Робия Исматова,
омӯзгори мактаби №116-и ноҳияи
Синои шаҳри Душанбе

Меҳнат асоси зиндагӣ, сарчашмаи ҳамаи арзишҳои моддию маънавӣ ва муҳимтарин василаи расидан ба камолоти инсонӣ мебошад. Машғул шудан ба фаъолияти ҳадафмандона вазифаи муқаддаси инсон дар ҷомеа мебошад. Маҳз меҳнати инсонӣ муайянкунандаи мавқеи иҷтимоӣ, қадру қиммат ва рушду камолоти ҳар як инсон мебошад. Омӯзонидани кӯдакон ва тарбия намудани насли наврас дар руҳияи меҳнатдӯстӣ, иштирок дар меҳнати ҷисмонӣ ва ақлию зеҳнӣ вазифаи муҳимми оила, кӯдакистон ва муассисаи таълимӣ мебошад.

Меҳнат дар кори тарбия яке аз масъалаҳои муҳимтарин ба шумор меравад. Он хонандае, ки тарбияи меҳнатии дуруст гирифтааст, дар оянда низ ихтисоси худро бомуваффақият аз худ мекунад ва хонандае, ки ҳеҷ гуна таҷрибаи меҳнатӣ надорад, ӯ ба ҳар гуна нобаробариҳо ва мушкилот дучор мешавад.

Агар равон (психика)-и хонанда нозук бошад, ӯ раванди дуру дароз ва якхелаи меҳнатиро иҷро карда наметавонад. Бинобар ин, дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ баланд бардоштани шавқу завқ ва ғайрати хонанда бо роҳҳои гуногуни ҳавасмандкунӣ хеле зарур мебошад. Таълим бояд бо меҳнати сермаҳсул алоқаманд карда шавад. Гуфтан ҷоиз аст, ки дар тарбияи хонандагон волидайн низ бояд саҳми арзанда гузошта, онҳоро дар оила ба меҳнати муфид омода намуда, дар шуурашон меҳнатдӯстиро ташаккул диҳанд.

Таълимоти меҳнатӣ дар хурдсолӣ боиси ташаккули зеҳнияти меҳнатдӯстӣ, мустақилнокӣ, мақсаднокӣ ва муттаҳидӣ мегардад. Ғайр аз ин, дар фаъолияти меҳнатии хонандагон малакаю маҳорат ва таҷрибаи амалии онҳо ҷой мегиранд, ҳамчунин, олами гирду атрофро меомӯзанд, аввалин муносибатҳои кории онҳо бо калонсолон ва ҳамсолонаш ба вуҷуд меояд. Усул ва воситаҳои беҳтар намудани ташкили тарбияи меҳнатии хонандагонро бо баҳисобгирии анъанаҳои миллӣ, расму суннатҳои халқи тоҷик муқаррар намудан шоиста мебошад. Ташаккулёбӣ, инкишофи ҳисси меҳнатдӯстӣ, малака ва одатҳои мустаҳками меҳнатии хонандагон дар асоси истифодабарии таҷриба ва анъанаҳои халкӣ дида баромада мешавад.

Тадқиқот оид ба масъалаи тарбияи меҳнатӣ нишон додаанд, ки ҳамаи навъи тарбияи меҳнатӣ ба омӯхтани ҷанбаҳои ахлоқии инсон, тарбияи ҳиссиёт ва одатҳои муҳимми рафтор дар фаъолияти амалӣ равона карда шудаанд. Хусусиятҳои тарбияи меҳнатии хонандагон дар раванди кору зиндагии рӯзмарраи халқи тоҷик ташхис шуда, роҳҳои дар хонандагон тарбия намудани муносибати мусбати меҳнатӣ, бо баҳисобгирии хусусиятҳои фардии онҳо муайян карда шудаанд. Мақсади тарбияи меҳнатӣ, пеш аз ҳама, тарбия намудани муносибати дуруст ба меҳнат ва муносибати онҳоро дар ҷамъият муайян мекунад.

Меҳнат фаъолиятест, ки хусусияти иҷтимоӣ дорад ва натиҷаи он ба манфиати ҳар як узви ҷомеа равона карда мешавад. Он маҷмуи иҷрои амалҳоро дар бар мегирад, ки одам барои ноил гардидан ба мақсади дарпешгузошта истифода мебарад. Маҳз ба ҳамин хотир В.А. Сухомлинский навишта буд: «Меҳнат он гоҳ тарбиятгари бузург шуда метавонад, ки агар вай ба ҳаёти маънавии тарбиятгаронаш дохил шуда, дар онҳо ҳиссиёти дӯстию рафоқатро бедор намуда, донистагирии онҳоро инкишоф диҳад». 

Мақсад ва вазифаҳои тарбияи меҳнатӣ вобаста ба синну соли бачаҳо муайян карда мешаванд. Мақсади тарбияи меҳнатӣ аз ҷиҳати амалӣ ва психологӣ омода намудани хонандагон ба фаъолияти меҳнатӣ, ташаккул додани муносибати мусбат нисбат ба меҳнат мебошад. 

Дар ин раванд ду масъала бисёр муҳим аст: 

1. Таъмин намудани мададу ёрии калонсолон ба хонандагон дар кори аз худ намудани маҳорату малакаҳои меҳнатӣ ва машғул шудан ба фаъолияти меҳнатӣ.

2. Инкишоф додани шахсияти хонанда дар раванди фаъолияти меҳнатӣ.

Барои хонандагони муассисаҳои таълимӣ мақсад аз меҳнат иҷро намудани он амалҳое мебошанд, ки талаботу хоҳиши шахсӣ ва талаботи атрофиён мебошад, ки ба шахси ӯ пешниҳод карда мешавад. Вале мақсади хонандагон барои меҳнат кардан устувор нест. Дар зинаи аввал онҳо кӯшиш менамоянд, ки дархосту пешниҳоди калонсолонро иҷро намоянд. Бо баробари аз худ намудани таҷрибаи муайян кӯшиш менамоянд, ки барои мустақилона иҷро кардани он кӯшиш ба харҷ диҳанд.

Кӯдакон дар ин марҳилаи синнусолӣ на танҳо бо мадади калонсолон дониш, маҳорат ва малакаҳои меҳнатиро аз худ мекунанд, инчунин, бо мушоҳидаи фаъолияти меҳнатии калонсолон ба натиҷаи беҳтар ноил мешаванд. Бинобар ин, дар раванди кори тарбиявӣ бояд онҳо ба меҳнати одамони атроф шинос карда шаванд. Яъне, дар баробари мактаб ва оила, ҳамзамон, муҳит низ дар тарбияи меҳнати кӯдакону наврасон нақши созгор дорад. 

Ба натиҷаи дилхоҳ ноил гардидани хонанда ба сатҳи ҳифз намудани маҳорату малакаҳои меҳнатӣ алоқаманд аст. Меҳнат ба вай ҳамон вақт ҳиссиёти хурсандӣ ва қаноатмандӣ бахшида метавонад, ки на танҳо чӣ тавр, инчунин, барои кӣ, чаро меҳнат карданро фаҳмад ва донад. Тарбия намудан ва ташаккули маҳорату малакаҳои меҳнатӣ ба синну сол, хусусиятҳои фардӣ, муҳити оилавӣ, роҳу усулҳо вобаста буда, он ба рушди маҳорату малакаҳои хонандагон таъсир мерасонад. Маҳорати меҳнатӣ — ин истифода бурда тавонистани донишҳо, таҷрибаи пештар азхудкарда мебошад. Дараҷаи аз худ намудани маҳорати меҳнатӣ хусусияти фардӣ дошта, он метавонад ба малака мубаддал гардад.

Малакаҳои меҳнатӣ ба гурӯҳи малакаҳои ҳаракатӣ дохил гардида, он дар натиҷаи такрор ва машқ кардани тарзи иҷрои амалҳо ба вуҷуд меояд ва шакл мегирад. Тарзи иҷрои маҳорату малакаҳои меҳнатӣ бо ҳам алоқаманд мебошанд. Бо баробари зиёд шудани синну соли кӯдак талабот ба фаъолияти меҳнатӣ, дараҷаи ташаккулёбии маҳорату малакаҳо ҳам зиёд мегарданд. Дар раванди тарбияи меҳнатӣ шавқу рағбати кӯдак нисбат ба меҳнат кардан, мустақилона иҷро намудани амалҳои меҳнатӣ ташаккул дода мешавад. Майлу рағбат, кӯшишу ғайрати аз таҳти дил, беғаразона муносибат кардан ба меҳнат, хоҳиши ёрӣ расондан ба атрофиён, иштирок кардан дар меҳнати якҷоя, ташаббускорӣ, эҷодкорӣ ва қаноатманд будан аз натиҷаи меҳнати худ ифодагари сифати шахсию ахлоқии кӯдаки меҳнатдӯст мебошад.

Яке аз вазифаи асосии тарбияи меҳнатии хонандагон ташаккули муносибати дуруст ба меҳнат мебошад. Ин вазифа дар асоси ба ҳисобгирии хусусиятҳои ин фаъолият ва муқоисаи меҳнат бо бозӣ, машғулиятҳо ва хусусиятҳои синнусолии кӯдак бомуваффақият иҷро карда мешавад. Малакаи дуруст баҳодиҳӣ ба натиҷаи фаъолияти худ ҳангоми ҷалб кардани таҷриба ва таҳлили натиҷаи фаъолият пайдо мешавад. Барои иҷро намудани вазифаҳои тарбияи меҳнатии хонандагон дар оила ва кӯдакистон волидону мураббиён ва омӯзгорон воситаҳои таъсиррасониро мувофиқи синну сол ва хусусиятҳои фардии кӯдакон интихоб менамоянд. Воситаи асосии тарбияи меҳнатии хонандагон аз инҳо иборатанд:

1.Таъмин намудани иштироки бевоситаи хонандагон дар фаъолияти меҳнатӣ.

2.Шинос намудани хонандагон бо фаъолияти меҳнатии одамони атроф.

3.Аз тарафи хонандагон иҷро намудани супоришҳои меҳнатӣ.

Иштирок кардан дар фаъолият шарти асосии азхудкунии ҳама гуна маҳорату малакаҳо (сенсорӣ, ҳаракатӣ ва амалҳои ақлию зеҳнӣ) мебошад, чунки ин ё он амалро иҷро накарда, соҳиби маҳорату малака гардидан ғайриимкон аст. Иштирок намудан дар фаъолияти меҳнатӣ, иҷрои амалҳои меҳнатӣ воситаи асосии тарбияи меҳнатии хонандагон аст. Пажуҳишгарон дар фаъолияти меҳнатии хонандагон чор ҷиҳатро пешниҳод мекунанд: худхизматрасонӣ, хоҷагӣ-маишӣ, меҳнат дар табиат ва меҳнати дастӣ. Дар ҳар як марҳилаи синнусолӣ мазмуни ҳар яке аз онҳо гуногун мебошад ва барои ҳал кардани вазифаҳои тарбиявӣ имконияти муайян доранд.

Меҳнат дар табиат — иштироки хонандагон дар нигоҳубини растаниҳо ва ҳайвонҳо, парвариш кардани растаниҳо дар гӯшаи табиат, дар полез, дар гулзор аст. Барои инкишофи мушоҳидакорӣ, тарбияи ғамхорона оид ба табиати зинда ва табиати кишвар аҳаммияти махсус дорад. Барои хонандагон дар гӯшаи табиати зинда дар муассиса растаниҳо ва ҳайвонҳое, ки усулҳои мураккаби нигоҳубинро талаб мекунанд, оварда мешаванд. Дар полез намудҳои гуногуни сабзавот корида мешаванд. Ба ин тартиб, маълумоти бачаҳо оид ба растаниҳо, ҳайвонҳо ва тарзу усули нигоҳубини онҳо дар гӯшаи табиати зинда васеъ мешавад. 

Меҳнати дастӣ — тайёр намудани ашё аз маводи гуногун: пластмасса, картон, коғаз, тахта, маводи табиӣ, маишӣ, саноатӣ ва ғайра, дар муассисаи таълимӣ анҷом мешавад. Роҳбарӣ ба фаъолияти меҳнатии хонандагон аз омӯзгор донистани хусусиятҳои рушду инкишофи зеҳнӣ ва тарбияи меҳнатии хонандагон, инчунин, маҳорати аз худ кардани малакаи лозимаро талаб менамояд. Дар раванди кори таълиму тарбия омӯзгор ҳамаи воситаҳои тарбияи меҳнатии хонандагонро дар алоқамандӣ бо ҳамдигар интихоб менамояд ва иҷрои мақсадро таъмин мегардонад. Иҷрои супоришҳои меҳнатӣ ба ташаккули таваҷҷуҳи хонандагон ба меҳнат, ҳисси масъулият барои иҷрои супоришҳои устодону волидон аз тарафи хонандагон боис мегардад. Хонанда бояд барои иҷрои супориш диққати худро ҷалб кунад ва оид ба натиҷаи он ба омӯзгор маълумот диҳад.

Меҳнати дастаҷамъона яке аз мураккабтарин намуди фаъолияти меҳнатӣ мебошад. Вақте ки малакаҳои хонандагон устувор мегардад ва натиҷаи меҳнат аҳаммияти амалӣ ва иҷтимоиро пайдо мекунад, он ба таври васеъ дар ҳаёти рӯзмарра истифода бурда мешавад. Пайдошавии имкониятҳои зиёд ба омӯзгор дар ҳалли масъалаҳои мураккабтарини фаъолияти меҳнатӣ, инкишофи малакаи иҷроиши якҷоягии супориш, кор кардан дар як вақт ва иҷрои супориш дар муҳлати муайян иҷозат медиҳад. Дар ташаккули фаъолияти мақсаднок, инкишофи малака ва шавқи меҳнат кардан, сабабҳое, ки фаъолнокии меҳнатии хонандагонро муайян мекунанд, аҳаммияти махсус доранд.

Ба роҳ мондани тарбияи меҳнатӣ чун фаъолияти мустақилонаи хонандагон дар ҳар як давраи синнусолӣ мазмун, намуд, шаклҳои ташкил ва роҳу усулҳои роҳбарии педагогиро талаб менамояд. Иҷро гардидани ҳама гуна мақсаду вазифаҳои таълиму тарбия ба таъмин будани шароиту имкониятҳои зарурӣ вобаста аст. Кулли шароиту имконият мувофиқи синну соли хонандагон — талаботи барномавӣ, фаҳмишу дарки масъулиятшиносӣ ва маҳорату малакаи касбии омӯзгор таъмин карда мешаванд. Танҳо дар сурати таъмин намудани чунин шароит дар мактаб раванди тарбияи меҳнатии хонандагон натиҷаи дилхоҳ дода метавонанд, зеро барои он ки хонандагон ба меҳнат машғул гарданд, онҳо ба муҳити созгор ниёз доранд. Ҳамзамон, калонсолон низ бояд бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ба кор, меҳнат машғул гардида, аз натиҷаи он қаноатмандии хешро дар назди бачаҳо нишон диҳанд. Чунин амал ба руҳияи хонандагон низ таъсир мерасонад ва онҳо кӯшиш менамоянд, бо хоҳиши худ ва аз таҳти дил ба меҳнат машғул гарданд. Ҳангоми ташкили меҳнат, истифодаи ҳар гуна машғулиятҳо ба руҳияи кӯдакон таъсири мусбат мерасонад ва натиҷабахшии меҳнати фикрӣ (ҳангоми машғулиятҳои таълимӣ) ва ҷисмониро зиёд мегардонад.

Меҳнати якҷоя бо калонсолон, махсусан, бо волидон, омӯзгорон ба руҳияи кӯдакон таъсири нек мерасонад. Хонанда дар якҷоягӣ бо калонсолон кору меҳнат намуда, худро шахси даркорӣ ва ба калонсолон наздику муҳим ҳисоб мекунад. Табиист, ки ба онҳо нигоҳ карда, тарзу усулҳои иҷрои амалҳои меҳнатиро аз худ менамояд. Бинобар ин, омӯзгорон метавонанд, волидонро ба меҳнати якҷоя бо хонандагон дар кори кабудизоркунии ҳавлӣ (табиати зинда), таъмиру тармими китобҳо, шанбегиҳо даъват намуда, муҳити солими маънавиро таъмин гардонанд.

