Зариф ҒУЛОМ,
      нависанда

Муаллим Ҳасанов дар даст дафтари синф ва китоби дарсии «Адабиёти Ватан» ба синфи нуҳум даромад. Хонандагон баробар қомат бардоштанд. Ӯ бо чеҳраи шукуфон салом дода, пушти миз рост шуд. Талабаҳо бо садоҳои гуногун ҷавоби салом баргардонданд.
— Шинед! — амр кард омӯзгор ва ба Зокир рӯй оварда гуфт: — Ту ҳоло дар ҷоят рост исто, — ва суханашро давом дод: — Бачаҳо! Суханони маро аз ёд набароред. Ана, ҳамин шарикдарсатон дар оянда нависанда мешавад.
Ба ин таъкид ва пешгӯйии муаллим танҳо Файзулло эрод гирифт. Хусумати ӯ нисбат ба Зокир ду ҳафта пеш оғоз гардида буд. Файзулло ҳангоми навиштани иншо дар мавзуи «Тараннуми озодӣ дар эҷодиёти Абдураҳмони Ҷомӣ» баҳои чор гирифт. Муаллим ба Зокир бошад баҳои аъло гузошта буд. Файзулло вобаста ба ин қазия норозигӣ баён кард. Ҳасанов ин амали худро бо табассум шарҳ дод:
— Зокир дар иншояш аз шеъри «Ду боз» — и шоир истифода бурд. Ту бошӣ, бо суханони умумӣ фикратро баён кардаӣ…
— Бо кадом хислат ӯ нависанда мешавад? — саволи шарикдарс хеле қаҳролуд садо дод.
— Дар Зокир ду хислат ҳаст, — муаллим аз чунин муомилаи дурушти шогирд каме чин бар ҷабин зад. — Ӯ беҳад кунҷков ва мушоҳидакор аст. Ин ду хислат хоси адибон мебошад.
Аз ҳамин рӯз Файзулло ба қавле пӯстинашро чапа пӯшид. Бо саъю кӯшиши кинояомези ӯ тахаллуси «нависанда» ба Зокир часпид. Агар Зокир ба давраи бачаҳо наздик мешуд, Файзулло бо лаҳни таҳқиромез ба ҳамсолонаш муроҷиат мекард:
— Ба шумо нависандаи маъруфи мактаб мепайвандад. Ӯро бо ҳурмату эҳтиром истиқбол гиред.
Ва чун дар гурӯҳи ҳамсинфон Зокир сухане ба забон орад, рақиб ҳамчун ровии оташингуфтор дарҳол бо ҷумлаи истеҳзоомез ҳамроҳ мешуд:
— Ҳоло бо шумо, шунавандагони муҳтарам, нависандаи боистеъдоди синфи нуҳум аз эҷодиёти оламшумули худ қиссаҳо мехонад.
Дар ин гуна ҳолатҳо дӯстону ҳамсинфон хандаи осмонкафи худро ба ҳаво сар медоданд. Кирдори ношоями Файзулло ба он оварда расонд, ки Зокир мардумгурез шуд ва хонанишиниро ихтиёр кард.
Дар таътили тобистона директори мактаб Абдулазизов супориш дод, ки бачаҳои синфҳои ҳаштум, нуҳум ва даҳум барои сохтмони синфхонаҳои иловагӣ хишт резанд. Навбат ба Зокир, Азиз, Сайфулло ва Ҳақназар расид. Онҳо акнун ба кор оғоз намуда буданд, ки ба саҳни ҳавлии мактаб мошини сабукрави тамғаи «Победа» омада истод ва аз он ҷавонмарди солори хушандоми кӯлоҳ бар сар баромад. Зокир донист, ки ба мактабашон меҳмон омадааст. Давида рафта, аввал боадабона салом дода, баъдан пурсид:
— Агар ба шумо ёрии ман зарур бошад, тайёрам супоришатонро иҷро намоям.
— Аҷаб бачаи мушоҳидакор будаед, — бо лабханди латиф ҷавоб гардонд меҳмон. — Аз куҷо донистед, ки ба ман мадади шумо лозим аст?
Ба Зокир бо лафзи ширин ва бо калимаи «шумо» муроҷиат кардани марди хушгуфтор писанд омад. Ва ӯ шерак шуда, сабаби кунҷковиашро фаҳмонд.
— На ҳама вақт чунин меҳмони иззатманд бо ҳамин гуна мошини напа-нав ба мактаби мо меоянд.
— Ъэ, офарин, — меҳмон бо табассум даст барои вохӯрӣ дароз кард. Зокир ҳадаҳа дастони хоколудашро дар шимаш тоза карда дароз намуд. Марди ношинос бо меҳр дасти мактаббачаро фишурд ва баъдан савол партофт: — Директори мактабро аз куҷо ёфтан мумкин?
— Директорамон пагоҳӣ ба маркази район рафтанд, — зуд посух гардонд Зокир.
— Шумо аз куҷо медонед? — бо тааҷҷуб пурсид меҳмон.
— Шаб ман ҳуҷҷатҳои хатмкунандагонро омода намудам, — бо шавқи махсус ҷавоб гардонд Зокир. — Устод барои гирифта овардани номаҳои камол ба шуъбаи маорифи район рафтанд.
— Эҳ, афсӯс, — нидо баровард меҳмон ва қадре ба фикр фурӯ рафт. Пас аз каме хомӯшӣ илова кард, — агар устод омаданд, мегӯед, ки Толис омада буд.
— Ъэ, шумо нависанда Пӯлод Толис мебошед? — Зокир хурсандиашро пинҳон карда натавонист.
— Ҳа, ман Пӯлод Толис мебошам, — бо лабханди мафтункунанда ҷавоб гардонд ҳамсуҳбат. — Шумо маро аз куҷо ва чӣ тавр медонед?
— Охир, ман китобатон «Ҳикояҳои даҳ сол», қиссаи «Тобистон» ва ҳикояи «Лолачинӣ»-атонро хондаам, — саросема посух гардонд Зокир, ки гӯё касе пеши суханашро мегирифта бошад. — Инҳо асарҳои дӯстдоштаи ман мебошанд.
— Э, қандатонро занед, — баланд хандид адиби писандидаи Зокир. — Ҳеҷ чашмдор набудам, ки дар деҳаи дурдасти водии Вахш як бачаи сарлучу побараҳна асарҳои маро бо шавқ мутолиа мекардааст. Адиб даст болои китфи ҳамсуҳбати наврасаш гузошт. Зокир ҳис кард, ки ҳарорати ҳаловатбахше баданашро фаро гирифт.
— Иҷозат медиҳед, ки ман ба шумо саволе диҳам, — писарбача ҷуръат пайдо кард.
— Марҳамат.
— Чаро адибон дар бораи ҳаёти наврасони водии Вахш асаре намеофаранд? Аз соати шаши пагоҳӣ то соати даҳи бегоҳӣ ба ғунучини пахта овораем. Ҳадди аққал ду чоряк пахта мечинем. Боз ташвишу тараддудҳои дигар.
— Саволи аҷиб ва мураккаб, — ду чин дар сари абрӯҳои адиб пайдо шуданд. — Ман ин дархости шуморо ба муҳокимаи раёсат мегузорам. Акнун бигӯед, ки дӯсти азизи ман, чаро худатон дар ин бора ҳикояе наменависед? Ҳол он ки шоҳиди бевоситаи саргузашти наврасон мебошед.
— О, ман куҷою ҳикоянависӣ куҷо, — китф дарҳам кашид Зокир.
— Дӯсти мактаббачаи ман, — Толис боз дасти меҳрбори худро болои китфи Зокир гузошт. — Вақте ки қалам ба даст мегиред, ҳеҷ гоҳ натарсед. Ҳамин ки тарс дар дили шумо ҷой гирифт, он гоҳ ба мақсад намерасед.
Инро гуфта, Пӯлод Толис аз ҷайб қалам ва варақчае бароварду чизе навишта, ба Зокир дароз карда гуфт:
— Ман сардабири маҷаллаи «Шарқи сурх» мебошам. Дар варақча номи маҷалла, ному насаби ман ва суроғаи ҷойгиршавии маҷалла навишта шудааст. Ҳикояро бо ҳамин суроға мефиристед. Он тарафаш кори ман …
Муаллим Ҳасанов дар арафаи ҷашни Наврӯзӣ ва пеш аз таътили баҳорӣ парида ба синфи даҳум даромад. Ин дафъа дар дасташ бар ивази дафтари синфиву китоби дарсии «Адабиёти Ватан» маҷаллае низ буд. Ӯ бо такон додани сар ба хонандагон салом гуфту бо даст ишораи нишастан кард. Зокирро аз ҷой хезонда, ба аҳли синф муроҷиат намуд:
— Порсол ман ба шумо гуфта будам, ки Зокирҷон нависанда мешавад. Баъзеатон, — дар ин ҷойи сухан муаллим чашм ба сӯи Файзулло давонд, — бо шубҳа суханони маро қабул карда будед. Ва инак, дар тасдиқи пешгӯйии ман маҷаллаи «Шарқи сурх» ҳикояи ҳамсинфатонро бо номи «Задухӯрд» дар таҳрири нависандаи маъруф Пӯлод Толис аз чоп баровардааст, — ва Ҳасанов маҷалларо кушода, саҳифаи чопшудаи ҳикояро ба хонандагон нишон дод.
Шарикдарсон бо нидоҳои шоду хурсандӣ Зокирро табрик гуфтанд. Файзулло бошад сар боло намекард. Ин вақт садои занги баромад садо дод ва бачаҳо қиву чувкунон ба берун шитофтанд. Файзулло ба Зокир, ки машғули хондани ҳикоя буд, наздик шуда бо овози паст гуфт:
— Маро бубахш, Зокирҷон. Кибру ғурур синаамро мехарошид. Бахиливу ҳасад ақламро тира ва чашмонамро хира намуда буданд. Акнун боварӣ ҳосил кардам, ки ту дар ҳақиқат қобилияту истеъдод доштаӣ. Аз гуноҳам гузар.
— Ба гузашта салавот, — Зокир дасти Файзуллоро бо меҳр фишурд ва онҳо дастобадаст, хандакунон ба берун, ба назди ҳамсинфонашон давида рафтанд.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *