорад.
Бо дарназардошти он ки Ҷумҳурии Тоҷикистон манбаи бузурги захираҳои обӣ буда, дар даҳсолаҳои охир обшавии раванди пиряхҳо зиёд шудаанд, ҷиҳати омӯзиши амиқи ин масъалаи муҳим дар ҷумҳурӣ Маркази пиряхшиносӣ ташкил гардидааст. Маркази мазкур тасмим гирфтааст, ки дар баробари пешбурди тадқиқот, мониторинги захираҳои обиро гузаронида, инчунин, харитаи пиряхҳои Тоҷикистонро омода намояд.
Бо дарназардошти пешниҳодҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Панели сатҳи баланд вобаста ба масъалаҳои об ва иқлим моро зарур аст, ки ҳамчун мардуми кишвари ташаббускор тамоми чорабиниҳои банақшагирифтаро пайгирона, ба таври мақсаднок ва дар сатҳи баланд иҷро намоем, то ки онҳо баҳри рушди устувор самараи дилхоҳ диҳанд ва дар ҷомеаи муосир мақому манзалати сазовор пайдо намоянд.[4]
Дар ин робита, мо — омӯзгоронро зарур аст, ки ба хонандагон ҳангоми дарс сарфакорона истифода бурдани об ва ба қадри ҳар як қатраи он расиданро бештар тарғиб намоем, чунки об ин сарчашмаи тамоми ҳаёт, нигоҳдорандаи саломатии инсон мебошад.
Адабиёт:
1.Донишномаи озод/https://tg.m.wikipedia.org/ wiki/%D0%9F%D0%B8%D1%80%D1%8F%D15.
2. Нашрияи “Омӯзгор”, №32, 10.08.2023, “Захираҳои табииро ҳифз бояд кард”, саҳ. 14.
3. Нашрияи “Омӯзгор”, №42, 11.10. 2023, “Тағйирёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо”. саҳ.13.