Мазмун ва методҳои шинос намудани хонандагон ба меҳнати атрофиёнро омӯзгор вобаста ба талабот муайян менамояд. Муҳокимаи натиҷаи меҳнати якҷоя ва руҳбаландкунии иштирокдорон аҳаммияти калони тарбиявӣ дорад. Таъмини шароити мусоид ва муҳити мувофиқ барои фаъолияти меҳнатии хонандагон шарти муҳимми тарбияи меҳнатӣ мебошад. Ин, пеш аз ҳама, муайян намудани вақт дар реҷаи рӯз ва истифодаи самараноки асбобу анҷоми меҳнатӣ мебошад. Риоя намудан ба ин талабот яке аз воситаҳои муҳимми тарбияи ахлоқӣ, муҳофизат намудани ҳаёту саломатии хонандагон ва ҷалб намудани ҳамаи онҳо ба фаъолияти меҳнатӣ мебошад. Ба омӯзгор лозим аст, ки вобаста ба теъдод ва хусусиятҳои меҳнатии хонандагон олоти меҳнат, ҷойи меҳнаткунӣ (масалан, майдончаи назди муассиса) ва ғайраҳоро омода намояд. Инчунин, хонандагонро аз рӯзҳои аввали дарс ба ҳар гуна асбобу анҷоми корӣ шинос кунад.

Дар тарбияи меҳнатӣ усули маҷбуркуниро истифода бурдан мумкин нест. Нозукиҳои кори тарбиявӣ дар он аст, ки ба хонандагон аввал шароиту имконияти заруриро таъмин намуда, сипас ӯро барои меҳнат кардан ҳавасманд намудан лозим аст. Меҳнат барои хонанда бояд фаъолияти муфид бошад. Агар бачаҳоро маҷбуран ба фаъолияти меҳнатӣ ҷалб намоем, чунин амал метавонад, сабаби нафрати хонанда нисбат ба меҳнат гардида, ӯ коргурезию якравӣ мекунад. Чӣ тавре ки дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ”Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” қайд гардидааст, таъмин намудани ҳамкории муассисаи таълимӣ бо волидайн шарти муҳимми тарбияи меҳнатии хонандагон мебошад. Мавҷудияти талаботи ягона дар оила, кӯдакистон ва мактаб ба ташаккули маҳорату малакаҳои меҳнатӣ боис гардида, дар сурати иҷрои ин талабот вазифаҳои тарбияи меҳнатӣ иҷрошуда маҳсуб мешаванд. 

Дар маҷмуъ, бояд омӯзгорон ба ҳисоб бигиранд, ки на ҳамаи падару модарон аҳаммият, вазифа, восита ва роҳу усулҳои тарбияи меҳнатиро медонанд. Ҳатто, баъзе волидон ба ҷалб кардани кӯдакон ба фаъолияти меҳнатӣ эътирозу норозигӣ баён менамоянд. Бинобар ин, лозим аст, ки ҳангоми суҳбату вохӯриҳо, маҷлисҳои падару модарон бо роҳи ташкил намудани намоиши корҳои дастии хонандагон, меҳнати якҷоя, ташкили намудҳои гуногуни меҳнат омӯзгор падару модаронро бояд бовар кунонад, ки ҳар як хонанда вобаста ба имкониятҳои фардӣ ва шавқу рағбати худ меҳнат карда метавонад. Пас, волидон ва омӯзгоронро месазад, ки барои дар тиннати наврасон бедор намудани ҳисси меҳнатдӯстӣ дар ҳамоҳангӣ фаъолият намуда, наврасонро ба роҳи дурусти меҳнати муфид ҷалб ва шавқманд намоянд, зеро ояндаи дурахшони ҳар як кишвар аз меҳнатдӯстии мардумони он вобаста аст.

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *